СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
1.73K subscribers
2.72K photos
797 videos
704 files
434 links
🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc
Download Telegram
САЪДИНОМА - Дарси 34.pdf
289.3 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 34. Бо иловаи тарҷимаи мухтасари ӯзбекӣ
@tojik
Рафтӣ, ҷавониям, нанамудӣ хабар маро,
Рафтӣ, накарда як хабари мухтасар маро.
Дар ҷустуҷўи ёри худ андар фалак будам,
Аз ҳусни хок бехабарӣ буд басар маро.
Омад хабар, ки ходими маҳшар бувад Замин,
Равшан шуд он дақиқа ҳама ҳўши сар маро.
Он ёр дар дилу мо бехабар, магар,
Аз шавқу шўр кард басо дарбадар маро?!
Акнун, Худои ман, ба ман анвори худ намо
Ё, гў кашад ба кулбаи худ хоки тар маро!
Як шайх дар ҷавонӣ ишорат ба салла кард,
Гуфто: «Бидон кафан бувад он гирди сар маро!»
Гаштан шаҳиди роҳи Худо як нафас бувад,
Аммо хуш аст ошиқиву чашми тар маро.
Гуфтам ба Лайлӣ оҳ, нигар ошиқат, бигуфт:
«Ў бо Худову ҳеҷ насозад назар маро!»
Дар маҳфиле, ки шамъи вай аз шеъри Рўдакист,
Сад бор кушта зинда кунад то саҳар маро.
А з  "Н и ё и ш н о м а и  П и р и  Ҳ и с о р"
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 35.pdf
297.5 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 35. Бо иловаи тарҷимаи мухтасари ӯзбекӣ
@tojik
Азроил он бувад, ки надонад баҳонаро,
Во мекунад ба як пуфи худ қуфли хонаро.
Паймона пур шавад, нахўрад раҳми ҳеҷ кас,
Не шоҳу не гадову на тифли ягонаро.
Дунё асири соати мафҳуми Холиқ аст,
Бар кас нагуфт оқибати ин фасонаро.
Ҷони ҳама, ки мекашад Азроил аз бадан,
Сўҳон чаро, ки бод кунад куҳнахонаро?!
Сўрохи мағзи хора кунад қатра-қатра об,
Оташ чи сўзад ин ҳамаи хону донаро?!
Бар хок заҳматест ба дастони одамӣ,
Барҳам чаро занад ҳамаи ин нишонаро?!
Пас, баҳри чист кина ба Азроил, эй рафиқ,
К-ин ҷо ҳақиқатест Худои ягонаро.
Бар дўши хеш ҳар чи тавонӣ ҳамон бикаш,
Боз ин ки гир таҳти назар ин замонаро.
Ҳар ҷо шунидаам, ки бузургони ақл ҳаст,
Побастаанд кунҷаки завлонахонаро.
Аз "Н и ё и ш н о м а и П и р и Ҳ и с о р"
@tojik
СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
Азроил он бувад, ки надонад баҳонаро, Во мекунад ба як пуфи худ қуфли хонаро. Паймона пур шавад, нахўрад раҳми ҳеҷ кас, Не шоҳу не гадову на тифли ягонаро. Дунё асири соати мафҳуми Холиқ аст, Бар кас нагуфт оқибати ин фасонаро. Ҷони ҳама, ки мекашад Азроил…
Саидалӣ Саид (1959 - 2019) мутахаллис ба Пири Ҳисор, нависанда, шоир, мутарҷим ва муфассири Қуръони
маҷид буда, муаллифи китобҳои қиссаҳову ҳикояҳои «Сафинаи умед» (1993), «Лолаҳои арғувонӣ» (1994),
«Вақте ки марг ҳам фаро мерасад» (1995), инчунин, ҳафт ҷилди тарҷума ва тафсири манзуми сураҳои
Қуръони карим, таҳти унвони «Тафсири Зарнигори Валӣ» аст. Романи «Ману оҳанги шайтонӣ», повесту ҳикояҳо ва маҷмўаи ашъори «Розҳои варақи куҳнакитоб» ба қалами Саидалӣ Саид тааллуқ дошта, намунаи шеърҳояш дар маҷмӯаи дастаҷамъонаи «Баёзи панҷгона» чоп шудаанд. Бештари ашъораш ирфонӣ буда, солҳои охир дар телевизиони «Тоҷикистон» барномаи тафсири
ирфонии шеърҳои Ҳофиз ва Бедилро пахш мекард. Аз соли 1993 узви Иттифоқи нависандагони
Тоҷикистон ва соли 1996 Лауреати Мукофоти адабии ҷавонони Тоҷикистон мебошад.
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ


