СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
1.84K subscribers
2.73K photos
804 videos
715 files
438 links
🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc
Download Telegram
ҲИКОЯТИ ИБРАТБАХШ

Овардаанд, ки дарвеше дар ҳамсоягии тавонгаре хонае дошт. Рӯзе кӯдаки он тавонгар ба хонаи дарвеш даромад, дид, ки он дарвеш бо аёл ва атфоли худ таоме мехӯрданд. Он кӯдак замоне биистод ва майли таом дошт, касе ӯро мардумӣ накард, гирён бозгашт ва ба хонаи худ бозомад. Падару модар аз гиряи ӯ мутааллим шуданд ва сабаб пурсиданд. Гуфт: Ба хонаи ҳамсоя рафтам ва эшон таом мехӯрданду маро надоданд. Падар фармуд, то таомҳои гуногун ҳозир карданд, чунончи тариқаи кӯдакон бошад. Мегиристу мегуфт: Маро аз он таом мебояд, ки дар хонаи ҳамсоя мехӯрданд. Падар дармонд ва ба хонаи ҳамсоя омад ва ӯро берун талабиду гуфт: Эй дарвеш, чаро бояд ки аз ту ранҷ ба мо расад? Дарвеш гуфт: Ҳошо, ки аз ман ба ту ранҷ расад! Тавонгар гуфт: Ранҷе аз ин бадтар бошад, ки писари ман ба хонаи ту ояду ту бо касони худ таом хӯриву ӯро надиҳӣ, то гирякунон бозгардад ва ҳоло ба ҳеч чиз ором намегираду таоми шумо металабад. Дарвеш замоне сар дар пеш афканду гуфт: Эй хоҷа, дар зимни ин сиррест, аз ман мапурс, ки пардаи ман дарида мешавад.

Эй, ки бар маркаби тозанда саворӣ, ҳуш дор,
Ки хари боркаши мискид дар обу гил аст.
Оташ аз хонаи ҳамсояи дарвеш махоҳ,
К-ончи бар равзани ӯ мегузарад, дуди дил аст.

Хоҷа муболиға кард, ки сирри инро бозгӯй. Гуфт: Бидон, ки он таом, ки мо мехӯрдем, бар мо ҳалол буваду бар фарзанди ту ҳаром; нахостам, ки таоми ҳаром бад-ӯ диҳам. Хоҷа гуфт: СубҳонАллоҳ, таоме ҳаст дар шаръ, ки бар яке ҳалол бошаду бар дигаре ҳаром? Дарвеш фармуд, ки: Оре, дар Қур’он нахондаӣ, ки “Фаман-изтарру фӣ махмасатин” ҳар ки дармонад ба бечорагиву тангдастӣ мурдор бар ӯ ҳалол аст ва бар он ки дармонда набошад, ҳаром. Бидон, ки се рӯз буд, ки аёлу атфоли ман таом нахӯрда буданд, ба ҳеч навъ чораи ӯ наметавонистам кард, имрӯз дар фалон вайрона дарозгӯше мурда дидам, қадре гӯшт аз вай бибуридам ва оварда таоме пухта мехӯрдем, ки кӯдаки ту даромад. Сурати ҳол ин бувад, ки ба самъи ту расид. Байт:

Туро шаб ба айшу тараб меравад,
Чӣ донӣ, ки бар мо чӣ шаб меравад?

Хоҷа, ки ин сухан бишнид, бисёр бигиристу гуфт: Вовайлоҳ, агар Худованд, таъоло, рӯзи қиёмат бо ман итоб кунад, ки дар ҳамсоягии ту чунин сурате буду ту аз ҳоли ҳамсоя бехабар будӣ, чӣ ҷавоб диҳам?! Дасти дарвешро бигирифту ба хонаи худ овард ва аз нақду матоъе, ки дошт, нима ба вай дод. Шабона ҳазрати рисолатро, саллАллоҳу ъалайҳи ва саллам, дар воқеа дид, ки ӯро мегӯяд, ки: Бад-он миқдор шафқат, ки ба ҳамсоя кардӣ, гуноҳат омурзида шуд ва дар моли ту баракат падид омад ва фардо дар биҳишт ҳамнишини ман хоҳӣ шуд. Байт:

