Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
ОЗМУН БАРОИ ИНТИХОБИ КОРМАНДОНИ МУВАҚҚАТӢ

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бақайдгирии довталабон барои ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад.

Марказ барои интихоби роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд.

Кормандони муваққатӣ барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд.

Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи https://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“ оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.
Номзадҳо ба воситаи озмун интихоб мешаванд.

Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 21-уми январи соли 2023, то соати 17:00.

Маълумоти муфассал дар сомонаи Марказ:
www.ntc.tj
ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН