Шеър ва ғазал 🔵
1.46K subscribers
397 photos
22 videos
298 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Камоли Хуҷандӣ
Шеър ва ғазал 🔵
Photo
Нигаҳи масти ту хуни дили аҳбоб хӯрад,
Теғи бедоди ту аз фарқи аҷал об хӯрад.
Аз ҷаҳон гум шуда меҳри падару фарзандӣ,
Варна Рустам ба чӣ боис сари Сӯҳроб хӯрад?
Қатраи май сари Мансур баровард ба дор,
Войи он кас, ки ҳама умр майи ноб хӯрад.
Хар ки бо душмании халқ равонаст чу баҳр,
Зуд бошад ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.
Сайидо, печиши он зулф ба он рух зи чӣ рӯст?
Мӯй бар шуълаи оташ чу фитад, тоб хӯрад.
Сайидои Насафӣ https://t.me/gazaltj
Ин нону оби чарх чу сел аст бевафо,
Ман моҳиям, наҳангам, Уммонам орзуст!
Яъқубвор «воасафо!»-ҳо ҳамезанам, Дидори хуби Юсуфи Канъонам орзуст!
Валлаҳ, ки шаҳр бе ту маро ҳабс мешавад, Оворагийи кӯҳу биёбонам орзуст!
З-ин ҳамраҳони сустаносир дилам гирифт, Шери Худову Рустами Дастонам орзуст!
Ҷонам малӯл гашт зи Фиръавну зулми ӯ, Он нури рӯйи Мӯсии Имронам орзуст!
З-ин халқи пуршикояти гирён шудам малӯл, Он ҳоюҳӯву наъраи мастонам орзуст!
Гӯётарам зи булбул, аммо зи рашки ом Муҳр аст бар даҳонаму афғонам орзуст!
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр, К-аз деву дад малӯламу инсонам орзуст!
Ҷалолуддини Румӣ

https://t.me/gazaltj