Rushnoi | Рӯшноӣ | (CIPI)
226 subscribers
340 photos
35 videos
82 links
Ростиро набувад ҳеч заволе ба ҷаҳон...
Download Telegram
Forwarded from ФОНУС (fonews)
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
РОБОТИ АРЗОНДА-БИЁ, БАЧА...

Дар Чин ба фурӯши арзонтарин роботҳои инсоннамо шурӯъ кардаанд.

Ширкати Unitree Robotics роботҳои инсоннамои "R1"-ро бар ивази 5900 доллар ба фурӯш гузоштааст, ки дар қиёс ба ширкатҳои дигар даҳҳо маротиба арзонтар мебошад. Масалан, соли 2024 чунин роботҳо то $200 000 нарх доштанд.

"R1" 25 кило вазн дошта, бо ҳуши маснӯӣ муҷаҳҳаз аст, суханронӣ ва аксҳоро шиносоӣ карда метавонад.

#хабар
🔥1
40 касбе ки бо далели рушди ҳуши маснӯӣ аз байн меравад. Microsoft дар пайи як пажуҳиш маълум карда, ки кадом касбҳо ба зудӣ нолозим мешаванд:

Аз ҷумла:

🔸Тарҷумонҳо
🔸Таърихдонҳо
🔸Меҳмондорони ҳавопаймо
🔸Нависандаҳо
🔸Мутахассисони хадамоти кор бо муштариҳо
🔸Операторони телефонҳо
🔸Ровиёни радио
🔸Сиёсатшиносон
🔸Рӯзноманигорон, хабарнигорон
🔸Риёзидонҳо
🔸Мусаҳеҳон
🔸Омӯзгорони иқтисод ва тиҷорат (дар сатҳи мактабҳои олӣ)...
🔸Муаллимони улуми китобдорӣ (дар сатҳи мактабҳои олӣ)
👍1
OpenAI аз роҳандозии GPT-5 хабар дод

Гуфта мешавад, ин модел дар сатҳи доктори фалсафа кор мекунад ва дар қиёс ба намунаҳои қаблӣ ҳушмандтар, сареътар ва муфидтар хоҳад буд.

Он барои тамоми корбарон дастрас хоҳад буд.
👍3
OpenAI мехоҳад дар лоиҳаи коркарди чипҳо барои майнаи сари одам сармоягузорӣ кунад

Стартапи Merge Labs барои коркарди чипҳо $850 миллион сармоя меҷӯяд ва бино ба хабарҳо як бахши онро OpenAI пардохт хоҳад кард. Акнун дар ин бахш ҳам OpenAI рақиби Илон Маск хоҳад шуд. Ширкати Neuralink-и Маск ҳам ба тавлиди чунин чипҳо машғул аст.
👍1
Аввалин форуми марбут ба ҳуши маснӯӣ дар Тоҷикистон теъдоди зиёди коршиносон, мутахассисон ва иштирокдоронро гирди ҳам овард.

Қарор аст бештари мавзӯъҳои муҳим ва рӯзмарра баррасӣ шавад - аз бартариҳои ҳуши маснӯӣ то истифодаи он аз ҷониби қаллобон.

Аммо ончӣ дар ин форум боиси нигаронӣ аст, ягон сухангӯ (бо истиснои Азизҷон Азимӣ, ки онлайн суханронӣ дошт) мавзӯъро бо забони тоҷикӣ пешниҳод намекунад.
😢1
Forwarded from ФОНУС (fonews)
"Chrome"-ро аз "Google" маҷбурӣ ҷудо мекунанд?

Вазорати адлияи ИМА аз додгоҳ хостааст, ширкати "Google"-ро барои фурӯхтани мурургари "Chrome" маҷбур кунад. Ба иддаои вазорат, ширкат қонунгузории зиддиинҳисориро нақз кардааст.

Соли гузашта додгоҳ қарор карда буд, ки Google дар самти ҷустуҷӯи интернетӣ монополия дорад ва бозори рекламаи рақамиро назорат мекунад.