آهِ دردآلود می باید مرا
نغمهٔ داوود می باید مرا
تارخِ آن ماهِ تابان بنگرم
طالع ِ مسعود می باید مرا
Оҳи дардолуд мебояд маро,
Нағмаи Довуд мебояд маро.
Торихи он моҳи тобон бингарам,
Толеъи масъуд мебояд маро.
مژگانِ سرمه دارِ تو چون تیغ برکشد
گر سر رود بلند نگردد صدایِ ما
Мижгони сурмадори ту чун теғ баркашад,
Гар сар равад, баланд нагардад садои мо.
تا مُقابِل کرد با خود حُسنِ یار آیینه را
آمد آبِ تازه ای بر رویِ کار آیینه را
То муқобил кард бо худ ҳусни ёр оинаро,
Омад оби тозае бар рӯи кор оинаро.
سوخت تا داغِ محبّت دلِ دیوانهٔ ما
شمع گردید بَگِردِ سرِ دیوانهٔ ما
Сӯхт то доғи муҳаббат дили девонаи мо,
Шамъ гардид ба гирди сари девонаи мо.
می کنم رویِ طلب هر جا که می خونی مرا
مایلم همچون ورق هر سو که گردای مرا
در طلب بی دست و پایم همّتی ای دردِ دل
تا برد سیلابِ اشک آن جا به آسانی مرا
Мекунам рӯи талаб ҳар ҷо, ки мехонӣ маро,
Моилам ҳамчун варақ ҳар сӯ, ки гардонӣ маро.
Дар талаб бедасту поям, ҳиммате, эй дарди дил,
То барад селоби ашк он ҷо ба осонӣ маро.
Осафи Ҷоҳнаввоб (Ҷадди модариаш Низомулмулк Баҳодур – вазири аъзами Шоҳҷаҳони подшоҳ аст ва бобои падариаш – Обидхон аз акобирони Самарқанд)
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ
آه از دلم آن لعلِ مَی آلود برآورد
دردا که زِ من آتشِ بی دود برآورد
چون بود مُرادِ تو برآوردنِ جانم
المِنَّةُ لله که خدا زود برآورد
Оҳ аз дилам он лаъли майолуд баровард,
Дардо, ки зи ман оташи бедуд баровард.
Чун буд муроди ту баровардани ҷонам,
Алминату лИллоҳ, ки Худо зуд баровард.
Мавлоно Осафӣ
@TOJIK
САЪДИНОМА - Дарси 37.pdf
292.9 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 37. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

چو به طفلیش بدیدم بنمودم اهلِ دین را
که شود بلایِ جانها بَشُما نـمودم این را
Чу ба тифлияш бидидам, бинамудам аҳли динро,
Ки шавад балои ҷонҳо ба шумо намудам инро.
Мавлоно Аслии Машҳадӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

میکنم دیوانگی تا بر سرم غوغا شود
شاید از بهرِ تماشا آن پری پـیـدا شود
Мекунам девонагӣ, то бар сарам ғавғо шавад,
Шояд аз баҳри тамошо он парӣ пайдо шавад.
Афсари Бухороӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

امروز مـیرود به گلستان نگارِ ما
از دست میرود چو حنا اختیارِ ما
Имрӯз меравад ба гулистон нигори мо,
Аз даст меравад чу ҳино ихтиёри мо.
دوستان موسمِ گل آمد و دل شاد کید
دست در گردنِ هم زمزمه بنیاد کنید
Дӯстон, мавсими гул омаду дил шод кунед,
Даст дар гардани ҳам замзама бунёд кунед.
Афсар (номаш Боқиралихон)
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 38.pdf
281 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 38. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 39 -41.pdf
328 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарсҳои 39 - 41. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik