Шеър ва ғазал 🔵
1.65K subscribers
436 photos
22 videos
319 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Устод #Аъзам_Хуҷаста

Ошиқ шудан лаёқати ҳар беирода нест,
Мастӣ дар урфи ишқ, азизон, ба бода нест!
Инҷо шароби ҳавсала дар хум чи сокит аст
Аммо ба мисли фурсати аздастдода нест.
Мо фикр мекунем, раҳи рост меравем,
Гумроҳ агар шудем, гунаҳкор ҷода нест!
Бояд ки аз масири бади захмҳо гузашт
Гарчи убур аз раҳи ғам кори сода нест!
Дилхуш ба ин умед, ки оянда мерасад,
Оянда пушти панҷарае истода нест.
Солик ба мақсад аз раҳи ихлос мерасад
Гап дар сари савора будан, ё пиёда нест.
Гоҳе ба пешпо задан иқдом мекунем
Оё ҳамин нишони ақабуфтода нест?
Ҳар кас, ба ҷои хеш, вале фикр мекунам
Ҷое шарифтар зи бари хонавода нест! — с A'zam Khojasta.

https://t.me/gazaltj
Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ

1) Оча рафтӣ аз барм, ғами дунё дар сарм
Барои ту очаҷон сухтай ҷону ҷигарм

Оҳ ин оби талх ширин нашуд
Бемор шудум худма табибӣ рафтм
Оҳ куҷо рафти ту модар хапу хомуш?
Ки мекунад, ба ғамҳоям дигар гуш?
Ки мегуяд биё эй ҷони модар?
Маро карди ту модарҷон фаромуш

Ҳайфи очаи ширини ҷомадузам
Оҳ саракта дар хок монди очаи дилсузам
Оҳ барои шаҳӣ духти ҷома, гулдузӣ,
Оҳ аз дунё бирафти ман аку месузум

Оча рафтӣ аз барм, ғами дунё дар сарм
Барои ту очаҷон сухтай ҷону ҷигарм

Гирйёну нолон (ме)бароям, сари куча,
Оҳ ҳар очаи раҳгузара мегум оча.
Ҳар гоҳ, ки талаб дорем зи даргоҳи Худо
Оҳ мардумои очадора накн беоча.

Оча рафтӣ аз барм, ғами дунё дар сарм
Барои ту очаҷон сухтай ҷону ҷигарм
https://t.me/gazaltj


2) Оҳ модарм нест, ку модарм нест,
Оҳ модарм нест, ҷон модарм нест.


Оҳ и гул дар обай, гули калон дар обай,
Оҳ и ҳайфи очаме дар он биёбон хобай.
Оҳ Ӯ хобай, хобай рӯяш сини офтобай.
Оҳи дамш назанен, тамоми ҷош зардовай,

Оҳ модарм нест, ку модарм нест,
Оҳ модарм нест, ҷон модарм нест.

Санҷит сояе, таҳаки санҷит сояе,
Оҳ, кошки мешудем ба очамон ҳамсоя.
Ҳар гоҳ сармон ба болин монд миёяде,
Оҳ ширин очаме аз даракмон (ме)дароёяде.


Оҳ модарм нест, ку модарм нест,
Оҳ модарм нест, ҷон модарм нест.
https://t.me/gazaltj
Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ

1
Пас чаро ёди Худоро накнем?

Меҳрубон аст Ӯ барои ҳама кас
Бе ризогияш наҷунбад сари хас
Медиҳад ризқи ҳама муру магас.
Пас чаро ёди Худоро накнем?

Меҳрубон, ризқи калон додаст маро,
Дасту бозуи равон додаст, маро.
Чашми бинову забон додаст маро,
Пас чаро ёди ХУДОРО накунам?

Номи покат дар дилу дар ҷони ман аст
Ин ҷаҳон дурӯза даврони ман аст
Марг, ки дар банди гиребони ман аст,
Пас чаро ёди Худоро накунам ?
https://t.me/gazaltj

2
Шарбати мардӣ чашидан кори ҳар номард нест!
Ҳар касе номард бошад, қадри ӯ чун гард нест.

3
Гар тавони байни ёрон гавҳари ноёб шав,
Рӯзи торик байни мардум шӯълаи офтоб шав.