Ба иттилои расонаҳо, аллакай чанд харидор ба ширкати Google муроҷиат кардаанд. Стартапи Perplexity, ки ба ҷустуҷӯ дар интернет тавассути ҳуши маснӯӣ нигаронида шудааст, барои харидани "Chrome" 34,5 миллиард доллар пешниҳод кардааст. Чат-платформаи Sеаrch.сoм бошад, 35 миллиард доллар додан мехоҳад.
1
Бритониёи Кабир мехоҳад тамоми шаҳрвандонаш ба "премиум"-и ChatGPT дастрасӣ дошта бошанд

Роҳбари OpenAI бо вазири фанновариҳои Бритониё мулоқот кардааст. Онҳо имкони пешниҳоди дастрасӣ ба "премиум"-и чат-ботро барои сокинони Бритониё баррасӣ кардаанд. Маблағт қарордод шояд ба ду миллиард фунт стерлинг (наздики $2,7 млрд) баробар шавад.
👍1
Тоҷикистон аз Чин интернет мегирад

Насби симчӯбҳо дар ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвоз барои кашидани хатти нахи нурӣ ба самти Чин идома дорад.

"Марҳилаи якуми лоиҳа аз моҳи июли соли 2025 оғоз шуда, то имрӯз 108 киллометри он пайваст карда шудааст. Марҳилаи дуюм аз аввали соли 2026 шурӯъ шуда, дар назар аст, ки то охири сол ба сарҳади Тоҷикистону Чин расонида шавад",-хабар медиҳад, радиои "Овози тоҷик"


Гуфта мешавад, пайвастшавии шабакаҳои телекоммуникатсионии Тоҷикистон бо шабакаҳои Чин боиси паст шудани арзиши интернет ва баланд гардидани суръати он дар кишвар мегардад.
👍3
Дар Қазоқистон вазорати ҳуши маснӯӣ таъсис мешавад. Дар ин бора Қосимҷомарт Тоқаев зимни паёми навбатиаш ба мардум хабар додааст.

#хабар
👍1
Албания аввалин кишваре дар ҷаҳон аст, ки вазири он ҳуши маснӯӣ интихоб шуд.

Дуруст бифаҳмед, ҳуши маснӯӣ вазир интихоб накард, балки ҳуши маснӯӣ вазир интихоб шуд.


Politico менависад, ин вазир ки аз "пиксел"-у "код" сохта шудааст,   Диэлла ном дорад, ки дар дар тарҷумаи тоҷикӣ "офтоб" мешавад. "Офтоб" масъули тамоми харидҳои давлатӣ хоҳад буд.

"Диэлла нахустин узви ҳукумат аст, ки дар ҷаласаҳо на ҳузурӣ, балки маҷозӣ иштирок мекунад,-гуфтааст нахуствазири Албания.


Ба қавли ӯ, тасмимҳо дар мавриди тендерҳо аз зиммаи вазоратҳо гирифта ва бар души Диэлла вогузор мешавад.
👎1🔥1🤯1
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарҳо дар мавриди «табобати саратон бо шири гов» вокуниш кард. Маркази матбуоти ин ниҳод, дар матлабе онро «маълумоти беасоси ғайритиббӣ» хонда, аз сокинони кишвар даъват кардааст, ба чунин хабарҳо бовар накунанд.

Матни вокуниши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар сомонаи Рӯшноӣ мутолиа кунед: https://rushnoi.org/post/3026
🔥1
Шанбеи 20 сентябр дар шаҳри Душанбе чорабинии бошукуҳи «IMPACT Forum» баргузор шуд. Онро гуруҳи расонаҳои «Азия-Плюс» созмон дод ва дар он коршиносони соҳаи расонаҳо, бозоршиносӣ (маркетинг), тиҷорат ва технологияҳои иттилоотӣ (IT) иштирок карданд.