Дастгирӣ гар кунӣ, ҳамсояи дарвешро,
Бо паямбар дар чунон ҳамсоя бинӣ хешро.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
Forwarded from Файзи Ғелон (Рузибойи Курбониён)
НУР-УЛ-ЪАЙН
Ва Шайх Аҳмад овардааст, ки: Ҳар ки сураи “Каҳф” дар рӯзи одина (ҷумъа) бихонад, то дигар одина дар амони Худойи таъоло бошад ва рӯзи қиёмат рӯйи вай чун моҳи шаби чаҳордаҳ бошад.
@fayzigelon
САЪДИНОМА - Дарси 192.pdf
158.4 KB
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСҲОИ 192 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

کُنونَت که چشم است، اشکی بِبار
زبان در دهان است، عُذری بیار
نه پیوسته باشد روان در بدن
نه همواره گردد زبان در دهن
کُنون بایدت عُذرِ تقصیر گفت
نه چون نفسِ ناطِق ز گفتن بِخُفت
ز دانندگان بشنو امروز قَول
که فردا نَکیرَت بپرسد به هَول
غنیمت شمار این گرامی نَفَس
که بی مُرغ قیمت ندارد قَفَس
مَکُن عمر ضایِع به افسوس و حَیف
که فُرصَت عزیز است و «اَلوَقتُ سَیف!»
* * *
Кунунат, ки чашм аст, ашке бибор,
Забон дар даҳон аст, узре биёр.
На пайваста бошад равон дар бадан,
На ҳамвора гардад забон дар даҳан.
Кунун боядат узри тақсир гуфт,
На чун нафси нотиқ зи гуфтан бихуфт.
Зи донандагон бишнав имрӯз қавл,
Ки фардо Накират бипурсад ба ҳавл.
Ғанимат шумор ин гиромӣ нафас,
Ки бе мурғ қимат надорад қафас.
Макун умр зоеъ ба афсӯсу ҳайф,
Ки фурсат азиз асту “Ал-вақту сайф!”
ЯК ҲИКОЯТ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ":

Ҳазрати Юсуф, ъалайҳис-салавоту вас-салом, дар солҳои қаҳт, ба вақти онки дар Миср подшоҳ буд, ҳар рӯз заифтару низортар шудӣ. Сабаби ин ҳол аз вай пурсиданд, ҷавоб надод. Баъд аз онки бисёр илҳоҳ карданд, гуфт: Маразе дорам ниҳонӣ. Ҳукамо гуфтанд: Шумо маразро тақрир фармоед, то ба муолиҷа машғул шавем. Гуфт: Ҳафт сол аст, ки дар маснади подшоҳӣ мутамаккин шудаам ва зимоми ихтиёр ба дасти тасарруфи ман боздодаанду дар ин муддат нафси ман дар орзуи он аст, ки ӯро аз орди ҷав сер созам, накардаам. Гуфтанд: Ин ҳама машаққат чаро мекашӣ? Гуфт: Ба ҷиҳати мувофиқат ба мӯҳтоҷону гуруснагон метарсам, ки як кас шабе дар вилояти Миср гурусна бошаду ман он шаб сер бошам, маро ба қиёмат гирифторӣ бувад.

Ва шайхулолам дар қаҳти Бухоро фармудаанд: Рубоӣ:

Эй карда шикам сер зи анвоъи таом,
Ёд ор аз он гуруснаи беором.
Ту шаб ҳама шаб ба хобу ӯ нола кунад,
Худ гӯ, ки чунин раво бувад дар ислом?
ҲИКОЯТЕ ДИГАР:

Гӯянд: Байт:

Малик Солеҳ аз подшоҳони Шом,
Ба шабҳо бурун омадӣ бо ғулом...

Ва дар масоҷиду мақобир ва мазорот бигаштӣ ва аҳволи ҳар кас тафаҳҳус кардӣ. Шабе дар зимистон мегашт, ба масҷиде расид, дарвешеро дид, ки аз бараҳнагӣ меларзиду мегуфт: Ин подшоҳони дунё неъмати туро сармояи ҳузузи нафсу ҳаво сохтаанду аз аҳволи заифону мӯҳтоҷон ғофил шуда. Агар эшон фардои қиёмат дар биҳишт хоҳанд буд, ба иззату ҷалоли ту, ки қадам ба биҳишт нахоҳам ниҳод. Ва малик Солеҳ ба масҷид даромад ва ҷомае бо бадраи сим пеши дарвеш ниҳод ва бигристу гуфт: Ман шунудаам, ки дарвешон подшоҳони биҳишт хоҳанд буд. Имрӯз, ки мо подшоҳем, бо шумо аз дари сулҳ даромадем, фардо, ки шумо подшоҳ бешед, дари хусумат бар мо набикшоеду назари ҳимоят аз мо дареғ надоред. Назм:

