🔎Factcheck.tj
273 subscribers
501 photos
18 videos
612 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок

🎓🗞Мактаби расонаии мо оид ба майлонҳои нав оғоз ёфт
Шурӯъ аз аввали моҳи октябр дар шаҳри Хуҷанд аввалин мактаби расонаӣ бо унвони «JMBpictures» дар самти майлон (тренд)-ҳои нав ва расонаомӯзӣ барои ҷавонони навкору эҷодкор оғоз ёфт.

Дар мактаби омӯзишии мазкур ҷавонон давоми 3 моҳи оянда аз рӯи 5 самт:
🌀далелсанҷӣ (factcheck)
🌀инфографика
🌀саводи расонаӣ
🌀подкаст
🌀caption-video
дарс хоҳанд гирифт.

Дар курсҳои омӯзишӣ 50 нафар ҷавонони синну сол ва касбу корҳои гуногун ҷамъ омада, тарзу усулҳои кор бо майлонҳои нав ва истеҳсоли маводи босифатро меомӯзанд. Ҳар як курси омӯзишӣ иборат аз 10 нафар буда, дар фарҷом иштирокдорони он маводи хушсифати худро таҳия месозанд.

Матолиби иштирокчиёни дарсҳои омӯзишӣ бо дастгирии ҳамкорони тарҳ дар сомонаи Factcheck.tj ва дар саҳифаҳои JMBpictures, Zira Media нашр хоҳанд шуд.

Барои ҳавасмандгардонии иштирокдорони мактаби расонаӣ ҷиҳати истеҳсоли маводи хушсифат бо истифода аз майлонҳои нав ба онҳо то фарҷоми лоиҳа USB-флешкаҳо ва силсилаи дарсҳои омӯзишӣ дар як захира тақдим карда мешавад. Барои харидории бастаҳои интернетӣ ба ҳисоби телефонҳои онҳо маблағ низ пардохт мегардад.

Дар назар аст, охирҳои моҳи декабр мактаби расонаии JMBpictures дарсҳои омӯзишии худро ҷамъбаст намуда, иштирокчиёни фаъол ва ғолибони маводи беҳтаринро бо туҳфаҳои хотирмону сертификат қадрдонӣ намояд.

Омӯзишиҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

@JMBpictures
___
#JMBpictures
#медиашкола
#мактаби_расонаӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
Журналистони ҷавону блогнависон ва донишҷӯён ба омӯзиши далелсанҷӣ шурӯъ карданд.

6-уми октябр дар бинои Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки 10 нафар журналистони ҷавону блогнависон ва донишҷӯён Мактаби расонаии JMBpictures нахустин омӯзиши худро дар самти «Далелсанҷӣ» оғоз намуд.

Дар аввал, ширкаткунандагон доир ба асосҳои далелсанҷӣ, таърихи пайдоиши он, объекти санҷиш, тарзу усули санҷиши далелҳо ва бо абзорҳои далелсанҷӣ шинос шуданд.

Курсҳои омӯзишӣ оид ба далелсанҷӣ, ки ҳар ҳафта рӯзи сешанбе доир мегардад, як моҳ идома мекунад. Қарор аст, ки дар давоми омӯзиш барои иштирокдорон тарзи дурусти кор бо абзорҳои далелсанҷӣ омӯзонида шавад, то онҳо дар оянда мустақилона хабарҳое, ки дар олами маҷозӣ пайдо мешаванд, санҷида тавонанд.

Инчунин, дар ин муддат иштирокчиён шеваҳои кор бо манбаъҳои боз (расмӣ), дарёфти маълумоти мӯътамад ва бо ин васила истеҳсоли муҳтавои босифатро меомӯзанд. Дар ниҳоят, маводи таҳиянамудаи онҳо дар сомонаи Factcheck.tj ва саҳифаҳои фейсбукии JMBpictures, Zira Media нашр хоҳанд шуд.

Ҳадаф аз тарҳрезии омӯзиши мазкур дар доираи Мактаби расонаии JMBpictures рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти истифодабарии майлонҳои нав, хоса далелсанҷӣ ва таҳияи муҳтавои босифат аст.

Омӯзишиҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

@JMBpictures
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
#далелсанҷӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
20 нафар ҷавонон аз вилояти Суғд дар бинои Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷамъ омада, ба омӯзиши тарзу усулҳои сохтани инфографика оғоз карданд.

Мактаби расонаии JMBpictures 8-уми октябр ба аввалин курси омӯзишӣ оид ба инфографика оғоз бахшид. Дар он журналистону муаллимон, донишҷӯёну хонандагони мактаб ширкат доранд.

