Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶУМҲУРӢ БАРОИ СОЛИ 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади омӯзонидани таблиғгарони низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 ва омодасозии онҳо барои сари вақт огоҳ намудани ҷомеаи васеи шаҳрвандон, бахусус омӯзгорону хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ, бо тартиб ва ҷузъиёти ИМД-2023 курси шиносоиро дар се сатҳ: ҷумҳури, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ ташкилу баргузор мекунанд.

Вобаста ба ин 16-уми январи соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Марказ курси шиносоӣ бо намояндагони сарраёсат, раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор ва шаҳри Душанбе доир гашт.

Дар давоми 2 рӯз дар ду сатҳи аввал моҳи январ ва дар сатҳи муассисаҳои таълимӣ дар давоми моҳи феврал доир ба талаботу қоидаҳои муқарраршуда барои бақайдгирии довталабон ва мавзуъҳои дигари дахлдор дарсҳо сурат мегиранд. Ҳайати кории Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи барнома ва модули омӯзишӣ барои шарҳу тафсили мавзуъҳои дарсӣ шаклҳои гуногуни таълими интерактивӣ, аз ҷумла муаррифии компютерӣ, маърузаҳои хурд, маводди чопию электронӣ ва ғайраро омода намудаанд.

Замону макон баргузории курси шиносоӣ бо низоми ИМД дар сатҳ (давр)-и аввал барои 137 нафар корманди муваққатии Марказ – таблиғгарон дар соли 2023 вобаста ба минтақаҳо чунин аст:

– барои таблиғгарони шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои водии Ҳисор - 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон - 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (шаҳри Хоруғ тавассути бархат (онлайн) аз шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони ноҳияҳои минтақаи Рашт - 16-ум то 17-уми январи соли 2023 (ноҳияи Рашт тавассути бархат (онлайн) аз шаҳри Душанбе);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои водии Вахши вилояти Хатлон - 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Бохтар);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон - 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Кӯлоб);

– барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд - 19-ум то 20-уми январи соли 2023 (шаҳри Хуҷанд).

Сатҳи дуюми курси шиносоӣ барои 3754 нафар намояндаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ ва ибтидоию миёнаи касбӣ дар раёсат ва шуъбаҳои маорифи 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ рузҳои 26-ум то 27-уми январи соли 2023 ва сатҳи сеюми курси шиносоӣ барои зиёда аз 150000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии зикршуда (дар заминаи синфи 9-ум ва 11-ум) давоми моҳи феврал бевосита дар худи муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда мешавад.

Дар анҷоми курси шиносоӣ донишҳои азхудкардаи иштирокдорони сатҳи аввал вобаста ба мавзуъҳои пешниҳодшудаи барномаи омӯзишӣ аз тариқи тест санҷида мешавад.

Бояд қайд кард, ки тибқи Нақшаи чорабиниҳои Марказ оид ба ташкил ва гузаронидани ИМД-2023 аз 1-уми феврал то 10-уми март, дар баробари мониторинги рафти курси шиносоӣ дар сатҳи сеюм, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.
БАРГУЗОРИИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ ДОХИЛШАВӢ БАРОИ ТАБЛИҒГАРОНИ ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ВИЛОЯТИ СУҒД.

Санаи 19-уми январ дар толори калони бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд курси шиносоӣ барои 37 нафар таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.

Сардори раёсати ташкил ва идораи имтиҳон Саидзода Парвиз Ҳамро дар оғози семинар оид ба раванди баргузории курс, муҳтавои низоми ИМД дар соли 2023 суханронӣ намуда, ҳамчунин фаъолияти таблиғгаронро дар солҳои қаблӣ мавриди таҳлил қарор доданд.

Набизода Мадина Раҳмат-сардори раёсати маорифи вилояти Суғд дар баромади худ қайд намуданд, ки аз ҷумлаи иқдомҳои шоистасолории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ислоҳоти соҳаи маориф ин ташкили низоми ягонаи миллии имтиҳонсупорӣ барои хатмкунандагон барои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тавассути ниҳоди алоҳидаи давлатӣ яъне Маркази миллии тестии назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Воқеан Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасии баробари шаҳрвандон ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, шаффоф баргузор гардидани онҳо ва арзёбии одилонаи донишу малакаи довталабон имкону шароити мусоидро фароҳам овардааст, ки инро аҳли ҷомеа кишвар бо дарки масъулияти баланд эҳсос менамоянд. Ҳамчунин доир ба дастовардҳои хатмкунандагони вилояти Суғд тавассути низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ низ ибрози андеша намуда, ба таблиғгарон-намояндагони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои мутақобилан судманд дастур дод.

