Ояти Қуръон ©️
75 subscribers
1 link
@Ahli_Sunnat_bosh_bot - тамос бо админ

وَقُلْ جَاء الْحَقُّ وَزَهَقَ الْبَاطِلُ إِنَّ الْبَاطِلَ كَانَ زَهُوقًا

Ва бигӯ: «(Дини) ҳақ омад ва (дини) ботил нобуд шуд; ба дурустӣ ки ботил нобудшаванда аст».

📖 Сураи Исро (17) ояти 81
Download Telegram
Ҳуд, ояти 24 (11:24)
t.me/Oyati_Quron
۞ مَثَلُ ٱلْفَرِيقَيْنِ كَٱلْأَعْمَىٰ وَٱلْأَصَمِّ وَٱلْبَصِيرِ وَٱلسَّمِيعِ ۚ هَلْ يَسْتَوِيَانِ مَثَلًا ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
﴿هُودٍ؜ ٢٤﴾

Сифати ин ду гурӯҳ монанди кӯру кар ва бинову шунаво аст. Оё ҳар ду дар сифат баробаранд? Оё панд намегиред?

(11:24)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 25 (11:25)
t.me/Oyati_Quron
وَلَقَدْ أَرْسَلْنَا نُوحًا إِلَىٰ قَوْمِهِۦٓ إِنِّى لَكُمْ نَذِيرٌۭ مُّبِينٌ
﴿هُودٍ؜ ٢٥﴾

Ва ба дурустӣ ки Нӯҳро ба сӯи қавми ӯ фиристодем. (Гуфт:) «Ҳамоно ман барои шумо бимкунандаи ошкоро ҳастам,

(11:25)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 26 (11:26)
t.me/Oyati_Quron
أَن لَّا تَعْبُدُوٓا۟ إِلَّا ٱللَّهَ ۖ إِنِّىٓ أَخَافُ عَلَيْكُمْ عَذَابَ يَوْمٍ أَلِيمٍۢ
﴿هُودٍ؜ ٢٦﴾

(ба ин мазмун), ки ба ҷуз Аллоҳ [дигареро] мапарастед. Ҳамоно ман бар шумо аз азоби рӯзи дарддиҳанда метарсам».

(11:26)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 27 (11:27)
t.me/Oyati_Quron
فَقَالَ ٱلْمَلَأُ ٱلَّذِينَ كَفَرُوا۟ مِن قَوْمِهِۦ مَا نَرَىٰكَ إِلَّا بَشَرًۭا مِّثْلَنَا وَمَا نَرَىٰكَ ٱتَّبَعَكَ إِلَّا ٱلَّذِينَ هُمْ أَرَاذِلُنَا بَادِىَ ٱلرَّأْىِ وَمَا نَرَىٰ لَكُمْ عَلَيْنَا مِن فَضْلٍۭ بَلْ نَظُنُّكُمْ كَٰذِبِينَ
﴿هُودٍ؜ ٢٧﴾

Пас, ҷамоате аз қавми ӯ, ки кофир буданд, гуфтанд: «Туро ба ҷуз одамие монанди хеш намебинем ва намебинем, ки [мардум] пайравии ту карда бошанд – магар онон, ки фурӯмоягони моанд – зоҳирбинон; (Яъне: он фурӯмоягон ҳам ба зоҳир нигариста, бо тааммули сарсарӣ, бе андешаи амиқ пайравӣ карданд) ва барои шумо бар худ ҳеҷ бузургие намебинем, балки шуморо дурӯғгӯ мепиндорем».

(11:27)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 28 (11:28)
t.me/Oyati_Quron
قَالَ يَٰقَوْمِ أَرَءَيْتُمْ إِن كُنتُ عَلَىٰ بَيِّنَةٍۢ مِّن رَّبِّى وَءَاتَىٰنِى رَحْمَةًۭ مِّنْ عِندِهِۦ فَعُمِّيَتْ عَلَيْكُمْ أَنُلْزِمُكُمُوهَا وَأَنتُمْ لَهَا كَٰرِهُونَ
﴿هُودٍ؜ ٢٨﴾

Гуфт: «Эй қавми ман, оё ба он хабар медиҳед, ки агар ман аз Парвардигори худ бар ҳуҷҷате бошам ва Ӯ ба ман аз наздики Худ бахшоише дода бошад, пас, ҳақиқати он бар шумо пӯшонида шуда бошад, оё шуморо бар он маҷбур кунем ва [дар ҳоле ки] шумо нохоҳон бошед?

