🔎Factcheck.tj
273 subscribers
501 photos
18 videos
612 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰

🔎Далелсанҷӣ | Шаҳрдори Маскав Сергей Собянин воқеан ҳам дар як мусоҳибааш ба шабакаи телевизионии «Россия 1» доир ба камбуди муҳоҷирон то 40% ҳарф задааст. Вале ӯ дар бораи он ки дар Маскав «Тоҷикон хеле каманд, ки дар даст лому бели барфтозакунӣ гиранд» ва ё «Бе тоҷикон аҳволи Маскав бад мешавад» чизе нагуфтааст. Яъне, ин ҷо Pressa.tj бо овардани калимаи «тоҷикон» изҳороти Собянинро таҳриф кардааст.

Бинобар ин, ҳукмномаи мо нисбат ба маводи пешниҳодкардаи сомонаи Pressa.tj «Дурӯғ бо унсурҳои дасткорӣ» унвон мегирад.

P.S. Нахустин маводи далелсанҷӣ дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав»-и Мактаби расонаии @JMBpictures😉
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Мактаби_расонаӣ
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰

🔎Ҳақиқат | Дар соли 2019 наздики 45 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд. Бо чунин мазмун сомонаи migrant.news.tj маводеро ба нашр расонидааст. Ба иттилои ин манбаъ, соли 2019 қариб 498 ҳазор нафар хориҷиён шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки нисбат ба соли 2018 (269 ҳазор нафар) 84% зиёдтар аст.

❗️Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Русия, дар ҳақиқат соли 2019, 44 ҳазору 707 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро ба даст овардаанд.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Мактаби_расонаӣ
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰

🔎Ҳақиқат | 20-уми октябр АМИТ «Ховар» хабареро таҳти сарлавҳаи «Соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор нафар хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд» нашр кард. Дар хабар гуфта мешавад, ки аз моҳи январ то сентябри соли 2020 зиёда аз 355 ҳазор хориҷиён аз Тоҷикистон боздид намуданд ва ин нишондиҳанда – 590,9 ҳазор нафар ё 62,4% камтар аз ҳамин давраи соли гузашта мебошад.

❗️Дар такя ба маълумоти расмии Оҷонсии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хулосае расидем, ки дар ҳақиқат давоми 9 моҳи соли 2020 ба Тоҷикистон 355 ҳазор нафар хориҷиён ташриф овардаанд.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Мактаби_расонаӣ
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰

🔎Ҳақиқат | Жириновский: Тоҷикистон ва Арманистон бояд ба ҳайати Русияи Бузург ҳамроҳ шаванд

🧐Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам сиёсатмадори рус Владимир Жириновский ҳини суҳбат бо радиои «Комсомольская правда»-и Русия дар ин бора махсус таъкид кардааст.

❗️Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» унвон мегирад.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Мактаби_расонаӣ
#далелсанҷӣ

P.S. Маводи яке аз иштирокчиёни курси омӯзишии Мактаби расонаии "JMBpictures"😉
~ #ФактчекNews |📰
👉Вебинари омӯзишӣ оид ба таҳқиқоти журналистӣ

Барои як гурӯҳ журналистон ва ҷавонони навқалам аз минтақаҳои Душанбе, Суғд ва Хатлон вебинари омӯзишӣ доир ба нозукиҳои таҳқиқоти журналистӣ аз тарафи сомонаи Factcheck.tj доир карда шуд.

Вижагиҳои таҳқиқоти журналистиро муҳаррир ва ҳамоҳангсози барномавии Намояндагии IWPR дар Тоҷикистон Гулафшон Соқиева ва рӯзноманигори таҳқиқотгар Ёқуб Ҳалимов ба иштирокчиён фаҳмониданд. Инчунин, дар ҷараёни вебинар перомуни меъёрҳои интихоби мавзӯи таҳқиқот, муҳимияти фарзия ва нақшаи корӣ, шеваҳои ҷустуҷӯ, дарёфти иттилоот ва кор бо сарчашма табодули таҷриба сурат гирифт.

Маълумоти бештар дар навори мо ҷой дода шудааст👇👇👇
https://www.youtube.com/watch?v=-ifTbPG9JfE&feature=emb_logo
___
#вебинар
#далелсанҷӣ
#таҳқиқот
~ #ФактчекNews |📰
🔎Дурӯғ | Куштори ваҳшиёнаи ду нафар дар Тоҷикистон (видео: 18+)

🧐Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки ин ҳодиса ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад. Чун ин ҳодиса аслан санаи 20-уми ноябр дар вилояти Самарқанди Ӯзбекистон рух дода, кушторро сокини 42-солаи ноҳияи Пастдарғом содир кардааст.

❗️Аз ин рӯ, ҳукмномаи далелсанҷии мо «Дурӯғ» унвон мегирад.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Дурӯғ | Ҳазориспанд ва сирпиёз – давои коронавирус!

