📸Суратгузориш аз мулоқоти кории вазирони энергетикаи ҷумҳуриҳои 🇹🇯Тоҷикистон ва 🇺🇿Ӯзбекистон
✅@mewrtj
✅@mewrtj
👍7❤1
🇹🇯🇺🇿14-уми августи соли 2025, Гулистон (вилояти Суғд). - Пас аз анҷоми вохӯрии корӣ, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ҷурабек Мирзомаҳмудов ба соҳили обанбори “Баҳри Тоҷик” ташриф оварданд.
Обанбор, дар баробари таъмини обёрӣ, манбаи асосии оби Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” мебошад, ки саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дорад.
✅ @mewrtj
Зимни боздид таъкид гардид, ки обанбори “Баҳри Тоҷик” дорои аҳамияти бузурги стратегӣ буда, нақши калидӣ дар обёрии заминҳои кишоварзии ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон мебозад.
Обанбор, дар баробари таъмини обёрӣ, манбаи асосии оби Неругоҳи барқи обии “Қайроққум” мебошад, ки саҳми назаррас дар таъмини неруи барқ ба соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии вилояти Суғд дорад.
Ҳамзамон, зикр шуд, ки минтақаи соҳилии обанбор, бо назардошти манзараҳои зебои табиӣ ва имкониятҳои фароғативу сайёҳӣ, ба яке аз маконҳои дӯстдоштаи истироҳатии сайёҳии дохилӣ ва хориҷӣ табдил ёфтааст.
✅ @mewrtj
👍6❤1
🇹🇯🇹🇲🇺🇿🇰🇿 Дар шаҳри Алма-Атои Ҷумҳурии Қазоқистон ҷаласаи ҷашнӣ - 90-уми Комиссияи байнидавлатии ҳамоҳангсозии хоҷагии оби Осиёи Марказӣ (#МКВК) баргузор гардид.
Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Канат Бозумбоев, роҳбарони ниҳодҳои хоҷгии оби ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон иштирок намуданд. Ҷониби Қирғизистон ҳамчун нозир ҳузур дошт.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласа зери роҳбарии муовини якуми вазири энергетика ва захираҳо об Ҷамшед Шоимзода ширкат кард.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба реҷаи кори обанборҳоро дар ҳавзаҳои дарёҳои Амударё ва Сирдарё дар давраи мавсими кишти имсола ва иҷрои вазифаҳое, ки аз ҷониби Сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал пеш гузошта шудаанд, баррасӣ гардид.
✅@mewrtj
👍5🤝1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода дар шаҳри Хуҷанд ҷаласа оид ба баррасии фаъолияти филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Гулистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳоиш марбут ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ, инчунин самаранокии фаъолияти филиалҳо дар давоми ҳафт моҳи соли 2025 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Зимни ҷаласа ба масъулиниқ дастур дода шуд, то назоратро аз болои истифодаи қонунии неруи барқ пурзӯр намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ ва соҳибкоронро тақвият бахшанд.
Таъкид шуд, ки бо назардошти афзоиши талабот ба неруи барқ, зарур аст масъулин ба таъмини истифодаи самараноку сарфакоронаи он таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд ва бартараф намудани ҳолатҳои ғайриқонунӣ дар самти энергетика ба вазифаи аввалиндараҷа табдил дода шавад.
#Тафсилот_дар_навор

