СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
2.02K subscribers
2.78K photos
819 videos
764 files
469 links
🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc
Download Telegram
САЪДИНОМА - Дарси 183 - 187.pdf
266.4 KB
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСҲОИ 183 - 187 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

چو خواهد که مُلکِ تو وَیران کند
نَخُست از تو خَلقی پریشان کند
و گر باشدش بر تو بَخشایشی
رَسانَد به خلق از تو آسایشی
تَکَبُّر مکن گر به رَه راستی
که دستت گرفتند و برخاستی
سُخَن سودمند است، اگر بِشنَوی
به مَردان رسی، گر طریقت رَوی
مَقامی بیابی، گرت ره دِهَند
که بر خوانِ عِزَّت سِماطت نهند
ولیکن نباید که تنها خوری
ز درویشِ درمانده یاد آوری
فِرِستی مَگر رحمتی در پَیَم
که بر کردۀ خویش واثِق نَیَم!
* * *

Чу хоҳад, ки мулки ту вайрон кунад,
Нахуст аз ту халқе парешон кунад!
Ва гар бошадаш бар ту бахшоише,
Расонад ба халқ аз ту осоише!
Такаббур макун, гар ба раҳ ростӣ,
Ки дастат гирифтанду бархостӣ!
Сухан судманд аст, агар бишнавӣ,
Ба мардон расӣ, гар тариқат равӣ!
Мақоме биёбӣ, гарат раҳ диҳанд,
Ки бар хони иззат симотат ниҳанд.
Валекин набояд, ки танҳо х(в)арӣ,
Зи дарвеши дармонда ёд оварӣ!
Фиристӣ магар раҳмате дар паям,
Ки бар кардаи хеш восиқ наям!
Forwarded from ОРИЁН
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from Дилшода Ф.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Аз Мансури ҲАЛЛОҶ
дар "Тазкират ул-авлиё"-и
Аттори НИШОПУРӢ
Бо хониши
Рашиди КОКОВАНД
САЪДИНОМА - Дарси 188, 189.pdf
169.5 KB
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСҲОИ 188 - 189 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

چو پنجاه سالَت بُرون شُد ز دست
غنیمت شُمَر پنج روزی که هَست
اگر مُرده مِسکین زبان داشتی
به فریاد و زاری فغان داشتی
که: ای زنده، چون هست اِمکانِ گفت
لب از ذِکر چون مُرده برهم مَخُفت!
چو مارا به غفلت بِشُد روزگار
تو باری دمی چند فُرصَت شُمار!
* * *
Чу панҷоҳ солат бурун шуд зи даст,
Ғанимат шумар панҷ рӯзе, ки ҳаст.
Агар мурда мискин забон доштӣ,
Ба фарёду зорӣ фиғон доштӣ,
Ки: Эй зинда, чун ҳаст имкони гуфт,
Лаб аз зикр чун мурда бар ҳам махуфт!
Чу моро ба ғафлат бишуд рӯзгор,
Ту боре даме чанд фурсат шумор!
ЯК ҲИКОЯТИ ИБРАТБАХШ АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Овардаанд, ки Молики Динор соле ба ҳаҷ рафта буд. Чун мардум аз Арафот бозгаштанд, шабона дар хоб дид Молик, ки ду фаришта аз осмон фуруд омаданд. Яке аз дигаре пурсид, ки: Имсол ҳаҷҷи кӣ пазируфта шуд? Ҷавоб дод, ки ҳаҷҷи ҳамаи ҳоҷиён ба дараҷаи қабул расид, илло аз они Аҳмад бинни Муҳаммади Балхӣ, ки ин ҳама роҳ омадаву машаққати сафар ихтиёр карда ва ӯро аз қабули ҳаҷ маҳрум сохтаанд. Мисраъ:

Бечора касе, к-ӯ шавад аз кӯйи ту маҳрум.

