🌴 QURAN VA SUNAН ,🌼
33 subscribers
207 photos
235 videos
8 files
126 links
أهل القرآن هم الذين يعملون به

Аҳли Қуръон касоне ҳастанд, ки ба он амал мекунанд📌٢٢ //٥٦:(а) ТАВҲИД (@Tavhid_tj_bot)
Download Telegram
🥀7)-Хатна кардани тифл воҷиб аст то қариби болиғ шудан аммо пеш аз ин мустаҳаб мебошад.
Хатна ҳам барои писарчаҳо ва ҳам барои духтарчаҳо воҷиб мебошад.
Лекин қавли роҷеҳ барои духтарҳо мустаҳаб мебошад на воҷиб.

Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(خمس من الفطرة : الختان ، والاستحداد ، ونتف الإبط ، وتقليم الأظفار ، وقص الشارب) رواه البخاري ومسلم.
(Панҷ чиз аз фитрат мебошад:
Хатна кардан, зери нофро тоза кардан, зери китфро тоза кардан, нохунҳоро кӯтоҳ кардан, бурутҳоро кӯтоҳ кардан
).

Ҳикмат аз Хатна дар хаққи нарина ин тозаги ва пайрави милати Иброҳим зеро аввалин касе ки хатна кард Ҳазрати Иброҳим мебошад.
Ва дар ҳаққи модина шавҳатро мӯътадил месозад зеро агар модина хатна накунад шаҳваташ меҷӯшад.
Шайхул Ислом Ибн Таймия гуфтанд: аз ин сабаб дида мешавад чиқадар фоҳиша дар занҳои Татар ва алИфринҷ -Аврупо - оне ки дар занҳои мусалмон дида намешавад.
Маҷмуъ алФатава 21)114.
Лекин аз ҳад зиёд намегирад то ки шаҳваташ заъифбад нашавад.

🌻8)-Шир додани тифл.
Барои падар воҷиб аст омода кардани шир фарқ надорад шири модараш бошад ё шир зани дигар лекин шири модар беҳтар аст ва ҳақ дорад уҷра талаб кунад дар ивази шир.

Аллоҳ Таъоло фармуданд:
{وَإِن تَعَاسَرْتُمْ فَسَتُرْضِعُ لَهُ أُخْرَىٰ} الطلاق ٦.
{Ва агар бо якдигар сахтгири кунед пас уро зани дигар шир медиҳад} талоқ 6.


✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
https://t.me/muvahhidalhijazi
🪷9)-Вақте хӯрок хур мешавад барои тифл хӯроки муносиб ба ҳолаш омода кардан.
Паёмбар صلى الله عليه وسلم гуфтанд:
(كفى بالمرء إثما أن يضيع من يقوت) رواه أبو داود وراه مسلم بمعناه.
(Кофи аст барои инсон гуноҳ инки ки зоеъ кунад нафақаи касеро ки воҷиб аст)

🪻10)-Тарбияи Имони Исломи кардан воҷиб аст хосстан вақте тифл ба синни тамииз мерасад яъне 6-7 сола мешавад.
Аввалин чизе ки шуруъ карда мешавад дар таълиму тарбияи Тифл ин Тавҳид мебошад аз рӯзе ки суханро мефаҳмад ва гап мезанад мисли 3-4 сола таълим дода мешавад.

Аллоҳ Таъоло аз забони Ҳазрати Луқмон моро ёдовари мекунад ҳазрат ба писараш мегуфтанд:
{يَا بُنَيَّ لَا تُشْرِكْ بِاللَّهِ إِنَّ الشِّرْكَ لَظُلْمٌ عَظِيمٌ }
لقمان ١٣.
(Эй писараки ман ба Аллоҳ шарик наёвар ҳароина ширк зулми бузург аст) луқмон 13.

Ва воҷиб аст бар падар ва модар таълим додани кӯдак таҳоратро намозро рӯзаро аҳкоми динро.
Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(مروا أبناءكم بالصلاة وهم أبناء سبع واضربوهم عليها وهم أبناء عشر وفرقوا بينهم في المضاجع). رواه أحمد وأبو داود.
(Фарзандонатонро амр ба намоз кунед ва онҳо писарҳои ҳафт сола ҳастанд ва дар тарки намоз бизанед  ва онҳо писарони даҳ солаанд ва ҷудо кунед байни онҳо дар ҷойгаҳ)

Занони саҳоба кӯдакони худро рӯза гирифтанро одат мекунониданд Ҳазрати Рубаййъ бинт муаввиз мегӯяд:
(فكنا نصومه بعد ونصوم صبياننا ونجعل لهم اللعبة من العهن فإذا بكى أحدهم على الطعام أعطيناه ذاك حتى يكون عند الإفطار ) رواه البخاري ومسلم.
(Мо рӯзи ошуроро рӯза медоштем ва кӯдакҳоямонро рӯза мегиронидем ва барои онҳо бозича месохтем аз пашм вақте яке аз онҳо мегирист аз барои таъом бозичаро медодем ҳатто вақти ифтор мешуд).