(11:28)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 29 (11:29)
t.me/Oyati_Quron
وَيَٰقَوْمِ لَآ أَسْـَٔلُكُمْ عَلَيْهِ مَالًا ۖ إِنْ أَجْرِىَ إِلَّا عَلَى ٱللَّهِ ۚ وَمَآ أَنَا۠ بِطَارِدِ ٱلَّذِينَ ءَامَنُوٓا۟ ۚ إِنَّهُم مُّلَٰقُوا۟ رَبِّهِمْ وَلَٰكِنِّىٓ أَرَىٰكُمْ قَوْمًۭا تَجْهَلُونَ
﴿هُودٍ؜ ٢٩﴾

Ва эй қавми ман, аз шумо барои ин пайғом расонидан мол талаб намекунам, музди ман ҷуз бар Аллоҳ [бар касе] нест ва ман яксӯкунандаи мӯъминон нестам; (Яъне: аз сӯҳбати худ) ба дурустӣ ки онҳо бо Парвардигори хеш мулоқоткунанда ҳастанд. Валекин ман шуморо қавме мебинам, ки нодонӣ мекунед.

(11:29)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 30 (11:30)
t.me/Oyati_Quron
وَيَٰقَوْمِ مَن يَنصُرُنِى مِنَ ٱللَّهِ إِن طَرَدتُّهُمْ ۚ أَفَلَا تَذَكَّرُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٠﴾

Ва эй қавми ман, агар ман онҳоро биронам, кӣ ба ман аз (уқубати) Аллоҳ нусрат медиҳад? Оё панд намегиред?

(11:30)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 31 (11:31)
t.me/Oyati_Quron
وَلَآ أَقُولُ لَكُمْ عِندِى خَزَآئِنُ ٱللَّهِ وَلَآ أَعْلَمُ ٱلْغَيْبَ وَلَآ أَقُولُ إِنِّى مَلَكٌۭ وَلَآ أَقُولُ لِلَّذِينَ تَزْدَرِىٓ أَعْيُنُكُمْ لَن يُؤْتِيَهُمُ ٱللَّهُ خَيْرًا ۖ ٱللَّهُ أَعْلَمُ بِمَا فِىٓ أَنفُسِهِمْ ۖ إِنِّىٓ إِذًۭا لَّمِنَ ٱلظَّٰلِمِينَ
﴿هُودٍ؜ ٣١﴾

Ва ба шумо намегӯям, ки хазинаҳои Аллоҳ наздики ман аст ва на он, ки ғайбро медонам; ва намегӯям, ки ман фаришта ҳастам; ва ба касоне, ки чашми шумо ба онҳо ба хорӣ менигарад, намегӯям, ки Аллоҳ ба онҳо ҳеҷ неъмате нахоҳад дод; Аллоҳ ба он чи дар замири онҳост, Донотар аст. Ҳар оина ман он гоҳ аз ситамкорон бошам».

(11:31)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 32 (11:32)
t.me/Oyati_Quron
قَالُوا۟ يَٰنُوحُ قَدْ جَٰدَلْتَنَا فَأَكْثَرْتَ جِدَٰلَنَا فَأْتِنَا بِمَا تَعِدُنَآ إِن كُنتَ مِنَ ٱلصَّٰدِقِينَ
﴿هُودٍ؜ ٣٢﴾

Гуфтанд: «Эй Нӯҳ, бо мо ҷидол кардӣ; ва ҷидоли моро бисёр кардӣ, агар аз ростгӯён ҳастӣ, пас, он чиро, ки ваъда мекунӣ, биёр».

(11:32)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 33 (11:33)
t.me/Oyati_Quron
قَالَ إِنَّمَا يَأْتِيكُم بِهِ ٱللَّهُ إِن شَآءَ وَمَآ أَنتُم بِمُعْجِزِينَ
﴿هُودٍ؜ ٣٣﴾

Гуфт: «Ҷуз ин нест, ки Аллоҳ – агар хоҳад – онро ба шумо биёрад. Ва шумо оҷизкунанда нестед.

(11:33)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 34 (11:34)
t.me/Oyati_Quron
وَلَا يَنفَعُكُمْ نُصْحِىٓ إِنْ أَرَدتُّ أَنْ أَنصَحَ لَكُمْ إِن كَانَ ٱللَّهُ يُرِيدُ أَن يُغْوِيَكُمْ ۚ هُوَ رَبُّكُمْ وَإِلَيْهِ تُرْجَعُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٤﴾

Ва агар ман хоҳам, ки шуморо насиҳат кунам; ва агар Аллоҳ хоста бошад, ки шуморо гумроҳ кунад, он насиҳати ман ба шумо суд намекунад. Ӯ Парвардигори шумо аст ва ба сӯи Ӯ баргардонида мешавед».

