Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.72K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
БУЗУРГДОШТИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ – ҶАШНИ ҚАДРДОНӢ АЗ АРЗИШҲОИ ДАВЛАТИЮ МИЛЛӢ

Ҳадаф аз ҷамъомади кунунии мо қайд, ёдоварӣ ва бузургдошти 2 сана, 2 рӯзи барои халқу миллати тоҷик басо муҳим ва таърихӣ аст, ки ҳамчун ид арҷгузорию таҷлил карда мешавад. Инҳо Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд, ки дар саросари мамлакат ҷашн гирифта мешаванд.

16-уми ноябр ба рӯзи оғози ҷаласаи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олӣ, ҳамзамон ба Рӯзи Президент рост меояд. Ин рӯз барои мову шумо, барои халқу миллати тоҷик басо муборак аст. Ин рӯзест барои тоҷикон мубораку фархундаю фараҳзо, зеро маҳз дар ҳамин рӯз – 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз карда, то 2-юми декабр идома ёфт.
Бо чунин суханони директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ҷаласаи мутантан дар маҷлисгоҳи дафтари асосии ин Марказ 15-уми ноябри соли 2022 кушода шуд. Ин ҳамоиш ба муносибати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ ва муовини раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод Парвина Иноят баргузор гардид.

Ҷаъфарзода С.Ф. ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфта, оид ба нақши тақдирсози Иҷлосияи мазкур ва хидмату талошҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истиқрори сулҳу салоҳ ва барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат сухан гуфт. Ӯ аз ҷумла қайд кард, имрӯз барои халқу миллати тоҷик басо муборак, таърихӣ, мондагор аст. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барқарорсозии сохти конститутсионии мамлакат, бунёди давлатдории Тоҷикистон, ки демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона аст, воқеан ва бидуни ягон шакку шубҳа нақше дорад хеле барҷаста ва бесобиқа, яъне барои халқу миллати тоҷик тақдирсоз. Ин Иҷлосия нахустин шарту шароитро барои замина гузоштан дар ваҳдату ризоияти миллӣ, сулҳи тоҷикон фароҳам овард. Халқи тоҷик маҳз бо шарофати Иҷлосияи номбурда аркони давлатдориро дар мамлакат барқарор кард, пояҳои соҳибистиқлолии давлатро таҳким бахшид.

Дар симои вакили халқ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахси муносибу арзандаи роҳбари давлатро дида тавонистани вакилони халқ барои мардуми азияткашидаи тоҷик дар он давраи ҳассос бахту толеи баланд буд. Маҳз Иҷлосияи ХVI таҳти роҳбарию раёсати дурандешонаю хирадмандонаи Раиси тозаинтихоби Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Сарвари давлат тамоми масъулиятро дар назди миллат, ҷамъият, давлат ва башарият бар зимма гирифта, самти тараққиёти минбаъдаи мамлакатро муайян кард ва стратегияи аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ баровардани кишварро ба миён гузошт.

Мо аз хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши илму маориф хуб огаҳем. Ҳамчунин, мову шумо аз таваҷҷуҳи шоёни Президенти мамлакат дар роҳандозии низоми нави имтиҳонсупорӣ ва дастгириҳояшон дар фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воқифем.

Мо ва умуман, ҳар як тоҷику тоҷикистониро мебояд баҳри арҷгузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олӣ ва ҳифзи дастовардҳое, ки ба шарофати он ва ҷидокорию бедорхобию талошҳои фаровони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳосил шудааст, дар атрофи Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои ободию пешрафти бештари кишвари азизамон ҳамеша худро масъул ҳис карда, ҷаҳду талош намоем, – гуфт директори Марказ Сабзалӣ Файзалӣ.

Сипас, сармутахассиси фанни таърихи Марказ Зарифов Н.Ҳ. дар мавзуи «Нақши Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими истиқлоли давлатӣ» маъруза кард. Ӯ аз ҷумла қайд кард, ки Иҷлосияи шонздаҳум аз лиҳози моҳияти худ ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон баробарарзиш аст. Иҷлосия бо тақозои таърих на танҳо истиқлолияти тоза бадастомадаро наҷот дод, балки тақдири ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро муайян карда, барои эҷоди ҷомеаи мутамаддин ва давлати рушдёфта замина гузошт.
Баъдан муовини раиси Кумитаи илм, маориф ва сиёсати ҷавонони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликзод П.И. аҳли нишастро ба муносибати ҷашни пешорӯ табрик гуфта, аз нақши барои халқи тоҷик таърихию тақдирсози Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хидматҳои фарзанди фарзонаи миллат, марди шуҷоъ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баъдан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуд.

