Чистон
(аз фолклори Бухоро)
Гирдаш гумбази,
Гирду магирдаш гумбази,
Лолаи зораш гумбази.
(Тарбуз)
***
Чил тоқ, чил мағок,
Чил ҳучраю, чил равоқ.
(Карам)
(аз фолклори Бухоро)
Гирдаш гумбази,
Гирду магирдаш гумбази,
Лолаи зораш гумбази.
(Тарбуз)
***
Чил тоқ, чил мағок,
Чил ҳучраю, чил равоқ.
(Карам)
❤1
Зарбулмасал
(аз фолклори Бухоро)
Об дар ҷои сахт меистад.*
* Обро дар зарфи бутун (дуруст) дошта мешавад.
***
Одама одам вайрон мекунад, замина об.**
** Одамро одам аз роҳ мебарорад, одами бад дигареро ҳам ба амали бад ҷалб мекунад; касеро бардавом бад гуфтан гирй, охир ў бад мешавад ва ё бадном мегардад.

🙏2❤1
Момогамбусак
(афсонаи тамсилӣ аз фолклори Бухоро дар нақли Фозилова Муҳиба)
Будас, набудас, йак Момогамбускак буден. Ин Момогамбускак рафтан гитен, рафтан гитен, рафтан гитен ап пешашон йак аспакӣ буромадас. Аспакӣ гуфтас, ки:
- Момогамбускак гуҷо меред?
- Худат Гамбуск, онет Гамбуск, отет Гамбуск, ака укекот Гамбуск! Ман бибӣ Санам, чодир ба сарам, бозори шӯй кофтан мерўм.
Баат аспакӣ гуфтас, ки:
- Хай, да ман расед, монед-да.
- Қаҳратон бийод чӣ катӣ мезанед?
- Қамчинам катӣ мезанам.
- Ман безору худо безор – гуфтас.
Бо Гамбускак рафтан гитас, рафтан гитас, ап пешаш йак хорпишак буромдас.
Хорпишак гуфтас:
- Момогамбускак, гуҷо меред?
- Онет Гамбуск. отет Гамбуск, бибет Гамбуск, апа укекот Гамбуск! Ман бибӣ Санам, чодир ба сарам, бозори шӯй кофтан мерӯм.
Манба расед монед-да – гуфтас.
Гамбускак гуфтас, ки:
- Қаҳратон бийод чӣ катӣ мезанед? – гуфтас.
- Болетон буромада ғел мезанам – гуфтас.
- Ман безор, худо безор – гуфтас.
Бо Гамбускак рафтан гитас, рафтан гитас, рафтан гитас ап пешаш йак Мушак буромдас. Мушак гуфтас, ки:
- Момогамбускак, гуҷо меред?
- Онет Гамбуск, отет Гамбуск, апа укекот Гамбуск! Ман бибӣ Санам, чодир ба сарам, бозори шўй кофтан мерӯм.
Мушак гуфтас, ки:
- Да ман расед монед.
Гамбускак гуфтас, ки
- Қаҳратон бийот чӣ катӣ мезанед?
- Ҳа, думама ликкон-ликкон мекунам – гуфтас.
- Хай – гуфтас.
Тўй карен, тамошо карен. Мушак йак ҷойаки баланд партофтас. Момогамбускак ҳарчанд, ки зӯр мезанад, буромда наметонад. Мушак гуфтас, ки:
- Момогамбускак, шумо хонекойа рўбед, ахлотакойа холӣ кунед, ман хазинӣ пошшоба рафта тилло гита мебийом, аҳ ҳамин ат тилло да шумо норбончеки тилло мебийорам, месозам. Баат боли ҷой буромда хом меред – гуфтас.
Ин Гамбускак
- Хай – гуфтас.
Мушак рафтас. Ин Гамбускак хонекойа рӯфтас, ахлотакойа ҳав метейам гуфта, чуқуриба ғалтида мондас. Ҳарчанд зӯр мезанад буромда наметонад. А ун тараф йак аспакӣ гузаштас. Аспакийа дидасу гамбускак гуфтас, ки:
- Эй аспакийи аспсувор,
Қамчин думи мор,
Рафтӣ Мушакро бигӯ,
Саноч да пуштакро бигӯ,
Моҳи моҳтоби ту дар об,
Йак даста гулу шамъу чироғи ту дар об.
Агар рафта нагӯйӣ, кунат да намати пошшо часпад – гуфтас.
Аспакӣ рафтас, хонӣ пошшо. Пошшо катӣ шиштааа, сӯҳбат кардааа шиштас. Ай йодаш ин гап буромардас. Ач ҷойаш мехезад, ки кунаш да намади пошшо часпида мондас. Айнан ҳамин гамбускак гуфтагийа такрор мекунад:
- Эй аспакийи аспсувор,
Қамчин думи мор,
Рафтӣ Мушакро бигӯ,
Саноч да пуштакро бигӯ,
Моҳи моҳтоби ту дар об,
Йак даста гулу шамъу чироғи ту дар об.
Ин гапа Мушак мефаҳмаду тозон-тозон мебийод, ки гамбускак ғалтида мондас ҳакиқатан. Баат Мушак гуфтас, ки Гамбускакба:
- Чачета те, чачета.
- Наметейам чачема, чачеком да тайи санг, чашмаком буккалалӣ.
Боз такрор кардас:

Бо ин такрор кардас:

Дасташа надода, надода қаҳраш омдасу йакта санга ҳав додасу Гамбускак ҷобаҷо шудасу мурдасу мондас.

❤4
Мутояба
Марде ба шахсе расиду оғози гила кард, ки:
— Раво бошад, ки маро намешиносӣ ва риояти ҳаққи ман намекунӣ?
Он шахс ҳайрон монду гуфт:
— Аз инҳо, ки ту мегӯйй, ман хабаре надорам!
Гуфт:
— Падарам модари туро хостгорӣ карда будааст. Агар вайро мехост, ман бародари ту мебудам.
Он шахс гуфт:
— Валлоҳ, ин хешиест, ки сабаби он мешавад, ки ман аз ту мерос бараму ту аз ман мерос барӣ!
Қитъа
Гумони хомтамаъ он бувад, ки бар ҳама халқ,
Фариза аст, ки бо вай шаванд эҳсонсанҷ.
Чу хомии тамаи ӯ ба пухтагӣ нарасад,
Фитад зи тангдилӣ дар мазиқи* меҳнату ранҷ.
Абдурраҳмони Ҷомӣ. «Баҳористон».
* Мазиқ - ҷои танг, тангно.

❤3