Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, мерасонад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муқаррар карда шуд.
Маблағе, ки довталаб барои хизматрасонӣ ҷиҳати иштирок дар имд-2023 пеш аз бақайдгирӣ месупорад
ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМӢ (СИНФИ 11‑УМ), ИБТИДОӢ ВА МИЁНАИ КАСБӢ:
1. Довталабони беимтиёз – 300 сомонӣ.
2. Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд – 150 сомонӣ.
3. Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” – 150 сомонӣ.
4. Довталабони ятими кул ва бепарастори то 21‑сола аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.
5. Довталабони маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб”, ки падар ё модарашон вафот кардаст ё дар парастории яке аз онҳоянд аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД-2023 озоданд.
ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ (СИНФИ 9‑УМ)
1. Довталабони беимтиёз – 210 сомонӣ.
2. Довталабони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд – 105 сомонӣ.
3. Довталабони маъюби гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” – 105 сомонӣ.

ТАВАҶҶУҲ! Шахсоне, ки аз пардохти маблағи хизматрасонӣ ё қисме аз маблағи мазкур озоданд, ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонӣ ва филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ пардохтан мумкин аст.

БАРНОМАИ “ИНТИХОБИ ИХТИСОС”
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо барои аз қайд гузаштан пешниҳод карда мешавад, барномаи «Интихоби ихтисос»-ро таҳия кард.
Барномаи «Интихоби ихтисос» яке аз имкониятҳои нави раванди бақайдгирӣ буда, дар гунаҳои мобилӣ барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва компютерӣ барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барои истифода бурдани барнома дар телефонҳои ҳушманд (дар заминаи низоми амалиётии Android) онро аз махзани замимаҳои мобилии Google Play дастрас ва насб кардан лозим аст. Бастаи насбкунии барнома дар компютерҳо (дар заминаи низоми амалиётии Windows) бошад, дар сомонаи Марказ дастрас аст.
Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳо дар шакли чопии дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» ҷой дода нашудааст. Аз ин рӯ, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия медиҳем, ки барои интихоби ихтисосҳо аз барномаи мазкур истифода намоянд.
Дар баробари барномаи «Интихоби ихтисос», инчунин феҳристи комбинатсияҳои ихтисосҳо барои соли таҳсили 2023-2024 дар намуди саҳифаи интернетӣ барои истифода дар реҷаи бархат (онлайн) ва дар намуди файл дар қолаби PDF барои боргирӣ, азназаргузаронӣ дар компютер ва чоп дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.

Google Play
Интихоби ихтисос - Apps on Google Play
Intihobi ichthysos dar nizomi IMD-2024
Баргузории ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати иди Наврӯзи байналмилалӣ
18-уми марти соли 2023 дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Наврӯзи байналмилалӣ ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз карда, кормандони Марказро бо Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфт. Дар суханронии директори Марказ аз ҷумла қайд шуд, барои мо, тоҷикон, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки иди Наврӯз – ин ҷашни куҳану бостонӣ ва ҷашни шукуфоии табиат бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эълон гардид.
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.
Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқ ва миллатҳоест, ки дар тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезананд. Наврӯз моли тоҷик, фарҳанги тоҷик, ҷашни тоҷик аст, зеро он исми тоҷикона дорад ва ин рӯзу ин идро дар тамоми кураи Замин бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд. Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик. Қайд кардан ҷоиз аст, ки Наврӯз хусусияти ба ҳам овардани мардум, устувор гардонидани пояи ваҳдату ҳамдилии халқҳоро низ дорост, – қайд кард Ҷаъфарзода С.Ф.
Сипас як қатор кормандон низ дар боби ҷашни Наврӯз табрикот ва ибрози андеша карданд.
Ба муносибати Наврӯз – иди бузурги миллӣ чанде аз кормандон барои фаъолияти пурсамарашон бо сипосномаҳои Марказ арҷгузорӣ карда шуданд.