Дар рӯзи аввал ширкаткунандагон асосан доир ба захираҳои барои сохтани инфографика пешибинишуда, имконият ва усулҳои кори онҳо маълумот гирифтанд. Ҳамчунин, аз ҷониби тренерон нозукиҳои тарроҳии инфографика, кор бо ҳуруф ва таносуби рангҳо, ба таври фаҳмо пешниҳод кардани маълумоти ҳаҷман зиёд фаҳмонида шуд.

Дарсҳои омӯзишӣ оид ба инфографика ҳафтае як маротиба дар рӯзи панҷшанбе баргузор мешавад ва ҳамагӣ як моҳ идома меёбад. Ҳар як иштирокчӣ дар давоми омӯзиш роҳҳои омода намудани инфографикаро аз худ намуда, то фарҷоми курс як маводи хуб дар шакли инфографика таҳия менамояд. Муҳтавои омоданамудаи онҳо дар сомонаи Factcheck.tj ва саҳифаҳои фейсбукии JMBpictures, Zira Media нашр мешаванд.

Мақсад аз роҳандозии курси мазкур дар доираи Мактаби расонаии JMBpictures омода кардани ҷавонон дар самти кор бо инфографика, тарзи пешниҳоди мавод дар шакли интерактивӣ ва бо ин васила беҳтар кардани муҳтавои дохилӣ мебошад.

Омӯзишиҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

@JMBpictures
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
#инфографика
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
Ҷавонони Суғд саводи расонаиро меомӯзанд

Дарсҳои омӯзишии Мактаби расонаии нав – JMBpictures, дар самти саводи расонаӣ 9-уми октябр барои ҷавонон оғоз гардид. Рӯзи нахустини омӯзиш бо назардошти талабот ва тақозои ширкаткунандагон ба дарки моҳияти саводи расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ бахшида шуд. Иштирокдорон дар ин рӯз бо назари коршиносони дохилӣ ва сатҳи байналмималӣ роҷеъ ба саводи расонаӣ ошно шуданд.

Давомнокии омӯзиш ҳамагӣ як моҳ буда, аз 4 дарси назариявию амалӣ иборат аст. Дар ин муддат ба иштирокчиён моҳияти саводи расонаӣ, муҳимият, зарурат ва паҳлӯҳои асосии он, роҳҳои ҳифзи амнияти рақамӣ ва иртиботӣ дар интернет ва инчунин, усулҳои санҷиши иттилоот омӯзонида мешавад.

Ҳадафи асосии ин дарси омӯзишӣ баланд бардоштани сатҳи саводи расонаӣ ва рушди тафаккури интиқодӣ мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки омӯзишҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

@JMBpictures
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
#саводи_расонаӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок

Результат работы одной из наших участниц на курсе по медиаграмотности🧐
___
#медиаграмотность
#Медиашкола
#JMBpictures
#JMBmediaschool
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок

Очередной хороший результат работы одной из наших участниц на курсе по медиаграмотности🧐
___
#медиаграмотность
#Медиашкола
#JMBpictures
#JMBmediaschool
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
Се курси омӯзишии мо анҷом ёфт

Се курси аввалини Мактаби расонаии нав – JMBpictures доир ба омӯзиши:
🌀Далелсанҷӣ
🌀Инфографика
🌀Саводи расонаӣ
, ки дар бинои Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, ба анҷом расид. Дар умум, беш аз 30 нафар ҷавонон (дар ҳар курс 10-нафарӣ) дар ин омӯзишҳо ширкат намуда, паҳлӯҳои муҳими далелсанҷӣ, объекти омӯзиш, кор бо абзорҳо ва манбаъҳои боз, тарзи дурусти сохтани инфографика, шеваҳои тарроҳӣ, интихоби дурусти ҳуруфҳо ва таносуби рангҳо, пешниҳоди ҷолиби иттилоот дар шакли инфографикаро омӯхтанд. Инчунин, ба иштирокчиёни мактаби расонаии нав моҳият ва зарурати саводи расонаӣ, баҳогузории дурусти иттилоот, тафаккури интиқодӣ ва бехатарӣ дар интернет омӯзонида шуд.

Ҳамакнун, иштирокчиёнро зарур аст, ки донишҳои андӯхтаи худро дар амал бо пешниҳоди маводи ҷолибу босифат нишон диҳанд. Баъд аз нашру паҳни маводи худ, миёни иштирокчиёни ҳар як курси омӯзишӣ озмуни «Маводи беҳтарин» гузаронида мешавад ва ғолибонро тӯҳфаҳои хотирмон интизор аст.

