Сурат ва Сирати Паёмбар (ﷺ)
228 subscribers
214 photos
91 links
Гувоҳи медиҳам ба ин ки нест маъбуде барҳақ ба ҷуз Аллоҳ, ва гувоҳи медиҳам ба ин ки Муҳаммад (ﷺ) банда ва фиристодаи Ӯст.

Дар ин канал метавонед, шумо Сурат ва Сирати Паёмбар (ﷺ) дарёфт хоҳед кард.

Руйхати каналҳои мо
https://t.me/sirat_25_23/4
Download Telegram
Боби Ҳадисҳое, ки дар бораи дар хоб дидани Расули Аллоҳ (ﷺ) омадааст. ⤵️
🌸 100 -хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 1)

💠 1. Ҳангоми роҳ рафтан бо оромӣ ва виқор роҳ мерафтанд!
💠 2. Дар роҳ рафтан қадамҳоро бар замин намекашиданд!
💠 3. Нигоҳашон ҳангоми роҳ рафтан ҳамеша ба суи замин буд!
💠 4. Ҳар киро ки медиданд, ба салом додан пешдасти мекарданд ва касе ба салом додан ба У пешдасти накардааст!
💠 5. Вақте ба касе даст медоданд, дасти худро зудтар аз дасти у берун намекашиданд!
💠 6. Бо мардум чунон муъошират мекарданд, ки ҳар кас гумон мекард азизтарин шахс назди он Ҳазрат аст!
💠 7. Ҳар гоҳ ба касе менигаристанд ба равиши сардори давлат бо гушаи чашм назар намекарданд!
💠 8. Ҳар гиз ба руи мардум бо чашми хира ва гирондагӣ назар намекарданд!
💠 9. Чун ишора мекарданд, бо даст ишора мекарданд, на бо чашм ва абру!
💠 10. Сукути тулонӣ дошт ва то ниёз намешуд, лаб ба сухан намекушоданд!

Идома дорад….

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 2)

💠 11. Ҳар гоҳ бо касе, ҳамсуҳбат мешуданд ба суханони у хуб гуш фаро медоданд!
💠 12. Чун бо касе сухан мегуфтанд, комилан бар мегаштанд ва ру ба у менишастанд!
💠 13. Бо ҳар кас, ки менишастанд, то у хоҳиши бархостан намекарданд, он Ҳазрат барнамехостанд!
💠 14. Дар ҳар маҷлисе, ки менишастанду бар мехостанд, ёди Аллоҳ мекарданд!
💠 15. Ҳангоми ворид шудан ба маҷлис дар охир ва наздик дараб менишастанд, на дар мобайни он!
💠 16. Дар мвҷлис ҷои хоссеро барои худ ихтисос намедоданд ва аз он манъ мекарданд!
💠 17. Ҳаргиз дар ҳузури мардум такия намезаданд!
💠 18. Аксари нишастани он Ҳазрат ﷺ ру ба қибла буд!
💠 19. Агар дар наздашон чизе рух медод, ки нописанди Вай буд, нодида мегирифтанд!
💠 20. Агар аз касе хатое содир мегашт, онро нақл намекарданд!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 3)

💠 21. Касеро бар лағзиш ва хатое дар сухан муохаза намекарданд.
💠 22. Ҳаргиз бо касе ҷадал ва мунозаъа намекарданд!
💠 23. Ҳаргиз сухани касеро, қатъ намекарданд, магар ҳар вақто ки ҳарфи лағв ва ботил бигуяд!
💠 24. Посух ба саволеро чанд мартаба такрор мекарданд то ҷавобаш бар шунаванда шубҳа нашавад!
💠 25. Вақте сухани носавоб аз касе мешуниданд, намефармуданд: -Чаро фалонӣ чунин гуфт?, балки мефармуданд: -Баъзе мардумро чи мешавад, ки чунин мегуянд?
💠 26. Бо фуқаро зиёд нишасту бархост мекарданд ва бо онҳо ғизо мехурданд!
💠 27. Даъвати ғуломонро мепазируфтанд!
💠 28. Ҳадяро қабул мекарданд, агар чи ба андозаи як ҷуръа шир буд!
💠 29. Беш аз ҳама силаи раҳм ба ҷо меоварданд!
💠 30. Ба хешовандони худ эҳсон мекарданд!
💠 31. Кори некро таҳсин ва ташвиқ мефармуданд ва кори бадро қабеҳ дониста аз он манъ мекарданд
💠 32. Ончи муҷиби салоҳи дин ва дунёи мардум буд, ба онҳо мефармуданд ва ба такрор мегуфтанд: ҳар ончи ҳозирон аз ман мешунаванд ба ғоибон бирасонанд!
💠 33. Ҳар ки узр меовард, узри уро қабул мекарданд!
💠 34. Ҳаргиз касеро ҳақир намешумурданд!
💠 35. Ҳаргиз касеро дашном надодаанд ва ё ба лақабҳои бад файрод накардаанд!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 4)

