Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
5.47K subscribers
963 photos
11 videos
61 files
144 links
Саҳифаи расмии ММТНПҶТ дар телеграмма
Мо дар ютуб - https://www.youtube.com/channel/UCwKoAU_Rg4RqDZ4PbmZntbw
Мо дар ВКонтакт - https://vk.com/officialntc
Мо дар Инстаграм - https://www.instagram.com/officialntc.tj/
https://www.facebook.com/officialntc.tj
Download Telegram
Channel name was changed to «Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон»
*** КАЛИДҲОИ НАМУНАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024***

*** “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”***
А1— 1
“Забони тоҷикӣ”
А1— 2“Математика”
А1— 3 “Химия”
А1— 4“Физика”

*** “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ” ***
А2— 1
“Забони тоҷикӣ”
А2— 2“Математика”
А2— 3 “География”
А2— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)

*** “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ” ***
А3— 1
“Забони тоҷикӣ”
А3— 2“Таърих”
А3— 3“Адабиёти тоҷик”
А3— 3 “Забон ва адабиёти рус”
А3— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)

*** “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ” ***
А4— 1
“Забони тоҷикӣ”
А4— 2“Таърих”
А4— 3“Ҳуқуқ”
А4— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)

*** “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
А5— 1
“Забони тоҷикӣ”
А5— 2“Биология”
А5— 3“Химия”
А5— 4 “Физика”
‼️ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ! КАЛИДҲОИ НАМУНАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ - 2024 ДАСТРАС ГАРДИД!
ШУМО МЕТАВОНЕД КАЛИДҲОРО АЗ СОМОНАИ МАРКАЗ Ё САҲИФАҲОИ ИҶТИМОӢ ДАСТРАС НАМОЕД.
БАРОИ ДАСТРАС НАМУДАН ПАЙВАНДАШРО ПАХШ НАМО! ⤵️⤵️⤵️⤵️https://t.me/officialntc/1397
*** КАЛИДҲОИ НАМУНАИ САВОЛУ МАСЪАЛАҲОИ ТЕСТ БАРОИ ИМД-2024 ***
***ҚИСМИ Б – ИМТИҲОН ДАР ЗАМИНАИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ АСОСӢ (СИНФИ 9-УМ)***

*** “ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ”***
Б1— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б1— 2“Математика”
Б1— 3“Физика”

*** “ИҚТИСОД ВА ГЕОГРАФИЯ” ***
Б2— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б2— 2“Математика”
Б2— 3 “География”

*** “ФИЛОЛОГИЯ, ПЕДАГОГИКА ВА САНЪАТ” ***
Б3— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б3— 3“Адабиёти тоҷик”
Б3— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)

*** “ҶОМЕАШИНОСӢ ВА ҲУҚУҚ” ***
Б4— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б4— 2“Таърих”
Б4— 4 “Забони хориҷӣ” (англисӣ)

*** “ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ” ***
Б5— 1
“Забони тоҷикӣ”
Б5— 2“Биология”
Б5— 3“Химия”
ТАМДИДИ МУҲЛАТИ ДАВРАИ ЯКУМ (АСОСӢ)-И БАҚАЙДГИРИИ ДОВТАЛАБОН БАРОИ ИШТИРОК ДАР ИМД-2024

Ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 расонида мешавад, ки муҳлати давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои мазкур дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои зерин то 2 юми май дароз карда шуд.
Аз ин лизоҳ, ба шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024 тавсия медиҳем, ки ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирӣ заруриро пешакӣ омода ва дар нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ҳозир шаванд. Бо мақсади шиносоӣ ва роҳнамоии довталабон дар сомонаи Марказ маълумоти оморӣ оид ба интихоби комбинатсияҳои ихтисосҳо ҷойгир карда шудааст. Вобаста ба ин, шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024 ҳангоми интихоби ихтисосҳо аз ин маълумот метавонанд истифода кунанд.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи нақшаи фаъолияти Марказ давраи дуюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2024 аз 10-ум то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди номнависӣ барои иштирок дар ИМД-2024, ки дар давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирӣ худро сабти ном карда наметавонанд, имкон доранд, ки дар давраи дуюм худро номнавис кунанд.