Ва бо ҳамроҳи худ ҳаҷ мебурданд, Соиб ибн Язид мегӯяд:
(حُج بي مع رسول الله صلى الله عليه وسلم وأنا ابن سبع سنين) رواه البخاري.
(Маро ҳаҷ бурданд бо ҳамроҳи расули Аллоҳ ва дар ҳоле ки ман 7 сола будам)

Ва инчунин вақте тифл 6-7 сола мешавад ӯро ба масҷид бо худ бурдан хосстан рӯзи Ҷумъа ва дар рӯзҳои Иъд ва дар ҳалқаҳои иълм нишастан ва ба назди Уламо бурдан дар дарсҳои иълми аз хурдсолӣ иштирок кардан ва ғайраҳо ҳамаи ин дар хориҷ ғолибан вазифаи падар мебошад.
Ва вазифаи Модар дар хона муҳимтар мебошад зеро бисёр чизҳоро Тифл аз рафтору гуфтори Модар меомӯзад бинобарин Падару Модар як чизро бояд хуб бидонанд: Ҳамоно ахлоқи фарзандони шумо нусхае аз худи шумо мебошад бояд мутаваҷҷеҳ бошед ва бо диққат бошед дар рафтору кирдору гуфторатон агар бад ахлоқ бошед дурушт сухан бошед ҳар рӯз ҷангҷӯ ҷанҷол... Мунтазири фарзанди бо ахлоқ диндор набошед зеро ғолибан фарзанди солеҳи хуш ахлоқ дар байни ингуна ашхос пайдо намешавад.


Ҳуқуқҳои дигаро мунтазир бошед 👇

✍🏻 Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази.
https://t.me/muvahhidalhijazi
🍁11)-Ҳимоят кардани кудак аз зарарҳои ҷисми ва нафси ва руҳи.

Паёмбар صلى الله عليه وسلم
Фармуданд:
(كلكم راع وكلكم مسئول عن رعيته الإمام راع ومسئول عن رعيته والرجل راع في أهله والمرأة راعية في أهل بيت زوجها وولده).
رواه البخاري ومسلم.
(Ҳамаи шумо чӯпон мебошед, ва ҳамаатон масъул мебошед аз рамаи худ, Имом чӯпон аст ва масъул аст аз раъияш, ва Мард чӯпон мебошад  дар аҳлаш ва Зан чӯпон мебошад дар аҳли хонаи шавҳараш ва фарзандаш).

Бидон эй падар ва эй модар‼️
Ин Тифле ки шумо сабаб пайдоиши у шудаед банда ва мамлуки шумо нест.
Ин бандаи Аллоҳ аст шумо аз муъомилаи худ бо у рӯзи қиёмат пурсида мешавед!.

Баъзе падарон ва модарони бе раҳм ба як тариқае муъомила мекунанд бо фарзандонашон гӯё ки ҳаққи мутлақ дошта бошанд бар онҳо дар ҳамаи тасарруфоташон, дида мешавад яке фарзандашро мекушад дигаре духтарашро мефурӯшад сеюму чаҳорум бо корду лапоткаву шламбер мезанад Аллоҳ руйҳои шӯморо сиёҳ кунад шумо чиву падару модар гуфтани шумо чи!

Кӯдаки аз 7 сола поёнро задан мамнӯъ аст мутлақан! балки асаби кардан дод задан бар чеҳраи ӯ ва ҷанг карданаш шахсияти ӯро мешиканад ва эҳтимоли хеле зиёд аст ба касалиҳои рӯҳӣ ва нафси гирифтор шавад!.
Ман инро аз чандин докторҳо шунидам!.
Агар 7 сола шуд инчунин задан ҷоиз нест! Ва доду фарёд кардан асаби кардан инчунин ба касалиҳои рӯҳӣ ва нафси гирифтор мешавад ва шахсияти заъиф ва маъюб мешавад, шумо инро ба чашм асарашо зуд намебинед ва лекин каме дертар пайдо мешавад.
Задани Кӯдак ва Асаби кардан дод фиғон кардани болои сари кӯдак чандин зарару зиёнҳо дорад ҳамаашро зикр намекунед лекин як чанд асарашро мегӯем:
‼️Иълми нафс мегӯяд:
Ин кӯдак шахси мезадагиро ҳақорату дашном лаънат мекардагиро дӯст намедорад меҳр надорад агар рафту гуфт дӯст медорам дурӯғ мегӯяд.
Ва бовариро аз даст медиҳад бо ту дигар роз намегуяд ва чизе бо у рӯх диҳад пинҳон мекунад аз Падару Модар зеро онҳо маҳали амон ва бовари нестанд.
Ва бо худ низ бовариро аз даст медиҳад, ва ин аз сабабҳо асоси шахсиятҳои заъиф мебошад.
Дар қалбаш фароғи отифи дорад (эмоциональная пустота)
Бо бадан бо шумо дар хона лекин бо рӯҳаш бо қалбаш бо шумо нест абадан! ҳар касе холигии қалбашро пур кунад асири ҳамон шахс мешавад, фарқ надорад ҳар касе бошад рафиқ, муъаллим, шавҳар, ҳамсар, ва ғайраҳо.
Бисёр тарсончак пакару бе ғайрат мешавад қиёдатро аз даст медиҳад бо худ назари дуни дорад яъне дар куҷои набошад нафси худро ахирон шахс медонад яъне дигаронро боло аз худ дар шакл ва дар иълм ва ҳунар ва маҳорат ва ғайра... Зеро доиман мешунид таҳқир дашном ва дар назди у дигарҳоро мадҳ кардан ва ӯро паст задан бесаводи кам ақл гуфтан бе ҳунар гуфтан аз даҳони ин падару модар худо зада як гапи хуб шунида набуд фақат дашном таҳқир!
Ҳоли аксари падару модарони бе маърифати Тоҷик ҳамин аст.
Ё роҳ зан одамкуш бе раҳм муҷирму ҷиноят кор мешавад зеро ин зарбаҳо таҳқиру дашномҳо шахсияти ӯро бе раҳму санг дил сохта аст.
Уламои иълм нафс мегӯянд аксари ҷинояткорҳо одамкушҳо давраии кӯдаки сангин бе раҳмона гузарониданд.
Дар иктиоб (депрессия) дучор мешавад фикри худ куши мекунад.
Ва инчунин дар хобаш дар ҷойгаҳ пешоб мекунад ва хобҳои тарснок мебинад.
Ва инчунин девона шуданаш эҳтимол дорад.
Аммо дар масалаи вақте калон шуд оққи падару модар шуд онҳоро буз кашид бо мушту лағат зад чиқадаре мегӯед кам аст ва ҳамаи шумо ҳаррӯз дида ва шунида истодаед! Ягон нафаре аз онҳо давраии кӯдакии хуб бо падару модар надоштаанд тарбияи исломи имони инсони дидаги нестанд!.