Ман имрӯз кардам дари сулҳ боз,
Ту фардо макун дар ба рӯям фароз.
Ман он кас наям, к-аз ғурури ҳишам,
Зи бечорагон рӯй дарҳам кашам.
Ту ҳам бо ман аз сар бинеҳ хӯйи зишт,
Ки носозгорӣ кунӣ дар биҳишт.
Forwarded from Xojagon.Uz
МАВЛОНО ЖОМИЙНИНГ
МАЪНО ОЛАМИ

“Адабиёт зиёси” газетесининг 2022 йил 3-ноябрь 41-сонида Мавлоно Абдураҳмон Жомийнинг маъно олами ҳақида мақола чоп этилди.

ПАРЧАЛАР:

Султон Ҳусайн Бойқаро ҳукмронлик қилган Хуросон мамлакатининг икки буюк маънавий таянчи бор эди: бирлари – ҳазрати Мовлоно Абдурраҳмон Жомий, бирлари – ҳазрат Алишер Навоий. Мавлоно Жомий шундай буюк мақом ва хизматларда машғул бўлишларига қарамай, салтанат ишларида маънавий ёрдам бердилар, Султон Ҳусайн Бойқарога бағишлаб, “Искандар хирадномаси” достонини ёзиб, подшоҳни қувватладилар, у зотни улуғлаш билан бирга, зарофат йўли билан адолатга ундадилар, инсонларнинг турли эҳтиёж ва муаммолари хусусида бош вазир мақомида бўлган Алишер Навоийга мактублар ёздилар, энг муҳими, саланат ва мамлакат ҳақида доим дуойи хайрда бўлдилар.

***
У зотнинг олий насаблари мужтаҳидлар имоми, Бани Шайбон қабиласининг маликларидан бўлган Муҳаммад ибн Ҳасан ибн Абдуллоҳ ибн Товус ибн Хурмуз Шайбонийга бориб боғланади. Муҳаммад ибн Ҳасан Бағдодда султонлик қилган ва жоҳилия замонида амирул-мўъминин ҳазрати Умар розияллоҳу анҳу замонларида исломга мушарраф бўлган.

***
Мавлоно Фахриддин Луристоний Жом вилоятида уларнинг оталари уйига тушадилар, улар тўрт ё беш ёшларида бўлиб, энди мактабга борадиган вақтлари экан. Ҳазрати Мавлоно Луристоний уларни ўз қошларида ўлтирғизиб, бармоқ ишорати била ҳавога «Умар» ёки «Али» каби машҳур номларни битир эдилар, улар тааммул билан ўқиб берар эканлар. Ҳазрати Мавлоно уларнинг болалик чоғда бу хил зеҳну закосидан табассум қилиб, балки таажжубга тушар эдилар.

***
Ҳазрат Навоий ёзадилар: “Алар зоҳир юзидин ўзларин қутб ул-муҳаққиқийн ва ғавс ус-соликийн Мавлоно Саъд ул-миллат ва дин ал-Қошғарий қаддасаллоҳу руҳаҳул-азиз муриди кўргузурлар эрди. Аммо ҳамоноки Увайсий эрдилар ва ҳазрат Хожа Баҳоуддин Нақшбанд раҳимаҳуллоҳу таъоло руҳониятидин тарбият топиб эрдилар ва замон машойихидин Хожа Муҳаммад Порсо қуддиса сирруҳу муборак назарлариға етишиб эрдилар” (“Насойимул-муҳаббат”).

***
Ўзларини толиби илмлик ва шоирлик суратида кўрсатар эдилар, чунки тасаввуф сингари шарафли илмни беркитиш ва пинҳон тутиш учун бу икки ишдек парда топилиши мумкин эмас. Зеро дарвишлиқ фано касбидир, балки фанойи маҳздир – тўлиқ ва буткул фано бўлиш йўлидир, бу икки иш – толиби илмлик ва шоирлик эса тугал даъвою жадал, манманлик ва худписандлиқдан – ўзини пеш тутиш ва ўзини кўрсатишдан иборатдир (“Хамсатул-мутаҳаййирин”).

