Вазорати энергетика ва захираҳои об🇹🇯
476 subscribers
3.38K photos
258 videos
4 files
692 links
🇹🇯Ministry of Energy and Water Resource official channel
Download Telegram
‎Дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа бо раванди корҳои ободониву созандагӣ ва иншооти бунёдгардида дар маркази ноҳия шинос шуд.

‎Вазир аз Парки технологӣ, гармхона, кӯдакистон, тарабхона дидан намуда, бо ҷараёни корҳои анҷомдодашуда, сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити фароҳамгардида шинос гардид.

‎Дар идомаи боздид вазир ба як қатор иншооти муҳими иҷтимоӣ ва инфрасохтории деҳоти ноҳия, аз ҷумла кӯдакистон, варзишгоҳ ва пули деҳаи Бидеҷ, инчунин майдончаи деҳаи Пастарез ташриф овард.

‎Зимни шиносоӣ бо иншооти мазкур масъулин оид ба ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ободонӣ ва тадбирҳои андешидашуда ҷиҳати ба истифода омода намудани онҳо маълумот доданд.

@mewrtj
👍4
‎Дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо фаъолияти Неругоҳи барқи обии «Себзор» шинос гардид.

‎Неругоҳи мазкур бо иқтидори 11 МВт соли 2025 мавриди истифода қарор дода шуда, дар таъмини аҳолӣ ва иншооти иҷтимоиву иқтисодии минтақа бо неруи барқи боэътимод нақши муҳим дорад.

‎Зимни боздид вазир бо вазъи техникии неругоҳ, фаъолияти таҷҳизоти асосӣ ва раванди истеҳсоли неруи барқ шинос шуд.

‎Ба масъулон дастур дода шуд, ки ҷиҳати таъмини фаъолияти самараноки неругоҳ дар давраи сармо, омодагии саривақтии таҷҳизоту иншооти гидротехникӣ, гузаронидани корҳои профилактикӣ ва истифодаи оқилонаи иқтидорҳои мавҷуда тадбирҳои зарурӣ андешанд.

@mewrtj
👍3👏1
12-уми сентябр вазири энергетика ва захираҳои об Далер Ҷумъа якҷо бо раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шарифхон Сафарзода аз майдончаи варзишӣ ва ҳавзи шиноварии деҳаи Рожи ноҳияи Шуғнон дидан намуданд.

Иншооти мазкур дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати машғул шудан ба намудҳои гуногуни варзиш, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш пешбинӣ шудаанд.

Зимни боздид таъкид гардид, ки бунёду мавриди истифода қарор гирифтани чунин иншооти иҷтимоиву варзишӣ, бахусус дар маҳалҳои дурдаст ва баландкӯҳ, дар самти фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои рушди ҷисмонӣ ва маънавии ҷавонон аҳамияти муҳим дорад.

@mewrtj
👍3
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
«НЕРУИ САБЗ» — ЛОИҲАҲОИ ДАВЛАТИИ САРМОЯГУЗОРӢ ДАР СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА

Барномаи навбатии «Неруи сабз»-и телевизиони «Тоҷикистон» ба татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика бахшида шудааст.


Дар барнома раванди татбиқи лоиҳаҳои муҳими энергетикӣ, нақши онҳо дар афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ, таҳкими низоми энергетикии кишвар ва таъмини рушди устувори соҳа мавриди баррасӣ қарор мегирад.

Татбиқи босамари лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ яке аз самтҳои муҳими рушди соҳаи энергетика ба ҳисоб рафта, барои расидан ба ҳадафи стратегии кишвар - таъмини истиқлоли энергетикӣ ва истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷудаву нав бунёдшаванда, заминаи мусоид фароҳам меоваранд.

#Муфассал_дар_навор

@mewrtj
👍211
‎14-уми сентябри соли 2026, Душанбе. – Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндагони ширкати «LONGi»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуд.

‎Дар ҷараёни суҳбат масъалаҳои марбут ба роҳандозии ҳамкориҳо дар самти энергетика, аз ҷумла имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ барои бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
_______

14 сентября 2026 года, Душанбе. – Министр энергетики и водных ресурсов Республики Таджикистан Далер Джумъа провёл встречу с представителями китайской компании «LONGi».

‎В ходе встречи были рассмотрены вопросы налаживания сотрудничества в сфере энергетики, в частности возможности привлечения инвестиций для строительства солнечных электростанций в Республике Таджикистан.

@mewrtj
👍1👌1
Дар филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳри Истаравшан ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии идона баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинии идона меҳмонон аз фаъолияти соҳаи энергетика дар шаҳри Истаравшан шинос шуданд.

Ҳамчунин, дастовардҳои соҳаи энергетика ва фаъолияти филиал дар воситаҳои нақлиёти ороёфта ба намоиш гузошта шуданд.

Чорабинии идонаро роҳбари филиал Насруллоев Суҳайли ифтитоҳ намуда, ҳозирин ва меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.

Дар идомаи чорабинӣ ба як қатор кормандони фаъол ва собиқадорони филиал медалҳои ҷашнии ҲХДТ, сипосномаҳои КИМ ҲХДТ, МҲИД Суғд ва шаҳри Истаравшан, инчунин КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд тақдим гардиданд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоӣ ва ғамхорӣ ба қишри осебпазири ҷомеа ба як зумра ятимони кӯл либос ва шириниҳо тақдим карда шуд.

Дар фарҷоми чорабинӣ барномаи рангини фарҳангӣ пешкаш гардид, ки ба чорабинии идона ҳусни дигар бахшид.

@mewrtj
👍31