Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
6.73K subscribers
1.18K photos
18 videos
96 files
183 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ АЗ ФАНҲОИ ҶАМЪИЯТӢ – ГУМАНИТАРӢ МИЁНИ ХОНАНДАГОНИ СИНФИ 11

27-уми апрели соли 2023 дар Муассисаи таълимии давлатии “Литсей-интернати Президентӣ барои кӯдакони болаёқати Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳо барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ баргузор шуд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ, 957 нафар хонандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии кишвар (аз мактабҳои навъи муқаррарӣ ва ҳам навъи нав (мактабҳои президентӣ, литсей ва гимназияҳо)) ширкат карданд.

Ёдовар мешавем, ки ба хонандагоне, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ ғолиб меоянд, дар доираи имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ тартиби муқарраргардида, дар сурати мувофиқати фанни олимпиада ба ихтисосҳои интихобкардаашон, имтиёз дода мешавад. Барои ғолибони ҷойи якум 100, ҷойи дуюм 75 ва ҷойи сеюм 50 бали имтиёзӣ муқаррар шудааст, ки дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба балҳои бадастовардаашон илова мегардад.
ИШТИРОК ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҶАВОНОН

17-уми майи соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонон бо мақсади рушди самояи инсонӣ “Роҳ ва усулҳои расидан ба муваффақияти касбӣ” баргузор гардид.

Дар ташкилу баргузории Форуми мазкур Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати нақлиёт ва роҳи Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар корхонаю ташкилотҳо иштирок карданд.

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин Форум иштирок намуд, ки онро директори Марказ Ҷаъфарзода С.Ф. намояндагӣ кард.

Ҷаъфарзода С.Ф. дар бораи аҳаммияти баргузории чунин форуму нишастҳо барои рушди иҷтимоию касбии ҷомеа, бахусус ҷавонон, шиносоии аҳли ҷамъият бо олами касбу ҳунарҳо ва талаботи бозори меҳнат, интихоби дурусти касбу ихтисосҳо сухан гуфта, ҳамагонро тарғиби илму дониш ва касбу ҳунаромӯзӣ ва ба рафти зеҳнию касбии шаҳрвандон даъват кард.
СУҒД: ОҒОЗИ СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОН

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарҳои омӯзиширо барои барои тренерони кормандони муваққатии марказҳои имтиҳонии вилояти Суғд оғоз намуд.

Семинари омӯзишӣ аз 18-ум то 19-уми май дар бахши минтақавии Маркази миллии тестӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштроки бо иштироки 19 нафар шунаванда аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории семинар омодагӣ ба имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 ва гузаронидани имтиҳонҳо мебошад.

Дар баробари ин, аз ҷумлаи кормандони бахшҳои минтақавии Марказ низ ба семинарҳои омӯзишӣ ҷалб карда мешаванд ва ҳамроҳ бо тренерон дар давоми моҳи июни соли ҷорӣ дар 6 шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд семинарҳои омӯзишии кормандони муваққатии марказҳои имтиҳониро ташкил ва баргузор менамоянд.
Иштироки кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дави миллӣ

Бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2007, №225 роҳбарият ва кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 21-уми майи соли 2023 дар дави миллӣ иштирок карданд. Ин сабқати миллӣ ҳамасола бо иштироки вазорату идораҳои давлатӣ баргузор мегардад.

Иқдоми мазкур бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш, тарғиби варзиш дар байни омма ва ҷалби кормандони вазорату идораҳо ба варзиш роҳандозӣ мешавад.

Кормандони Марказ низ, дар баробари фаъолияти соҳавии худ, ба тарғиби варзиш, ҳамчун як омили ҳаёти солим, эътибори ҷиддӣ медиҳанд, ки иштирокашон бо либосҳои ягона дар ин ҳаракати миллӣ, аз ҷумла гувоҳи он аст.
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – ВАЗИФАИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД

24-уми майи соли 2023 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд: Марказ) вохӯрии кормандони ин ниҳод бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Сарнозири раёсати таҳлили хавфҳои коррупсия ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон Агентии мазкурро намояндагӣ кард.

Ба кори ҷаласа директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз бахшида, гуфт, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва халалдорсозандаи рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳисоб меравад ва ба амнияти миллӣ низ таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуби ҷомеа ва пешгирӣ аз он кори дастҷамъона ва вазифаи муҳимми ҳамаи шаҳрвандон аст. Бо ин мақсад Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти дигари ваколатдор ҳамкориҳои пайваста дорад.

Сарнозири раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён В. Қ. марбут ба роҳҳои пешгирӣ аз амалҳои коррупсионӣ, ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷомеа, таъмини иҷрои қонунҳо ва барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ изҳори назар кард.

Дар ҷаласа, махсусан ба масъалаи суиистифода накардан аз ваколатҳои мансабӣ, аз ҷумла бо мақсадҳои шахсӣ, гурӯҳӣ ва мақсадҳои дигари ғайрихизматӣ истифода накардани биноҳо, воситаҳои нақлиёт ва алоқа, воситаҳои электронӣ, маблағҳо ва молу мулки дигари давлатӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ вобаста карда шудаанд, таваҷҷуҳи махсус дода, моҳияту паҳлуҳои гуногуни он ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд. Масъалаҳои вобаста ба ин мавзуъ тибқи муқаррароти Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” ва Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонида шуд.

Ӯ, аз ҷумла, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муқовимат ба коррупсия мунтазам чораҳои амалӣ андешида, барои ба вуҷуд овардани фазои зиддикоррупсионӣ заминаҳои ташкиливу ҳуқуқиро муҳайё кардааст ва минбаъд низ вобаста ба рушди босуръати муносибатҳои нав ин усул идома меёбад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия” истифодаи захираҳои молиявӣ, моддию техникӣ, нақлиётӣ, захираҳои дигари давлатӣ ё ҷамъиятӣ ва иттилооти хизматиро бо мақсадҳои ғайрихизматӣ ба шахси барои иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ва шахси ба он баробаркардашуда низ манъ намудааст ва чунин кирдорҳо ҳуқувайронкунии ба коррупсия алоқаманд ҳисобида мешаванд, – аз ҷумла, қайд кард мазкур.

Ахиран дар байни аҳли ҷаласа ва Назриён В. Қ. суҳбат ва суолу ҷавоб сурат гирифт.