ИҚДОМИ ХАЙРХОҲОНАИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
26-уми декабри соли 2022 кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайравӣ аз ташаббусу иқдомҳои инсондӯстонаю хайрхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Соли нави мелодӣ бо таълимгирандагони интернати назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 55-и ноҳияи Варзоб вохӯрда, ба онҳо туҳфаҳо доданд.
Дар ин вохӯрӣ кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муовини раиси ноҳияи Варзоб Қосимзода Моҳтоб ҳамроҳӣ кард. Муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит бо таълимгирандагони интернати мазкур суҳбат карда, дар бораи таваҷҷуҳу дастгириҳои пайваста ва махсуси Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон қайд намуд. Номбурда иброз дошт, ки дар партави сиёсати инсондӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат дар саросари ҷумҳурӣ нисбат ба ин гурӯҳи кӯдакон ғамхорию меҳрубонӣ зоҳир карда мешавад, то ин ки онҳо ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд.
Дар охир Шодиниё Абдулбосит таълимгирандагони муассисаи мазкурро ба муносибати иди дарпешистода – Соли нави мелодӣ табрик карда, ба онҳо туҳфаҳои идонаи Марказро тақдим кард.
Дар навбати худ таълимгирандагони ин муассиса ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ғамхорӣ ва дастгириҳои пайваста изҳори сипосу миннатдорӣ карданд.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҶАМЪБАСТӢ-ҲИСОБОТӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
5-уми январи соли 2023 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 баргузор гардид.
Дар ҷаласа мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур, сармутахассиси Агентии назорат дар соҳаи маориф Вализода Ҳокимхон ва кормандони дастгоҳи асосии Марказ ва сардорони бахшҳои он дар минтақаҳо иштирок намуданд.
Директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҷаласаро оғоз бахшида, дар бораи фаъолияти яксолаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот дод. Дар ҳисобот оид ба ҳамаи ҷанбаҳои фаъолияти Марказ бо таҳлилу қиёсгузориҳо дар соли 2022 маълумоти муфассал дода, ҳамчунин камбудиву мушкилоти ҷойдошта зикр карда шуд.
Сипас мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуллозода Масрур оид ба ҳисоботи ироашуда изҳори назар ва қаноатмандиашро аз фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли сипаришуда қайд кард. Ӯ, бахусус матлабҳои оморию таҳлилиеро, ки Марказ дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мақомоти марбут мефиристад, шоёни тавсиф номида, гуфт, ки чунин маводу матолиб барои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ низ мусоидат хоҳад кард. Ӯ изҳор дошт, ки бо натиҷагирӣ аз фаъолияти Марказ барои рафъи мушкилоту камбуди ҷойдошта ва беҳбуду такмили низоми имтиҳонҳои марказонида бояд бештар кӯшид.
Баъдан чанде аз аҳли ҷаласа низ пиромуни фаъолияти яксолаи Марказ ва ҳисоботи ироагардида ибрози назар ва пешниҳоду дархостҳояшонро барои беҳбуди фаъолияти минбаъдаи Марказ арз намуданд.