Муҳтавои омоданамудаи иштирокчиён бо дастгирии ҳамкорони тарҳ дар сомонаи Factcheck.tj ва саҳифаҳои фейсбукии JMBpictures, Zira Media нашр мешаванд. Ҳадаф аз роҳандозии курси мазкур дар доираи Мактаби расонаии JMBpictures омода кардани ҷавонон дар самти далелсанҷӣ, кор бо инфографика ва саводи расонаӣ буда, бо ин васила беҳтар кардани муҳтавои дохилӣ мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки омӯзишҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

@JMBpictures
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🎙Ҷавонони Суғд таҳияи подкастро меомӯзанд

Беш аз 10 нафар ҷавонон дар бинои Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши подкаст, маъмултарин форматҳои он ва кор бо захираҳои онлайнӣ барои таҳияи подкастро оғоз карданд.

Курси мазкур 3-уми ноябр дар доираи Мактаби расонаии «JMBpictures» дар самти омӯзиши майлон (тренд)-ҳои нави журналистӣ роҳандозӣ гашта, дар давоми як моҳ иштирокчиён:
🌀вижагиҳои асосии подкаст;
🌀тарзи истифодаи дастгоҳҳои сабтӣ;
🌀кор бо барномаи танзими овоз – Adobe Audition;
🌀роҳҳои ҷой додану паҳнкунии матн дар захираҳои онлайнии «SoundCloud» ва «Anchor»;
🌀тарзи ороиши подкасти худро
меомӯзанд.

Мақсади асосии ташкил намудани ин омӯзиш таҳияи подкастҳои хубу ҷолиб ва рушд додани майлони нав дар Тоҷикистон буда, бо ин васила беҳтар кардани муҳтавои расонаҳои дохилӣ мебошад.

Ҷоиз ба қайд аст, ки омӯзишҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
#подкаст
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
🎥Омӯзиши caption-video барои ҷавонони Суғд

10 нафар аз ҷавонони суғдӣ дар бинои Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд ба омӯзиши caption-video пардохтанд.

Курси мазкур 5-уми ноябр дар доираи Мактаби расонаии нави «JMBpictures» дар самти омӯзиши майлон (тренд)-ҳои нави журналистӣ роҳандозӣ гашта, дар муддати як моҳ иштирокчиён:
🌀муҳимияти caption-video;
🌀«қоидаи сеяк»;
🌀тарзу усулҳои мусоҳиба;
🌀кор бо ҳуруфҳои зебои ройгон;
🌀интихоби дурусти рангҳо;
🌀абзорҳо барои наворбардорӣ ва танзим:
· Open Camera (барои наворбардорӣ)
· KineMaster (барои танзим)
-ро меомӯзанд.

Ҳадаф аз ташкили ин омӯзиш таҳияи наворҳои ҷолибу диданӣ ва рушди майлони нав дар Тоҷикистон буда, бо ин васила беҳтар кардани муҳтавои расонаҳои дохилӣ мебошад.

Омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
#caption_video
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок

🎓МАКТАБИ РАСОНАИИ «JMBPICTURES»-ро 50 НАФАР ХАТМ КАРДАНД
Дар давоми ду моҳ беш аз 50 нафар ҷавонони эҷодкору навкор Мактаби расонаии «JMBpictures»-ро хатм карданд.

Ин аз аввалин омӯзишҳои мактаби расонаӣ дар миқёси вилоят буда, он моҳҳои октябр-ноябри соли равон дар бинои TUT co-working space (Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд) баргузор гардид. Омӯзишҳо майлон (тренд)-ҳои нав ва расонаомӯзиро фарогир буд. Аз ҷумла, дар ин муддат ҷавонон аз рӯи 5 самт:
🌀далелсанҷӣ (factcheck)
🌀инфографика
🌀саводи расонаӣ
🌀подкаст
🌀caption-video
ба омӯзиш ҷалб шуданд.

Ҳамакнун, ҳар як иштирокчии ин мактаб бо назардошти он ки дар кадом курси омӯзишӣ ширкат намуданд, ба корҳои мустақилона шурӯъ карда, то охири моҳи декабр муҳтавои худро таҳия месозанд. Маводи таҳиянамудаи онҳо дар сомонаи FactCheck.TJ ва саҳифаҳои фейсбукии JMBpictures, Zira Media нашр хоҳанд шуд.

