🔎Factcheck.tj
281 subscribers
479 photos
18 videos
606 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
​​Шоми хуш, дӯстони гиромӣ!

‼️Дар осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" худи ҳозир ҳаво хеле сард аст: - 2 дараҷа ва барф меборад.
Вале ин ба ширкаткунандагони чорабинии омӯзишии амалӣ оид ба саводи иттилоотию расонаӣ, ки барои мустаҳкам кардани донишҳояшон кӯшиш мекунанд, халалдор намешавад 😉
Чорабинии омӯзишии мазкур аз 24-ум то 28-уми ноябри соли ҷорӣ аз тарафи Маркази саводи расонаӣ дар осоишгоҳи "Хоҷа Оби Гарм" доир мегардад.
👉 Ширкаткунандагони ин чорабинӣ - устодони донишгоҳҳои минтақаҳои мухталифи кишваранд, ки дар тренингҳои амалии қаблӣ фаъолона ширкат варзида, ҳамзамон барои шогирдонашон чорабиниҳои амалӣ оид ба саводи иттилоотию расонаӣ баргузор карда буданд.

Имрӯз рӯзи дуюми тренинг буд ва ин мавзуъҳо дар ҷараёни он баррасӣ шуданд:
▶️ Позл(ҷӯрҷин)-ҳои иттилоотӣ;
▶️ Табодули маълумот;
▶️ Тамғаи расонаӣ;
▶️ Шаффофият дар ВАО;
▶️ Чӣ гуна дар платформаи PLAYBUZZ тестҳои онлайнӣ сохтан мумкин аст?

Мураббиён: Ҷовид Муқим, Jamshed Ma'ruf ,Кутбиддин Мухтори
Чорабинии омӯзишии мазкур дар доираи барномаи MediaCAMP баргузор мешавад. Барномаи осиёимарказии MediaCAMP аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад.
#internewstj #MediaCAMP
#rasonasozon #mediaTJ
#medialiteracy
​​#Эдьютон2021 идома дорад 😊

Ҷаласаи аввали рӯзи сеюми семинари инноватсионии #Эдьютон2021 ба далелсанҷӣ бахшида шуда буд.

Барандаи сессия Ҷамшеди Маъруф- ҳаммуаллифи платформаи #FactCheck_TJ дар Тоҷикистон, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ буд.

Ҷамшед давоми ҷаласаи худ абзорҳои санҷиши далелҳоеро гуфт, ки қариб барои ҳама кор меоянд:

👉 Archive >> http://archive.today/ >> - абзор барои сабти сомонаҳо. Агар ба маводе, ки шумо сарукор мегиред, тағйирот ворид кунанд, шумо бо истифодаи ин абзор шакли маводи аслиро барои худ сабт карда метавонед.

👉 WebMii >> https://webmii.com/ >> абзор барои ҷустуҷӯйи одамон.

👉 TinEye >> https://tineye.com/ >> ҷустуҷӯйи тасвирҳо дар интернет. Ин абзор натиҷаҳои дақиқро нисбат ба Google ва Yandex таъмин мекунад. Ҳатто як пора ва ё тасвири пастсифат барои ҷустуҷӯй кофист.

👉 Jeffrey's Image Metadata Viewer >> http://exif.regex.info/exif.cgi >> ин абзор барои тафтиши метамаълумот ва маълумоти EXIF кӯмак мекунад. Он ба шумо имконият медиҳад, ки рӯз, вақт, макон, модели камера ва ҳама маълумотро дар бораи акс дарёфт кунед. Мутаассифона, на ҳама тасвирҳо дар Интернет маълумотҳои мета ва EXIF-и худро ​​ҳифз карда метавонанд. Вале ҳамеша бояд ҷустуҷуй кардан лозим аст.

👉 Youtube DataViewer >> https://citizenevidence.amnestyusa.org/ >>
абзор барои ҷустуҷӯйи навор аст. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки намунаи аслӣ ва бори аввал зеркашӣ шудани наворро дарёфт кунед.

Ҷаласа дар доираи семинари инноватсионии #Эдьютон2021 доир мегардад.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#rasonasozon #Эдьютон2021
​​Инак, Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро кушода гуфта эълон мекунем 📣

Ҷашнвора рӯзҳои 20, 21, 22-уми майи соли равон, аз соати 17:00 то 19:00 дар формати онлайнӣ ва оффлайнӣ дар "Хонаи СИР"-и шаҳри Хуҷанд баргузор мегардад.

Маросими ифтитоҳии ҷашнвора доир гардид ва иштирокчиёни он бо якдигар ошноӣ пайдо карда, бо барнома шинос шуданд.

Пас аз маросими ифтитоҳи ҷаласаи панелӣ дар мавзуъи "СИР дар ҳаёти рӯзмара" доир гардид.