Муфассал: https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/tamdidi-mu-lati-davrai-yakum-asos-i-ba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2024.html
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барномаи "Суҳбати рӯз"-и Муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат".
Аз ин барнома довталабон метавонанд оид ба хизматрасониҳои электронии Марказ маълумоти зарурӣ гиранд.
МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – САҲМ ДАР ПЕШРАФТИ МЕҲАН
2-юми майи соли 2024 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) барои дар амал татбиқ намудани Методологияи тартиб ва методикаи гузаронидани таҳлили фаъолият (хавфҳои коррупсионӣ) ҷаласа доир гардид.
Дар он Парвиз Асилзода, нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини якуми директори Марказ вобаста ба татбиқи дурусти Методологияи мазкур суханронӣ намуданд.
Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини якуми директори Марказ вобаста ба коррупсия ва хавфҳои он суханронӣ карда, гуфт: “Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб пайомадҳои зиёди ногувор дорад ва он метавонад, ки садди рушду суботи иҷтимоӣ ва паст кардани сатҳи иқтисодии давлат гардад. Имрӯз дар тамоми сатҳ нисбат ба ин амали номатлуб муборизаи беамон бурда мешавад. Муқовимат ба ин амали хавфовар танҳо кори як ниҳод набуда, ҳар як шахси ватандӯст вазифадор аст, ки барои пешгирии он саҳмгузор бошад”.
Ҳамчунин, Парвиз Асилзода, нозири калони Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, вобаста ба татбиқи дурусти Методологияи зикргардида, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2016, № 465 тасдиқ гардидааст, ибрози андеша кард. Ӯ зикр намуд, ки мақсад аз анҷом додани корҳо дар доираи методологияи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомоти давлатӣ, муайян ва пешгирии сабабу шароитҳое, ки ба содиршавии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта оварда мерасонад, ба ҳисоб меравад.
Ҷаласа бо саволу ҷавоб оид ба масъалаҳои марбут ба коррупсия ва пешгирии ин амали номатлуб дар корхонаҳо ба охир расид.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Барномаи "Суҳбати рӯз"-и Муассисаи давлатии телевизиони "Илм ва табиат".

Дар барномаи мазкур ба довталабон вобаста ба  марҳилаи дуюми бақайдгирӣ, даъватномаи имтиҳон, намунаи саволу масъалаҳои тест маълумот дода мешавад.
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Тарзи истифодаи сомонаи Маркази миллии тестӣ. Тамошои ин навор ба довталабон ва дигар хоҳишмандони ИМД тавсия дода мешавад.
БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ PISA 2025 
14-уми майи соли 2024 Педро Олтюб, директори идоракунандаи машварат, омӯзиш ва инноватсияи ширкати Eductrade, Айгул Казжанова, коршиноси Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо оид ба таҳсилоти миёнаи умумӣ, Луис Тангал, директори лоиҳаи Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, Гуля Холмаҳмадзода, ҳамоҳангсози Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат, инчунин намояндагони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рафти озмоиши маҳаллии Барномаи байналмилалии арзёбии хонандагон (PISA)  2025 дидан карданд.
Намояндагон баъди баргузории озмоиши маҳаллии арзёбии хонандагон дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии №35-и ноҳияи Шоҳмансур аз хонандагон барои иштироки фаъолонаашон дар озмоиши маҳаллии PISA 2025 сипосгузорӣ намуда, ба фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт баҳои баланд доданд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон дар озмоиш ва арзёбии асосии PISA 2025 бори аввал иштирок кунад ҳам, барои татбиқи ин барнома ва арзёбии воқеии дониши хонандагон тайёрии хуб дидааст, ки ин метавонад барои баланд бардоштани сифати таҳсилот дар Тоҷикистон ва беҳбудии соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.
Озмоиши маҳаллии PISA 2025 ҳоло дар 71 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ва миёнаи умумии интихобгардидаи шаҳри Душанбе бо иштироки хонандагони синфи 9-ум идома дорад. Барнома дар доираи Лоиҳаи “Кумаки Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида истодааст.