Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.72K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ДАВРАИ ЯКУМИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД 2025

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 расонида мешавад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳо то 2‑юми май дароз карда шуд.

Аз ин лизоҳ, ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2025 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода ва дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд. Бо мақсади шиносоӣ ва роҳнамоии довталабон дар сомонаи Марказ маълумоти оморӣ оид ба интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷойгир карда шудааст. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2025 ҳангоми интихоби ихтисосҳо аз ин маълумот метавонанд истифода кунанд.

Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД 2025 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД 2025, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.
МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ ВА НИШОНИИ ОНҲО
Душанбе, 2-юми июни соли 2025
Бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 3-юми март то 2-юми май) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 аз қайд гузаштаанд, Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои мазкур марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, интихоб кард ва рӯйхати онҳо аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мегардад.
Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида огоҳ ва бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.
Довталаб бояд дар маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.
Рӯйхати муассисаҳои таълимие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ (МИ) барои баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ташкил карда мешаванд дар сомонаи Марказ дар суроғаи https://www.ntc.tj/.../markaz-oi-imti-on-va-nishonii-on-o... гузошта шудааст.
ОҒОЗИ ДАВРИ АСОСИИ ИМД 2025

1‑уми июли соли 2025 даври асосӣ (якум)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 барои довталабони дар давраи асосии бақайдгирӣ (аз 3-юми март то 2-юми май) номнависшуда оғоз гардид.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баргузории даври асосии имтиҳонҳо – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар заминаи 47 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Турсунзода, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) марказҳои имтиҳониро ташкил ва дар онҳо беш аз 1260 синфхонаро барои баргузории имтиҳонҳо омода кардааст.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида рӯзи 1-уми июл довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбии гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ)-ро интихобкарда қисми А-ро месупоранд, ки он дар 47 маркази имтиҳонӣ баргузор мегардад. Қисми А аз чор субтест иборат буда, барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад.

Инчунин даври якуми имтиҳонҳои қисмҳои В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) аз 1-уми июл оғоз гардида, то 8-уми июли соли равон идома меёбад. Довталабоне, ки ин ихтисосҳои дорои чунин имтиҳонҳоро интихоб кардаанд, бояд дар рӯзҳои муқараршуда ба муассисаҳои таълимии дахлдор муроҷиат намоянд.

Лозим ба зикр аст, ки дар давраи асосии бақайдгирӣ (аз 3-юми март то 2-юми май) 107 ҳазору 463 довталаб, ки аз онҳо 87 ҳазору 766 нафарашон довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ва 19 ҳазору 697 нафари дигарашон довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) мебошанд, номнавис карда шудаанд.

Дар марказҳои имтиҳонӣ 2214 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд. Дар ҳар маркази имтиҳонӣ бо мақсади ҳифзи сиҳатии иштирокдорони имтиҳонҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ғайричашмдошти эҳтимолӣ, таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҳудуди маркази имтиҳонӣ 1-нафарӣ корманди тиб дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб гардидааст.
муфассал:https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/o-ozi-davri-asosii-imd-2025.html
*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.1 “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”*** ИМД-2025
А1— 1“Забони тоҷикӣ”
А1— 2“Математика”
А1— 3“Химия”
А1— 4“Физика”
*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.2 “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ”*** ИМД-2025
А2— 1“Забони тоҷикӣ”
А2— 2“Математика”
А2— 3“География”
А2— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А2— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)
* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А3.1 “Филология, педагогика ва санъат” * ИМД-2025
А3.2— 1
“Забони тоҷикӣ”
А3.2— 2“Таърих”
А3.2— 3“Адабиёти тоҷик”
А3.2— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А3.2— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А3.2— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А3.2— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2025 - ҚИСМИ А4 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.

* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А4 “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ” * ИМД-2025
А4— 1
“Забони тоҷикӣ”
А4— 2“Таърих”
А4— 3“Ҳуқуқ”
А4— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
А4— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2025 - ҚИСМИ А5.1 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.

* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А5.1 “Тиб, биология ва варзиш” * ИМД-2025
А5
.1-1 – “Забони тоҷикӣ”
А5.1-2“Биология”
А5.1-3 – “Химия”
А5.1-4 “Физика”
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2025 - ҚИСМИ А5.2 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.

* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А5 “Тиб, биология ва варзиш” * ИМД-2025
А5.2-1
“Забони тоҷикӣ”
А5.2-2“Биология”
А5.2-3“Химия”
А5.2-4 “Физика”
📜ҚИСМИ Б – ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМӢ

* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.1 “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”*
Б1— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б1— 2“Математика”
Б1— 3“Физика”

* ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.2 “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ”*
Б2— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б2— 2“Математика”
Б2— 3“География”

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ Б.3 “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ”***
Б3— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б3— 2“Адабиёти тоҷик”
Б3— 2“Русский язык”
Б3— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б3— 3“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

* ҶАВОБҲОИ ҚИСМИ Б.4 “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ”***
Б4— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б4— 2“Таърих”
Б4— 3– “Забони хориҷӣ” (англисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (немисӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (франсавӣ)
Б4— 4“Забони хориҷӣ” (арабӣ)

*** ҶАВОБҲОИ ДУРУСТ БА САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ ҚИСМИ А.5.1 “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
Б5.1 — 1“Забони тоҷикӣ”
Б5.1 — 2“Биология”
Б5.1 — 3 “Химия”
ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ДАР ИМД ГУЗОШТАШУДА
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даврҳои якум ва дуюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2025 иштирок кардаанд, расонда мешавад, ки натиҷаҳои ин даврҳои имтиҳонҳо 21‑уми июл эълон карда шуд.

Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон довталаб ҳуқуқ дорад, ки дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон дар рӯзи имтиҳон аз маркази имтиҳонӣ берун набаромада ва (ё) дар бораи норозӣ будан аз холҳои гузошташуда дар давоми то 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳои иштироки довталабон дар имтиҳонҳо аризаи апеллятсионӣ пешниҳод намояд.

Вобаста ба ин, қабули аризаҳои апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои дар ИМД – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумииа асосӣ) гузошташуда дар давоми 3 рӯз пас аз эълони натиҷаҳо, яъне аз 21‑ум то 23‑юми июл дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе), инчунин дар нуқтаҳои иттилоърасонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Хуҷанд, Истаравшан, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Шаҳритус ба роҳ монда мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки баррасии аризаи апеллятсионӣ маънои аз нав имкони имтиҳон супоридан ё бо ин ё он роҳ ба даст овардани холи иловагиро надошта, дар рафти он танҳо дурустии холҳои барои имтиҳон ба довталаб гузошташуда санҷида мешавад. Агар варақаҳои ҷавобҳои довталаб тавассути барномаи компютерӣ бе хатои техникӣ коркард шуда, холҳои барои имтиҳони ӯ гузошташуда дуруст бошад, аризааш баррасӣ карда намешавад. КОМИССИЯИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ҲУҚУҚИ БА ДОВТАЛАБИ АЗ ИН Ё ОН СУБТЕСТ ХОЛИ ГУЗАРИШРО СОҲИБНАШУДА ДОДАНИ ХОЛИ ИЛОВАГИРО НАДОРАД.

Муфассал: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/tartibi-peshni-odi-arizai-apellyatsion-dar-borai-noroz-budan-az-khol-oi-dar-imd-guzoshtashuda.html
Почтаи электронии Марказ ва нуқтаҳои иттилоърасонӣ

1. office@ntc.tj

2. Душанбе – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192 (нуқтаи роҳнамо – боғи фарҳангию фароғатии Айнӣ);

- телефонҳо: 224-53-68, 224-53-73, 44-600-40-02, 44-600-40-06.

3. Хоруғ – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (нуқтаи роҳнамо – маркази шаҳр, муассисаи таълимии давлатии “Мактаби президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);

- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.

4. Хуҷанд – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (нуқтаи роҳнамо – маҳаллаи Бофанда, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимов);

- телефон: 926-44-11-48.

5. Истаравшан – гимназияи № 5-и ба номи Раҷаб Амонов:

- шаҳри Истаравшан, кӯчаи Аслонхӯҷа Юнусов, 93 (нуқтаи роҳнамо – бинои бонки “Эсхата”);

- телефон: 927-55-61-19.

6. Панҷакент – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Панҷакент, хиёбони Рӯдакӣ, 208 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 3-и ба номи Набӣ Каримов);

- телефон: 871-25-09-09.

7. Бохтар – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 4);

- телефон: 888-88-03-08.

8. Кӯлоб – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Даминзода, 385 (нуқтаи роҳнамо – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6‑и ба номи Давлаталӣ Назаров);

- телефон: 918-57-90-77.


9. Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:


- ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 30 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);

- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.


10. Шаҳритус – муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1:

- ноҳияи Шаҳритус, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 54 (нуқтаи роҳнамо – беморхонаи марказӣ);

- телефон: 935-10-95-05.

11. Рашт – бахши минтақавии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79 (нуқтаи роҳнамо – шуъбаи маориф);

- телефон: 988-18-86-78, 918-28-29-30.