🔰Дар кадом умр кӯдак зада мешавад?
Ҷавоб: дар даҳ солаги.
Ва ҳамин ҳам дар тарки фарзи айн мисли намоз рӯза ва ғайра дар мустаҳаб На!.

💎Пеш аз задан як чанд марҳала мебошад:
Якумбор насиҳат.
Дуюмбор таҳдид.
Сеюмбор ҷанг кардан.
Чаҳорумбор задан.

💎Одоби задан:
Пеш задан бояд хабар дод барои чи зада мешавад.
Ва дар сар, рӯй, шикам, қалб, олатҳои мардонаги намезанед.
Дар як макон бисёр намезанед балки зарбаҳоро тақсим мекунед дар маконҳои сер гӯшт ва равған.
Ва дастро дар задан зиёд балад намекунед ва ба кули қувва намезанед.
Ва дар вақти задан ба нияти тарбия мезанад на интиқом.
Ва аз 10 дурра зиёд намезанад

https://t.me/muvahhidalhijazi
✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази.
🍀12)-Ҳифз кардани кӯдак аз ҳаром кардагиҳои Аллоҳ аз синни хурдсолӣ.

Аллоҳ Таъала фармуданд:
{يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا قُوا أَنْفُسَكُمْ وَأَهْلِيكُمْ نَارًا} تحريم ٦.

{Эй касоне ки имон овардед нафсҳои худро ва аҳли худро аз оташ ҳимоя кунед}
таҳрим 6.

‼️Бояд падару модар фарзанди худро аз ҳаромҳо дур нигоҳ дорад, ҳар чизе ки фитрати ӯро ҷазир мегардонад бар канор гирад, фарқ надорад он чизҳои ҳаром чи амали бошад ё фикри ва ақоиди хосатан ҳамин мултфилмҳои куффор ва бозиҳое ки дар он куфру ширкро нашр месозанд! Бар ҳазар бошед!.
Шумо мадонед?! Тифл дар хурдсоли то калон шудан барои худ қудва ва каҳрамон герой мекобад?! то ба у тақлид кунад ва шабеҳи у шавад ва роҳи ӯро пеш гирад?!
Барои пур кардани ин ғаризаи холи бояд қаҳрамонҳои ҳақиқиро ба у нишон дод аз қиссаҳои Паёмбарон сар карда то Саҳобагон ва Муҷоҳидини ин уммат на Супермену Бетмени кофири хаёлиро.

Метавонед дар ивази мултфилмҳои куфор мултфилмҳои исломи гузоред алҳамдуллилоҳ дар ютуб дида мешавад вақтҳои ахир мултфилмҳои исломи бештар шудаст дар он танҳо аз қиссаҳои Паёмбарон ё Саҳобагон ё одобу ахлоқ намоиш дода мешавад.

Ва инчунин дур нигоҳ доштани фарзанд аз рафиқони бе намозу бад ахлоқ хеле зарур мебошад.
Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(إنما مثل الجليس الصالح والجليس السوء كحامل المسك ونافخ الكير، فحامل المسك إما أن يحذيك وإما أن تبتاع منه وإما أن تجد منه ريحا طيبة، ونافخ الكير إما أن يحرق ثيابك وإما أن تجد ريحا خبيثة) متفق
(Ҳароина мисоли ҳамнишинӣ солеҳ ва ҳамнишини бад мисли бардоранди миск -Мискфурӯш - ва пуфкунандаи оташ -Оҳангар-, пас Миск фурӯш ё инки ба ту миск ҳадия мекунад ё инки аз у мехари ё инки аз ӯ буй хӯш меёби, ва Оҳангар ё инки либосатро месӯзонад ва ё инки аз ӯ буй бад эҳсос мекуни
)

‼️Ва инчунин барои падару модар хеле зарур аст аз хурдсоли фарзандони худро ба либоси шаръи пӯшондан оддат кунонад хосстан духтаро аз синни 7 солаги либоси ҳаёро пушонда бо иффат ба воя расонад.
Як чизро мехоҳам ба падару модарон ёдовари ва ё гуш зад кунам дар мавриди духтаронашон, бисиёре аз падарон ва модарон бо духтарони болиғи (9 сола ва боло ) худ мисли кӯдак муъомила мекунанд мегӯянд кӯдак аст баъзеашон 14 -15 сола мешавад то ҳол ҳамон либосеро бар тан мекунанд 50% баданро намепӯшонад ё пушонад лекин бадан дида мешавад ё танг аст хулоса ҳиҷоби шаръӣро риъоя намекунанд! Ва инчунин ӯро бо чашми падари ва модари худ назар мекунанд на ба чашми мардони бегона! Ин хатоги бузург аст!.
Эй падар ва эй модар ин духтари шумо кӯдак нест! Ин духтар барои мардони бегона модари фитнаҳо аст на танҳо фитна! балки агар занҳои 25 -30 сола фитна бошанд духтарони ҷавони аз 20сола поён модарони фитна мебошанд, яъне ашад даҳо баробар! Бар ҳазар бошед!.