Дар он коршиносони соҳа аз нақши СИР дар ҳаёти рӯзмарраи мо нақл намуда, таъкид карданд, ки донандаи саводнокии иттилотиву расонаӣ будан на танҳо барои рӯзноманигорон, балки барои ҳама хеле муҳим аст.

"Далелсанҷӣ дар давраи пандемия ва ё ҳангоми сар задани ин ё он низое, ки дар марз ба вуҷуд омад, бештар талабот пайдо кард. Зеро, ҷараёни иттилооти азими бардурӯғ боиси паҳн шудани хабарҳои ҷаълӣ ё фейкҳои гуногун миёни мардуми одӣ шуд", - мегӯяд Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj

"Доимо дар донишгоҳ муаллимон ва ё дар ҷои корӣ муҳарриронамон ба мо мегуфтанд, ки пеш аз нашри ин ё он иттилоот ҳадди аққал аз се манбаъ онро бисанҷед. Вале таҷрибаи далелсанҷӣ нишон медиҳад, ки ин принсип ё талаботи журналистика, мутаассифона, на ҳамеша риоя карда мешавад. Танҳо он расонаҳое, ки ба фаъоляти худ арҷ мегузоранд ва онро қадр мекунанд, ба тафтиши дубораи иттилоот машғуланд".


Ҳамзамон камбудиҳои кориро низ мураббии расонаӣ таъкид кард:

"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро шарики #internewstj - "Центр медиации и разрешения конфликтов" доир мекунад.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
​​Рӯзи сеюми Ҷашнвораи саводнокии иттилотиву расонаӣ оғоз шуд🥳

Аввалин ҷаласароҶамшед Маъруф дар мавзуъи "Далелсанҷиро меомӯзам" доир мекунад.

"Далелсанҷӣ таҳлил намекунад, агар андешаи субъективӣ, фарзияву ҳисобу китоби тахминӣ ва далелҳои умумӣ бошад" - мегӯяд коршинос.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаиро шарики #internewstj - "Центр медиации и разрешения конфликтов" доир мекунад, ки метавонед ба саҳифаи онҳо дар Facebook ворид шуда, ҷашнвораро мустақиман тамошо кунед.

Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
​​Ҷамшед Маъруф, сармуҳаррир ва ҳаммуассиси аввалин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон - Factcheck.tj - ҷаласаи навбатии Ҷашнвораи СИР ро идома медиҳад.

Нуқтаҳои муҳими ҷаласаи коршиносро ба ҳам овардем:

‼️ Натанҳо рӯзноманигорон бояд далелсанҷӣ кунанд. Ин барои ҳар як шахс, ки истеъмолкунандаи иттилоот аст, зарур мебошад;

‼️ Андешаҳои субъективӣ, далелҳои умумӣ бошад, далелсанҷӣ гузаронида намешавад;

Ҳамзамон, мураббии расонаӣ аз кабудиҳои корӣ низ таъкид кард:

"Аммо бояд баъзе мушкилотро низ қайд кунем. Мо дар кишвари худ манбаъҳои кушод кам дорем. Ё ҳастанду ғайрифаъоланд. Дар шароити кунунӣ, маълумоти боэътимоди манбаъҳои расмӣ басо муҳим ва саривақтист. Чун холигии фазои иттилоотӣ он ҳам бо камбуди манбаъҳои кушод, паёмадҳои худро низ дорад".

Аз ин линк метавонед пахши мустақими Ҷашнвораро тамошо кунед:

https://fb.watch/5QpmfsatjT/

Ҷашнвораи СИР-ро шарики Интернюс - @MIDLHouseKhorog баргузор мекунад.
Ҷашнвораи саводнокии иттилоотиву расонаӣ дар доираи барномаи осиёимарказии MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#MIDLHouse #midlfest2021
#midlfest2021_sughd #Хонаи_СИР
#medialiteracy #rasonasozon
~ #ФактчекNews |📰
☝️Вы получили информацию, но сомневаетесь в её достоверности? Хотите проверить, но не знаете, как?

👉Тогда данный Мастер-класс на тему «ФАКТЧЕКИНГ И ИНСТРУМЕНТЫ ДЛЯ ПРОВЕРКИ ИНФОРМАЦИИ» от соавтора первой фактчек-платформы в Таджикистане Factcheck.tj для Вас!

🔺Наш Мастер-класс третьего дня с медиатренером Jamshed Ma'ruf. Он научит Вас работать с онлайн инструментами, которые дают возможность проверять достоверность ни только цифр и текстов, но фотографий и видео.

🔺Проект "Жизнь - онлайн" финансируется в рамках Центральноазиатской программы MediaCAMP, реализуемой Internews при финансовой поддержке USAID.

🗓Дата: 24.06.2021
Время: 15:00
📍Место: Zoom-платформа
___
#internewstj
#MediaCAMP
#USAID
#ЖизньОнлайн
#factcheck
#фактчек
#JMBmediaschool