This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Мехоҳам зинда бимонам,зиндагӣ кунам…
Мехоҳам камтар битарсам,амиқтар бихандам…
Мехоҳам камтар бигӯям: Эй кош!
Мехоҳам пар барорам,парвоз кунам….
Мехоҳам ин зиндагӣ зиндагии ман бошад…..
https://t.me/suxaaan

❤2🥰1🕊1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Мепурсӣ ,охири қисса чӣ мешавад?
Охири қисса :Ҳеҷ кас аз ин ҷаҳон чизе бо худ намебарад…
ҷуз радди по,изи по ,ки бар дили дигарон гузоштааст…
Шояд ҷовидонӣ ин бошад…
https://t.me/suxaaan
Охири қисса :Ҳеҷ кас аз ин ҷаҳон чизе бо худ намебарад…
ҷуз радди по,изи по ,ки бар дили дигарон гузоштааст…
Шояд ҷовидонӣ ин бошад…
https://t.me/suxaaan
❤🔥1❤1😢1🕊1🏆1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Ҳайвонот ҳам меҳр мехоҳанд…
Инҳо ҳам мисли инсонҳо ҷон,эҳсосот доранд…
Меҳрубон бошем..
https://t.me/suxaaan
Инҳо ҳам мисли инсонҳо ҷон,эҳсосот доранд…
Меҳрубон бошем..
https://t.me/suxaaan
❤🔥2😢1🕊1
Баъзан фикр мекунам дӯстӣ фақат бо инсон нест…
Ман дар кӯдакӣ дӯсте доштам…Аммо ӯ саг буд ,на одам…Ӯ ҳамеша бо ман буд ,ҳамроҳам…
Аз мактаб оям,маро бо бозиву хурсандӣ пешвоз мегирифт…Ӯ шириниро дӯст медошт…Ман аз мағозаи мактаб ширинӣ харида ,барояш меовардам…Агар даъвояш кунам ,қаҳр мекард ,бо меҳрубонӣ дилашро ба даст меовардам…..
Аммо тақдир ӯро бемор сохт…Дӯсти вафодори ман ,ки хеле дӯсташ медоштам,рафиқи содиқи ман аз олам гузашт…..😭😭😭
Аз миён солҳо гузашт,аммо то ҳол аз ёдам намебарорам…Ҳар гоҳ пеши назарам меояд…..😭
Баъд аз он нахостам ,ки дигар ҳамроҳам саг ё гурба барои дӯстӣ гирам…
Зеро метарсам,ки боз бо сабабҳое тақдир онҳоро аз ман мегирад…
✍️

💔5😢2🕊1
Аммо орзу мекунам,замоне ки ба ҷое дар зиндагиам мерасам,ҳатман сарпаноҳи амин барои ҳайвонот бино мекунам,ИншааАллоҳ.То онҳо дар зимистон дар сардиву сахтӣ гурусна намонанд,дар тобистон аз ташнагиву гармӣ азият накашанд…
То инсонҳое ,ки аз инсонӣ дуранд,онҳоро азоб надиҳанд….
Дуо кунед ба ин мақсадам расам 🤲

❤7❤🔥2🕊1😍1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Шаҳри Боржоми яке аз маъруфтарин ва зеботарин шаҳрҳои осоишгоҳии кишвари Грузия мебошад. Ин шаҳр дар водии Боржоми, дар иҳотаи кӯҳҳои боҳашамат ва ҷангалҳои сабз ҷойгир шудааст.
https://t.me/suxaaan
https://t.me/suxaaan
❤1
Қасри "Фирӯза" соли 1892 дар Боржоми ҳамчун қароргоҳи тобистонаи консули Эрон, Мирзо Ризо Хон сохта шудааст.
https://t.me/suxaaan
https://t.me/suxaaan
❤2
Имрӯз ба як ресторан даромадаму лаҳзае сукунат маро ба худ кашид; чашмонам ба паррандаҳои даруни қафас афтоданд.
Танҳо як дақиқа худро дар он зиндони танг, паси он панҷараҳои сард тасаввур кардам ва қалбам аз ин ҳама бераҳмии мо, инсонҳо ба дард омад.
Мо чӣ гуна метавонем барои хушнудии сохта ва лаззати кӯтоҳмуддат зеботарин пайки табиатро ,паррандаҳоро ба банд кашем? Паррандаҳо офарида нашудаанд, ки ороиши хонаҳои мо бошанд. Онҳо порчае аз осмонанд, ки бояд дар авҷи фалак парвоз кунанд. Ҷойи парранда қафас нест, ҳақиқати онҳо танҳо ва танҳо дар озодист! 🕊️
Қафас агар аз тилло ҳам бошад, барои парранда зиндон аст 🕊️
22.08.2026

😢3💔3