БА ТАВАҶҶУҲИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ ДАР ДАВРИ ЯКУМИ БАҚАЙДГИРӢ ХУДРО САБТИ НОМ НАКАРДААНД
Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2023, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки даври дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2023 аз 10-уми июн оғоз ёфта, то 30‑юми июн идома меёбад.
Довталабоне, ки худро дар даври якум сабти ном накардаанд, метавонанд дар даври дуюми бақайдгирӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияҳои Данғара ва Рашт, ки рӯйхати онҳо дар сомонаи Марказ оварда мешавад, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Довталабоне, ки дар даври якуми бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаашонро иваз кардан мехоҳанд, бо пардохти пурраи маблағи хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ метавонанд худро аз нав сабти ном кунанд.
Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо пешниҳоди (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври якуми бақайдгирӣ ва (3) расид аз яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк (ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”) оид ба пардохти маблағи пурраи хизматрасонӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ азнавбақайдгириро гузаранд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2023 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти даври якум ва дуюми бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 300 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 210 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи хизматрасонӣ барои азнавбақайдгирӣ дар даври дуюм 25 сомонӣ аст.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар даври якуми бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар даври дуюми бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30‑юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро (12-уми июл) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб месупоранд.

Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
КАБИНЕТИ ИНФИРОДӢ ВА ТАРЗИ ИСТИФОДАБАРИИ ОН
Кабинети инфиродӣ сарчашмаи маълумот оид ба натиҷаҳои иштироки довталаб дар ИМД буда, дар муддати то 3 рӯзи корӣ баъд аз номнавис шудани довталаб фаъол мегардад.
Пас аз фаъол шудани кабинети инфиродӣ ба довталаб паёмак фиристода мешавад. Агар кабинети инфиродӣ фаъол набошад, довталаб онро кушода наметавонад.

ОҒОЗИ СЕМИНАРҲОИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ШАХСОНИ ХОҲИШМАНДИ КОР ДАР МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи корҳои омодагӣ барои ташкилу баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ дар соли 2023 семинарҳои омӯзиширо барои шахсони хоҳишманди кор дар марказҳои имтиҳонӣ аз 5-уми июн оғоз кард.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Марказ имтиҳонҳо – қисмҳои А (дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар марказҳои имтиҳонӣ, ки дар заминаи муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ ташкил карда мешаванд, бо ҷалби кормандони муваққатӣ аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар, маъмури калон, маъмури имтиҳон ва бақайдгирандаи маркази имтиҳонӣ баргузор мекунад.
Соли ҷорӣ барои кори муваққатӣ дар марказҳои имтиҳонӣ 2 569 нафар шахси хоҳишманд ҳуҷҷат супориданд, ки тибқи натиҷаҳои баррасии ҳуҷҷатҳои пешинҳодшуда ба 2 535 нафари онҳо барои иштирок дар семинарҳои омӯзишӣ иҷозат дода шуд. Семинарҳои омӯзишӣ аз рӯйи барнома, модули омӯзишӣ ва маводди иловагии ёрирасон аз ҷониби 35 корманди муваққатии ҳамчун тренер ҷалбкардаи Марказ ва 23 корманди доимии он дар 25 муассисаи таълимии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор карда мешавад ва то 15-уми июн идома меёбад. Ҳар гурӯҳе аз иштирокдорони семнарҳо пас аз ду рӯзи дарсӣ аз санҷиши махсус мегузарад.
Барои баргузории имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б дар соли ҷорӣ дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 маркази имтиҳонӣ ташкил мегардад, ки дар онҳо беш аз 2 000 нафари дар асоси натиҷаҳои санҷиш интихобгардида ба кори муваққатӣ ҷалб карда мешаванд.

МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ИМД-2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 1-уми май) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2023 аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таълимиеро, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории имтиҳонҳои мазкур ташкил карда мешаванд, дар сомона ва саҳифаи иҷтимоӣ (telegram- https://t.me/officialntc) ҷойгир кард. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.
Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагон ва довталабони азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 45 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад. Хотиррасон мекунем, ки соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Ёвон марказҳои имтиҳонӣ бори нахуст ташкил карда мешаванд.
Бо дарназардошти ҷадвали тасдиқгардида даъватномаҳои довталабон – шахсони аз 1-уми март то 1‑уми май номнависшуда омода ва ба онҳо тибқи макони нишондодаашон дар вақти бақайдгирӣ, ки дар варақаи бақайдгирӣ дарҷ гардидааст, фиристода мешавад. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд карда мешавад. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас мегардад.
Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.
Довталаб бояд ба маркази имтиҳонӣ аз рӯйи ҷадвали имтиҳонҳо дар рӯзи муайяншуда 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо даъватнома, шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.