Баъд аз анҷоми пурраи омӯзишҳо миёни иштирокдорон озмуни «Муҳтавои босифати омӯзишӣ» ва «Иштирокчии фаъоли омӯзишҳо» гузаронида мешавад. Маводи истеҳсолнамудаи ҳар як иштирокчӣ баъд аз нашр дар платформаҳои болозикр ба озмун роҳ меёбад ва беҳтарини онҳо аз ҷониби ҳайати ҳамакамони озмун муайян ва муаллифони он қадрдонӣ мегарданд. Ба ҷуз ин, дар ҷамъбасти озмун ба ҳар як иштирокчӣ сертификат ва дигар туҳфаҳо тақдим карда мешавад.

Қарор аст, озмун санаи 25-уми декабр ҷамъбаст ва ғолибон муайян карда шаванд.
Ҳадаф аз тарҳрезии омӯзиши мазкур дар доираи мактаби расонаӣ рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти истифодабарии майлонҳои нав, хоса далелсанҷӣ ва таҳияи муҳтавои босифат аст.

Лозим ба ёдоварист, ки омӯзишҳои мо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» роҳандозӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

💡Мактаби расонаии JMBpictures ~ Барои онҳое, ки рушд кардан мехоҳанд ~
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
📽Девушка-фотограф ломает стереотипы (видео)

Шахзода, молодая девушка-фотограф из Худжанда ломает стереотипы. Она одна из тех, кто смогла доказать, что у профессии нет гендерных признаков.

Занимается Шахзода фотографированием с 2015 года. Тогда была сделана её первая любительская фотография. Она научилась фотографировать самостоятельно. Но позже появились наставники, которые исправляют и помогают улучшаться.

Шахзода больше любит снимать портретные фотографии девушек: крупные планы лиц, глаза и маленькие, необычные детали.

У неё большие планы на будущее.

Подробнее в следующем кэпшн-видео.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#caption_video

P.S. Материал одна из активных участников обучающего курса Медиа-школы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #ФактчекNews |📰
📽«Индейские вигвамы» в Худжанде (видео)

Нозанин Бабаева, мастер по шитья вигвамчика (это детский игровой домик/палатка). Как шить уютные домики она научилась с Интернета.

Нозанин свой первый вигвамчик сшила год назад. За месяц ей удается сшить пять вигвамов.

По ее словам, «индейские вигвамы» в основном покупают в дни рождения детей и гахворабандон. Стоимость одного вигвамчика от 800 до 1300 сомони.

Длина палки 2 метра, сама палатка 1,5 метра. Для матрасиков и подушечек Нозанин тратит 2 кг синтепона.

Нозанин заказы принимают в основном через свой Инстаграм – vigvam.tj.

Подробнее в нашем кэпшн-видео.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#caption_video

P.S. Материал одна из активных участников обучающего курса Медиа-школы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #PODCAST🎧
🎙Какими должны быть отношения дочки с мамой?

Подкаст «Я и Мама». Об отношениях мамы с дочкой. Я говорила с мамой Шамсиевой Рогибахон.

Если Вы хотите узнать, какие взаимоотношения должны быть между мамой и дочкой, то вам к нам!

В этом подкасте вы узнаете, как дочка должна относиться к маме и наоборот, должна ли дочь слушаться маму, а мама прислушиваться к дочке, должна ли дочка помогать маме или наоборот, какие советы они должны давать друг другу, кто такая Мама.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#podcast

P.S. Материал одной из активных участниц обучающего курса Медиашколы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #PODCAST🎧
🎙«Проходите Мимо»… вы не пожалеете!

Подкаст «Проходите Мимо» – это о личных предпочтениях и вкусах каждого. Часто обсуждаемые темы: к-поп, дорамы и аниме…

Но, тем не менее обсуждению подвергаются также: фильмы, сериалы, книги и даже фанфики.

Как говориться «О вкусах не спорят», именно поэтому каждый гость нашего подкаста может поделиться своими личными предпочтениями и интересами не волнуясь о том, как подумают люди. Так как мнение личное, решать вам пройти мимо или остаться на чай!

Подробно в подкасте «Проходите Мимо».
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#podcast

P.S. Материал одной из активных участниц обучающего курса Медиашколы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #PODCAST🎧
🎙Юность: взгляд молодой девушки

Данный подкаст расскажет об отношении подростков и их позиции в семье. Это взгляд молодой девушки изнутри.

Автор пытается раскрыть тему отношение подростков и родителей в семье. С какими трудностями они сталкиваются и какую поддержку хотят получить.