***
Бу азиз сиймолар ҳикматидан маълум бўладики, буюк шахсларнинг етишуви, азиз инсонларнинг қадр топиши халқ ва мамлакатнинг камолидир, шахсларнинг синдирилиб, жамиятдан четлатилиши эса халқ ва мамлакатнинг заволидир.

👉🏻Батафсил

•┈❁✿❁┈•
@xojagon_uz
@m_kenjabek
•┈❁✿❁┈•
Forwarded from Jafar Kholmuminov (Ja'far Muhammad)
Ҷаъфар Муҳаммади Тирмизӣ

МАКТАБНОМА

Он рӯз, ки ҳафстола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ,
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист...
(Низомии Ганҷавӣ)


Эй ҷони ҷаҳону нури дида,
Аз гулшани меҳри мо дамида!

Эй чашмаи поки ҷони бобо,
Дар даҳри куҳан нишони бобо!

Эй дода нишот баҳру барро,
Бахшида умеди нав падарро!

Эй руста гул аз баҳори модар,
В-эй боиси ифтихори модар!

Бигзашт шабу сапеда омад,
Аз шарқ шафақ дамида омад.

Хуршеди муҳаббатофари даҳр,
Тобид ба рустову ҳам шаҳр.

Бишкан қафасоти хоби ширин,
Бикшой ду дидаи ҷаҳонбин.

Ин субҳ ба номи эзади пок,
Бархез зи ҷой чусту чолок.

Варзиш бикуну чунон ба чустӣ,
Тасмим бигир бар дурустӣ,

К-имрӯз ту пештоз бошӣ,
Меҳровару дилнавоз бошӣ.

Набвад ба ту чира сояи тарс,
Посух бидиҳӣ ба ҳар яке дарс.

То бар ту шавад насиб, эй авлод,
Бишнидани офарини устод.

Аз ҳар табақи сабақ ба шодӣ,
Нӯше бичашӣ ба босаводӣ...

Бо чеҳраи шод, пас, сари хон,
Биншин ба канори модари ҷон.

Субҳона бихӯр, нӯши ҷонат,
То сахт бигардад устухонат.

То мағзи сарат фаъол гардад,
Қутат сабаби камол гардад.

Пас, бо дили шоду майли даҳчанд,
Бо ҳамсабақони худ бипайванд.

Биштоб ба ҷониби дабистон,
Бар кишвари илм – матлабистон.

Биштоб ба сӯйи мактаби худ,
Яъне, ба саройи бахшишу ҷуд.

Мактаб сабаби камол бошад,
Сарчашмаи рушди ҳол бошад.

“Мактаб сабаби ҳаёт бошад,
Мактаб сабаби наҷот бошад”.

Мактаб сабаби тараққиёт аст,
Шаҳпояи мактаби ҳаёт аст.

Мо толибу мактаб аст матлуб,
Мо роғибу мактаб аст марғуб.

Чун лоф занӣ надида мактаб,
Бар аҳли замонаи мураккаб?

Мактаб наравӣ, равад зи ту бахт,
Рӯзе бирасад, туро шавад сахт.

Рӯзе бирасад, Худо накарда,
Нодон шавию ба банда барда.

З-ин рӯй ту дил ба мактабат банд,
Мактаб бидиҳад наҷотат аз банд.

Бояд, ки ба мактабат гароӣ,
То зинаи охирин бароӣ.

З-устод ба шавқ дониш андӯз,
То ном ниҳанд: донишомӯз.

Устод надида чун диҳӣ ёд,
Як рӯз ба дигарон чу устод?

Бикшо гиреҳ аз ҷабини устод,
Ояд зи лаб офарини устод.

Тилфон чӣ диҳад? Китоб мехон!
Бар пурсиши худ ҷавоб мехон!

Дониш шуда дар китоб мактуб,
Маҳфуз бувад ба шакли матлуб.

Алқисса, ки мактабу маъориф,
Маъруф кунад туро чу ориф.

Дар назди муаллимони комил,
Мақсуд шавад зи илм ҳосил.

Фархунда бувад туро, ҷигарбанд,
Бо мактабу илму ҳилм пайванд.

