СУХАНҲОИ БУЗУРГОН //اساس گُذارِ این کانال شادروان نور سلطان عظیم او
2K subscribers
2.77K photos
818 videos
757 files
468 links
🇺🇿🇺🇿🇺🇿ШАБАКАИ БЕҲТАРИН🇺🇿🇺🇿🇺🇿
аз Тоҷикони Ӯзбекистон

ОДАМОН АЗ ДӮСТӢ ЁБАНД БАХТ,
ДУШМАНӢ ОРАД БА МАРДУМ РӮЗИ САХТ!

Шабакаи мо: @tojik

Барои пешниҳод : 👇✍️👇
@Anis_sc
Download Telegram
Мусаввир: Ҷамшеди Муҳаммадӣ

НАШТАРИ ИШҚ
قاتلِ من چشم میبندد دَمِ بسمل مَرا
تا بماند حَسْرَتِ دیدارِ او در دل مرا
Қотили ман чашм мебандад дами бисмил маро,
То бимонад ҳасрати дидори ӯ дар дил маро.
ساز آباد، خدایا، دلِ ویرانی را
یا مَدِه مِهرِ بُتان هیچ مُسلمانی را
Соз обод, Худоё, дили вайронеро,
Ё мадеҳ меҳри бутон ҳеч мусалмонеро.
دل، که تومارِ وفا بود، منِ محزون را
پاره کردند ندانسـته بـتـان مـضمـون را
Дил, ки тумори вафо буд, мани маҳзунро
Пора карданд надониста, бутон, мазмунро.
بـیـوفـایـی شـیـوهٔ مـحـبـوب مـیدانیم ما
نیست خوبان را وفایی خوب میدانیم ما
Бевофоӣ шеваи маҳбуб, медонем мо,
Нест хубонро вафое, хуб медонем мо.
تا نسوزم پَـرده بر رُخسارِ آتشناک بَست
وه که خواهد سوختن این آتشِ پنهان مرا
То насӯзам, парда бар рухсори оташнок баст,
Ваҳ, ки хоҳад сӯхтан ин оташи пинҳон маро!
Мавлоно Осафӣ (ҳамзамон ва аз шогирдони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ) – مولانا آصفی
@tojik
Мусаввир: Ҷамшеди Муҳаммадӣ

НАШТАРИ ИШҚ


نـاقـه رامـیـرانـد لـَیـلی ســویِ مــنــزلــگــاهِ یــار
ساربان در ره هُدیٰ میگفت و مجنون می گرست
Ноқаро меронд Лайлӣ сӯи манзилгоҳи ёр,
Сорбон дар раҳ ҳудо мегуфту Маҷнун мегирист.
Мавлоно Осафӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

آستین مالید و دامن برزد آن بیباک مست
وای بر جانم که افتادم زِ پا، رفتم زِ دست
Остин молиду доман барзад он бебоки маст,
Вой бар ҷонам, ки афтодам зи по, рафтам зи даст!
Мавлоно Осафӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

دی زِ پیشِ تو رقیبِ سِتَم اَندیش نرفت
کردم اندیشه بسی تا برود، پیش نَرفت.
چون روان شُد پیِ تابوتِ من آن سروِ روان
مـیـشـدم زنـده، ولـی یک دو قدم بیش نرفت
Дӣ зи пеши ту рақиби ситамандеш нарафт,
Кардам андеша басе то биравад, пеш нарафт.
Чун равон шуд паи тобути ман он сарви равон,
Мешудам зинда, вале як-ду қадам беш нарафт.
Мавлоно Осафӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

تـو هـم در آیـیـنـه حـیـرانِ حُسنِ خویشتنی
زمانه ایست که هرکس بَخود گرفتار است
شـبـی زِ قـدِّ تـو افـتـاد ســایــه بــر دیــوار
هـنـوز عـاشـقِ غـمدیده رو به دیوار است
Ту ҳам дар оина ҳайрони ҳусни хештанӣ,
Замонаест, ки ҳар кас ба худ гирифтор аст.
Шабе зи қадди ту афтод соя бар девор,
Ҳанӯз ошиқи ғамдида рӯ ба девор аст.
Мавлоно Осафӣ
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 28.doc
614 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 28. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
Forwarded from Файзи Ғелон (Рузибойи Курбониён)
САЪДИНОМА - Дарси 29 ва 30.pdf
212.1 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 29 ва 30. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 31.doc
620 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 31. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