🔰Агар фарзанд сар каши кард итоат накард ва аз кори ҳаром даст накашид агар 10 сола бошад ҷоиз аст задан бад аз насиҳат кардан ва таҳдид кардан чигуна дар боло одоби заданро зикр кардем.
Танбеҳ: дар корҳои ҳаром задан ҷоиз аммо дар макрӯҳ ва мубоҳ задан ҷоиз нест.

Ҳуқуқҳои дигаро мунтазир бошед


✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
https://t.me/muvahhidalhijazi
🍂13)-Тарбияи иълми ва ҷисмони додани фарзанд ва аз ризқи ҳалол нафақа кардан.


Ривоят мешавад аз Паёмбар صلى الله عليه وسلم ки фармудааст:
(حق الولد على الوالد: أن يعلمه الكتابة والسباحة والرماية، وألا يرزقه إلا طيبا)
رواه البيهقي في شعب الإيمان.
وفي رواية عنه (أن يعلمه الكتاب) بدون التاء المربوطة.

(Ҳаққи фарзанд бар падар инки ӯро навистанро ва шиновариро ва тирпарониро омӯзад, ва инки нахӯронад ӯро магар аз ризқи пок).

Дар як ривояте байҳақӣ (Инки омӯзонад ӯро Қур'он) бидуни тои марбута.

Дар як ривояте Суюти зикр мекунад (والمرأة المغزل)
(Ва занро ришта бофтанро -яъне дӯзандагӣ
-)


Инчунин Ҳазрати Умар дар замони хилофаташ ба аҳли шом мактуб навистан гуфтанд:
(أن علموا أولادكم: السباحة والرمي والفروسية) فيض القدير للمناوي.
(Омузонед фарзандҳоятонро: шиновариро ва тирпарониро ва аспдавониро)

💎Фоидаҳо ва ҳуқуқе ки аз ҳадисҳо гирифта мешавад:
Бояд ҳар падар ва модар фарзанди худро омӯзонад:
Қур'онро, навистанро, шиновариро, тирпаррониро, ва асп савориро, ва аз инки ӯро аз ризқи ҳалол хӯронад.
Умуман тарбияи ҷисмонӣ додан барои кӯдакон хеле хуб ва муфид аст дар сиҳат ва саломати у.
Ҳар варзише бошад боке надорад лекин ҷисмони бошад яъне кӯли бадан ҳаракат кунад мисли давидан, гуштин гирифтан, обози кардан, асп савори кардан, дар девор ва ё дарахт баромадан бад аз лавозимоти эҳтиётиро гирифтан, бо таппончаҳои пластмаси парондан ва ғайраҳо ҳамаи ин дар ҳаққи писарбача.
Агар духтарак бошад:
Ӯро меомузад дӯзандагиро хондану навиштанро ҳаё ва ҳашаматро аммо тарбияи ҷисмони мисли бурдан ба гимнастика ҳаром аст ва бе ҳаёгист! Лекин агар танҳо бошад дар ҳуҷраи худ тарбияи ҷисмони кунад мисли гимнастика ва ғайра боке надорад лекин бар ҳазар бошад ки эҳтимол аст пардаи бакорат аз байн равад агар ҷуҳди зиёд кунад.

Ҳуқуқҳои дигаро мунтазир бошед.

https://t.me/muvahhidalhijazi
✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
🌴14)-Адл кардан дар додани мол байни фарзандон ва меҳрубон будан бо онҳо.

Паёмбар صلى الله عليه وسلم Гуфтанд:
(اتّقوا اللَّه! وَاعدلوا في أولادكم)
رواه البخاري ومسلم.

(Аз Аллоҳ битарсед! дар фарзандҳоятон адл кунед).


Ва инчунин صلى الله عليه وسلم гуфтанд:
( اعدلوا بين أولادكم، اعدلوا بين أولادكم، اعدلوا بين أولادكم ) رواه أحمد.

(Адл кунед байни фарзандонатон, Адл кунед байни фарзандонатон, Адл кунед байни фарзандонатон)

Нӯъмон ибн Башир мегӯяд
(انطلَق بي أبي يَحملُني إلى رسول الله صلى الله عليه وسلم، فقال: يا رسولَ الله، اشْهَد أنِّي قد نحلتُ النُّعمان كذا وكذا من مالي.
فقال:أكُلَّ بنيك قد نَحلتَ مثل ما نحلتَ النُّعمان؟
قال: لا، قال:فأشهِد على هذا غيري ثُمَّ قال:أيسُرُّك أن يكونوا إليك في البرِّ سواءً؟، قال: بلى، قال فلا إذًا) رواه البخاري ومسلم.
وفي رواية لمسلم (فلا تُشهِدنِي إِذًا فإِنِّي لَا أشهد على جور)


(Маро падарам гирифта ба назди Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم бурд.
Пас гуфт эй расули Аллоҳ шоҳид бош ман ба Нӯъмон Аътия -ҳадия- додам ин қадар ва ин қадар аз молам.
Ҳазрат гуфтанд: оё ба ҳамаи фарзандонат доди мисли ки ба Нӯъмон доди?
Гуфт: На, -дар ҷавоб Расули Аллоҳ- гуфтанд: шоҳид гир дар ин ғайри маро, сипас гуфтанд: оё дӯст медори ки ҳамаи онҳо дар неки кардан ба ту яксон бошанд? Гуфт Бале, гуфт пас ин тавр накун).