Telegram
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj

МАРҲИЛАИ ЯКУМИ ОЗМУН БАРОИ ДАРЁФТИ СТИПЕНДИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДУРАХШАНДАГОН» ВА БУРСИЯҲОИ ТАҲСИЛИИ ҶУМҲУРИИ БЕЛОРУС
8-уми июни соли 2023 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои таҳсилии Ҷумҳурии Белорус оғоз гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаьфарзода Сабзалӣ иштирок карданд.
Дар ифтитоҳи озмун аз ҷониби муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён таъкид карда шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба тайёр намудани кадрҳои баландихтисос аз ҷумлаи наврасону ҷавонон дар хориҷ ва дохили кишвар пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои онҳо шароити мусоид фароҳам меоранд, ки таъсисёбии Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» мисоли он аст.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи аввали озмунро ҷиҳати дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ барои дараҷаи бакалавр Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли тест баргузор мекунад. Тибқи маълумоти пешниҳодкардаи Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» барои иштирок дар озмун барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» ва бурсияҳои давлатҳои хориҷӣ (Ҷумҳурии Белорус) 79 нафар аз рӯи ихтисосҳои зерин ҳуҷҷат супоридаанд:
агрокимиё ва хокшиносӣ;
амнияти компютерӣ;
беҳдошти ветеринарӣ;
бойгардон;
геодезӣ ва харитасозӣ;
дизайнер;
зеҳни сунъӣ;
иқтисоди сабз;
иқтисодиёт ва ташкил дар соҳаи сайёҳӣ;
иқтисодчӣ;
информатикаи амалӣ дар иқтисодиёт;
кори табобатӣ;
менеҷмент;
металлургия;
меъмор;
муҳандис-технологи коркарди чарм;
назорат дар системаи техникӣ;
ороиши матои нассоҷӣ;
равоншинос;
рӯшаноидиҳанда;
системаи бисёршабакавии телекоммунакатсионӣ;
системаҳои технологӣ ва информатсионӣ;
сохтмони гидротехникӣ;
таҳлилгари бозори меҳнат;
таҳлилгари молиявӣ;
таҳрези дар технологияи маҳсулоти дузандагӣ;
технологияҳои нави нобудсозии партовҳо;
усулҳои геофизикии ҷустуҷӯй ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок
ҳифзи экосистемаҳои обӣ;
экотаҳлилгар дар соҳаи сохтмон.
Марҳилаи дуюми озмунро аъзои Комиссияи ҷумҳуриявӣ оид ба интихоб ва тайёр намудани мутахассисон дар давлатҳои хориҷӣ баргузор менамояд. Ғолибони озмун аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон дар донишгоҳҳои кишварҳои мутараққии ҷаҳон таҳсил хоҳанд кард.

СУҒД: ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади аз қайд гузаронидани хоҳишмандоне, ки дар даври асосии бақайдгирӣ натавонистанд аз қайд гузаранд даври дуюми бақайдгириро оғоз намуд. Даври мазкур аз санаи 10-уми июн оғоз гардида то 30-юми июн идома меёбад. Дар ин давра он довталабоне, ки дар даври аввал аз қайд гузаштанду хоҳиши иваз намудани ихтисосҳояшонро доранд метавонанд иштирок намоянд. Соли ҷори дар 7 шаҳру ноҳияи кишвар ҷиҳати аз қайд гузаронидани довталабон дар давраи дуюм нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Аз он ҷумла дар вилояти Суғд дар заминаи Бахши минтақавии Марказ дар шаҳри Хуҷанд (паҳлӯи МТМУ №2) ва ҳамчунин дар шаҳри Панҷакент дар заминаи МТМУ №3 нуқтаҳи бақайдгирӣ ба фаъолият оғоз намуд.
Он довталабоне, ки худро дар давраи дуюми бақайдгирӣ номнавис мекунанд ё интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ месупоранд. Боиси хушҳоли аст, ки соли ҷорӣ бори аввал даври иловагии имтиҳонҳо санаи 12-уми июл дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар ва Кӯлоб баргузор карда мешавад. Аз ин лиҳоз, довталабони мазкур ҳангоми бақайдгирӣ ё азнавбақайдгирӣ барои имтиҳонсупорӣ яке аз ин чор шаҳрро интихоб карда метавонанд.
Телефонҳо барои тамос:
(+992) 92 644 11 48
(+992 34 22) 4 11 48

ГУЗОРИШ АЗ РАФТИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВРИ ДУЮМИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ ДАР БАХШИ МИНТАҚАВИИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ШАҲРИ ХУҶАНД