Сипас чанде аз кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба музокира баромада, пиромуни мавзуъҳои ироашуда ибрози назар карданд.

Дар хатми ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода С.Ф. ҳозиринро ба муносибати 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як бор шодбош гуфта, таъкид кард, ки таҷлили Рӯзи Президент дар кишвар аз самимияту эҳтиром ва ифтихори баланди миллии шаҳрвандон дарак медиҳад. Ин баёнгари он аст, ки сокинони мамлакат хизматҳои таърихии Пешвои миллатро қадршиносӣ мекунанд, ба ҷонфидоиҳои ин абармард арҷ мегузоранд.
ТАБРИКОТИ
директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба муносибати Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон

Парчам аз замонҳои бостон ҳамчун яке аз рамзҳои муҳимтарини давлатдорӣ ҳисобида мешуд. Он баёнгари арзишмандтарин нишонаҳои фарҳанги ҳар як халқу миллат, масири таърихии сипарикарда ва рамзи истиқлоли ҳар давлат аст.
Дар ҷаҳони муосир доштани парчами миллӣ нишони истиқлол, яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ мебошад, яъне давлати муосир тавассути парчами он муаррифӣ мегардад.
Парчами миллии тоҷикон намоде аз таърихи чандинҳазорсолаи он ва давлату давлатдориаш мебошад. Мо, тоҷикон, тибқи маъхазҳои таърихӣ, ҳамчун поягузорони тамаддуни башарӣ дорои собиқаи хеле қадими парчамдорием ва оини парчамсозиву парчамдориро арҷ мегузоштем. Парчам рамзи ваҳдату иттиҳоду ягонагӣ ва ҳамдилию сарҷамъии халқу миллатамон буд.
Баробари рамзҳо ва муқаддасоти дигари давлат – Конститутсия, Нишони давлатӣ, Суруди миллӣ ва асъори миллӣ Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли кунунӣ ҳамқадами соҳибистиқлолии кишвар аст. Он чун як нишонаи давлати соҳибистиқлолу мустақил дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24-ноябри соли 1992 тасдиқ карда шудааст.

Месазад ёдоварӣ кард, ки ҷараёни қабулу тасдиқи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазъият ва давраи хеле ҳассоси сиёсии мамлакат, дар замоне ба вуқуъ омад, ки миллат ва давлати тоҷиконро хавфи нобудӣ таҳдид мекард. Хушбахтона, бо талошу кӯшишҳои Роҳбари хирадманди тозаинтихоби Ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи қабули рамзҳои давлатӣ ва муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла Парчам ва ба ин восита муттафиқ кардани ҷонибҳои даргир қадамҳои устувор гузошта шуд. Пазиришу қабули Парчам, дар баробари дигар муқаддасоти миллӣ, василае гардид барои муттаҳидии мардуми пароканда ва оғози корҳои барқарорсозию бунёдкорӣ дар мамлакат.

Парчами миллии мо рамзи ҳувияту худогоҳӣ, нишони озодию истиқлоли халқи тамаддунпарвару куҳанбунёди тоҷикон ва ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Он шаҳодат аз устувории пояи иттиҳоду ваҳдат ва якдилии сокинони кишвар дода, баёнгари шукӯҳу шаҳомат, ифтихору манзалат ва нангу ори халқу миллати барӯманди мост. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки симои давлат аст, дар мо эҳсоси ватандорӣ ва муҳаббат ба онро бедор ва поянда медорад.

Эҳтироми Парчами миллӣ эҳтиром нисбат ба миллат, таърих ва муқаддасоти дигари давлатист. Бо мақсади гиромидошти Парчами миллӣ, ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзи давлатдорӣ 19-уми ноябри соли 2009 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйирот ворид гардида, 24-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Таҷлили рӯзи Парчами миллӣ арҷгузорӣ аз муқаддасоти миллӣ, ифтихори давлатдорӣ ва ватандорӣ маҳсуб меёбад.

Аз қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имсол 30 сол ва аз таҷлили расмии Рӯзи Парчам (аз соли 2009) 13 сол сипарӣ мешавад. 13 сол аст, ки тоҷикистониён бо шукргузорӣ аз амну ваҳдату офияти кишвар ва бо суруру шодмонӣ Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистонро мутантан ҳамчун гиромидошти яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ таҷлил мекунанд.

