Овози Самарқанд/Samarqand ovozi
3.49K subscribers
54.4K photos
14.4K videos
44 files
38.4K links
🏢Муассисон:
Шӯрои намояндагони халқ ва ҳокимияти вилояти Самарқанд

💠Facebook facebook.com/OvoziSamarqand
💠Telegram t.me/ovozisamarqand
💠YouTube youtube.com/channel/UCYdnzgQ0zay6n5g7VxigmQg
Download Telegram
Ҳоло дар Донишкадаи бостоншиносӣ (археологӣ)-и Самарқанд бахшида ба 70-солагии Амриддин Бердимуродов ва Геннадий Богомолов дар мавзӯи "Маданият ва эътиқодҳои динии Суғд ва Чоч дар қарнҳои қадим ва миёна" анҷумани илмӣ-амалӣ ҷараён дорад.

Дар он ҷонишини ҳокими вилоят Рустам Қобилов, ректори Донишгоҳи давлатии Самарқанд ба номи Шароф Рашидов, сенатор Рустам Холмуродов, директори Донишкадаи бостоншиносии Самарқанд М.Саидов, доктори илмҳои таърих, профессор, академик А.Асқаров, сармуҳаррири таҳририяти муштараки рӯзномаҳои "Зарафшон" ва "Самаркандский вестник", сенатор Фармон Тошев ва дигарон иштирок доранд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
ВАҚТЕ МОДАР ПУШТУ ПАНОҲ АСТ…

Дар стадион 10 ҳазор тамошобин ҷамъ омадааст. Павел Воля, ҳаҷвнигори шинохтаи рус, рӯи саҳна аз телефон ба модараш занг мезанад:
— Модар дар ёд дорӣ, 20 сол пеш ман бо нияти ҳаҷвнигор шудан аз Пенза ба Москва роҳ гирифтам. Бо падару хоҳарам маро то вокзал гусел кардед. Ҳангоми хайрухуш маро дар гӯшае бурдаву оғӯш гирифтӣ ва ба чашмонам нигариста, гуфтӣ: «Аз ҳеҷ чиз натарс, писарам! Бирав! Ман туро дӯст медорам ва ба ту бовар дорам, ту муваффақ мешавӣ!». Модарҷон, ман ҳоло ин суханҳоро дар пеши 10 ҳазор нафар ба ту мегӯям ва онҳо ба ту салом мерасонанд. Мебинӣ? Ман тавонистам! Ташаккур, ки ба ман бовар кардӣ, ин кафкӯбиҳо барои туст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
⚡️❗️Расмӣ: аз 1-уми октябр дар Ӯзбекистон арзиши пардохти алимент ба 10-15 дарсад меафзояд

Миқдори пардохт барои волидони бекор:

• барои 1 кӯдак - 1,4 миллион сӯм;
• барои 2 фарзанд - 1,9 миллион сӯм;
• барои 3 ва беш аз он бача - 2,8 миллион сӯмро ташкил мекунад.

Қарздории волидон аз алимент ҳангоми пардохта натавонистани онҳо, аз ҳисоби давлат пӯшида мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Раиси Сенат дар Форуми IV занони Авруосиё

Дар Санкт-Петербург Анҷумани IV занони Авруосиё ҷараён дорад. Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева дар маросими кушодашавии ҷамъомади умумӣ, ки дар доираи форум ташкил шудааст, маърӯза кард.

👉 https://ovozi.uz/60394/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Навоӣ: зан мехост кӯдакашро ба 10 миллион сӯм фурӯшад

Сокини ноҳияи Навбаҳор К.Р. тифли навзодашро, ки ҳоло чиллааш набаромадааст, 10 миллион сӯм арзёбӣ кардааст.

👉 https://ovozi.uz/60400/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
#Шифохонаи_табиат

Фоидаҳои
олуболу

Олуболу метавонад барои беҳтар кардани сифати хоб ва барқарор кардани бадан пас аз машқ муфид бошад.

👉 https://ovozi.uz/58913/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Шаҳрвандони Фаронса ба Ӯзбекистон асосан бо кадом мақсадҳо сафар карданд?

Дар моҳҳои январ-июли соли равон 12 ҳазору 200 нафар шаҳрвандони Фаронса бо мақсади сайёҳӣ ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар кардаанд.

👉 https://ovozi.uz/60397/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Сафед ё сурх - кадом лӯбиё барои организми инсон муфидтар аст?

Лӯбиёи сурх дорои сафедаи бештар, инчунин витаминҳои B9, B6, B5 ва PP мебошад. Онҳо барои ҳолати пӯст, мубодилаи моддаҳо ва кайфияти хуб масъуланд. Илова бар ин, лӯбиёи сурх дорои миқдори зиёди магний мебошад, ки ба мушакҳои дил таъсири судманд мерасонад.