ТАБРИКИ ДИРЕКТОРИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ҶАЪФАРЗОДА САБЗАЛӢ ФАЙЗАЛӢ БА МУНОСИБАТИ ҶАШНИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Ҳамватанони азиз!
Наврӯзи фархундапай бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, назокату латофаташ ба кишвари хуршедию зебоманзарамон, ба хонадони ҳар яки мо боз қадами мубораки худро мениҳад.
Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик буда, ҳамчун рамзи офариниши ҳаёт, оғози тозаи зиндагӣ аз давраҳои дур то ба имрӯз расидааст.
Боиси тазаккур аст, ки Наврӯз – ин ҷашни миллӣ ва бостонии халқи тоҷик бо кӯшишу эҳтимоми сарвари давлатамон, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми ҷаҳониро гирифт.
Бо дарки ҳамин нуктаҳо буд, ки Сарвари фарҳангпарвари тоҷикон − Пешвои миллат барои мақоми ҷаҳониро соҳиб гаштани Наврӯз, ин ҷашни қудсию миллию давлатии мо, ҷаҳду талош карданд. Маҳз бо саъйу эҳтимоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи мо, тоҷикон, байналмилалӣ шуд, ки ин, воқеан, мояи тафохуру сарфарозии мост.
Чун ба ҳазорсолаҳо аз масири таърих назар афканем, идроки амиқ, дилу ният ва тафаккури пок, ҷаҳонбинии фарох, тамаддуни волои ниёгонамон ба хубӣ эҳсос мешавад. Дарк мекунем, ки Наврӯз эҷоди табиату тафаккури халқ ва миллатҳоест, ки дар тӯли ҳазорон сол ба тоҷикию форсӣ ҳарф мезананд. Наврӯз моли тоҷик, фарҳанги тоҷик, ҷашни тоҷик аст, зеро он исми тоҷикона дорад ва ин рӯзу ин идро дар тамоми кураи Замин бо лафзи шевои тоҷикӣ ном мебаранд Ин мояи ифтихор аст барои ҳар фарди худогоҳу хештаншиноси тоҷик.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки Наврӯз хусусияти ба ҳам овардани мардум, устувор гардонидани пояи ваҳдату ҳамдилии халқҳоро низ дорост.
Наврӯз на фақат ид, балки чизе боло ва волотар аз ҳама идҳост. Наврӯз рамзи ҳастии мо гаштааст. Наврӯз ҷашни бунёдкорӣ, созандагӣ ва озодагист. Аз ин рӯ, дар Наврӯзу арафаи он мардум ба тозаю озода намудани маҳалли зист, бунёди боғҳо, шинондани гулу дарахтон, хулоса, ободу зебо кардани диёри баҳороғӯши худ машғуланд ва ин гувоҳи муҳаббати беандозаи мардуми мо ба сарзамини аҷдодии хеш ва ихлосу эҳтироми онҳо ба дастовардҳои истиқлолият, баёнгари зебоипарастию ободкории ӯст...
Бар замми корҳои ободонию зебоисозӣ, чун фарзанди соҳибадабу хушхулқи тоҷик ва идомабахшандаи суннатҳои волои аҷдодӣ, мову шуморо мебояд дар Наврӯзу баҳорон бар ҳамдигар бештар оғӯши бародарию дӯстӣ боз кунем, аз меҳру ободию созандагӣ, сахову вафо бештар ҳарф занем ва ҳамаи амалҳоямон низ бар ин замина бошад. Чунонки Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: “Дар айёми Наврӯз кинаю адоватро аз худ дур кардану бахшидани гуноҳи якдигар, кушодани оғӯши дӯстиву рафоқат ба фарзу суннати ҳамешагии мардум табдил ёфта буд. Ба дидори пирону барҷомондагон расидану гирифтани дуои хайри онҳо, дасти кумак дароз кардан ба ятимону бенавоён ва бепарасторон, обод кардани харобаву вайронаҳо, ки шиори ҳаррӯзаи зиндагии ниёгонамон буданд, дар айёми мо аҳамияти хоса пайдо мекунанд”.
Бар шумо, ҳамдиёрони гиромӣ, омад-омади баҳори нозанин ва Наврӯзи хуҷастапай муборак бошад!
Бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодати рӯзгор, сарсабзиҳои ҳаёт, дастурхони пур аз нозу неъмат ва комёбиҳои беназир таманно дорам.
Наврӯзатон пирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТИ НУҚТАҲОИ САЙЁРИ БАҚАЙДГИРӢ ДАР СОЛИ 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023 аз 1‑уми март ба роҳ монда буд. Дар шаҳру ноҳияҳое, ки нуқтаҳои доимии бақайдгирӣ амал намекунанд, нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода шудааст.
Ин нуқтаҳо 27-уми марти соли 2023, аз ҷумла дар 6 ноҳияи ҷумҳурӣ – Дарвоз, Кӯҳистони Мастчоҳ, Сангвор, Ховалинг, Балҷувон ва Ишкошим ба кор шуруъ хоҳад кард. Муҳлати фаъолияти нуқтаҳои мазкур дар давоми то ду ҳафта ба нақша гирифта шудааст, ки зиёда аз 2000 нафар хатмкунандаи ноҳияҳои зикршуда тавассути онҳо метавонанд аз қайди расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаранд.
Давоми моҳи марти соли 2023 дар 6 шаҳру ноҳияи дигари ҷумҳурӣ низ, аз ҷумла шаҳри Роғун, ноҳияҳои Тоҷикобод, Нуробод, Шаҳристон, Роштқалъа, Рӯшон нуқтаҳои бақайдгирии сайёр фаъолият карда буданд, ки зиёда аз 3000 нафар хатмкунанда дар заминаи синфҳои 9-ум ва 11-ум дар онҳо ба қайд гирифта шуданд.
Инчунин, тибқи нақшаи фаъолияти Марказ дар давоми моҳи апрели соли 2023 боз дар 3 ноҳияи дигари ҷумҳурӣ: Лахш, Ванҷ, Мурғоб нуқтаҳои бақайдгирии сайёр таъсис дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки мувофиқи нақша дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 дар 44 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 49 нуқтаи бақайдгирии доимоамалкунанда бо теъдоди 152 истгоҳи корӣ ва дар 15 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода шудааст, ки дар умум, 59 шаҳру ноҳияро фаро мегирад. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://ntc.tj/images/Downloads/ruykhati_nb_2023.pdf).

‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! ҶАВОБҲОИ МАҶМӮАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ -2023 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД ҶАВОБҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАИ ИҶТИМОӢ МО ДАР Telegram ДАСТРАС НАМОЕД.

Forwarded from Shahboz Karimov
*** Калидҳои А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ***
1-ум – “Табиӣ ва техникӣ”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ”
— А.2 – “Математика”
— А.3 – “Химия”
— А.4 – “Физика”
2-юм – “Иқтисод ва география”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ”
— А.2 – “Математика”
— А.3 – “География”
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ.
3-юм – “Филология, педагогика ва санъат”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ”
— А.2 – “Таърих”
— А.3 – “Адабиёти тоҷик”
”Забон ва адабиёти рус”
”Забон ва адабиёти ӯзбек”
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ.
4-ум – “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”
— А.1 – “Забони тоҷикӣ”
— А.2 – “Таърих”
— А.3 – “Ҳуқуқ”
— А.4 – “Забони хориҷӣ”
англисӣ,
немисӣ,
франсавӣ,
арабӣ
5-ум – “Тиб, биология ва варзиш”
— А1 – “Забони тоҷикӣ”
— А2 – “Биология”
— А3 – “Химия”
— А4 – “Физика”

МУРОҶИАТНОМАИ МАХСУСИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ДОВТАЛАБОН ВА АЛОҚАМАНДОНИ ДИГАРИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ БА МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ВА ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛИ 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба алоқамандони ин имтиҳонҳо муроҷиат мекунад. Ҳадаф аз ин пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ИМД ва таъкиди довталабон барои дуруст амал кардани онҳо дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳонҳо аст.
Марказ шаффофияту адолатро аз муҳимтарин усули кори худ қарор дода, таъмини онро дар ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД кафолат медиҳад. Вобаста ба ин, Марказ дониш ва малакаю маҳорати ҳар яке аз довталабонро воқеӣ (объективона) арзёбӣ карда, ҳеҷ гоҳ ба дахолати инсонӣ (аз берун), тақаллуб ва амалҳои ба ин монандро дар ИМД роҳ намедиҳад. Барои пешгирӣ аз ҳар гуна амалҳои номатлуб дар раванди ИМД бо камоли масъулият тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад.
Бо вуҷуди ин ҳама, эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку қаллобона ва авомфиребию ваъдаҳои бардурӯғ аз ҷониби баъзе шахсон дар бобати дохил кардани довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ мавҷуд аст. Дар ҳолати ба чунин қаллобон, ки бо мақсади ба даст овардани маблағи муфт баъзе аз довталабон ва падару модари онҳоро фиреб дода, ба онҳо ваъдаи кумак карданро барои дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳо медиҳанд, дучор шудан, ҳаргиз набояд фирефта шуд.
Тавре ки борҳо таъкид кардаем ва онро натиҷаҳои кори қариб даҳсолаи Марказ низ собит сохтааст, ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз ба натиҷаҳои аз имтиҳонҳо бадастовардаи довталабон ягон таъсире расонида наметавонад.
Вобаста ба ин, барои пешгирӣ аз амалҳои қаллобии марбут ба ИМД ва паҳн шудани фикру андешаи беасос нисбат ба фаъолияти Марказ дар байни ҷомеа аз ҳар яки Шумо – алоқамандони низоми ИМД хоҳишмандем, ки нисбат ба ин масъала бетараф набошед! Ба қаллобоне, ки бо ниятҳои нопок Шумо ва ё ҳар каси дигареро бовар кунонданӣ мешаванд, ки гӯё, барои довталабро ба мактаби дилхоҳаш дохил кардан ёрӣ расонда метавонанд, ҳатто агар онҳо, воқеан, корманди Марказ ҳам бошанд, ҳаргиз бовар накунед! Чунин қавлу ваъдаҳо ба ҷуз фиреби маҳз дигар чизе буда наметавонад!
Агар довталаб ё шахси дигаре бо чунин ҳолат рӯ ба рӯ гардад, аз касе дар мардумфиребию қаллобӣ гумонбар шавад, бояд ҳатман ва таъҷилан ба Марказ ва ниҳодҳои дахлдори давлатӣ муроҷиат кунад. Марказ омода аст, ки оид ба ҳар масъалаю номафҳумие вобаста ба чунин ҳолатҳо муроҷиати шаҳрвандонро бишунавад ва барои ҳалли он ё равшанӣ андохтан дар он тамоми чораҳои заруриро биандешад.
Ҳамаи раванду марҳалаҳои ИМД – аз сабти номи довталабон то коркарди варақаҳои ҷавобҳо, ҷамъбасти имтиҳонҳо, арзёбии кори довталабон ва тақсимоти онҳо ба муассисаҳои таълимӣ бо истифодаи воситаю технологияҳои замонавӣ ва тавассути барномаҳои компютерӣ сурат гирифта, тибқи тартибу қоидаҳои муқарраргардида баргузор шудани имтиҳонҳоро таъмин месозанд. Бехатарию махфияти иттилоот низ бо риояи тамоми ҷузъиёташ таъмин мешавад. Рафти имтиҳонҳо дар ҳамаи синфхонаҳои имтиҳон бо камераҳои назорати видеоӣ сабт ва мушоҳида мегардад, ки ҳамасола довталабон, падару модарон, омӯзгорон, фаъолони ҷамъиятӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва алоқамандони дигари ИМД бевосита худ шоҳиди чунин ташкили кор дар марказҳои имтиҳонӣ мешаванд. Ҳар шахси солимақл дарк мекунад, ки бо ин ҳама шароит ва тартибу талабот имкони ёрӣ расонидани касе ба довталаб вуҷуд надорад.

