Шеър ва ғазал 🔵
1.35K subscribers
387 photos
22 videos
293 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Ҳайфи он субҳе, ки танҳо бо ғами нон бигзарад,

Ҳайфи он шоме, ки дар талвосаи ҷон бигзарад.

Сайри кайҳон карда кайҳо дигарон, бозомаданд,

Он мабодо, ҳасрати мо ҳам зи кайҳон бигзарад.

Ғунча ҳар субҳе бигӯяд сурхрӯву сарбаланд:

Файзи бедорӣ, аё эй сахтхобон, бигзарад.

Пеши беморони даврон гӯ, ки он соат мабод,

То табиб аз ҷо бихезад, вақти дармон бигзарад.

Ғаррагонро гӯ ба худ бошанд, к-ин даври замон

Бар касон бигзашт, ҳам акнун бар эшон бигзарад.

Бо либоси хештан чандин мабол, эй ҷони ман,

Одамӣ ояд ба даҳр урёну урён бигзарад.

Ҳаҷр ҷонкандан бувад, гар ёр матлуби дил аст,

Марг мушкилтар шавад, гар умр осон бигзарад.

Ҳайфи он меҳмон, ки бо паймона паймонҳо кунад,

Чун хумораш даррасад, аз иззати хон бигзарад.

Ташнаро як коса об аз ҳавзи Кавсар бартар аст,

Қимати зар дар дукон аз арзиши кон бигзарад.

Ҷумла мавҷуде, ки инсон ояд аз модар нахуст,

Баъди гирудори умр, эй кош, инсон бигзарад.

Низом Қосим

https://t.me/gazaltj
Лаҳзае худро биё аз хештан бегона кун
Диданиҳоро фидои дидани ҷонона кун
То ба кай май аз сабуи ғайр менуши биё
Аз сабуи раҳмати ҳақ бода дар паймона кун
Ганҷ дар вайрона пинҳонаст бояд ранҷ кард
Ганҷи беранҷ ар ки хоҳи хешро вайрона кун
То нагардад аз парешони парешон хотират
Ҳар куҷо диди парешон гесувоне шона кун
Ҳар куҷо диди ки ақли ту ҳарифи нафс нест
Ақлро бигзору худро дар ҷаҳон девона кун
Ҳамчу шамъе файз бахши дигарон бошу бисӯз
Дар мақоми ҷонфишони хешро парвона кун
Баҳри торикии гури хеш шамъе барфуруз
Фикри фардову ҳисоби холиқи ҷонона кун
Дар мақоми хоксори ҳамчунон Хуршед бош
Хидмати халқи Худо бо ҳиммати мардона кун
Панди ибрат медиҳад Жулида бо пандаш туро
То нагардиди асири доми тарки дона кун.
Жулида. Шоири Эрон
Ба бузургдошти Мавлоно
---------------
ҲАМДИ СИФОТИ ХУДО ДАР “МАСНАВИИ МАЪНАВӢ”-И МАВЛАВӢ
📚

Бе тамошои сифатҳои Худо,
Гар хӯрам нон, дар гулӯ монад маро.

Он, ки бидҳад бе умеде судҳо,
Он Худо аст, он Худо аст, он Худо!

Он хаёлоте, ки доми авлиёст,
Акси маҳрӯёни бӯстони Худост.

Аз Худо ҷӯем тавфиқу адаб,
Беадаб маҳрум гашт аз лутфи Раб.

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.

Он, ки аз Ҳақ ёбад ӯ вайҳу ҷавоб,
Ҳар чӣ фармояд, бувад айни савоб.

Чун Худо хоҳад, ки пардай кас дарад,
Майлаш андар таънаи покон барад.

Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Одами хокӣ зи Ҳақ омӯхт илм,
То ба ҳафтум осмон андӯхт илм.

Боз нури нури дил нури Худост,
К-ӯ зи нури ақлу дил поку ҷудост.

Ҳар кӣ тарсид аз Ҳақу тақво гузид,
Тарсад аз вай ҷинну инсу ҳар кӣ дид.