Дар як ривояте дигар аз муслим:
(Маро шоҳид нагардон инхел бошад, ҳамоно ман бар зулм шоҳид намешавам)

Агар волидайн байни фарзандон ҷудо кунанд дар нафақа ё ҳадия ва ғайра дар зулм воқеъ мешаванд ва зулм ҳаром аст.
Ва дигар мафсадаҳо дорад мисли:
Сабаби душмани бад бини кам меҳри байни фарзандон ва волидайншон мешавад ва сабаби оқ шудани фарзанд мешавад.

Сифати ва кайфияти адл кардан:
Дар нафақа бар ҳар фарзанд ҳасаби эҳтиёҷаш додан.
Маслан: Эҳтиёҷоти писари 15 сола мисли эҳтиёҷоти писари 7 сола нест.
Шояд дар 15 сола 100$ дар як моҳ хароҷот шавад ва дар 7 сола 50$.

Дар ҳадия бошад байни духтар ва писар мисли меросашон дода мешавад.
Маслан: Агар ба писар 100$ додед ба духтар 50$ медиҳед.


💎Дӯстдоштан ва меҳрубон будан бо онҳо.

Ҳазрати Абӯ ҳурайра мегӯяд:
( قبَّل رسول الله صلى الله عليه وسلم الحسنَ بن علي رضي الله عنهما، وعنده الأقرعُ بن حابس، فقال الأقرع: إن لي عشرةً من الولد، ما قبَّلتُ منهم أحدًا! فنظر إليه رسول الله صلى الله عليه وسلم فقال: من لا يَرحَم، لا يُرحَم)؛ رواه البخاري ومسلم.
وفي رواية البخاري
(أوأملك لك أن نزع الله من قلبك الرحمة).


(Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم  бӯса карданд Ҳасан ибн Алиро ва дар наздаш Ақраъ ибн ҳобис нишаста буд, пас Ақраъ гуфт: Ман даҳ писар дорам ягонтаи онҳоро бӯса накардам, Расули Аллоҳ ба у назар кард сипас гуфтанд: касе раҳм намекунад раҳм карда намешавад
)

Дар ривояти Бухори:
(Оё ман чи кор карда метавонам барои ту агар Аллоҳ гирифта бошад аз қалбат раҳматро).


Бинед чигуна Расули Аллоҳ меҳрубон будан бо набераш ва инкор кардан бар ин мард бе меҳрубониро ба нисбати фарзандонаш.

Бидонед эй падарон ва модарон! агар бо фарзандонатон хосстан дар сини кӯдаки меҳрубони накардед! ба онҳо зарарҳои нафсони рӯҳони ақлони ҳатто ҷисмони мерасонед!.
Инро табибҳо тақрир кардан.
Баъзе аз ин зарарҳо:
Надоштани меҳр ба нисбати падар ва модар балки бад дидани онҳо.
Часпидан ба дигарон агар каме ба онҳо меҳр дӯсти изҳор кунанд.
Дер нашу намо ёфтани ақли тифл.
Нобовари ба худ таҳқири зот.
Боло донистани дигарон аз худ айбдор донистани худ.
Зуд дар депрессия ғалтидан дар камтарин мусибат ва гиристан пинҳони.

Чигуна муъомила карданд дар кор бо фарзандон?
Ҷавоб: Бахил набошед дар изҳори муҳаббат ва меҳр ва гуфтани калимаҳои ширин ба онҳо.
Шояд баъзе шумо бахил набошед дар додани мол барои фарзандонатон лекин бахил ҳастед инки онҳоро дустдори кунед дар оғӯш гирифта бӯса кунед суханони ширин гӯед амон диҳед.
Табибон гуфтанд тифл дар як рӯз эҳтиёҷ дорад 7 бор дар оғӯш гирифта шавад ва борҳо бӯса кардан шавад ва даҳо бор суханони ширин шунавонида шавад хосстан духтарро падар писарро модар.

Ва адолатро риъоя кунед ҳатто дар меҳру муҳаббат суханони ширин дар байни фарзандон балки дар инҷо заруртар ва хатарноктар аз додани мол зеро ҷудо кардан байни онҳо дар муҳаббат нафсияти тифлро мешиканад.


✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази.
https://t.me/muvahhidalhijazi.
🌱15)-Барои фарзандон дуо хайр кунед ва аз дуои бад бар ҳазар бошед.

Паёмбар صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(ثلاث دَعَوات يُستجاب لهن لا شك فيهن: دعوة المظلوم، ودعوة المسافر، ودعوة الوالد لولده)
رواه ابن ماجه.
(Се дуое ҳаст истиҷобат мешаванд шакке нест дар онҳо: дуои мазлум, ва дуои мусофир, ва дуои падар ё модар барои фарзандаш)


Ва инчунин фармуданд:
(لا تَدعوا على أنفُسكم، ولا تَدعوا على أولادِكم، ولا تَدعوا على أموالكم؛ لا توافِقوا من الله ساعةً يُسأل فيها عطاء، فيستجيب لكم) رواه مسلم.