Азиззода Хисрав Азиз-сардори раёсати технологияҳои иттилоотӣ комуникатсионии Марказ доир ба нақши технологияҳои иттилоотӣ комуникатсионӣ дар ҳамаи марҳалаҳои низоми мазкур ва ба ин васила кам будани нақши омилҳои инсонӣ дар ҷараёни низоми мазкур ва навгониҳо дар соли 2023 муфассал баромад намуданд.

Дар охир барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2022 сардори раёсати маориф бо сипосномаи Марказ қадршиносӣ карда шуданд. Дар қисмати дуюми курси мазкур дарсҳои пешбинишуда тибқи ҷадвали қаблан тасдиқшуда аз ҷониби масъулин баргузор гардид.

Маврид ба зикр аст, ки курси шиносоӣ бо низоми ИМД барои таблиғгарони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон низ баргузор шуда истодааст.
Роҳнамои довталаб-2023.pdf
12.2 MB
Дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб - 2023" омода гардид!
Барои маълумоти бештар дастрас намудан пайвандро пахш намо! ⤵️⤵️⤵️
www.ntc.tj
РӮЙХАТИ_ИХТИСОСҲОИ_ДОРОИ_ИМТИҲОНҲОИ_ЭҶОДӢ_ВА_МАҲОРАТИ_МАХСУС.pdf
304.5 KB
ИМД-2023: РӮЙХАТИ ИХТИСОСҲОИ ДОРОИ ИМТИҲОНҲОИ ЭҶОДӢ ВА МАҲОРАТИ МАХСУС

Имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсусро довталабоне месупоранд, ки ихтисосҳои интихобкардаашон ингуна имтиҳонҳоро талаб мекунад.

Мақсади чунин имтиҳонҳо санҷидани қобилияти эҷодӣ ва ё малакаи махсуси довталабон аз рӯйи ихтисосҳои ба самтҳои санъат ва фарҳанг, варзиш, дизайн, меъморӣ, ҳайкалтарошӣ ва динӣ алоқаманд мебошад.

Барои маълумоти бештар дастрас намудан пайвандро пахш намо! ⤵️⤵️⤵️
www.ntc.tj
ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2023

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон даври дуюми курси шиносоиро барои омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ рӯзи 26.01.2023 оғоз кард. Он 26-27-уми январи соли 2023 дар 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ аз ҷониби 137 нафар таблиғгар — тренерон сурат мегирад. Марҳилаи сеюми курси шиносоиро дар 3754 муассисаи таълимӣ, ки дар онҳо хатмкунандагони синфҳои 9-ум ва 11-ум таҳсил доранд, омӯзгороне, ки ҳамчун тарғибгар омӯзиш кардаанд, баргузор менамоянд.

Тибқи нақша, дар даври дувуми курси мазкур зиёда аз 4000 нафар директорон, ҷонишинҳои директорон, омӯзгорон, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маориф иштирок менамоянд. Шунавандагон дар курси шиносоӣ тибқи барнома ва модули омӯзишӣ бо низоми ИМД ва хусусиятҳои он ошно хоҳанд шуд.

Даври сеюми курси шиносоӣ тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми феврали соли 2023 оғоз ёфта, барои зиёда аз 150000 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ (дар заминаи синфи 9-ум ва 11-ум) ба роҳ монда мешавад.

Дар ин даври курс, ки аз 1-уми феврал то 10-уми март давом меёбад, вохӯриҳои кормандони муваққатии Марказ бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо, омӯзгорон ва падару модарон пешбинӣ шудааст.
#ИМД_Донистаниҳо

БАҚАЙДГИРӢ – 2023

Хоҳишмандони ширкат дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонанд дар ҳар нуқтаи бақайдгирие, ки бихоҳанд, худро ҳамчун довталаб бақайд гиранд.

Бақайдгирии довталаб бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз ҷониби ӯ дар ҳузураш ба воситаи техника ва технологияи муосир амалӣ мегардад.

Иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардидан, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.

Маълумоти бештарро оид ба раванди бақайдгирӣ метавонед дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» пайдо кунед.

https://www.ntc.tj/images/Downloads/6_az_qayd_guzashtan.pdf
https://t.me/officialntc