4
Аз руйи замин, ки рушнойиш наравад,
Аз одами хуб ошногиш наравад.
Ҳар куҳнагадо, ки бадавлат бирасид,
Садсол гузарад, буйи гадойиш наравад.
https://t.me/gazaltj
Аз сурудаҳои Нуруллоҳи Куҳистонӣ

5
Бе рузаву бе намоз эмон маталаб,
Бе хайру закот биҳишти ризвон маталаб.
Хоҳи ки пули сирот осон гузари,
Озори дили ҳеҷ мусалмон маталаб.


6
Сад дареғо меравем, мо навҷавонон дар лаҳат,
Бо дили пурҳасрату бо чашми гирён, дар лаҳат.
Хурдани морону кирмон мешавем дар зери хок,
Чашмҳои пурхумор, лабҳои хандон дар лаҳат.
Дар фироқи тоқати неши як замбурам набуд,
Мезананд сад нешҳо, морону кирмон дар лаҳат.
Ҷабр ба мардум макун, аз баҳри зану фарзанди хеш,
Зан ба гурат кай дарояд Марди нодон! Дар лаҳат.
Зан дар андешаву, фарзандат дар ёди мол ...
Гар ту шоҳу, гар ту мири , гар ту султон дар лаҳат.
https://t.me/gazaltj

7
Фарёд зи умри кутаҳи одамизод, не рузаву не намоз, не хайру закот,
Рузе, ки Худо қозӣ мешавад, дар арасот, пеши назармон чарх занад пули сирот.
https://t.me/gazaltj
Хона қашанг аст, вале хонаи ман нест,
Ин хоки ватан нест.
Хок чи зебост, вале хоки ватан нест,
Ин хонаи ман нест.
Порис қашанг аст аммо чу Душанбе, дар руйи ҷаҳон нест.
Ландан ба диловезии Ҳисори куҳан нест,
Ин хоки ватан нест.
Дар Мастчоҳу Варзобу Хоруғи Бадахшон,
Дар Бохтари Хатлон,
Лутфест, ки дар Деҳливу Берлину Яман нест.
Ин Хоки Ватан нест.
Ман баҳри ки хонам ғазали Саъдиву Ҷомӣ, Девони Низомӣ,
Дар шаҳри ғарибон, ки ӯ фаҳми сухан нест?
Ин хоки Ватан нест.
(Рустами Дузд)

https://t.me/gazaltj
Дустони азиз!
Дустдорони шеъру ғазал!
Хушбахттарин инсоният дар ин дунё! Чун ки мову шумо бо забони модарии Мавлоно Балхии Румӣ, Шайх Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ, Амир Хусрави Деҳлавӣ, Шайх Камол, Бедил, Хайём, Ҳилолӣ ва амсоли чунин бузургворон низ забони модарии мост.
Бадриддин Ҳилолӣ.
Чанд ғазали машҳури Ҳилолӣ.
Ғазале аз устод Лоиқ
Модари хушназарам, ҳар назарам ҳадяи туст,
Асаре дорам агар, он асарам ҳадяи туст.
Дар фазои абадийят паи парвози дароз
Модари муштипарам, болу парам ҳадяи туст.
Хоксории ту он қадр маро кард баланд,
Ки ҳама қудрати кайҳонгузарам ҳадяи туст.
Дар раҳи ман ҳама дам дидаи тар доштаӣ,
Ки аз он дидаи тар шеъри тарам ҳадяи туст.
Ақли ту кӯтаҳ агар гуфт касе, кӯтаҳӣ кард,
Чун такопӯи раҳи дуртарам ҳадяи туст.
Аҷаб ин аст, ки занро ҳама хонанд заиф,
Бо заифит ҳама карру фарам ҳадяи туст.
Пошикаста ҳама гӯянд зану модарро,
Ман гувоҳам, ки зи по то ба сарам ҳадяи туст.
Офаридӣ ту маро, то зи ҷаҳон баҳра барам,
Баҳра бурдан зи ҳама баҳру барам ҳадяи туст.
Ман ба ҷои туям, эй модари барҷомонда,
Дидаи равшани фардонигарам ҳадяи туст.

https://t.me/gazaltj