(11:34)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 35 (11:35)
t.me/Oyati_Quron
أَمْ يَقُولُونَ ٱفْتَرَىٰهُ ۖ قُلْ إِنِ ٱفْتَرَيْتُهُۥ فَعَلَىَّ إِجْرَامِى وَأَنَا۠ بَرِىٓءٌۭ مِّمَّا تُجْرِمُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٥﴾

Оё мегӯянд: «Қуръонро ба дурӯғ [ба Аллоҳ] барбастааст»? Бигӯ: «Агар барбастааам, пас, гуноҳи ман бар ман аст ва ман аз гуноҳ кардани шумо безорам». (Мухотаби ин оят Муҳаммад (с) аст ва ин ҷумларо дар миёни қиссаи Нӯҳ (а) зиёда кардааст, то диққатро бар татбиқи ҳоли мушрикони Макка бо ҳоли қавми ҳазрати Нӯҳ (а) ҷалб кунад)

(11:35)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 36 (11:36)
t.me/Oyati_Quron
وَأُوحِىَ إِلَىٰ نُوحٍ أَنَّهُۥ لَن يُؤْمِنَ مِن قَوْمِكَ إِلَّا مَن قَدْ ءَامَنَ فَلَا تَبْتَئِسْ بِمَا كَانُوا۟ يَفْعَلُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٦﴾

Ва ба сӯи Нӯҳ ваҳй фиристода шуд, ки аз қавми ту ба ҷуз оне, ки [то ҳол] мӯъмин шудааст, [касе] имон нахоҳад овард; пас, ту ба сабаби он чи мекарданд, андӯҳ махӯр.

(11:36)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 37 (11:37)
t.me/Oyati_Quron
وَٱصْنَعِ ٱلْفُلْكَ بِأَعْيُنِنَا وَوَحْيِنَا وَلَا تُخَٰطِبْنِى فِى ٱلَّذِينَ ظَلَمُوٓا۟ ۚ إِنَّهُم مُّغْرَقُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٧﴾

Ва киштиро ба ҳузури Мо ва ба фармони Мо бисоз ва дар бораи онон, ки ситам карданд, бо Ман сухан магӯ; ҳамоно онҳо ғарқшудагонанд.

(11:37)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 38 (11:38)
t.me/Oyati_Quron
وَيَصْنَعُ ٱلْفُلْكَ وَكُلَّمَا مَرَّ عَلَيْهِ مَلَأٌۭ مِّن قَوْمِهِۦ سَخِرُوا۟ مِنْهُ ۚ قَالَ إِن تَسْخَرُوا۟ مِنَّا فَإِنَّا نَسْخَرُ مِنكُمْ كَمَا تَسْخَرُونَ
﴿هُودٍ؜ ٣٨﴾

Ва (Нӯҳ) киштиро месохт ва ҳар гоҳ, ки ҷамоае аз қавми ӯ бар он киштӣ мегузаштанд, бо вай тамасхур мекарданд; мегуфт: «Агар шумо бо мо тамасхур мекунед, пас, чунончи шумо тамасхур мекунед, ҳар оина мо бо шумо тамасхур хоҳем кард.

(11:38)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 39 (11:39)
t.me/Oyati_Quron
فَسَوْفَ تَعْلَمُونَ مَن يَأْتِيهِ عَذَابٌۭ يُخْزِيهِ وَيَحِلُّ عَلَيْهِ عَذَابٌۭ مُّقِيمٌ
﴿هُودٍ؜ ٣٩﴾

Пас, он касро хоҳед донист, ки бар ӯ азобе биёяд, ки ӯро расво кунад ва азоби доим бар вай фуруд ояд».

(11:39)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
Ҳуд, ояти 40 (11:40)
t.me/Oyati_Quron
حَتَّىٰٓ إِذَا جَآءَ أَمْرُنَا وَفَارَ ٱلتَّنُّورُ قُلْنَا ٱحْمِلْ فِيهَا مِن كُلٍّۢ زَوْجَيْنِ ٱثْنَيْنِ وَأَهْلَكَ إِلَّا مَن سَبَقَ عَلَيْهِ ٱلْقَوْلُ وَمَنْ ءَامَنَ ۚ وَمَآ ءَامَنَ مَعَهُۥٓ إِلَّا قَلِيلٌۭ
﴿هُودٍ؜ ٤٠﴾

(Дар ҳамин муомила буд), то вақте ки фармони Мо омад ва танӯр биҷӯшид; (Яъне: танӯри ғазаби илоҳӣ) гуфтем: «Дар киштӣ аз ҳар ҷинсе ду тан (– нару мода)-ро ва касони худро – магар он, ки бар вай гуфтаи Ҳақ сабқат кардааст (Яъне: зани Нӯҳ (а) ва Канъон – писари Нӯҳ (а)) ва мӯъминонро бардор». Ва бо вай ба ҷуз андаке [дигарон] имон наоварданд.

(11:40)

🎙 Абдулбосит Абдуссамад

@Oyati_Quron
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 17 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.
The owner of this channel has been inactive for the last 11 months. If they remain inactive for the next 10 days, they may lose their account and admin rights in this channel. The contents of the channel will remain accessible for all users.