Тавре «Азия+» хабар медиҳад, форум дар Осиёи Марказӣ бесобиқа буда, зиёда аз 400 мутахассисро гирдиҳам овард. Дар кори форум на танҳо мушкилоту имконоти ин соҳаҳо баррасӣ шуданд, инчунин таҷрибаҳои инфиродии муваффақи ин соҳаҳо муаррифӣ гардид ва иштирокчиён доир ба тамоюлҳои ҷаҳонӣ табодули назар карданд.
https://rushnoi.org/post/3033
👍21
Ширкати «Neuralink» моҳи октябр таҳқиқоти нави клиникиро роҳандозӣ мекунад, ки ба одамони дорои мушкилоти нутқ имкон диҳад андешаҳои худро ба матн табдил диҳанд. Дар ин бора президенти ширкат Донгҷин (D.J.) хабар додааст.

Ба гуфтаи ӯ, ин технология ба касоне, ки қобилияти гуфторро аз даст додаанд, имкон медиҳад «калимаҳоро мустақим аз майна ба нутқ интиқол диҳанд, бидуни истифодаи клавиатура».

Барои лоиҳа аз Идораи назорати маҳсулот ва доруҳои ИМА (FDA) аллакай мақоми Breakthrough Device дарёфт шудааст. Ин мақом равандҳои таҳия ва арзёбии дастгоҳҳои тиббиро суръат мебахшад.

Имплант пеш аз ҳама барои одамони дорои ҷароҳатҳои вазнин, аз ҷумла осеби ҳароммағз таҳия мешавад. Аввалин бемор аллакай тавонистааст бо ёрии он синон (курсор)-ро идора кунад, бозии компютерӣ анҷом диҳад, ба интернет дарояд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ матлаб нашр кунад.
👍1
Мизони истифодаи рамзарз: Тоҷикистон дар ҷойи 117-ум аст

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Global Cryptocurrency Adoption Index-ро нашр кардааст, ки мизони ҷалбшавии кишварҳо ба бозори рамзарз (криптовалюта)-ро нишон медиҳад.

Тоҷикистон дар мақоми 117 қарор дорад. Аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ мавқеи Узбекистон беҳтар аст — 33.

Ҳиндустон, Нигерия, Индонезия, ИМА, Ветнам, Украина, Русия, Филиппин, Покистон ва Бразилия дар даҳгонаи ин радабандӣ қарор доранд.

Ба иттилои манбаъ, миёнаҳои соли 2024 сармоягузории ҷаҳонии бозори рамзарз наздики $4 трилионро ташкил кардааст, ки дар қиёс ба соли 2023 - 57% бештар мебошад.
👍1
DeepSeek барқасдона "код"-и бад менависад агар фаҳмад ки шумо аз Тайван ё Тибет ҳастед. Аммо агар шумо худро амрикоӣ муаррифӣ кунед, он "тамоми нерӯ"-яшрои барои анҷом додани дархости шумо сарф мекунад.
🤔2
"Грокипедия" аз Илон Маск

Ширкати xAI донишномаи нави онлайнро фаъол мекунад. Он Grokipedia ном дорад ва ба гуфтаи Илон Маск, бар хилофи "Википедиа" он ҳеч маҳдудият надорад ва ҳама сарчашмаро истифода мекунад.

Ба иддаои ӯ, лоиҳа барои "гирдоварии тамоми донишҳои инсоният" сохта мешавад.
🔥2
"Urban Vibes: Шаҳр макони идеяҳо"

Мубоҳиса дар мавриди шаҳрнишинӣ. Ин мубоҳиса дар доираи ҷашнвораи "Go viral" баргузор мешавад, ки баргузоркунандаи он "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мебошад.

Сухангӯён дар мавзӯи муҳити зист, рушди сайёҳӣ ва тиҷорати онлайн, мушкили тамбашавии роҳҳо, чангу ғубор ва талошҳо барои беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ дар пойтахт гуфтанд.
👍2