Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
*** Намунаи саволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ***

— 1 – “Математика
— 2 – “Физика
— 3 – “Химия
— 4 – “География
— 5 – “Биология
— 6 – “ТИК
— 7 – “Забони англисӣ
— 8 – “Таърих
— 9 – “Ҳуқуқ
— 10 – “Забон ва адабиёти тоҷик
— 11 – “Забони давлатӣ
— 12 – “Забон ва адабиёти рус
— 13 – “Забони русӣ
ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ – САБҚАТИ БУЗУРГИ ТАЪЛИМӢ

14-уми апрели соли 2023 даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ оғоз шуд. Он ҳамасола дар 2 самт ба роҳ монда мешавад: фанҳои 1) табиӣ-риёзӣ ва 2) ҷамъиятӣ-гуманитарӣ.

Ин даври олимпиада аз рӯйи самти аввал – табиӣ-риёзӣ, ки фанҳои физика, математика, биология, химия ва географияро фаро мегирад, тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми марти соли 2022, № 370 дар Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби байналмилалии Президентӣ” ва аз информатика ва технологияи коммуникатсионӣ дар Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи назди раёсати маорифи шаҳри Душанбе баргузор гашт.

Олимпиадаи мазкурро Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муштаракан бо Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо” баргузор кард.
Дар ифтитоҳи ин сабқати бузурги ҷумҳуриявӣ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Р. сабқаткунандагонро барои то зинаи ҷумҳуриявии олимпиада роҳ ёфтанашон таҳният гуфта, ба онҳо комёбӣ хост.
Дар олимпиадаи мазкур аз фанҳои табиӣ-риёзӣ, тибқи рӯйхат, иштироки 861 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар (аз мактабҳои навъи муқаррарӣ ва ҳам навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо)) пешбинӣ шуда буд. Аз ин миқдор 831 нафари хонандагон ширкат карданд.

Лоиқи тазаккур аст, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тартиби муқарраргардида, дар сурати мувофиқати фанни олимпиада ба ихтисосҳои интихобкардаашон, имтиёз дода мешавад. Барои ғолибони ҷойи якум 100, ҷойи дуюм 75 ва ҷойи сеюм 50 бали имтиёзӣ муқаррар шудааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба балҳои бадастовардаашон илова мегардад.