Если ты родитель подростка или же сам являешься подростком, то данный подкаст именно для тебя!
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#podcast

P.S. Материал одной из активных участниц обучающего курса Медиашколы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #PODCAST🎧
🎙Как избавиться от прокрастинации, и как действовать без мотивации?

Прокрастинация – это не новое слово среди молодежи. Две молодые девушки расскажут в данном подкасте о самых эффективных методах борьбы с ленью и прокрастинации.

Автор подкаста «Go to college» вместе со своей гости дают советы, как быть ответственным, взять ситуацию под контроль и начать действовать.

Малохат, художница и активистка из города Гулистан – является гостей первого выпуска нашего подкаста.
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#podcast

P.S. Материал одной из активных участниц обучающего курса Медиашколы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #PODCAST🎧
🎙Американская мечта молодежи

Об Американской мечте и об Американских программах, побеседовали с выпускником программы по обмену школьников Flex, Кобилом Мамаджановым.

Подкаст будет полезен тем, кто собирается учится и получить американский опыт, найти хорошую работу, строить карьеру. В особенности тем, кто мечтает попаст в туры Flex.

Выпускник программы Кобил рассказывает о своем опыте подготовки и прохождения туров, о системе образования США, о культуре, и о жизни в Америке.

Более подробно слушайте в подкасте «Махина делится»👇👇👇
___
#JMBmediaschool
#JMBpictures
#Медиашкола
#podcast

P.S. Материал одной из активных участниц обучающего курса Медиашколы "JMBpictures"😉
Forwarded from 🎓JMBpictures (JMBpictures)
~ #MEDIAуголок
ИШТИРОКЧИЁНИ МАКТАБИ РАСОНАИИ «JMBPICTURES» БО СЕРТИФИКАТУ ТӮҲФАҲО ҚАДРДОНӢ ШУДАНД

25-уми декабр Мактаби расонаии «JMBpictures» иштирокчиёни омӯзиши майлон (тренд)-ҳои нави журналистиро бо сертификату тӯҳфаҳо қадрдонӣ кард.

Маросими ҷамъбастӣ дар бинои Филиали Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ дар шаҳри Хуҷанд бо ширкати хатмкунандагони омӯзиш баргузор гардид. Гурӯҳи беш аз 50-нафараи ҷавонон давоми 3 моҳ аз рӯи 5 самт:
- далелсанҷӣ (factcheck)
- инфографика
- саводи расонаӣ
- подкаст
- caption-video, ба омӯзиш фаро гирифта шуда, дар ин сана бо сертифкату USB-флешкаҳо қадрдонӣ карда шуданд.

Ҳар як хатмкардаи ин мактаб бо роҳнамоии мураббиён муҳтавоҳои худро таҳия намуданд. Дар натиҷа, ҳудуди 50 матлаби истеҳсолнамудаи иштирокчиён аз рӯи самтҳои алоҳида ба озмун роҳ ёфт ва аз ҷониби аъзои ҳакамон баҳогузорӣ шуд. Аз рӯи ҳар як бахш, муаллифони «муҳтавои босифати омӯзишӣ» интихоб ва бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд, ки инҳо:
- Мавзуна Дадобоева, Сӯҳробҷон Сатторов (далелсанҷӣ), Хушрӯзи Ҷамолзода, Мустафо Нуруллоев (инфографика), Малика Ачилова, Сӯҳроб Мансуров (саводи расонаӣ), Назокатхон Ибрагимова, Меҳрона Шамсиева (подкаст) ва Ҳаёт Қурбонов, Рухшона Юнусова (caption-video) мебошанд.

Инчунин, яке аз «иштирокчиёни фаъоли омӯзишҳо» – Умедшоҳи Ҷумъахон, дониста шуд ва бо тӯҳфаи хотирмон сарфароз гардид.

Мақсад аз ташкили омӯзиши мазкур дар доираи мактаби расонаӣ рушди тафаккури интиқодӣ, баланд бардоштани саводи расонаӣ, омода намудани мутахассисони ҷавон дар самти истифодабарии майлонҳои нав ва таҳияи муҳтавои босифат аст.

Омӯзишҳо дар доираи лоиҳаи «Гӯшаи расонаии нав» тарҳрезӣ гардида, бо дастгирии Институти «Ҷамъияти Кушода» Бунёди Мадад дар Тоҷикистон роҳандозӣ карда мешавад.

Мактаби расонаии JMBpictures ~ Барои онҳое, ки рушд кардан мехоҳанд ~
___
#JMBpictures
#Медиашкола
#Мактаби_расонаӣ