🔎Factcheck.tj
271 subscribers
480 photos
18 videos
607 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
~ #ФактчекNews |📰
📺Вебинари навбатии мо: «САРЧАШМАҲОИ КУШОДАИ ИТТИЛООТ»

🗣Коршинос: Фариштамоҳ Гулова, коршинос доир ба беҳдошти рақамӣ ва додаҳои боз, медиа-тренер

🗓Сана: 28 май
🕒Соат: 14:00 (Душанбе, Тошканд), 15:00 (Бишкек, Нур-Султон)
📍Макон: BigBlueButton

Бо мо буданро фаромӯш накунед!
___
#вебинар
#factchecktj
#манбаъҳои_боз
​​Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj - ҷаласаи навбатии Ҷашнвораи СИР ро идома медиҳад.

Нуқтаҳои муҳими ҷаласаи коршиносро ба ҳам овардем:

‼️ Натанҳо рӯзноманигорон бояд далелсанҷӣ кунанд. Ин барои ҳар як шахс, ки истеъмолкунандаи иттилоот аст, зарур мебошад;

‼️ Андешаҳои субъективӣ, далелҳои умумӣ бошад, далелсанҷӣ гузаронида намешавад;

Ҳамзамон, мураббии расонаӣ аз кабудиҳои корӣ низ таъкид кард:

"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".

Аз ин линк метавонед пахши мустақими Ҷашнвораро тамошо кунед:

https://fb.watch/5QpmfsatjT/

Ҷашнвораи СИР-ро шарики Интернюс - @MIDLHouseKhorog баргузор мекунад.
Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
~ #ФактчекNews |📰
🔺Таҳқиқоти журналистии мо собит намуд, ки аслан ширкате бо номи «Unique Finance» дар бисёре аз кишварҳои хориҷа ҳамчун як ширкати қаллобӣ эълон шудааст. Дар Тоҷикистон бошад, ин ширкат расман аз қайди давлатӣ нагузаштааст ва сарчашмаҳои мо шаҳодат медиҳанд, ки он як ширкати қаллобона асту бас.

👉Муфассалтар дар таҳқиқоти навбатии FactCheck.TJ
___
#таҳқиқот
#фактчек
#далелсанҷӣ
#factchecktj
🔍 Фактчекинг и верификация

Вы нас просили и мы его подготовили! Встречайте переведенный и дополненный путеводитель GIJN по фактчекингу.

В коллекцию ресурсов для проверки фактов вошли:

🎯короткие обучающие видео и сборники советов от Нильса ХансонаМиссия: расследовать» SVT), 

🎯множество инструментов и пошаговых инструкций от Арика Толлера и других расследователей Bellingcat,

🎯многостраничные учебники  Крэйга Силвермана (ProPublica и BuzzFeed),

🎯анализ технологий создания фейков и простые инструменты для их разоблачения от основательницы StopFake Ольги Юрковой,

🎯логика визуального мышления Хенка ван Эсса,

🎯рекомендации по выявлению глубоких видеофейков от Cаманты Санн (Tools for reporters),

🎯и много других полезностей.

Сохраняйте в закладки и делитесь с коллегами!
​​Шоми хуш, азизон!


🥳Нашри аввалин "Роҳнамои далелсанҷ" ба забони тоҷикӣ🥳

Тими платформаи FactCheck.TJ | ДалелCанҷӣ.ТҶ аввалин наворҳои дарсӣ оид ба абзорҳои далелсанҷиро ба забони тоҷикӣ таҳти унвони "Роҳнамои далелсанҷ" нашр кард.


Наворҳои омӯзишӣ аз 10 дарс иборат буда, ҳар яки он ба як абзори далелсанҷӣ бахшида шудааст.

Дарси аввал кор бо Archive.Today буда, дарсҳои баъдӣ кор бо Google Maps, ҷустуҷӯи аксҳо, TinEye, YouTube DataViewer, Who.is ва амсоли инҳо иборат аст.

Муаллифони лоиҳа мегӯянд, наворҳои омӯзишӣ натанҳо барои рӯзноманигорон, балки барои аудиторияи васеи тоҷикзабон низ дастрасу фаҳмо аст.

"Роҳнамои далелсанҷ" дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби USAID маблағгузорӣ шуда, Internews онро амалӣ мегардонад, рӯйи кор омад.

#internewstj #MediaCAMP
#medialiteracy #rasonasozon
#FactCheckTJ
🔍МЫ ЗАПУСТИЛИ ПРИЛОЖЕНИЕ FACTCHECK.TJ

Что может приложение Factcheck.tj
🔺Показывать самые свежие новости Таджикистана
🔺Отправлять новости на проверку команде Factcheck.tj
🔺Создавать свои подборки новостей
🔺Связаться с редакцией Factcheck.tj
🔺Получать уведомления от редакции прямо в приложение
🔺Отображение ленты материалов Factcheck.tj

Что делает редакция
🔎Получает отправленные вами материалы на проверку
🔎Проверяет их на предмет манипуляций и достоверности
🔎Отправляет вам в приложение ссылку на результат проверки

Как скачать приложение
👉Перейдите по этой ссылке
⬇️Установите себе на смартфон

Какие платформы поддерживаются
📲Приложение пока работает на базе ОС Андроид
___
#factchecktj
#android
#приложение
~ #ФактчекNews |📰
☝️Вы получили информацию, но сомневаетесь в её достоверности? Хотите проверить, но не знаете, как?