(Бар алайҳи худатон дуо накунед, ва бар алайҳи фарзандони худ дуо накунед, ва бар алайҳи молҳоятон -ғуломҳо ва ҳайвонҳо- дуо накунед, мувофиқати намекунед аз Аллоҳ соатеро ки суол карда мешавад дар он ато, пас иҷобат карда мешавад барои шумо).

‼️Дуо кардани падар ва модар алайҳи фарзандони оқшуда ғолибан иҷобат мешавад ва алайҳи фарзандони но болиғ ва ё ғайри оқшуда ба лутфи ва раҳмати Аллоҳ иҷобат намешавад доиман лекин гоҳе иҷобат мешавад аз боби балои забон ва ғайра.


💎Насиҳати ман ба падарон ва модарон ин аст ки дар ҳаққи фарзандонатон дуои нек бисёр кунед, зеро дуои шумо дар ҳақашон иҷобат мешавад, дуои шумо боқувватар аст аз дуои дигарон хосатан агар аз ҷумлаи солеҳон бошед.
Ва одатҳои зиштро аз худ дур кунед мисли лаънат кардани фарзандон ва алайҳи онҳо дуо кардан, мутасифона ин зиёд мушоҳада карда мешавад! Аслан Оқил ин коро намекунад зеро дуо кардан алайҳи онҳо яъне алайҳи худатон дуо кардед! худатон зарар мебинед!,
Ба лаънат кардан дуо кардан фарзанди шумо ислоҳ намешавад балки бадтар ва бадбахтр мешавад.

Дуои нек кардан дар ҳаққи фарзандон ин аз ҳуқуқи онҳо бар шумо мебошад пас бисёр дуо кунед дар ҳақашон дар вақте ғазаб дар ҷои лаънат ва дашном бисёртар калимаи (Аллоҳ туро ҳидоят кунад кай ислоҳ мешави) гуфта агарчи ба овози ғазабнок ё баланд бошад боке надорад.



✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази.
https://t.me/muvahhidalhijazi
🌹16)- Шавҳар додани духтар зан додани писар.

Аз ҳуқуқҳои фарзандон бар падару модар ин оиладор кардани онҳо.

Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم фармуданд:
(مَن وُلِد له ولدٌ، فليحسن اسمَه وأدبَه، فإذا بلغ فليزوِّجه، فإنْ بلَغ ولم يزوِّجه فأصاب إثمًا، فإنَّما إثمُه على أبيه)
رواه البيهقي في شعب الإيمان.

(Барои касе таваллуд шавад фарзанд пас номи нек гузорад бар у ва тарбия хуб кунад, вақте ба балоғат расад оиладор кунад ӯро, агар болиғ шавад ва ӯро оиладор накард пас гуноҳ кард, ҳароина гуноҳаш бар дӯши падараш аст.)

 Инчунин аз Абдуллоҳ ибни Аббос ривоят шудаст гуфтанд:
(مَن رزقه الله ولدًا، فليحسن اسمَه وتأديبه، فإذا بلغ فليزوِّجه)
النفقة على العيال لابن أبي الدنيا.

(Барои касе Аллоҳ фарзанд ато кард пас номи нек гузорад ва адабаш тияд, вақте ба балоғат расид оиладор кунад).

 Инчунин аз Саъид ибн алАс ривоят аст гуфтанд:
(إذا علَّمتُ ولدي القرآن، وحجَّجتُه، وزوَّجتُه، فقد قضيتُ حقَّه، وبقي حقِّي عليه)
النفقة على العيال لابن أبي الدنيا.

(Вақте ман фарзандамро Қур'он омӯхтам, ва Ҳаҷ кунониндам ва оиладор кардам, ба таҳқиқ ҳақашро адо кардам, ва боқи мондааст ҳаққи ман бар ӯ)

 
Имом ибн Қудома гуфтанд:
(قال أصحابنا : وعلى الأب إعفاف ابنه إذا كانت عليه نفقته ، وكان محتاجا إلى إعفافه)
(المغني 8 / 172.)

(Асҳоби мо гуфтанд: бар падар воҷиб аст зан додани писар агар нафақаш бар гардани падар бошад, ва мӯҳтоҷ бошад дар зангири)

❗️Насиҳати банда барои Падарон Модарон ин аст ки барои фарзандони худ ҷуфтҳои муносиб ихтиёр кунанд аввалин сифатҳое ки бояд шарт гузошта шавад ин солеҳ будан ҳамон шахс диндору бо тақво буданаш! зеро ин сифатҳо агар пайдо шавад духтари шумо дар дасти шахси амонатдор меафтад Агар дӯсташ дорад иззату эҳтиром мекунад агар дӯсташ надорад зулмаш намекунад чигунаеки инро Имом Ҳасани алБасри гуфтанд.

❗️Як чизи дигарро мехоҳам ба падарон ва модарон бигуям:
Дар зан додан ва ба шавҳар додан фарзандони худро маҷбур насозед бар он касоне ки онҳо ихтиёр накарданд ғолибан ин рух медиҳад дар шавҳар доданӣ духтарони бокира! Ин ҳаққро падарон ва модарон надоранд!

Дар замони ҳазрати Паёмбар صلى الله عليه وسلم як духтари бокираи ҷавоне назди ҳазрати Оиша омаданд шикоят карда гуфтанд:
(إنَّ أبي زوَّجَني من ابن أخيه ليَرفَع بي خسيستَه، وأنا كارهة. فقالت: اجلسي حتى يأتي رسول الله صلى الله عليه وسلم، فجاء رسولُ الله فأخبرَته، فأرسل إلى أبيها، فدعاه، فجعل الأمرَ إليها، فقالت: يا رسولَ الله، قد أجزتُ ما صنع أبي ولكن أردتُ أن تعلَمَ النساءُ أنْ ليس للآباء من الأمر شيء).
رواه أحمد.

