Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
Аз довталабон ва ҳамаи алоқамандони низоми ИМД хоҳиш менамоем, ки барои шаффофу одилона баргузор гаштани имтиҳонҳо саҳмгузор бошанд ва дар ҳолати дучор шудан бо шахсоне, ки ба амалҳои номатлуб даст мезананд ё барои ин мақсад мекӯшанд, бетараф набошанд ва бо телефонҳои 224-53-68 ё 224-53-66 ба мо хабар диҳанд.


МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192
Факс: (+992 37) 224-53-66
Сомона: www.ntc.tj
Почтаи электронӣ: office@ntc.tj

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар ноҳияи Рашт
Нишонӣ: шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79,
телефон: (+992) 3131 2 15 78, (+992) 919 78 54 64

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар дар шаҳри Хуҷанд
Нишонӣ: кӯчаи Мадади Сино 5, телефон: (+992 3422) 4 11 48

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар дар шаҳри Панҷакент
Нишонӣ: кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105, телефон: (+992 3475) 5 50 51

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Бохтар
Нишонӣ: кӯчаи Борбад, 13, телефон: (+992) 93 510 95 05

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Кӯлоб
Нишонӣ: хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26, телефон: (+992) 915 57 90 77

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар ноҳияи Данғара
Нишонӣ: кӯчаи Марказӣ, 32, телефон: (+992 3312) 2 17 86

БАХШИ МИНТАҚАВИИ
раёсати ташкил ва идораи имтиҳон дар шаҳри Хоруғ
Нишонӣ: кӯчаи Шоҳқирғизов, 12, телефон: (+992) 915 20 72 29
Мушовири маъмурияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиев Мирзошариф дар барномаи мустақими "Маърифат"-и шабакаи якуми Радиои Тоҷикистон иштирок ва баромад намуд.

Дар барнома доир ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, навгониҳо дар соли 2023-юм, марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон, нақшаи қабул, ҳолати аз қайд гузаштани довталабон, имтиёзҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба низом маълумот дода шуд.

Шунавандагон ба саволҳои пешниҳоднамудаи худ посухҳои мушаххас гирифтанд.
*** Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ***

— 1 – “Математика
— 2 – “Физика
— 3 – “Химия
— 4 – “География
— 5 – “Биология
— 6 – “ТИК
— 7 – “Забони англисӣ
— 8 – “Таърих
— 9 – “Ҳуқуқ
— 10 – “Забон ва адабиёти тоҷик
— 11 – “Забони давлатӣ
— 12 – “Забон ва адабиёти рус
— 13 – “Забони русӣ
ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ – САБҚАТИ БУЗУРГИ ТАЪЛИМӢ

14-уми апрели соли 2023 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз шуд. Он ҳамасола дар 2 самт ба роҳ монда мешавад: фанҳои 1) табиӣ-риёзӣ ва 2) ҷамъиятӣ-гуманитарӣ.

Ин даври олимпиада аз рӯйи самти аввал – табиӣ-риёзӣ, ки фанҳои физика, математика, биология, химия ва географияро фаро мегирад, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2022, № 370 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” ва аз информатика ва технологияи коммуникатсионӣ дар Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Олимпиадаи мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” баргузор кард.
Дар ифтитоҳи ин сабқати бузурги ҷумҳуриявӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р. сабқаткунандагонро барои то зинаи ҷумҳуриявии олимпиада роҳ ёфтанашон таҳният гуфта, ба онҳо комёбӣ хост.
Дар олимпиадаи мазкур аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, тибқи рӯйхат, иштироки 861 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар (аз мактабҳои навъи муқаррарӣ ва ҳам навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо)) пешбинӣ шуда буд. Аз ин миқдор 831 нафари хонандагон ширкат карданд.

Лоиқи тазаккур аст, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тартиби муқарраргардида, дар сурати мувофиқати фанни олимпиада ба ихтисосҳои интихобкардаашон, имтиёз дода мешавад. Барои ғолибони ҷойи якум 100, ҷойи дуюм 75 ва ҷойи сеюм 50 бали имтиёзӣ муқаррар шудааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба балҳои бадастовардаашон илова мегардад.