Агар довталабон аз имконоти барояшон фароҳамовардаи Марказ огаҳ бошанду онро ҳадафмандона ва дуруст истифода кунанд, имкони амалҳои номатлуб аз ҷониби қаллобону мардумфиребон ба вуҷуд нахоҳад омад. Дар ин маврид, иттилооти зарурӣ ва тартибу қоидаҳои муқарраршуда, бахусус шумораи холҳои бадастовардаи худ ва ба чанд бал баробар будани онҳоро донистани довталаб, зарур аст. Бо огаҳӣ аз ин, ки тақсимоти довталаб ба муассисаи таълимӣ аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардааш дар асоси бали соҳибшудааш сурат мегирад, довталаб, пеш аз ҳама, бояд варақаи ҷавобҳоро аз кабинети инфиродӣ ва ҷавобҳои дурусти саволҳои масъалаҳои тести дар имтиҳонҳо истифодашударо аз сомонаи Марказ дастрас карда, холҳои аз ҳар субтест бадастовардаашро мустақилона ҳисоб намояд. Баъдан аз рӯйи ин холҳо миқдори балҳоро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳо, ки пас аз эълони натиҷаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода мешавад, муайян созад.
Дар баробари дониши арзанда доштан воқиф будан аз тартибу қоидаҳои дахлдор барои бақайдгирӣ ва имтиҳонот, аз ҷумла дуруст ва дурандешона интихоб кардани ихтисосу муассисаҳо бо дарназардошти донишу маҳорат ва имконоти худ ва риояи ин шарту қоидаҳо барои ҳар як довталаб муҳим мебошад. Барои ин ҳадафмандона аз дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» корбарӣ бояд кард. Истифода аз маҷмуаи саволу масъалаҳои таҳиякардаи Марказ барои омодагии шоиста дидани довталабон ба ин имтиҳонот ёрирасон хоҳад буд. Бояд қайд кард, ки дар ҳар яке аз субтестҳои имтиҳонҳои воқеӣ (ИМД) соли ҷорӣ қариб 40 %-и саволу масъалаҳо аз ҳамин маҷмуаҳо такроран истифода карда мешаванд.
Барои тайёр шудани довталаб ба имтиҳонҳо истифода аз хизматрасонии “Худро бисанҷ”, низ воситаи хубест.
Аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамоем, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо хабар диҳанд.
Ба ҳамаи шумо барои супоридани имтиҳонҳо барор мехоҳем!