Акнун рӯзи таърихӣ – Рӯзи Парчами давлатӣ дар кишварамон ба ҷашни нави миллӣ табдил ёфтааст.
Кунун халқи шарафманду сарбаланди тоҷик зери Парчами давлати худ муттаҳид гардида, барои устувории истиқлоли давлатӣ, ҳифзи якпорчагӣ ва сулҳу амният мамлакат кору пайкор мекунанд.

Мо бо ин Парчам ифтихормандем. Бигзор, ин Парчам то абад дар фазои амну сулҳу салоҳу хуррамӣ пойдор бимонад! Мо, тоҷикон ва тоҷикистониёнро мебояд чун фарзандони як миллати шарафманд, оини парчамдорӣ ва ҳисси эҳтиромамонро нисбат ба Парчам – ин нишону рамзи муҳими давлатдорӣ тақвият бахшем, дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби арҷгузорию эҳтироми муқаддасоти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва хидмати сазовор ба он ҳамеша дар ёд дошта, сармашқи кори худ намоем.
Ҳамватанони азизро ба муносибати солгарди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният мегӯям. Орзумандам, ки халқи маҳбубам дар зери ливои давлаташ ҳамеша муттаҳиду якдилу ҳамандеш бошад ва ба рӯзгори босаодату ҳаёти хуррам даст ёбад. Таманно дорам, ки дар фазои сулҳу осоиш рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии кишварамон таъмин гардад ва мардуми сарфарози тоҷик аз ҳама гуна офату нохушиҳо дар амон бошад.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бод, ҳамватанони гиромӣ!
ПУРСИШ ДАР БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ СОЛИ 1-УМИ ТАҲСИЛ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2017 то инҷониб дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси таклифу пешниҳодҳо, ки дар ҷаласаи васеи назди Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа (29-уми ноябри соли 2017)) пурсиш баргузор мекунад.

Мақсади асосии пурсиш муайян намудани фикру андешаҳои донишҷӯёни соли якуми таҳсил дар бораи низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) ва маълум кардани баъзе аз масъалаҳои марбут ба ин имтиҳонҳо барои бартараф кардани мушкилоту камбудиҳои ҷойдоштаи низом ва хубтар ба роҳ мондани имтиҳонҳои мазкур мебошад.

Бояд гуфт, ки абзори ба роҳ мондани пурсиш шакли варақии пурсишнома (анкета) аст. Баъд аз анҷоми пурсиш дар асоси он таҳлилҳои оморию психометрӣ карда, барои такмили низоми ИМД истифода мешавад.
ПАРЧАМИ МО – ИФТИХОРИ МО

24-уми ноябри соли 2022 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ва кормандони Марказ ба муносибати иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, кормандони Марказро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик кард. Ӯ аз ҷумла, қайд кард, дар таърихи давлатдории тоҷикон парчаму парчамдорӣ ҷойгоҳи хос ва таърихи беш аз 4000-соларо дорост. Бо таъмини амну оромиш дар кишвар заминаи ҳуқуқии рамзҳои давлатӣ низ устувор гардид. Аз ҷумла, бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Низомнома дар бораи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардиданд. Парчаме, ки дар пойтахти ҷумҳурӣ – шаҳри зебоманзарамон Душанбе қомат афрохтааст, яке аз баландтарин парчамҳои дунё ба ҳисоб рафта, дар китоби «Рекордҳои Гиннес» ворид гардидааст. Парафшонии он дар баландии 165 метр, воқеан, боиси ифтихори ҳар шаҳрванди ватандӯсти кишвар аст. Насби Парчами давлатӣ бо маҷмуи биноҳои маъмурию фарҳангӣ ба шаҳри Душанбе ҳусни нав зам карда, мавзеи ҷойгиршавии онро «Майдони парчам» номгузорӣ намуданд.

Дар ҷаҳони муосир халқу миллатҳое, ки соҳиби парчам ва давлат нестанд, хеле зиёданд. Аз иқболу сарнавишти неки мардуми шарафманди Тоҷикистон аст, ки парчами миллати фарҳангбунёди мо дар қатори беш аз 180 давлати дунё дар пештоқи маҷмааи Созмони Милали Муттаҳид ва биноҳои созмонҳои байналмилалию минтақавӣ парафшонӣ мекунад, ки ин баёнгари пайванди амалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонист, – гуфт Ҷаъфарзода С.Ф.