👉Тогда данный Мастер-класс на тему «ФАКТЧЕКИНГ И ИНСТРУМЕНТЫ ДЛЯ ПРОВЕРКИ ИНФОРМАЦИИ» от соавтора первой фактчек-платформы в Таджикистане Factcheck.tj для Вас!

🔺Наш Мастер-класс третьего дня с медиатренером Jamshed Ma'ruf. Он научит Вас работать с онлайн инструментами, которые дают возможность проверять достоверность ни только цифр и текстов, но фотографий и видео.

🔺Проект "Жизнь - онлайн" финансируется в рамках Центральноазиатской программы MediaCAMP, реализуемой Internews при финансовой поддержке USAID.

🗓Дата: 24.06.2021
Время: 15:00
📍Место: Zoom-платформа
___
#internewstj
#MediaCAMP
#USAID
#ЖизньОнлайн
#factcheck
#фактчек
#JMBmediaschool
🤝РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ МУБОРАК!
С ДНЕМ НАЦИОНАЛЬНОГО ЕДИНСТВА!🤝

Бо эҳтиром, Factcheck.tj
С уважением, Factcheck.tj
🔺В социальных сетях снова гуляет старый фейк о смерти главного актера знаменитого иранского телесериала «Пророка Юсуфа» - Мустафа Замани.

👉Напоминаем, что команда Factcheck.tj еще два года назад опровергла данную новость!
🔺Дар айни замон ҳеч далеле вуҷуд надорад, ки нафаскашии буғи гарм метавонад, коронавирусро дар бадан ва роҳҳои нафас нобуд кунад. Бар илова, ин гуна муолиҷа метавонад танҳо барои саломатӣ хатарнок бошад, чун усули мазкур ваксинаро иваз карда наметавонад. Инчунин, худи ин паёмак нав нест ва он қаблан дар сегменти инглисизабони Интернет, алахусус дар Ҳиндустон, ҳанӯз тобистони соли 2020 паҳн шуда, дар охири тирамоҳи соли 2020 бори дигар фаъол гардид. Ҳоло бошад, ин паёмак дубора пайдо шудааст.

👉Санҷиши мо собит намуд, ки ин паёмак бофта аст ва табобати COVID-19 бо буғи гарм ягон тасдиқи илмӣ надорад. Ҳатто пизишке, ки аз он ном бурда шудааст, дар ҳеч куҷо чунин изҳороте надодааст. Аз ин рӯ, санҷиши мо ҳукмномаи «Фейк» омегирад.
___
#factchecktj
#covid19
#фейк
🔺Хабарнигори CNN Кларисса Уорд қаблан ҳам зимни таҳияи гузоришҳои худ натанҳо дар кӯчаҳои Кобул, балки дар дигар кишварҳои исломӣ низ рӯсарӣ ба бар мекард. Аммо далели он, ки гӯиё ин зан ҳангоми ба сари қудрат омадани Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ) дар Афғонистон маҷбур шудааст, рӯсарӣ ба бар намояд, «ДАСТКОРӢ» мебошад.

👉Худи ин хабарнигор низ дар саҳифаи расмиаш дар Twitter навиштааст, ки маълумоти мазкур чандон саҳеҳ нест, зеро ӯ дар кӯчаҳои Кобул қаблан низ ҳини таҳияи гузоришҳояш рӯсарӣ дошт.
___
#factchecktj
#афғонистон
#дасткорӣ
🔺Сомонаи Pressa.tj – марбут ба нашрияи мустақили «Тоҷикистон», 23-уми августи соли ҷорӣ таҳти унвони «Зармина Муҳаммадӣ хабарнигори «Тулуъ» аз дасти Толибон (фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ, – шарҳи Factcheck.tj) кушта шуд» хабареро нашр кард.

👉Вале дар бораи марги Зармина Муҳаммадӣ на телевизиони «Тулуъ», ки Зармина он ҷо фаъолият дорад, хабар додааст ва на ҳеч расонаи муътабари дигар. Аз ин ҷо метавон хулоса кард, ки хабари мазкур «ДУРӮҒ» асту бас.
___
#factchecktj
#афғонистон
#дурӯғ
🔺Баъд аз он ки Толибон* минтақаҳои калидии аҳолинишинро дар Афғонистон ишғол карданд, дар шабакаи Интернет навори қатли оммавии як зан, ки бино ба хабарҳо, барои либоси номувофиқ кушта мешавад, паҳн шуд.

👉Санҷиш маълум кард, ки дар навор на қатли зане аз ҷониби Толибон* дар Афғонистон, балки ҳодисае, ки ҳанӯз соли 2015 дар Сурия аз ҷониби созмони террористии Ал-Қоида* рух додааст, нишон дода мешавад. Бинобар таҳриф шудани хабар, ҳукмномаи мо «ДУРӮҒ» ном мегирад.