Чун қабули Ҳақ бувад он марди рост,
Дасти ӯ дар корҳо дасти Худост.

Ман чу лаб гӯям, лаби дарё бувад,
Ман чу ло гӯям, мурод Илло бувад.

Нон диҳӣ аз баҳри Ҳақ нонат диҳанд,
Ҷон диҳӣ аз баҳри Ҳақ ҷонат диҳанд.

Эй Худо, ҷонро ту бинмо он мақом,
К-андар ӯ беҳарф мерӯяд калом.

Ҳақ таъоло халқро гӯяд ба ҳашр,
Армуғон ку аз барои рӯзи нашр?

Нозанинӣ ту, вале дар ҳадди хеш,
Аллаҳ-Аллаҳ по манеҳ аз ҳад беш.

Беҳушонро водиҳад Ҳақ ҳушҳо,
Ҳалқи ҳалқи ҳалқаҳо дар гӯшҳо.

Ҳар чӣ ҷуз ишқи Худо аҳсан аст,
Гар шакархорист, он ҷон кандан аст.

Аҳли динро боздон аз аҳли кин,
Ҳамнишини Ҳақ биҷӯ, бо ӯ нишин.

Таҳияи Саидбурҳон Икромӣ
(Идома дорад)

https://t.me/gazaltj
Муҳим ин нест, ки дар зиндагӣ дӯст дастам намегирад,
Муҳим он аст, ки дар зиндагӣ дӯст пешпоям надиҳад...
А возраст мужчины не так уж и важен,
Года дураку не добавят мозгов.
Трусливый с годами не станет отважным,
И щедрым не станет никто из жлобов.
МУЖЧИНА иль нет, не во времени дело
В сединах, поверьте, критериев нет.
МУЖЧИНОЙ надёжным,уверенным, смелым
И мальчик быть может, и старенький дед.
МУЖЧИНА - не в признаках пола первичных,
Не в бицепсах, и не в щетине секрет.
МУЖЧИНА - в ПОСТУПКАХ. И ей безразлично
Наличие мышц и количество лет.

https://t.me/gazaltj
АЗ АШЪОРИ НАВ

ОМАДАНАТ РАФТАН АСТ

Эй ҳама кибру ғурур, эй ҳама савдову сур,
Ин ҳама бонги нишот оқибаташ шеван аст,
Омаданат рафтан аст!

Ғарраи мансаб машав, мансабакат манқалест,
К-оташи манҷак дар он аз хатар обистан аст,
Омаданат рафтан аст!

Нусрату сури замон нест туро ҷовидон,
Зистан андар ҷаҳон аз ҷаҳи худ растан аст,
Омаданат рафтан аст!

Пора туро пора кард, муфлису овора кард,
Мансаби дунё туро гард ба пероҳан аст,
Омаданат рафтан аст!

Бахти расо ҷустаӣ, дасти сахо ҷустаӣ,
Сар ба фалак дору дон, дасти ту дар доман аст,
Омаданат рафтан аст!

Ғуссаву ғам зулмат аст, ҳирси шикам зулмат аст,
Хонаи торикат аз хандаи ту рӯшан аст,
Омаданат рафтан аст!

Бонги тафохур мазан аз сари мансаб ба кас,
Курсии мансаб, бидон, бори ту дар гардан аст,
Омаданат рафтан аст!

Гул куну бо гул нишин, гул биталаб, гул бубин,
Дар раҳи торики шаб ҳар гули раҳ гулхан аст,
Омаданат рафтан аст!

Шамъи фурӯзон бимурд, ризқи фаровон гузашт,
Бахти лаёнии ту дар шафақи хуфтан аст,
Омаданат рафтан аст!

Давлати дунё ҳама барги хазон асту бас,
Ишқ туро давлат аст, сабр туро махзан аст,
Омаданат рафтан аст!
Омаданат рафтан аст!

Камол Насрулло

20.10.2021.

https://t.me/gazaltj