Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.74K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
Намунаи саволу масъалаҳои тест — 2023

*** Қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ***

1-ум – “Табиӣ ва техникӣ”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ
— А.2 – “Математика
— А.3 – “Химия
— А.4 – “Физика

2-юм – “Иқтисод ва география”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ
— А.2 – “Математика
— А.3 – “География
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ.

3-юм – “Филология, педагогика ва санъат”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ
— А.2 – “Таърих
— А.3 – “Адабиёти тоҷик
Забон ва адабиёти рус
Забон ва адабиёти ӯзбек
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ.

4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ
— А.2 – “Таърих
— А.3 – “Ҳуқуқ
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ

5-ум – “Тиб, биология ва варзиш”
— А1 – “Забони тоҷикӣ
— А2 – “Биология
— А3 – “Химия
— А4 – “Физика
🔔 Пайвандҳо барои калидҳои маҷмӯаҳои саволу масъалаҳои тест ба зудӣ фаъол хоҳанд шуд.
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!

Ба таваҷҷуҳи намояндагони ВАО расонида мешавад, ки 6-уми феврали соли 2023 соати 13:00 нишасти матбуотии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бинои Марказ баргузор мегардад.

Суроға: ш. Душанбе, н. Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ 192.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Photo
#ИМД_Донистаниҳо

КОМБИНАТСИЯИ ИХТИСОС

Комбинатсияи ихтисос – ихтисоси интихобшуда бо дарназардошти яке аз: муассисаҳои таълимии шомили низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ, ки дар он аз рӯйи ихтисоси мазкур таълим дода мешавад, шаклҳои таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ) дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ довталаб ҳуқуқи интихоби то 12 комбинатсияи ихтисосро вобаста аз муассисаи таълимӣ, шакли таҳсил ва намуди таҳсил дар доираи танҳо як гурӯҳи ихтисосҳо дорад.

Довталаб рӯйхати комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаи худро бояд аз рӯйи бартарӣ (афзалият)-и интихобҳояш ҷо ба ҷо гузорад. Яъне, комбинатсияҳои ихтисосҳои барои худ бештар мувофиқ ва писандро дар болотар бигзорад. Ба ибораи дигар, бартарии интихоб ин аст, ки бояд он комбинатсияи ихтисосе дар рӯйхати интихобҳо дар ҷойи аввал (аз ҳама боло) монда шавад, ки он барои довталаб писанд ва заруртар аз ихтисосҳои дигари интихобшуда аст. Сипас, интихобҳои боқимонда аз рӯйи тартиби камшавии дараҷаи бартарияшон (аз нигоҳи довталаб ва мувофиқи хоҳиши ӯ) дар ҷойҳои дуюм, сеюм ва ғайра – то дувоздаҳум гузошта шавад.

Маълумоти бештарро дар бораи ихтисос, комбинатсияи ихтисос, шарту талаботи интихоби касбу ихтисос ва намунаи интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо метавонед аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html) пайдо кунед.
НИШАСТИ МАТБУОТӢ ДАР МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

6-уми феврали соли 2023 тибқи Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо, корхона, муассиса ва ташкилотҳои дигар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо оид ба ҷамъбасти соли 2022 мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 04 марти соли 2005, № АП-1677 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндагони ВАО нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маказ дар соли 2022 сурат гирифт.

Дар нишаст Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ – директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми директор, сардорони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Марказ ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нишасти матбуотӣ бо маърузаи муқаддамотии кӯтоҳи директори Марказ оғоз гардида, дар шакли савол ва ҷавоб сурат гирифт.
Намояндагони расонаҳои хабарӣ ба саволҳои пешниҳодкардаашон посухҳои мукаммал гирифтанд.
ВОХӮРИИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ИШТИРОКДОРОНИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ

11-уми феврали соли 2023 директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ бо иштирокдорони семинари омӯзишӣ барои кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и шаҳри Душанбе баргузор гардид, вохӯрд. Мақсад аз баргузории чунин семинарҳо омӯзиш ва омода кардани кормандони муваққатӣ дар нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳамчун роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгиранда аст.

Ҷаъфарзода С. Ф. ба ҳозирин дар бораи бисёр муҳим будани раванду даврҳои бақайдгирӣ ва аз мутасаддиён заҳмату масъулияти зиёд талаб кардани онро такроран таъкид кард. Мазкур қайд намуд, ки дар баробари муомилаи хуб, рафтори шоиста, риояи комили интизоми меҳнатӣ аз ҳамаи кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ, новобаста аз он, ки ӯ роҳбари нуқта, ёвар ё бақайдгиранда аст, дақиқкорӣ ва масъулиятшиносии баланд талаб карда мешавад, зеро як хатои корманд ё саҳлангорию камтаваҷҷуҳии ӯ метавонад боиси мушкил ё судури ғалатҳои дигар дар раванду даврҳои минбаъда шавад.

Директори Марказ шунавандагонро боз ҳам ба покизакорӣ, ҳушёрию масъулиятшиносии баланд дар иҷрои вазифаю уҳдадориҳояшон даъват карда, ба онҳо комёбиҳо хост.

Ёдрас менамоем, ки семинари омӯзишӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 6-уми феврали соли ҷорӣ оғоз гардида, то 11-уми феврал давом кард.

Дар семинари мазкур аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 90 нафар иштирок намуданд. Аз ин шумора дар асоси озмун шахсони дорои донишу маҳорати арзанда дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 71 нафар ба кор ҷалб карда хоҳанд шуд.

Барои ташкилу баргузории семинарҳои омӯзишӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ аз ҷумлаи кормандони Марказ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шудааст, ки он тибқи барнома то 18-уми феврали соли 2023 давом меёбад.
ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ!
НАМУНАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ КУШОДА БО ҶАВОБИ КӮТОҲ АЗ СУБТЕСТИ
ТАЪРИХ ВА БИОЛОГИЯ ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ШАКЛИ ЭЛЕКТРОНИИ МАҶМӮАРО АЗ СОМОНА
Ё САҲИФАҲОИ ИҶТИМОИИ МАРКАЗ ДАСТРАС НАМОЕД.
Ҷашни 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ муборак, ҳомиёни шуҷоъ ва далери Ватан!

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли афсарон ва ҷавонмардони бонангу ори кишварро бо рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ табрику таҳният гуфта, тамоми хушиҳои зиндагиро барояшон таманно дорад. Ид муборак ҳамватанони азиз!