(Ҳамоно падарам маро ба шавҳари дод ба писараи бародараш то инки дур кунад пасти ӯро бо издивоҷ карданаш бо ман ва ман намехохам.
Ҳазрати Оиша гуфтанд: шинед то ки Расули Аллоҳ صلى الله عليه وسلم биёяд, пас Расули Аллоҳ омадаанд, Хабар дод ӯро- аз қисса-, Расули Аллоҳ фиристод ба суроғи падараш даъваташ кард, баъдан қазияро ба духтар супорид -яъне ихтиёр дод ё рози шавад ё рад кунад ин ҳаққи ту аст-, Пас ин духтар гуфтанд: Эй расули Аллоҳ ман иҷозат додам ба падарам бар чизе кардагиш ва лекин хостам ин ки бидонанд занҳо падарон дар ин кор ягон ҳаққе надоранд
).

❗️Насиҳати дигаре барои хоҳарон ва хосстан барои бародарон ин аст ки чашмро ҷуқида худро фиреб дода зан нагиред дар ҳоле ки дар қалби шумо майл ба ҳамин духтар ё писар нест, зеро ингуна оиладор шудагиҳо дер нагузашта аз якдигар як навъи нафар пайдо мекунанд ба гузаштани як ду моҳ ин эҳсос пайдо мешавад мегӯяд чаро ман ҳамин занро гирифтам ва зан бошад чаро ман ба ҳамин мард шавҳар кардам зеро бад аз моҳи асал нафсияти инсон сер мешавад ва ба худ меояд ва мефаҳмад ки ин ихтиёри ақлан набудааст балки аз ҷиҳати нафс ва шаҳват будааст! Ва яке аз сабабҳои ҷудо шудан талоқ додан ҳамин аст, ман даъват надорам ба дӯстдошта гирифтан балки даъват дорам ба чени дилат бошад зеро никоҳ як моҳу ду моҳ нест шояд то охири умр якҷоя бошед шояд камтар аз ин лекин як моҳу ду моҳ нақша кашида зан нагиред ва ба эҳсосоти отифаи хоҳарон бози накунед аз Аллоҳ тарсед инҳо аз шумо фарқи замину осмон доранд бад аз ҷудои месӯзанд ва ба ҳама қисса карда оби чашм мерезанд ё ба худ куши даст мезананд!.

تم ولله الحمد.
Шаби Ҷумъаи 13 Ҷумадул аввал 1446ҳ.

✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази

https://t.me/muvahhidalhijazi
МАНЗУМА (1).pdf
7.6 MB
Шарҳи манзумаи Абӯ Исҳоқ илБири дар панду насиҳат.
https://t.me/muvahhidalhijazi.
‼️Таҳзир:
Хоҳарони гиромӣ шӯморо таҳзир мекунам аз тағиир додани либосҳо дар ғайри хонаи худ хосстан дар раздевалкаи магазинҳои либос фурӯши!.
Дар яке аз сафҳаҳо хондам баъзе магазинҳо дар раздевалкаи занонаи худ ингуна камераҳои шурпи хӯрд мегузоранд! Ва ин наворҳоро дар сайтҳои порнографи мефурӯшанд! Тасаввур кунед суратҳои шумо дар сайтҳои порнографи мегардад ва шумо аз ин чиз бе хабар!.
Паёмбари гиромиамон صلى الله عليه وسلم чизро аз ҳаво намегуфтанд ҳар чизе гуфтанд ваҳи ҳаст ва барои масолеҳи умматаш аст бинед чи гуфтанд 1400 сол пеш.
( أَيُّمَا امْرَأَةٍ وَضَعَتْ ثِيَابَهَا فِي غَيْرِ بَيْتِ زَوْجِهَا فَقَدْ هَتَكَتْ سِتْرَ مَا بَيْنَهَا وَبَيْنَ اللَّهِ )
رواه أحمد والترمذي وأبو داود.
(Ҳар зане либоси худро дар ғайри хонаи шавҳараш мебарорад ба дурусти даронда пора кардаст сатре ки байни худ ва байни Аллоҳ аст).
Ривоят кард Аҳмад ва Тирмизи ва Абӯ довуд.

Хоҳарони гиромӣ имрӯзҳо шумо ҳадафи асоси душманони Ислом ва бадғаразон қарор гирифта шудаед!.
Пас ҷиҳоди шумо ҳифзи ҳаёву шарафатон мебошад, устувор бошед ва сабр кунед дар пӯшидани сатр ва бо ҳашамат берун баромадан, арзишу қимати шумо дар сатру ҳаёи шумост!.
بارك الله فيكن وحفظكن الله.
Нашр кунед мақоларо ва каналро Аллоҳ ҷазои хайр тияд ба ҳар шахсе ки нашр мекунад.


✍🏻Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази.
https://t.me/muvahhidalhijazi
😢1
Audio
Фазли даҳаи аввали зул ҳиҷҷа .m4a.