Молик бедор шуд ва аз он андеша то рӯз хоб накард. Алассабоҳ бирафт ва қофилаи Хуросонро пайдо кард ва дар миёни қофила мегардиду Аҳмади Балхиро металабид. Ногоҳ ба хаймаи бузург расид, дид, ки домани хаймаро барандохтаанд. Ҷавоне зеборӯй палосе пӯшидаву банд бар пову ғул бар гардан ниҳода. Чун чашмаш бар Молик афтод, салом карду гуфт: Эй Молик, он ҷавон, ки дар хоб дидӣ, ки ҳаҷҷи ӯ қабул накардаанд, манам ва ин палосу ғулу банд нишонаи маҳрумии ман аст. Молик гӯяд, мутаҳаййир шудам, гуфтам: СубҳонАллоҳ, туро замире чунин равшану дили софест, ҳеч надонистаӣ, ки ин маҳрумии ту чарост? Гуфт: Оре, ҷиҳати онки падар аз ман нохушнуд аст. Гуфтам: Падари ту куҷост? Гуфт: Дар ин қофила аст. Гуфтам: Касе бо ман фирист, то назди падарат равам, шояд ки ба шафоат ӯро аз ту хушнуд гардонам. Касе бо ман фиристод, то наздики ӯ расидам, дидам соябоне задаву фаршҳои мулукона андохта ва пире хушмуҳовара бар курсӣ нишаставу мардуми бисёр гирди вай саф баркашида. Фаропеш рафтаму салом кардам. Ҷавоб дод. Гуфтам: Эй шайх, туро ҳеч писаре ҳаст? Гуфт: Оре, нохалафе, ки ман аз вай розӣ нестам. Гуфтам: Эй пир, медонӣ, ки имрӯз на вақти он аст, ки касе дар дил озори касе нигоҳ дорад, рӯзи бахшидани мазолим аст, нашояд, ки ту фарзанди худро ба азоб мубтало созӣ. Ва ман Молики Динорам, дӯш чунин хобе дидааму назди ту омада Худову расулро ба шафоат овардаам, то аз сари гуноҳи вай даргузариву ӯро биҳил кунӣ. Пир ин сухан бишунид, бархосту гуфт: Эй шайх, нийят надоштам, ки ҳаргиз аз вай хушнуд шавам, акнун ту, марди азиз, омадӣ ва шафаъи бузург овардӣ, қабул кардам ва аз сари гуноҳи ӯ даргузаштаму дилам бо ӯ хуш шуд.
Молик гӯяд: Пирро санову дуо гуфтаму рӯй ба хаймаи ҷавон овардам, то ӯро башорат диҳам. Ҷавонро дидам ғул аз гардан бардоштаву банд аз пой баргирифта ва палос аз тан берун карда ва ҷомаи покиза пӯшида аз хайма берун омад. Чун чашмаш бар ман афтод, гуфт: ҶазокАллоҳ хайран, Худой туро ҷазои хайр диҳод, миёни ману падари ман сулҳ афкандӣ ва ба баракати хушнудии падар ҳаҷҷи моро низ рақами қабул баркашиданд. Назм:

Онки танат порае аз ҷони ӯст,
Қатрае аз Чашмаи Ҳайвони ӯст.
Хидмати ӯ кун, ки ба ҷое расӣ,
Барг диҳаш, то ба навое расӣ.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ
На ман манам, на ту туӣ, на ту манӣ,
Ҳам ман манам, ҳам ту туӣ, ҳам ту манӣ.
Ман бо ту чунонам, эй нигори хутанӣ,
К-андар ғалатам, ки ман туям, ё ту манӣ!?
* * *
Оташ бизанам, бисўзам ин мазҳабу кеш,
Ишқат биниҳам ба ҷои мазҳаб дар пеш.
То кай дорам ишқ ниҳон дар дили хеш,
Мақсуди раҳӣ – туӣ, на дин асту на кеш.
Айнулқузот
Forwarded from Эҳсон Саидов
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
ВАҚТИ ИБРАТ

Аз мо инсонҳо, меҳр муҳаббат боқӣ мемонад.
Барои хубӣ кардан чизи бисёр лозим не
САЪДИНОМА - Дарси 190, 191.pdf
158.8 KB
"САЪДИНОМА" Ё ХУД "БӮСТОН".
ДАРСҲОИ 190 - 191 (МАТНИ ТАЪЛИМӢ)
БО ИЛОВАИ ТАРҶИМАИ ӮЗБЕКӢ

