Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
ТАМДИДИ МУҲЛАТИ МАРҲАЛАИ АСОСИИ БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 расонида мешавад, ки муҳлати марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур то 1-уми май муқаррар карда шуд. Рӯзи якшанбе – 30‑юми апрел низ нуқтаҳои бақайдгирии довталабон фаъолият мекунанд.

Вобаста ба ин, азбаски филиал ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии «Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”» рӯзи якшанбе кор намекунанд, ба шахсони хоҳишманди иштирок дар ИМД-2023 тавсия медиҳем, ки маблағи хизматрасониро пешакӣ дар рӯзҳои корӣ пардохт намоянд.

Лозим ба зикр аст, ки дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Нуробод, Тоҷикобод ва Лахш аз 28-уми апрел то 1-уми май нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ фаъолият мекунанд.