Лӯбиёи сафед бештар калтсий, калий ва нах дорад. Ҳамаи ин барои мустаҳкам кардани устухонҳо, дандонҳо ва дил мусоидат мекунад. Он кори меъдаро беҳтар мекунад ва эҳсоси сериро нигоҳ медорад. Илова бар ин, дар таркиби лӯбиёи сафед витамини С бештар аст.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
ҲЛДӮ дар барномаи пешазинтихоботии худ ба масъалаҳои марбут ба муҳоҷирони меҳнатӣ диққати махсус додааст

Дар барномаи пешазинтихоботии ҳизб вазифаи дар Ӯзбекистон ҷорӣ кардани системаи самараноки суғуртаи иҷтимоӣ ва муҳофизат барои муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ муқаррар шудааст.

Дар ин, барои аъзои оилаи муҳоҷирони меҳнатӣ кредиҳои имтиёзнок ҷудо кардан ва имкониятҳои таълим ва тандурустиро васеъ намудан эътибори махсус дода мешавад.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
ДИҚҚАТ! БА КОР ТАКЛИФ МЕКУНЕМ!

Таҳририяти рӯзномаи вилоятии “Овози Самарқанд” ҷавонони фаъол, ташаббускор ва корчаллонро ба вазифаҳои мухбир ва тарҷимон ба кор таклиф мекунад!
Талабҳое, ки ба номзадҳо гузошта мешавад:
– ба хубӣ огоҳ будан аз забони адабии тоҷикӣ ва ӯзбекӣ (ба донандагони забонҳои русӣ, англисӣ ва дигар забонҳои хориҷӣ афзалият дода мешавад);
– мақолаҳои таҳлилӣ, танқидӣ ва хабарҳо навишта тавонистан;
– аз технологияҳои коммуникатсионӣ огоҳ будан ва дар компутер озод кор карда тавонистан;
– барномаҳои саҳифабандии рӯзномаро хуб донистан;
– дар аксбардорӣ таҷриба доштан.

Маош аз 3 000 000 сар мешавад.

Суроға: шаҳри Самарқанд, кӯчаи Улуғ Турсунов, 80.
Телефон барои маълумот: (66) 233-91-71, (66) 233-91-70.


Telegram | YouTube | Facebook | Site
Дубай дар соли 2026 хизмати таксиҳои ҳавоиро ба роҳ мемонад

Таксиҳои ҳавоӣ дар Дубай то семоҳаи аввали соли 2026 ба истифода дода мешаванд.

👉 https://ovozi.uz/60419/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
🇳🇴Норвегия аввалин кишваре шуд, ки шумораи мошинҳои барқӣ аз бензинӣ зиёдтар гардид

Ҳоло дар кишвар 2,8 миллион автомашина ба қайд гирифта шудааст - 754 303 адади онҳо пурра бо нерӯи барқ, 753 905 адад бо бензин ва 366 000 адад мошинҳои гибридӣ мебошанд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Дар қабристони Самарқанд ду дахмаи асримиёнагӣ ёфт шуд

2 дахма ва 1 санги қабр, ки аз қабристони ноҳияи Пастдарғами вилояти Самарқанд бозёфт шуда буданд, омӯхта шуданд.

Гурӯҳи корӣ ҳангоми омӯзиши бозёфтҳои қадимии нодири аз ҳудуди қабристони “Кӯктош”-и деҳаи Қайроғоч пайдо гардида, маълум намуд, ки онҳо ба асрҳои миёна тааллуқ доранд.

Бо мақсади муайян кардани аҳамияти таърихии ин бозёфтҳо ходимони донишкадаи бостоншиносии Самарқанд тадқиқоти илмӣ мебаранд.

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Содиқии Тошкандӣ ва муҳити адабии Самарқанд

Бино ба маълумоти маъхазҳои таърихӣ Тошканд дар асрҳои XVI–XVII яке аз марказҳои бузурги илму фан ба шумор мерафт, ки чанд тан аз шоирони маъруфи замона барои такмили дониш ба ин ҷо омаданд ва чанд нафар шоирони соҳибистеъдод ҳам дар қаламрави он дида ба дунё кушода, дар макотиби он донишҳои нахустинро аз бар кардаанд.

👉 https://ovozi.uz/60426/

Telegram | YouTube | Facebook | Site
Олимон варианти нави СOVID-19-ро муайян карданд

Ин версияи коронавирус бори аввал дар моҳи июни соли ҷорӣ дар Олмон ба қайд гирифта шуд. Баъд дар Британияи Кабир, ИМА, Дания ва дигар кишварҳо аниқ гардид.

👉 https://ovozi.uz/60429/

Telegram | YouTube | Facebook | Site