جوانا رَهِ طاعَت اِمروز گیر
که فردا جوانی نَیایَد ز پیر!
فراغِ دلت هست و نیرویِ تَن
چو میدان فراخ است، گویی بزن
قضا روزگاری ز من دَررَبود
که هر روزی از وی شبی قدر بود
من آن روز را قدر نَشناختَم
بِدانستَم اکنون که درباختم!
* * *
... Ҷавоно! Раҳи тоат имрӯз гир,
Ки фардо ҷавонӣ наёяд зи пир!
Фароғи дилат ҳасту нерӯи тан,
Чу майдон фарох аст, гӯе бизан!
Қазо рӯзгоре зи ман даррабуд,
Ки ҳар рӯзе аз вай Шаби Қадр буд.
Ман он рӯзро қадр нашнохтам,
Бидонистам акнун, ки дарбохтам! ...
АЗ "АХЛОҚИ МӮҲСИНӢ"

Дуову хушнудии модар зиёда аз падар натиҷа медиҳаду зудтар асар мекунад. Дар ҳадис омада, ки “Биҳишт дар зери қадамҳои модарон аст”, яъне ҳар ки эшонро хидмат кунаду ҳақгузории шафқатҳои вай намояд, ба биҳишт расад. Байт:

Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Андар таҳи пои модарон аст.

Ва дигар ҳаққи завӣ-л-қурбо риоят бояд карду силаи раҳм ба ҷой овард, ки аз ҷумлаи воҷиботи ислом аст. Ва силаи раҳм дар умр бияфзояду рӯзӣ фарох гардонад. Дар аҳодиси қудсия ҳаст, ки “Ман раҳмонам ва иштиқоқи раҳм аз исми ман аст; ҳар ки ӯро пайванд кунад, ман ба раҳмати худ восил созам ва ҳар ки ӯро бибуррад, аз раҳмати худ мунқатеъ гардонам”.
Овардаанд, ки Ҳақ, субҳонаҳу ва таъоло, ваҳй кард ба Мусо, ъалайҳиссалом, ки ба ақрабо некӯӣ кун. Мусо, ъалайҳиссалом гуфт: Илоҳо, чӣ кунам, ки мувофиқи ризои ту бошад? Хитоб даррасид, ки: Эҳсон намой бо эшон, агар ғоибанд, ба салом ва агар ҳозиранд, бо фақирон ба силаву ато ва бо тавонгарон ба зиёрату сано. Шеър:

Бар хеш кушода кун раҳу силати хеш.
То аз ҳама пеш бошиву аз ҳама беш.

Ва дигар ҳаққи устод ва муаллим аст. Ҳар ки ҳаққи устод ва муаллим бидонаду ҳурмати эшон ба ҷой орад, дар дунё ва уқбо бархурдор гардад. Ва гуфтаанд: Ҳурмати устод сирати автод аст ва автод ҷамъе аз овлиёУллоҳанд, ки қавоми олам ба баракати вуҷуди эшон бошад.

Фаромӯш макун ҳаққи устоди илм,
Ки бар ҳиммати ӯст бунёди илм.
Агар дар дилат меҳри устод нест,
Ба дасти умеди ту ҷуз бод нест.
Мар устодро ҳар ки маҳкум шуд,
Басе барнаёмад, ки махдум шуд.

Ва дигар онҳо, ки ҳаққи ҷавор собит доранд, яъне манзили эшон дар ҳаволии қасру боғ ва боргоҳ воқеъ шуда. Дар ҳадис омада, ки: “Ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, к-ӯ ҳамсояи худро гиромӣ дорад”. Гиромӣ доштан он аст, ки бад-он миқдор, ки мақдур бошад, нафъ бад-ӯ расонанду зарарро аз ӯ боздоранд. Ва гар дарвешу бенаво бошад, пайваста аз аҳволи вай истифсор намоянд.
Ҳусайн Воизи Кошифӣ