💠 36. Ҳаргиз касе аз атрофиён ва бастагони худро нафрин накарданд.
💠 37. Ҳаргиз айби мардумро ҷустуҷу намекарданд!
💠 38. Аз шарри мардум барҳазар буданд, вале аз онҳо канора намегирифтанд ва бо ҳама хушахлоқ буданд!
💠 39. Ҳаргиз мазамати мардумро намекарданд ва бисёр мадҳи онҳо намегуфтанд!
💠 40. Бар ҷасорати дигарон сабр мефармуданд ва бадиро ба некӣ ҷавоб медоданд!
💠 41. Аз беморон иёдат мекарданд, агар чанде дар дур афтодатарин нуқтаи Мадина буд!
💠 42. Суроғи асҳоби худро мекарданд ва ҳамеша аз ҳоли онҳо ҷуё мешуданд!
💠 43. Асҳобро ба беҳтарин номҳояшон садо мезаданд!
💠 44. Бо асҳобашон дар корҳо бисёр машварат мекарданд ва бар он таъкид мефармуданд!
💠 45. Дар ҷамъи ёронашон доиравор менишастанд ва агар ғарибе, ворид мешуд наметавонист, ташхис диҳад, ки Паёмбар ﷺ кадом яке аз онҳо аст!
💠 46. Миёни ёронашон унсу улфат барқарор мекарданд
💠 47. Вафодортарин мардум ба аҳду паймон буданд!
💠 48. Ҳар гоҳ чизе ба фақир мебахшиданд, ба дасти худаш медоданд ва ба касе ҳавола намекарданд!
💠 49. Агар дар ҳоли намоз мебуданд ва касе пешашон меомад намозро кутоҳ мекарданд!
💠 50. Агар дар ҳоли намоз мебуданд ва кудаке гиря мекард, намозашонро кутоҳ мекарданд!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 5)

💠 51. Азизтарин шахс, наздашон касе буд, ки хайраш бештар ба дигарон мерасид.
💠 52. Ҳеҷ касе аз маҳзарашон ноумед набуд ва мефармуданд: «Бирасонед ба ман ҳоҷати касеро, ки наметавонад, ҳоҷаташро ба ман бирасонад»!
💠 53. Ҳаргоҳ касе аз Паёмбар ﷺ ҳоҷате мехост, агар метавонистанд бароварда месохтанд, вагарна бо сухани хуш ва бо ваъдаи неку уро розӣ мекарданд!
💠 54. Ҳаргиз ба дархости касе ҷавоби рад надодаанд, магар ҳарвақто ки барои маъсияту гуноҳ бошад!
💠 55. Пиронро бисёр эҳтиром мекарданд ва бо кудакон бисёр меҳрубон буданд!
💠 56. Ғарибонро хеле муроъот мекарданд!
💠 57. Бо неки ба одамони бад, дилашонро ба даст меоварданд ва ҷазби худ мекарданд!
💠 58. Ҳамеша табассум доштанд ва дар айни ҳол хавфи зиёде аз Худо бар дил доштанд!
💠 59. Вақте шод мешуданд, хеле изҳори хурсанди намекарданд!
💠 60. Аксари хандидани он Ҳазрат ﷺ табассум буд ва садояшон ба ханда баланд намешуд!
💠 61. Шухӣ мекарданд, аммо ба баҳонаи мазоҳ ва хандондан, ҳарфи лағв ва ботил намезаданд!
💠 62. Номи бадро тағйир медоданд ва ба ҷои он номи нек мегузоштанд!
💠 63. Меҳрубонияшон ҳамеша бар хашмашон сабқат мегирифт!
💠 64. Аз барои фавти чизи дунявӣ нороҳат намешуданд ва ё ба хашм намеомаданд!
💠 65. Аз барои Худо ончунон ба хашм меомад, ки дигар касе уро намешинохт!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 6)