Тошканд, 19 августи соли 2024
Forwarded from ПАНДХОИ БУЗУРГОН (Алишери Махмурод)
Ибрат

Вақти намози бомдод ки ҳанӯз торик буд муйсафеде таҳорат карду рӯ ба ҷониби масчид шуд. Шаб ки борон борида буд замини берун тару лағжон гашта буд ва ҳангоме ки муйсафед аз дар берун шуд аз лойи замин лағжиду афтод ва либосҳояш ифлос шуд , дар ин муддат шайтон аз онҷо мегузашту он муйсафедро дид ки ӯ аз ҷояш хесту рафта либосҳояшро иваз намуд ва боз ҷониби масҷид рафтани шуду боз дар лой лағжид ва боз дубора вориди хонааш гашту либосашро иваз кард ва берун баромад ки ҷавоне дар даст чароғ, он ҷавон ба муйсафед чизе нагуфта то масҷид роҳро равшан карду бурд аммо ба масҷид дохил нашуд. Он муйсафед пурсид ки ай ҷавон чаро ба масҷид намедароӣ? Он ҷавон гуфт ки ман шайтон ҳастам. Муйсафед ҳайрон шуду пурсид ки пас чаро то инҷо ба ман кӯмак кардӣ?
Шайтон гуфт ки вақте, ки ту ба масҷид омадани шудиву бори аввал афтоди ва либосатро иваз карда боз ҷониби масҷид гаштӣ Аллоҳ ба фариштагон амр намуд ки тамоми гуноҳони оилаашро бахшидам бо ин кори ин бандаам. Вақте, ки бори дуввум афтодиву боз равонаи масҷид гашти Аллоҳ ба фариштагон гуфт! Ки гуноҳони тамоми ин деҳаро бахшидам бо ин амали бандаам. Баъд аз он вақте, ки баромади ман аз тарси он ки ту бори сеюм афтиву боз ба нияти масҷид баргардӣ ба хотири ту шуда Аллоҳ гуноҳони ҳамаи бандаҳояшро набахшад гӯён худамро ба шакли инсон дароварда бо чароғ то ин ҷо саломат овардамат то ту ҳамаи заҳматҳои то имрӯза анҷом додаи манро барбод надиҳӣ!
Дӯстон фарри бӯстон бинед,
Минуйи меҳтари меҳон бинед.

Аз гулу сабза рӯи хокашро
Зери дебо парниён бинед.

Ин чаманзори дилнишин нигаред,
Ин гулистони дилнишон бинед.

Ин гулистони обсолонро
Тоза чун рӯи дилситон бинед.

Аз хушиҳои шохи пироиш
Гулбунонро ҳама ҷавон бинед.

Сабза дар сабза, лола дар лола
Арғувон андар арғувон бинед.

(Шӯридаи Шерозӣ)
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Чаро Чингизи муғул ба сарзамини мо ҳамла кард?
Forwarded from ТОҶИКОНИ ҶАҲОН (Дилшода Ф.)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Бонг бизад ҳазор даф: "Рӯз дамид аз ин тараф".
Гӯӣ, ки офтоби даф бар кафи ошиқ омада...

بانگ بزد هزار دف: «روز دمید از این طرف»،
گوی که آفتاب دف بر کف عاشق آمده...

🌞🌻🌼

СУБҲАТОН БА ХАЙР БОД!

https://t.me/jahonitojikon_group
Forwarded from Джасур Хамидов
Ассалому алайкум! Узур безовта кадам маслиҳататон даркор буд телеграмба группетон будас дидаму навестам, ман як цех кишодам шириниҳо мубурорем ном мондани ман лекин ҷарангдор тарихи ба забони тоҷики гуфтанаш равон бошад, агар ягон фикратон бошад тед хурсанд мушудам ёки аз гуруҳатон маслиҳат гифта тед
Forwarded from АЗ ҲАР ЯК БОҒ ЯК....! (Нуралиев Фатхулло)
Форсҳо (тоҷикҳо) нахустин халқи таърихӣ ба шумор мераванд. Онҳо инкишофро ба вуҷуд овардаанд, табаддулоте кардаанд, ки хусусияти таърихӣ дошт. Дар ин сарзамин бори нахуст нур афканданд, равшанӣ доданд, ин нур ба олами маърифат тааллуқ дошт... Шарти инкишоф дар таърихи Форс тантана мекунад, аз ин лиҳоз, рости гап, таърихи умумиҷаҳонӣ маҳз аз таърихи Форс оғоз меёбад... Рӯзе наслҳои оянда онҳоро напиндоранд, дар он ҳол Суғд ва ду наҳри азими Осиёи Миёна - Ому ва Сирро, ки онҷо Форсҳо зист мекунанд, далели ҳамешагист...

Аз китоби "Фалсафаи таърих"-и Георг Фридрих Гегел — файласуфи олмонӣ (1770 - 1831)