Аз ин рӯзҳои бузург ғофил набошед.
🎙Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
.
https://t.me/muvahhidalhijazi
Audio
Барои хоҳарон .m4a
The owner of this channel has been inactive for the last 17 months. If they remain inactive for the next 18 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 18 months. If they remain inactive for the next 9 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
📢Эълон мекунам аз давраи иълми дар китоби📚:
(شروط الصلاة وأركانها وواجباتها)
(Шартҳои намоз ва рукнҳояш ва воҷиботаш)
Муаллифи китоб Имом Муҷаддид Муҳаммад ибн Сулаймон атТамими анНаҷди (1115т- 1206в).

Шореҳ🎙: Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази غفر الله له.

Макони давра: Пахши мустақим 📱дар ин ҳамин канал
https://t.me/muvahhidalhijazi.

Муддати давра: ду маҷлис соатҳои иҷмоли аз 4-5 соат.

Вақти давра: Бад аз намози хуфтан ба тавқити намозҳои Мадинаи Мунаввара.

🗓Таърих давра: ин ша Аллоҳ имшаб таҳдид мекунем шояд пагоҳ ё рӯзи дигар.

Давра муносиб аст: барои ҳама кӯдакон ва калонсолон ва Толиб иълмон.

Оё шаҳодат📜 ё ҳадия🎁 дода мешавад барои иштирокчиён хосстан нобиғон дар саволу ҷавобҳо?
То ҳол мо дар мавзӯи шаҳодат нақшае накашидаем аммо ҳадия (китоб 📚)дода мешавад барои касе ки дар 5 савол ҷавоби саҳеҳ диҳад лекин ҳадияро танҳо касоне ки дар Мадина Мунаввара ё Маккаи Мукаррама ҳастанд дода ё равон карда метавонем аммо хориҷ аз Арабистони Сауди барои мо душвор аст равон кардан.

‼️Танбеҳ:
Барои иштирокчиён давраи иълми хеле муҳим аст бо худ қалам ва дафтар📝 дошта бошанд Барои қайд кардани фойдаҳо بارك الله فيكم استعدوا لطلب العلم Аллоҳ баракат тияд дар шумо дар талаби иълм омода шавед.


‼️Танбеҳ: ин масоили ки дар ин давраи иълми аз ин китоби муборак меомӯзед фарзи айн мебошад ва масъалаҳои зиёде аст бори аввал мешунавед бинобарин ҳарис бошед дар иштирок кардан ва нашр кардани эълон.
https://t.me/muvahhidalhijazi.
📢Эълон мекунем аз давраи иълми дар китоби📚:
(الأصول الثلاثة وأدلتها)
(Аслҳои сегона ва далелҳояш)
.

Муаллифи китоб: Имом Муҷаддид Муҳаммад ибн Сулаймон атТамими анНаҷди (1115т- 1206в).

Шореҳ🎙:
Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази غفر الله له.
Манҳаҷи шарҳ: матни китобро шарҳ медиҳедм шарҳи васат на мухтасар на мутаввал.
Гоҳе саволҳо матраҳ мекунем дар аснои дарс.
Дар ахири давра саволу ҷавоб мешавад ин ша Аллоҳ.

🕌Макони давра: Пахши мустақим 📱дар ҳамин канал
https://t.me/muvahhidalhijazi.

Муддати давра: се маҷлис соатҳои иҷмоли ҳар як маҷлис 4 соат маҷмӯъ 12 соат тақрибан.

🗓Таърих давра:
Душанбе сешанбе чоршанбе баъди шом
то хуфтан пас аз намози хуфтан боз давом медиҳем.
Аз 9 рабиъл аввал то 11 рабиъл аввал 1447ҳ.
Аз 1 сентябр то 3  2025м
.
(Эҳтимол ҳаст тағир дода шавад рӯзи дарси агар зарурате пайдо шавад)

Вақти давра:
Бад аз намози шом 19:00 ба тавқити Мадинаи Мунаввара ва инчунин ба вақти Москва (19:00).

Давра муносиб аст: барои ҳама кӯдакон ва калонсолон ва Толиб иълмон.

📝Оё шаҳодат📜 ё ҷоиза 🎁 дода мешавад барои иштирокчиён хосстан нобиғон дар саволу ҷавобҳо?
То ҳол дар фикри шаҳодат додан нестем аммо ҷоиза (китоб 📚)дода мешавад барои касоне ки дар саволҳо ҷавоби саҳеҳ медиҳанд дар ҳар ҷавоби саҳеҳ як китоб мегирад лекин ҷоизаро танҳо касоне ки дар 🌴Мадина ё Макка ҳастанд дода ё равон карда метавонем аммо хориҷ аз Арабистони Сауди🌴 барои мо душвор аст равон кардан лекин ягон нафаро равон кунанд медиҳем.

‼️Танбеҳ:
Барои иштирокчиён давраи иълми хеле муҳим аст бо худ қалам ва дафтар📝 дошта бошанд Барои қайд кардани фойдаҳо بارك الله فيكم استعدوا لطلب العلم Аллоҳ баракат тияд дар шумо дар талаби иълм омода шавед.


‼️Танбеҳ: ин масоили ки дар ин давраи иълми аз ин китоби муборак меомӯзед фарзи айн мебошад зеро мавзӯи китоб дар усули дин аст.
Ва масъалаҳои ҳаст аст бори аввал мешунавед бинобарин ҳарис бошед дар иштирок кардан ва нашр кардани эълон.

https://t.me/muvahhidalhijazi.
Audio
Қиёмат наздик шуд .
Доғи руз.
Татбиқи шариат.m4a

🎙Абӯ Сайфуллаҳ алҲиҷази
.
https://t.me/muvahhidalhijazi.