❤1
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳри Истаравшан ҷиҳати пешгирии ғайримақсадноку ғайриқонунии неруи барқ ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баррасии фаъолияти филиалҳои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Истаравшан дар ҳафт моҳи соли 2025 доир гашт.
Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои минтақа ва кормандони шабакаҳои барқӣ иштирок доштанд.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.
✅ @mewrtj
Дар кори он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарияти вазорату идораҳо, шаҳру ноҳияҳои минтақа ва кормандони шабакаҳои барқӣ иштирок доштанд.
Зимни баррасӣ фаъолияти филиали ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» дар минтақаи Истаравшан дар ин давра ғайриқаноатбахш арзёбӣ гардид.
Бо мақсади беҳтар намудани вазъият ба масъулон дастуру супоришҳои дахлдор дода шуданд.
✅ @mewrtj
👍3❤1🔥1
Алҳол, дар Неругоҳ корҳори навсозӣ бомаром идома доранд. Баъди татбиқи пурраи лоиҳа иқтидори лоиҳавии Неругоҳ аз 3000 ба 3375 мегаватт расида, бо назардошти тавоноии барқароршаванда ва 375 мегаватт иқтидори иловагие, ки дар натиҷаи таҷдид ба даст меояд, иқтидори кории Неругоҳ 775 мегаватт зиёд мешавад. Яъне, бо анҷом ёфтани корҳои навсозии пурраи Неругоҳ иқтидорҳои барқароршаванда ва наве, ки дар асоси истифодаи технологияҳои пешрафта ба вуҷуд меоянд, аз иқтидори лоиҳавии НБО «Сангтӯда-1», ки 670 мегаватт мебошад, зиёдтар мешавад.
Муфассал⤵️
Муфассал⤵️
Telegraph
ИСТИҚЛОЛ ВА ЭҲЁИ НБО «НОРАК»
Ҳар як мутахассиси соҳаи барқ хуб медонад, ки дар иншооти азиме чун НБО «Норак» ҳар як таҷҳизоти асосии он то 20-25 сол кафолати техникӣ дорад. Баъди сипарӣ шудани ин муддат онҳо ба фарсуда ва корношоям шудан сар мекунанд. Ин сатҳи эътимоднокии неругоҳро…
❤2⚡1👍1
Дар шаҳри Душанбе вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Раиси Кумитаи иҷроияи Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Тарас Купчиков мулоқот анҷом дод.
Зимни суҳбат таваҷҷуҳи асосии тарафҳо ба масъалаҳои омодагӣ ва баргузории ҷаласаи 67-уми Шурои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил равона гардид, ки баргузории он дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи Ҷаласаи сарони давлатҳои ИДМ моҳи октябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст.

Ҷаласаи дарпешистода ба самтҳои стратегии рушди фаъолияти Шуро, баррасии масъалаҳои ҷории кори идорӣ ва қарорҳои кадрӣ бахшида мешавад.
✅ @mewrtj
❤1👍1
Дар ноҳияи Роштқалъа вазири энергетика ва захираҳои об, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа Далер Ҷумъа бо рафти корҳои омодагӣ ба соли нави таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Роштқалъа 41 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, зиёда аз 4200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Айни замон, дар муассисаҳои таълимӣ корҳои ободонӣ, таъмири синфхонаҳо, таъмин бо мизу курсиҳо ва дигар лавозимоти зарурӣ идома доранд.
Зикр шуд, ки ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳия биноҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ мавриди истифода дода шуда, барои хонандагон шароити беҳтари таълимӣ муҳайё гардид.

Вазир зимни суҳбат бо омӯзгорон таъкид намуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат сатҳу сифати шароити таълим дар деҳоти дурдасти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тадриҷан беҳтар гардида, таваҷҷуҳи хоса ба тарбияи насли наврас ва баланд бардоштани сатҳи донишомӯзии онҳо равона шудааст.
✅ @mewrtj
👍3👏1
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ аз як қатор деҳаҳо ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ шинос шуд.
Муфассал⤵️
Муфассал⤵️
Telegraph
ГУЗОРИШИ МУФАССАЛ АЗ ҶАРАЁНИ САФАРИ КОРИИ ВАЗИР БА НОҲИЯИ РОШТҚАЛЪА
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ Далер Ҷумъа дар доираи сафари корӣ аз як қатор деҳаҳо ва бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ ва таъмиру азнавсозии иншоотҳои ҷашнӣ…
👍2❤1