💠 66. Ҳаргиз барои худашон интиқом нагирифтанд, то он вақте ки ҳарими Ҳақ шикаста шавад!
💠 67. Ҳеҷ хислате назди он Ҳазрат ﷺ нафратовартар аз дуруғгуи набуд!
💠 68. Дар ҳоли хушнудӣ ва нохушнудӣ ҷуз ёди Ҳақ бар забон надоштанд!
💠 69. Ҳаргиз дирҳам ва диноре назди худ пасандоз накарданд!
💠 70. Дар хурок ва пушок чизе зиёдтар аз хидматгоронашон надоштанд!
💠 71. Руи хок менишастанд ва руи хок ғизо мехурданд!
💠 72. Руи замин мехобиданд!
💠 73. Кафш ва либосро худашон медухтанд!
💠 74. Бо дасти худашон шир медушиданд ва пои шутурро худ мебастанд!
💠 75. Ҳар маркаб ва саворае ки барояшон муҳаё буд савор мешуданд ва барояшон фарқе намекард!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми 7)

💠 76. Ҳарҷо мерафтанд ибое, ки доштанд ба унвони зерандози худ истифода мекарданд!
💠 77. Аксари ҷомаҳои он Ҳазрат ﷺ сафед буд!
💠 78. Вақте ҷомаи нав мепушиданд, ҷомаи қаблии худро ба фақире мебахшиданд!
💠 79. Ҷомаи зебое, ки доштанд махсуси рузи ҷумъа буд!
💠 80. Дар ҳангоми кафш ва либос пушидан, ҳамеша аз ҷониби рост оғоз мекарданд
💠 81. Жулида-муй буданро кароҳат медоштанд!
💠 82. Ҳамеша хушбу буданд ва бештари харҷи он Ҳазрат ﷺ барои харидани атр буд!
💠 83. Ҳамеша бо вузуъ (таҳорат) буданд ва ҳангоми вузуъ кардан, мисвок мезаданд!
💠 84. Нури чашмашон дар намоз буд ва осоиш ва оромиши худро дар намоз меёфтанд!
💠 85. Рузҳои 13, 14 ва 15-ҳуми ҳар моҳро руза мегирифтанд!

Идома дорад…

https://t.me/sirat_25_23
🌸 100-хислат аз хислатҳои ахлоқии Набии Акрам ﷺ (қисми ахир)

💠 86. Ҳаргиз неъматеро мазаммат накарданд!
💠 87. Андак неъмати Худовандро бузург мешумориданд!
💠 88. Ҳаргиз аз ғизое таъриф накарданд ё аз ғизое бад нагуфтанд!
💠 89. Мавқеъи ғизо ҳарчи ҳозир мекарданд, майл мефармуданд!
💠 90. Дар сари суфра аз пеши худ, ғизо тановул мефармуданд!
💠 91. Бар сари ғизо аз ҳама зудтар ҳозир мешуданд ва аз ҳама дертар даст мекашиданд!
💠 92. То гурусна намешуданд, ғизо майл намекарданд ва қабл аз сер шудан, бас мекарданд!
💠 93. Дар меъдаашон ҳеҷгоҳ ду ғизоро дар худ ҷамъ накарданд!
💠 94. Дар ғизо ҳаргиз оруғ назаданд!
💠 95. То онҷо ки имкон дошт, танҳо ғизо намехурданд!
💠 96. Баъд аз ғизо дастҳоро мешустанд ва ба руи худ мемолиданд!
💠 97. Вақти ошомидан се ҷуръа об менушиданд, аввали онҳо бисмиллоҳ ва охири онҳо алҳамду лиллоҳ мегуфтанд!
💠 98. Аз духтарони парданишин бо ҳаётар буданд!
💠 99. Вақте ки мехостанд, ба манзиле ворид шаванд, се бор иҷоза мехостанд!
💠 100. Вақтҳои дохили манзилро, ба се бахш тақсим мекарданд: бахше барои Худо, бахше барои хонавода ва бахше барои худашон буд ва вақти худашонро низ бо мардум қисмат мекарданд!

Аллохумма солли ъала Мухаммад ва али Мухаммад.

https://t.me/sirat_25_23
Дар нашри илм ва кори хаӣр саҳми худро гузоред.
Шояд ба тавассути шумо як нафарҳам, ки бошад ҳидоят мегардад, аввалин касе ,ки аҷр ва савобро ба даст меоварад барои шумо мебошад.

Аллоҳ аз ҳамаи шумо розӣ бошад!