#ИМД_Донистаниҳо
ИНТИХОБИ ДУРУСТУ ДАҚИҚ ВА БОШУУРОНАИ ИХТИСОС
Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст. Аз ин рӯ, ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд кард.
Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби он таҷриба ва маслиҳати падару модар, омӯзгорон ва мутахассисони он соҳаро ба эътибор гирифтан ба нафъи кас хоҳад буд.
Дар вақти интихоб кардани ихтисос ё касб довталаб бояд дониш, лаёқату истеъдодашро бештар ба назар гирад. Бо ихтисосе, ки майли интихоби онро дорад, шинос шуда, хусусияту талаботи онро фаҳмида, олами маънавии худ − шавқу ҳавас, меҳру садоқат ба касбу ихтисос, тафаккур ва қобилияту истеъдодашро ба эътибор гирад. Хуб биандешад, ки аз ин касб чӣ мехоҳад ва аз он чиро интизор аст. Инчунин, ҳар довталаб талаботи бозори меҳнатро ба касбу ихтисосҳо ақаллан барои 5-6 соли оянда бояд ба назар гирад, зеро дар мавриди кам будани талаби бозори меҳнат ба он касбу ихтисос ё нисбат ба талабот зиёд будани шумораи мутахассисони он соҳа манфиаташ ба соҳибкасб кам мерасад.
Инро ҳам донистан лозим аст, ки аз рӯйи ихтисоси интихобкарда мутахассисонро кадом муассисаҳои таълимӣ омода мекунанд. Шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаю олии касбӣ кам нест. Бинобар ин, муҳим аст, ки барои дурусту дақиқ интихоб
кардани онҳо низ довталаб имконият ва шароити худро дар мадди назар дошта, аз ҷумла меъёрҳои зеринро ба эътибор гирад:
- шакли таҳсил (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намуди таҳсил (ройгон, пулакӣ);
- макони ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
- зерсохтори муассисаи таълимӣ (хобгоҳ, китобхона, толорҳои варзишию фарҳангӣ);
- нуфуз ва эътибор (рейтинг)-и муассисаи таълимӣ;
- фикру ақидаи аҳли ҷомеа дар бораи муассисаи таълимӣ.
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ (коллеҷ, донишкадаю донишгоҳҳо ва як академия), ки ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ шомил ҳастанд, аз рӯйи беш аз 900 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Рӯйхати ихтисосҳо барои ҳар соли имтиҳонӣ бо нишон додани муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил дар сомонаи расмии Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон (https://www.ntc.tj) ҷой дода мешавад.
Маълумоти муфассал дар бораи шарту талаботи интихоби касбу ихтисос, дуруст интихоб кардани муассисаҳои таълимӣ ва намунаи интихоби ихтисосҳо дар дастури иттилоотию методии «Роҳнамои довталаб» (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html) оварда шудааст, ки гунаи электронии онро метавонед аз пайванди интернетии зерин дастрас намоед:
https://www.ntc.tj/images/Downloads/4_intikhobi_ikhtisos.pdf

ntc.tj
Асосӣ
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

#ИМД_Донистаниҳо ИНТИХОБИ ДУРУСТУ ДАҚИҚ ВА БОШУУРОНАИ ИХТИСОС Интихоби дурусти ихтисос барои ҳар як шахс муҳим ва ҳатто тақдирсоз аст. Аз ин рӯ, ба он бояд таваҷҷуҳи зиёд кард. Интихоби касб ва ихтисос, албатта, кори шахсии ҳар кас аст, вале ҳангоми интихоби…
ДАВРИ СЕЮМИ КУРСИ ШИНОСОӢ БО НИЗОМИ ИМД БАРОИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ОҒОЗ ШУД
Имрӯз, тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, даври сеюми курси шиносоӣ бо низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) барои хатмкунандагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ (синфҳои 9-ум ва 11-ум) ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ оғоз гардид. Хотиррасон мекунем, ки ҳадаф аз баргузории курси мазкур шинос намудани хатмкунандагон бо низоми имтиҳонҳои мазкур, аз ҷумла тартиби интихоби дурусту мувофиқи касбу ихтисосҳо, донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо, талаботу қоидаҳои муқарраргардидаи имтиҳонсупорӣ ва ғайра мебошад.
Курси мазкур дар 3754 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки қариб 150 000 нафар хатмкунанда баргузор мегардад.
Инчунин, бо мақсади расонидани маълумоти зарурӣ ба хатмкунандагон, падару модарон, омӯзгорон ва алоқамандони дигари низоми ИМД дар бораи имтиҳонҳои мазкур бо фармоиши директори Марказ гурӯҳи кории иборат аз 28 нафар корманди он таъсис дода шудааст. Вохӯриҳоро аъзои гурӯҳи корӣ аз 1-ум то 9-уми феврали соли ҷорӣ дар 173 муассисаи таълимии 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ баргузор мекунанд.
Тибқи нақша дар рафти корҳои иттилоърасонию таблиғот аъзои гурӯҳи корӣ бо кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ низ вохӯрда, ба онҳо маводди чопии Марказро дастрас менамоянд. Лозим ба зикр аст, маводде, ки ба раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ супорида мешавад, беш аз 600 бастаи иборат аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, 10 номгӯйи маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тести қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва 5 номгӯйи маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тести қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ)-ро дар бар мегирад.
Хотиррасон менамоем, ки маводди мазкур ба таври ройгон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тақсимот карда шудааст. Дар фарқ аз солҳои пеш, барои тақсимоти маҷмуаҳои саволу масъалаҳои тест теъдоди хатмкунандагон ба назар гирифта шудааст. Солҳои пеш барои тақсимоти маводди мазкур танҳо теъдоди синфҳои хатмкунанда ба назар гирифта мешуд.

ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲО
Дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ, ки шомили низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳастанд, аз рӯйи беш аз 900 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд.
Ихтисосҳо аз рӯйи монандию наздикии фанҳои имтиҳон ба ҳам дар 5 гурӯҳи ихтисосҳо муттаҳид гардидаанд:
1) табиӣ ва техникӣ;
2) иқтисод ва география;
3) филология, педагогика ва санъат;
4) ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ;
5) тиб, биология ва варзиш.
Яъне, гурӯҳи ихтисосҳо – ихтисосҳои аз рӯйи фанҳои имтиҳон ба ҳам наздик ё монанд, ки дар як гурӯҳ муттаҳид карда шудаанд, мебошад.
Рӯйхати ихтисосҳо вобаста аз мансубияти онҳо ба ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо, бо нишон додани муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил дар сомонаи Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст: https://stat.ntc.tj/Y22/RPlan.

НАҚШАИ ҚАБУЛ - 2023
Нақшаи қабули донишҷӯён – шумораи тасдиқшудаи ҷойҳо дар муассисаи таълимӣ барои қабули донишҷӯён аст.
Дар доираи ин нақша ҷойҳои ройгон (буҷетӣ) ва пулакӣ (шартномавӣ) аз рӯйи ҳар яке аз ихтисосҳо барои шаклҳои гуногуни таҳсил (рӯзона, шабона, фосилавӣ ва ғоибона) дар ҳар яке аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ алоҳида ҷудо карда мешаванд.
Барои ҳар соли таҳсил нақшаи қабули донишҷӯён аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия мегардад.
Нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки шомили низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҳастанд, барои соли таҳсили 2023-2024 дар сомонаи Маркази миллии тестии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст: https://stat.ntc.tj/Y22/RPlan.

‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ!
НАМУНАИ МАҶМӮАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2023 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД МАҶМӮАРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАСТРАС НАМОЕД.
БАРОИ ДАСТРАС НАМУДАН ПАЙВАНДРО ПАХШ НАМОЕД! ⤵️⤵️⤵️⤵️
https://t.me/officialntc

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ.pdf
3.9 MB
Имтиҳони Қисми А ва Қисми Б
A4-234_ЗАБОНИ АРАБӢ.pdf
4.5 MB
Имтиҳони Қисми А
A4-234_ЗАБОНИ НЕМИСӢ.pdf
2.8 MB
Имтиҳони Қисми А
A4-234_ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ.pdf
3.7 MB
Имтиҳони Қисми А
A2-5_БИОЛОГИЯ.pdf
2.7 MB
Имтиҳони Қисми А
A2-12_МАТЕМАТИКА.pdf
2.5 MB
Имтиҳони Қисми А
A2-34_ТАЪРИХ.pdf
2.9 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-2_ГЕОГРАФИЯ.pdf
25.1 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-3_АДАБИЁТИ ТОҶИК.pdf
1.6 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-3_ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ РУС.pdf
1.6 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-3_ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ӮЗБЕК.pdf
1.1 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-4_ҲУҚУҚ.pdf
2.1 MB
Имтиҳони Қисми А
A3-15_ХИМИЯ.pdf
2.4 MB
Имтиҳони Қисми А
A4-15_ФИЗИКА.pdf
5.6 MB
Имтиҳони Қисми А