Сипас маърузаи Абдуллоев Р. – сармутахассиси фанни таърихи Марказ дар мавзуи «Эҳтироми парчам эҳтироми миллат аст» ироа гардид. Номбурда таъкид намуд, ки Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон расман таҷлил мешавад. Соли 2009 бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24-уми ноябр Рӯзи парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯзи муборак ҳамасола бо шукӯҳу тантана таҷлил мегардад. Парчам дар радифи дигар муқаддасоти миллӣ – Конститутсия, Нишони давлатӣ ва Суруди миллӣ яке аз рукн ва рамзҳои давлатдорӣ мебошад, ки аз ҳастии миллат ва давлати воҳид шаҳодат медиҳад.

Мазкур, аз ҷумла қайд кард, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифодагари ҳаёти осоишта, меҳнатдӯстӣ, бахту иқболи сафед, умеди мардум ба ояндаи нек аст. Парчами миллат, дар қатори дигар муқаддасот, рамзи давлату давлатдорӣ ва нангу номуси миллӣ мебошад.

Эҳтирому арҷгузорӣ ба рамзҳои миллӣ ба халқи мо аз аҷдодамон мондааст. Пайдоиши парчам таърихи қадима дорад. Агар ба рамзҳо бо назари таҳқиқ ва таҳлил нигарем, ҳар як рамз то андозае равшангари таърих, сарнавишту саргузашти қавмҳо, халқиятҳо, миллату давлат, инъикосгари фарҳангу тамаддун, орзуву ормонҳои мардум аст. Ҳамзамон, эҳтироми Парчами давлатӣ дар баробари арҷгузориву ифтихор ба давлат, гузаштаву имрӯз ва фардои халқи азизамон омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандорӣ мебошад, – қайд шуд, аз ҷумла дар маъруза.

Дар хотимаи ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода С.Ф. ҳозиринро ба муносибати иди Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як бор табрик гуфта, барояшон тансиҳатию хушбахтӣ ва саодатмандиро таманно кард.
МАРОСИМИ АРҶГУЗОРИИ БЕҲТАРИН ДОВТАЛАБОН ДАР ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВИИ СОЛИ 2022

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми декабри соли 2022 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади ҳавасмандгардонии довталабони беҳтарине, ки дар ИМД-2022 аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардаашон мақоми баландро сазовор гаштанд, қадрдонӣ кард.

Дар маросими мазкур сардори раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Анвар Сафарзода; намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарбой Саматов; Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода; Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода; Раиси Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулҳия Нозакзода; Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ Қудрат Давлатзода; сардори сарраёсати маорифи ш. Душанбе Баҳром Исмоилзода; ҳамзамон, сарпарастон – шарикон дар маросими ҷоизасупорӣ иштирок карданд.

Чорабинии мазкурро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода С.Ф. ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази миллии тестӣ, дар баробари иҷрои вазифаҳои худ, бо мақсади тарғибу донишандӯзии ҷавонон ва ҳавасманд кардани онҳо аз соли 2018 инҷониб довталабони беҳтаринро муайян ва арҷгузорӣ мекунад. Ҳадафи ҷамъомади имрӯза низ баргузор кардани маросими ҷоизасупорӣ ба беҳтаринҳо дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2022 маҳсуб меёбад. Ҷаъфарзода С.Ф. довталабони беҳтаринро таҳният гуфта, ба онҳо барои таҳсилашон комёбиҳо хост.

Инчунин, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон профессор Қобилҷон Хушвахтзода суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар маҳсуб ёфта, мавриди таваҷҷуҳи Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҷавонон такя ба саводу малакаи худ карда, тавассути Марказ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дохил мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки Марказ аз соли 2018 инҷониб довталабони беҳтаринро, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ аз рӯйи дастовардҳо – холҳои бадастовардашудаашон дар ҷойи аввал қарор гирифтаанд, муайян ва қадрдонӣ мекунад. Маросими қадр кардани беҳтарин довталабони имтиҳонҳои марказонидаи соли 2022 дар 2 номина сурат гирифт. Номинаи аввал аз ҳар гурӯҳи ихтисосҳо дунафарӣ, яъне 10 нафари беҳтаринро фарогир аст ва номинаи дуюм 17 нафар беҳтаринҳоро, ки аз фанҳои имтиҳонӣ дар доираи фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ холҳои баландтаринро ба даст овардаанд.

Дар фарҷоми ҷаласа бахши фарҳангии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба хотири фароғати иштирокдорон барномаи фарҳангӣ пешкаш кард.