Китобхонаи миллии Тоҷикистон | Национальная библиотека Таджикистана
2.52K subscribers
221 photos
2 videos
225 links
Национальная библиотека Таджикистана
Download Telegram
❇️Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...

Метавонӣ ёфт ҳар ҷо хонаву хони дигар,
Метавонӣ кард ҳар ҷо аҳду паймони дигар.
Метавонӣ ёр хондан як замон ағёрро,
Бар фаромӯшӣ супурдан ёди ёрони дигар.
Метавонӣ ҷон фитондан пеши ҳар ҷононае,
Дил ниҳодан, сар супурдан баҳри ҷонони дигар.
Метавонӣ ҳамчу боди булҳавас доман кашӣ
Аз хиёбони дигар сӯи хиёбони дигар.
Метавонӣ ханда кардан, гиря кардан, зистан,
Ҳар куҷо, аммо намеёбӣ Зарафшони дигар.
Метавонӣ як каф аз хоки Ватан бо худ барӣ
Нест аммо дар ду дунё Тоҷикистони дигар...

✍️Озарахш
📕АСАРҲОИ МУНТАХАБ
✍️ШАРИФБЕК АЗИЗӢ
🔹Дар «Асарҳои мунтахаб», ки аз даҳ ҷилд иборат аст, қиссаҳои дохилшуда дар таҳриру иловаҳои нав пешниҳод шудаанд. Яъне адиб онҳоро аз нав қалам зада, суфтаву равон ва боз ҳам ҷолибтар намудаанд. Ҳамчунин як ҳикоя, ду қиссаи бори аввал рўи чоп омада ва чанд мақолаву мусоҳибаро дар атрофи эҷодиёташон низ ҷо додаанд, ки ин ба хонанда писанд хоҳад омад.
Аз суроғаи зерин китобҳоро дастрас намоед:

🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 1
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 2
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 3
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 4
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 5
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 6
🔸Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 7
🔹Асарҳои мунтахаб.Ҷилди 8
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 9
📕Асарҳои мунтахаб ҷилди 10
ДОНИСТАН ХУШ АСТ!

🔉ҲОДИСАИ ҲАЙРАТОВАР ДАР КИТОБХОНА

📅Хамин ҳодиса соли 1957 дар китобхонаи шаҳрии Шефелд ба вуқуъ омада буд. Ба ин китобхона китоберо таҳти унвони «Ҳунарҳои дастии занон» баргардондаанд. Китоби мазкур 47 сол дар дасти хонанда мондааст.

📌Ба ҳамин монанд кормандони китобхонаи Сидней- Сасекс колеҷи Кэмрбриҷ аз як сокини шаҳр китоберо қабул кардаанд, ки вай дар хусуси ба кӣ ва аз кадом китобхона будани китоб тасаввурот надошт. Албатта сабаби ба кӣ додани китобро муайян кардан кори осон набуд. Зеро аз рӯи навиштаи дохили муқова китоб 300 сол қабл ба хонанда дода шудааст.
📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ!
📣ДИҚҚАТ
🔹Дӯстони азиз 🔜шуъбаи илмӣ-методи ва тадқиқотии Китобхонаи миллӣ тасмим гирифтаст бо мақсади муайян намудани сатҳу сифати фаъолияти Китобхонаи миллӣ дар 📲фазои маҷозӣ, омӯзиши афкори умум роҷеъ ба дастоварду комёбиҳо ва муайян намудани талаботи иттилоотии истифодабарандагон ✔️пурсишномаи маҷозӣ гузаронад.

🔝 Бо иштирок дар пурсишнома саҳми худро дар рушди фаъолияти мо гузоред. Андешаҳои созандаи шумо барои пешрафти кори мо муҳим хоҳад буд.
↪️ПУРСИШНОМА
💢ТАШАККУР БАРОИ ҲАМКОРӢ💢
📕БИЁ, КИ ФОЛАТ БИНАМ

📖Китоби «Биё, ки фолат бинам» аз ✍️Холиқназар Ҷумъазода маҷмӯи латифаҳо
ва хотироти ҳаҷвиеро дар бар мегирад, ки аз зиндагии воқеӣ ва саргузаштҳои муаллиф, инчунин сӯҳбат бо мардум гирд оварда шудааст.
Нахандеду бинед!!!

📍Метавонед, аз ин ҷо боргирӣ ва мутолиа кунед!!!⤵️
📚Биё, ки фолат бинам
Forwarded from ТАФАККУР
Чанд факт дар бораи устод Садриддин Айнӣ

1) Гарчанде дар ҳама ҳуҷҷатҳо соли таваллуди Айнӣ соли 1878 қайд шуда бошад ҳам, лекин худи ӯ таъкид мекунад, ки "....дар асл соли 1875 таваллуд шудаам."

2) Садриддин Айнӣ пеш аз тахаллуси "Айнӣ" ро интихоб карданаш бо тахаллусҳои "Муҳтоҷӣ","Ҷунунӣ" ва "Сифлӣ" эҷод кардааст.

3) Нахустин шеъри Айнӣ "Гули сурх" ном дорад, ки онро соли 1895 нависта буд.

4) Устод Садриддин Айни дар нахустин мактаби тоҷикӣ усули нав, ки дар Бухоро, дар ҳавлии Абдулвоҳиди Мунзим кушода шуд, барои тоҷикбаччагон дарс мегуфт.

5) "Дохунда" аввалин романи Айнӣ ба шумор мешавад.

6) С.Айни нахустпрезиденти АИ ҶШСТ(Ҷумҳурӣ Шӯравӣ Сотсиалистии Тоҷикистон) мебошад.


7) Соли 1978 бо қарори ЮНЕСКО 100 солагии устод дар тамоми дунё қайд карда шуд.

8) 8 сентябри соли 1997 бо қарори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба устод Айнӣ Унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" дода шуд.

Таҳияи Озод Ҳодизода

#донистан_хуб_аст
Ба дӯстон ирсол намо:
👇👇👇
@tafakkur_tjk