اگرچه نامهٔ شوقم درید و ور انداخت
ولی خوشم که بَه مضمون رسید و دور انداخت
از آن به خاک نشستم که آن کان ابرو
مرا چو تیر سویِ خود کشید و دور انداخت
Агарчи номаи шавқам дариду дур андохт,
Вале хушам, ки ба мазмун расиду дур андохт.
Аз он ба хок нишастам, ки он камонабрӯ
Маро чу тир сӯи худ кашиду дур андохт.
ماهِ من هر گه عرق از ویِ آتشناک ریخت
آبرویِ چشمهٔ خورشید را بر خاک ریخت
Моҳи ман ҳар гаҳ арақ аз рӯи оташнок рехт,
Обрӯи чашмаи хуршедро бар хок рехт.
Мавлоно Осафӣ
@tojik
НАШТАРИ ИШҚ

شُعله ایم امّا ز دودِ دل سِیَه پوشم ما
چن چراغِ لاله می سوزیم و خاموشیم ما
Шӯълаем, аммо зи дуди дил сияҳпӯшем мо,
Чун чароғи лола месӯзему хомӯшем мо.
Осафи Қуминажод
@tojik
Forwarded from Файзи Ғелон (Рузибойи Курбониён)
НУР-УЛ-ЪАЙН

Нақл аст, ки Товуси Ямонӣ бандае харида буд аҷамӣ, ки вай тозӣ намедонист. Шабе хуфта буд, он банда аз хоб биҷаст ва хоҷаро бедор карду гуфт: Ё мавлойӣ, аз ту ҳамехоҳам, ки маро сураи “Алҳ̣амд” биёмӯзӣ. Товус гуфт: Чӣ будааст? Гуфт: Ба хоб дидам, ки меъроҷе бар осмон ниҳода буданд ва ҷамоате бар осмон мешуданд. Гуфтам: Инҳо киёнанд? Гуфтанд: Инҳо пайғомбаронанд. Пас аз он қавме дигар дидам, ки бар осмон мешуданд, гуфтам: Инҳо киёнанд? Гуфтанд: Инҳо сиддиқонанд. Пас аз он қавми дигар дидам, ки бар осмон мешуданд, гуфтам: Инҳо киёнанд? Гуфтанд: Инҳо “Алҳ̣амд”-хононанд ва “Алҳ̣амд”-дононанд. Гуфтам: Бигузоред, то ман бо эшон ба осмон бароям. Гуфтанд: Ту аз аҳли мо нестӣ, туро бар осмон роҳ нест, бирав ва сураи “Алҳ̣амд” биёмӯз! Акнун, эй хоҷа, бояд ки маро сураи “Алҳ̣амд” биёмӯзӣ. Товус ӯро сураи “Алҳ̣амд” биёмӯхт. Шаби дигар бихуфтанд, овози банда ба гӯши Товус расид, ки бонг мезаду мегуфт: Инак омадам ва сураи “Алҳ̣амд” биёмӯхтам! Чун бомдод шуд, Товус бархост, ғуломро дид ҷон ба Ҳақ таслим карда буд. Маълум шуд, ки ба баракати сураи “Алҳ̣амд” ӯро низ бар осмон бурданд.
Илоҳо, ба ҳурмати саййиди коинот , ки моро аз савоби сураи “Алҳ̣амд” бонасиб дорӣ ва бенасиб нагардонӣ! Илоҳо, ҳарчи гуфтам шофеъу нофеъи мо гардон, ҳар киро дар ин маҷлис ҳозир оварӣ, фардо ба доруссалом ҳозир гардон, “йо Илоҳал ъоламӣн ва йо хайрун-носирӣн бираҳ̣матика йо арҳ̣амар-роҳ̣имӣн ва саллАллоҳу ъало Муҳаммадин ва олиҳи аҷмаъӣн!”
@fayzigelon
Forwarded from Файзи Ғелон (Рузибойи Курбониён)
НУР-УЛ-ЪАЙН

Чун бандагони Ҳақ ҳама фамонбари туанд,
Ту низ бандагӣ куну фармони Ӯ бубар.
Ҳар подшаҳ, ки хидмати Ҳақро камар бубаст,
Банданд халқ ҳам зи пайи хидматаш камар.

Ва чун хӯи раият тобеъи хӯи подшоҳ аст, чунонки омада: “Ан-носу ъало дини мулукиҳим” . Бас, ҳар гоҳ ки подшоҳ майли тоату ибодат кунад, раият низ бад-он кор роғибу моил шаванд ва баракоти ибодати раоё низ ба рӯзгори давлати подшоҳ восил гардад.
@fayzigelon
САЪДИНОМА - Дарси 32.pdf
197.6 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 32. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik
САЪДИНОМА - Дарси 33.pdf
201 KB
"Саъдинома" ё худ "Бӯстон". Дарси 33. Бо иловаи тарҷимаи ӯзбекӣ
@tojik