Бинобар хабарҳои ахир оид ба намуди нави коронавирус дар кишварҳои аврупоӣ ва шадид шудани ҳолати қарантин дар Қазоқистон, хабарҳои ҷаълӣ ё фейкӣ атрофи табобати ин вирус бо усули «бобоӣ» дубора бештар паҳн шуданд.

☝️Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар саҳифаи расмиаш таъкид намудааст, ки то ҳол ягон намуд доруи зиддивирусии COVID-19 расман тасдиқ нашудааст, вале новобаста ба ин, олимони тамоми ҷаҳон барои дарёфт ва эҷоди воситаҳои табобати COVID-19 кор мебаранд.

🧐Санҷиши далелҳо исбот кард, ки гарчанде ҳазориспанд ва сирпиёз хусусиятҳои пешгирӣ аз вирусҳоро дошта бошанд ҳам, аммо ҳеч далели илмие вуҷуд надорад, то собит кунад, ки ин маҳсулот бемории коронавирусро табобат ё пешгирӣ мекунад.

Аз ин рӯ, мо ба хабарҳои паҳншуда оид ба «Ҳазориспанд ва сирпиёз – давои коронавирус!» ҳукмномаи «Дурӯғ»-ро раво донистем.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Дурӯғ | Кӯмаки ғайриодии Амир Хон дар дохили 1 кило орд

🧐Дар натиҷаи санҷиш маълум гардид, ки хабари дар дохили бастаҳои орд пинҳон кардани 15 000 рупия (200 доллар) ва тақсим кардани он ба мӯҳтоҷон аслан ба ҳунарманди шинохтаи Ҳинд Амир Хон ҳеч рабте надорад.

Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо «Дурӯғ» унвон гирифт.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Далелсанҷӣ | Гармӣ, қафасҳои танг, бӯи даҳшатнок – ин ҳама дар боғҳои ҳайвоноти Душанбе ва Хуҷанд!

🧐Натиҷаи санҷиш нишон дод, ки яке аз корбарони Instagram – «afsaron1», зери матлаби «Боғи ҳайвонот ё зиндони ҳайвонот» («Зоопарк или зоотюрьма?») бо истифода аз аксҳои солҳои пешин (гарчанде бархе аз аксҳо ба боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе дахл дошта бошад ҳам), мухотабонро ба саҳифаи худ ҷалб намуда, онҳоро гумроҳ намудааст.

Бинобар ин, ҳукмномаи далелсанҷии мо «Дурӯғ бо унсури дасткорӣ» ном мегирад.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Дурӯғ | Қатли оммавии 200 сагу гурба дар Тоҷикистон

🧐Аслан, хабари мазкур ба Тоҷикистон ҳеч рабте надорад, чун хабаргузории «Asia Times» ин маводро аз дигар расонаҳои хабарӣ гирифта, ба ҷои «Якутск» номи «Тоҷикистон»-ро истифода бурдааст.

Вале ин сомона, ки 4-уми январи соли 2021 бо нашри ин хабар макони рухдоди онро ба Тоҷикистон рабт додааст, «Дурӯғ» мебошад.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Ҳақиқат | Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус – Анастасия Волочкова

🧐Зимни санҷиш дақиқ гардид, ки воқеан ҳам Анастасия Волочкова дар саҳифаи Инстаграми худ аксашро бо ин тоҷикзан гузошта, ӯро бо зодрӯзаш табрик гуфтааст.

Хабари нашрнамудаи сомонаи Oila.tj зери унвони «Тоҷикзан хидматгори балеринаи машҳури рус» асоси воқеӣ дорад ва ҳукмномаи мо «Ҳақиқат» ном гирифт.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Бе ҳукмнома | Тоҷикдухтаре, ки «шаби аввал»-и худро ба фурӯш гузоштааст, кист? (акс)

🧐Бо вуҷуди он, ки дар сомонаи «Шаби аввал» қайд гаштааст, ки ҳуҷҷатҳо ва аксҳои номбурда тасдиқ шудаанд, вале санҷиш собит намуд, ки аслан нафарони дар аксбуда тамоман ду шахси дигаре ҳастанд.

🤔Аз ин рӯ, бино ба далелҳои ҷамъоваригашта, хулоса кардан мумкин аст, ки саҳифаи мазкур эҳтимолан фейкӣ буда, аксҳои истифодашуда ба муаллифи саҳифа умуман рабт надоранд, зеро тасдиқи худро наёфтанд.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Далелсанҷӣ | «Иқдоми бурднок»-и шубҳанок аз Ҳабиб Нурмагомедов

🧐Бояд гуфт, ки чанд хабаргузориву пойгоҳҳои мӯътамади инетернетӣ ин матлабро «тақаллубӣ» ё «бофта» унвон додаанд. Ғайр аз ин, худи варзишгар Ҳабиб Нурмуҳаммадов дар саҳифаи «Instagram»-и худ корбарони интернетиро огоҳ кардааст, ки ба ин гуна иқдомҳои шубҳаноку қаллобона бовар накунанд.

Дар такя ба манобеи расмӣ, хабари иқдоми бурди 100 адад нақлиётҳои «Tayota Camry» ва дигар тӯҳфаҳо аз Ҳабиб Нурмуҳаммадов бофтаи фиребгарон буда, ҳукмномаи мо ба маводи мазкур «Фейк бо унсурҳои дасткорӣ» ном мегирад.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
🔎Дурӯғ | «Обанбори Қайроққум» вайрон шудааст

🧐Гурӯҳе аз сокинони шаҳри Бекободи Ӯзбекистон шабонгоҳ бо мо дар тамос шуда, хабар доданд, ки дар баъзе минтақаҳои ин кишвари ҳамсоя байни аҳолӣ овозаҳо дар мавриди вайроншавии «Обанбори Қайроққум» (имрӯза «Баҳри тоҷик»)-и Тоҷикистон паҳн гардидааст.

Вайроншавии «Обанбори Қайроққум», ки асосан миёни аҳолии ҳамсоякишвари Ӯзбекистон паҳн шуда, мардумро ба таҳлука андохтааст, овозае беш нест. Бинобар ин, санҷиши мо ҳукмномаи «Дурӯғ» мегирад.
___
#фактчек
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
💰🦠 Ҳисоботи комили дахлу харҷи кӯмакҳо дар давраи пандемия дастраси ҷомеа нашуд! Вале то куҷо тақсими кӯмакҳои башардӯстона шаффоф сурат гирифт? Дар таҳқиқоти журналистӣ талош шуд, ба ин суол посух пайдо гардад.

Муфассалтар дар таҳқиқоти аввалини FactCheck.TJ 👈
___
#таҳқиқот
#фактчек
#далелсанҷӣ
#factchecktj
~ #ФактчекNews |📰
🌀Дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооте дубора паҳн мешавад, ки гӯиё профессори ҷопонӣ ва барандаи ҷоизаи Нобел Тасуку Ҳонҷо изҳор доштааст, ки коронавирус ба таври сунъӣ дар Чин сохта шудааст.

👉Далелсанҷон маълум карданд, ки ин хабар то куҷо дуруст аст!?
___
#далелсанҷӣ
#фактчек
~ #ФактчекNews |📰
🌀Гузоштани чунин як сарлавҳаи ҳангомабарангез миёни хонандагон суолу овозаҳои зиёдеро ба бор овард. Чун як қисми корбарон гумон карданд, ки вазири тандурустии Тоҷикистон пас аз воксинзанӣ дар беморхона бистарӣ шудааст.

☝️Вале дар асл ин як шеваи дасткорӣ аст, бо истифода аз усули кликбейт!
___
#далелсанҷӣ
#фактчек
~ #ФактчекNews |📰
🌀СҶТ ва ЮНИСЕФ пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакон аз 12-солагӣ тавсия доданд. Воқеан ҳам СҶТ дар саҳифаи расмиаш хабари мазкурро нашр намуда, пӯшидани ниқобҳои муҳофизатиро барои кӯдакони 12-сола ва калонтар тавсия додааст.

☝️Аз ин рӯ, ҳукмномаи мо ба «Ҳақиқат» рост мегирад!
___
#далелсанҷӣ
#фактчек
~ #ФактчекNews |📰
🌀Далелсанҷӣ маълум кард, ки ягон расонаи Ӯзбекистон чунин иттилоотеро, ки гӯиё Татяна Каримова, ҳамсари раисҷумҳури пешини Ӯзбекистон Ислом Каримов ба коронавирус гирифтор шуда бошад, нашр ва тасдиқ накардааст. Ҳатто он манбаъҳое, ки сомонаи «Asia Times» дар такя ба онҳо хабар додааст, тасдиқи худро наёфтанд.

☝️Ҳарчанд ин хабарро моҳи августи соли гузашта мавриди санҷиш қарор дода будем, вале имрӯз чанде аз корбарон тавассути месенҷерҳо ин хабарро бароямон ирсол карданд, то дурустии онро дубора санҷем.

👉Аз ин рӯ, далелсанҷии мазкурро ин ҷо мегузорем, то дигарон низ шинос шаванд!
___
#далелсанҷӣ
#фактчек
~ #ФактчекNews |📰
🔺Таҳқиқоти журналистии мо собит намуд, ки аслан ширкате бо номи «Unique Finance» дар бисёре аз кишварҳои хориҷа ҳамчун як ширкати қаллобӣ эълон шудааст. Дар Тоҷикистон бошад, ин ширкат расман аз қайди давлатӣ нагузаштааст ва сарчашмаҳои мо шаҳодат медиҳанд, ки он як ширкати қаллобона асту бас.

👉Муфассалтар дар таҳқиқоти навбатии FactCheck.TJ
___
#таҳқиқот
#фактчек
#далелсанҷӣ
#factchecktj