🔎Factcheck.tj
271 subscribers
480 photos
18 videos
607 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
​​#Эдьютон2021 идома дорад 😊

Ҷаласаи аввали рӯзи сеюми семинари инноватсионии #Эдьютон2021 ба далелсанҷӣ бахшида шуда буд.

Барандаи сессия Ҷамшеди Маъруф- ҳаммуаллифи платформаи #FactCheck_TJ дар Тоҷикистон, мураббии саводнокии расонаиву рақамӣ буд.

Ҷамшед давоми ҷаласаи худ абзорҳои санҷиши далелҳоеро гуфт, ки қариб барои ҳама кор меоянд:

👉 Archive >> http://archive.today/ >> - абзор барои сабти сомонаҳо. Агар ба маводе, ки шумо сарукор мегиред, тағйирот ворид кунанд, шумо бо истифодаи ин абзор шакли маводи аслиро барои худ сабт карда метавонед.

👉 WebMii >> https://webmii.com/ >> абзор барои ҷустуҷӯйи одамон.

👉 TinEye >> https://tineye.com/ >> ҷустуҷӯйи тасвирҳо дар интернет. Ин абзор натиҷаҳои дақиқро нисбат ба Google ва Yandex таъмин мекунад. Ҳатто як пора ва ё тасвири пастсифат барои ҷустуҷӯй кофист.

👉 Jeffrey's Image Metadata Viewer >> http://exif.regex.info/exif.cgi >> ин абзор барои тафтиши метамаълумот ва маълумоти EXIF кӯмак мекунад. Он ба шумо имконият медиҳад, ки рӯз, вақт, макон, модели камера ва ҳама маълумотро дар бораи акс дарёфт кунед. Мутаассифона, на ҳама тасвирҳо дар Интернет маълумотҳои мета ва EXIF-и худро ​​ҳифз карда метавонанд. Вале ҳамеша бояд ҷустуҷуй кардан лозим аст.

👉 Youtube DataViewer >> https://citizenevidence.amnestyusa.org/ >>
абзор барои ҷустуҷӯйи навор аст. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки намунаи аслӣ ва бори аввал зеркашӣ шудани наворро дарёфт кунед.

Ҷаласа дар доираи семинари инноватсионии #Эдьютон2021 доир мегардад.

Лоиҳа дар доираи барномаи осиёимарказии #MediaCAMP, ки аз ҷониби #USAID маблағгузорӣ шуда, #Internews онро амалӣ мегардонад, баргузор мешавад.

#internewstj #MediaCAMP
#rasonasozon #Эдьютон2021