*️⃣«Толибон» – ҷараёне, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.
*️⃣«Ал-Қоида» – созмони террористие, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.
___
#factchecktj
#афғонистон
#дурӯғ
🔺Дар шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди зоҳиран афғоннамое паҳн гашта, зери он навишта шудааст, ки гӯиё ин мард узви Толибон* асту баъд аз забти Кабул яхмос харида, пирӯзиашонро таҷлил карда истодааст.

👉Санҷиш муайян кард, ки «Акси толиб* бо ду яхмос» аслан ба ҳаракати Толибон* иртиботе надорад. Акси мазкурро Стив МакКарри, аккоси амрикоӣ ҳанӯз соли 2002 бардоштааст ва дар он марди афғоне тасвир ёфтааст, ки барои кӯдаконаш яхмос мехарад. Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «ФЕЙК» унвон мегирад.

*️⃣«Толибон» – ҷараёне, ки фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯъ.
___
#factchecktj
#афғонистон
#фейк
🔺Дар сегменти англисизабони шабакаҳои иҷтимоӣ акси марди гирёне паҳн мешавад, ки дар даст духтарчае дораду аз кӯчаи харобазор мегузарад. Корбарони шабака мегӯянд, ки дар ин акс ҳодисаҳои ахири Афғонистон тасвир шуда, «падари хуб духтарашро муҳофизат мекунад. Дар ҳаққи Афғонистон дуо кунед».

👉Акси марди гирён дар даст духтарча, ки тайи чанд рӯзи ахир дар сегменти англисизабони шабакаҳои иҷтимоӣ мечархаду ҳамчун паёмади ҳаводиси ахири Афғонистон нишон дода мешавад, ягон иртибот ба ин кишвар надорад. Чун ин расмро ҳанӯз санаи 4-уми марти соли 2017 аксбардори шинохтаи сербӣ Горан Томашевич дар шаҳри Мосули шимоли Ироқ аз майдони набард бардоштааст. Бинобар ин, ҳукмномаи мо «ФЕЙК» ном мегирад.
___
#factchecktj
#афғонистон
#фейк
🔺Шоми 4-уми сентябри соли ҷорӣ чанд нафар аз корбарони сегменти тоҷикии Facebook хабареро интишор карданд, ки гӯиё Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳушдор дода бошад, ки агар барқи Панҷшер дубора васл нашавад, барқи тамоми Афғонистонро қатъ мекунад.

👉Дар натиҷаи далелсанҷӣ хулоса ин шуд, ки хабари мазкур асоси воқеӣ надорад ва он танҳо бофтаи саҳифаи фейкии طلوع نیوز TOLOnews мебошад. Зеро, дар ягон расонаи расмии Тоҷикистон изҳороти Раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар бораи қатъи нерӯи барқи Афғонистон нашру паҳн нашудааст. Аз ин рӯ, мо ба ин хабар ҳукмномаи «ФЕЙК»-ро раво донистем.
___
#factchecktj
#афғонистон
#фейк
🔺29 августа 2021 года в YouTube появилось видео с подписью на русском языке «Талибы* уже в Казахстане делают террор». За кадром на казахском языке комментирует автора видео, в котором он говорит, что это Тараз рассказывает о происходящем, что вводит зрителя ещё больше в заблуждение.

🔎Редакция Factcheck.tj изучила видео и тщательно проверил, насколько оно соответствует действительности.

👉Возгорание склада боеприпасов в/ч №28349 (инженерно-саперная бригада) Министерства обороны РК произошло в селе Кайнар Байзакского района Жамбылской области. И этот инцидент не имеет ничего общего с недавними событиями в Афганистане с Талибами*. Поэтому данная информация является ложным и наш вердикт «ФЕЙК».

*️⃣«Талибан» – террористическое движение, запрещенное в Таджикистане.
___
#factchecktj
#афганистан
#фейк
🔺Дар байни аҳолии кишвар овозаҳое паҳн шуда истодааст, ки гӯиё «воксинагирӣ аз коронавирус инсонро безурёт мекунад». Ин овозаҳо дар ҳоле паҳн мешаванд, ки дар Тоҷикистон баҳри ҷилавгирӣ аз паҳншавии COVID-19 вокзиназании оммавӣ амалӣ шуда истодааст. Дар пасманзари паҳни ин овозаҳо бархе аз шаҳрвандон бинобар тарсу ҳарос, аз гирифтани воксин худдорӣ мекунанд.

🔎Ин, ки овозаи мазкур мардумро нигарон кардааст, боис гардид, то далелсанҷони мо дурустии онро мавриди санҷиш қарор диҳанд.

👉Овозаи «воксинаи зидди COVID-19 инсонро безурёт мекунад» ҳам аз ҷониби СҶТ ва ҳам аз ҷониби дигар ниҳодҳои маъруфи соҳаи тандурустии ҷаҳонӣ беасос арзёбӣ гашта, он ягон асоси илмӣ надорад. Аз ин лиҳоз, санҷиши мо ҳукмномаи «ДУРӮҒ»-ро гирифт.
___
#factchecktj
#covid19
#дурӯғ