KHATMEDUN
436 subscribers
109 photos
27 videos
4 files
20 links
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон
[НАМОЯНДАГИИ РАСМӢ]

Хатлонский государственный медицинский университет [ОФИЦИАЛЬНОЕ ПРЕДСТАВИТЕЛЬСТВО]
Download Telegram
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-03-29T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 15.15 ℃
🌇 Рӯзона: 22.71 ℃
🌄 Бегоҳ: 21.97 ℃
🌃 Шабона: 18.49 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: 10.56 %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-03-30T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 15.41 ℃
🌇 Рӯзона: 17.87 ℃
🌄 Бегоҳ: 18.19 ℃
🌃 Шабона: 15.75 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: 4.3 %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-03-31T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 14.12 ℃
🌇 Рӯзона: 24.04 ℃
🌄 Бегоҳ: 22.24 ℃
🌃 Шабона: 17.8 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: 1.58 %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки донишҷӯёни курсҳои 5–6-уми Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар Олимпиадаи II байналмилалии шаҳри Андиҷон иштироки фаъолона намуда, бо донишу маҳорати касбӣ ва сатҳи баланди омодагӣ дастовардҳои назаррас ба даст оварданд.
👍2
Натиҷаҳои олимпиада:

🏆 Ҷарроҳии кӯдакона — ҷойи III
Ахмадов Сардорбек Адхамович — курси 507 педиатрӣ

🥇 Акушерӣ ва гинекология — ҷойи I
Ҳикматуллозода Мукаррамхон — курси 508 педиатрӣ

🏆 Педиатрия — ҷойи III
Раимқулов Сардор Улуғбекович — курси 606 педиатрӣ

🥈 Эндокринология — ҷойи II
Шаропов Фаррух Ихтиёрович — курси 604 педиатрӣ

🎖 Бемориҳои ҷарроҳӣ (конференсия) — Номинатсия
Якубова Азиза Алишеровна — курси 507 тиббӣ

🎖 Бемориҳои ҷарроҳӣ — Номинатсия
Ализода Гуландом Абдутолиб — курси 508 тиббӣ

🎖 Анестезиология — Номинатсия
Абдуманнонов Отабек Назиржонович — курси 604 педиатрӣ

Ин дастовардҳо боз як далели равшани сатҳи баланди омодагии илмӣ, зеҳнии донишҷӯёни мо ва нуфузи мактаби тиббии тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Ба ҳамаи ғолибон, иштирокчиён ва устодони роҳнамо самимона муборакбод гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва касбӣ барору комёбиҳои боз ҳам баланд орзу менамоем.
👍2
⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️ ГОЛОСОВАТЬ
👍11
⭐️⭐️⭐️⭐️⭐️ ГОЛОСОВАТЬ
👍3
ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ «НАБЗ» ДАР «ЗАКОВАТ»

Дар даври 9-уми Барномаи телевизионии интеллектуалии «ЗАКОВАТ» байни дастаҳои «Шифо»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва «Набз»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон рақобати ҷолиби зеҳнӣ баргузор гардид.

Дар натиҷаи сабқати пуршиддат, дастаи «Набз»-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон бо нишон додани дониши амиқ, зиракиву ҳозирҷавобӣ ва ҳамоҳангии даставӣ сазовори ғолибият гардид.
Ин дастовард таҳти роҳбарии раиси Шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ ба даст омада, бозгӯи сатҳи баланди омодагӣ ва иқтидори зеҳнии донишҷӯён мебошад.

Пирӯзии мазкурро ба ҳайати донишгоҳ самимона муборакбод мегӯем.

Қурбонзода Д.А.
👍6
ГОЛОСОВАТЬ
👍7
Анатомия - пояи донишҳои тиббӣ

Натиҷаҳои як пурсиши ҷолиб дар шабакаи Alma Mater
KHATMEDUN
Анатомия - пояи донишҳои тиббӣ Натиҷаҳои як пурсиши ҷолиб дар шабакаи Alma Mater
Анатомия – пояи донишҳои тиббӣ

Натиҷаҳои як пурсиши ҷолиб дар шабакаи Alma Mater

Дар шабакаи иҷтимоии Alma Mater миёни донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон пурсиши ҷолибе баргузор гардид, ки таваҷҷуҳи васеи иштирокчиёнро ба худ ҷалб намуд. Ба иштирокчиён чунин савол пешниҳод шуд: «Агар ба шумо имконият дода шавад, ки танҳо як фанни таълимиро барои тамоми фаъолияти касбии худ нигоҳ доред, кадом фанро интихоб мекардед?»

Дар пурсиш 304 нафар иштирок намуда, андешаҳои худро оид ба аҳаммияти фанҳои гуногуни тиббӣ иброз доштанд.

Тибқи натиҷаҳои бадастомада, фанни анатомия бо гирифтани 80 овоз ё 26 фоизи шумораи умумии овозҳо дар ҷойи аввал қарор гирифт. Ҷойи дуюмро физиология бо 64 овоз (21 фоиз) ишғол намуд. Дар мақоми сеюм фармакология қарор гирифта, 44 нафар ё 14 фоизи иштирокчиён онро интихоб карданд.


Таҳлили натиҷаҳои пурсиш нишон медиҳад, ки аксарияти донишҷӯён ва мутахассисони ҷавон илмҳои бунёдиро ҳамчун асоси касби табибӣ арзёбӣ менамоянд. Дар маҷмӯъ, тақрибан нисфи ҳамаи иштирокчиён ба анатомия ва физиология овоз додаанд ва дар навбати худ нишондиҳандаи он аст, ки новобаста аз рушди босуръати технологияҳои муосир, зеҳни сунъӣ ва усулҳои нави ташхису табобат, донишҳои амиқ оид ба сохтор ва фаъолияти организми инсон ҳамоно муҳимтарин омили ташаккули мутахассиси соҳибкасб боқӣ мемонанд.

Ҷолиб он аст, ки фанҳои клиникӣ, аз ҷумла бемориҳои дарунӣ, педиатрия, физиологияи патологӣ ва стоматологияи терапевтӣ нисбат ба илмҳои бунёдӣ камтар овоз гирифтанд. Ҳолати мазкур метавонад аз он шаҳодат диҳад, ки иштирокчиён маҳз фанҳои асосиро ҳамчун заминаи тамоми ихтисосҳои тиббӣ мешуморанд. Зеро бе донистани анатомия ва физиология азхуд намудани дигар самтҳои тиб душвор аст.

Натиҷаҳои мазкур бори дигар собит месозанд, ки анатомия танҳо як фанни таълимӣ нест, балки забони тиб мебошад. Ҳар як ташхис, ҳар як амалиёти ҷарроҳӣ ва ҳар як қарорҳои клиникӣ ба донишҳои анатомӣ такя мекунанд. Аз ҳамин лиҳоз, ҷойгоҳи пешсафи анатомия дар ин пурсиш комилан мантиқӣ ва қобили дарк мебошад.

Пурсиши мазкур на танҳо як назарсанҷии одӣ, балки бозгӯи ҷаҳонбинии донишҷӯёни имрӯзаи тиббӣ низ мебошад. Он нишон дод, ки насли ҷавони табибон арзиши илмҳои бунёдиро хуб дарк намуда, онҳоро асоси муваффақияти касбии худ меҳисобанд.

Бешубҳа, табиби муваффақ пеш аз ҳама шахсест, ки пояҳои илмии тибро мустаҳкам аз худ кардааст. Ва натиҷаҳои ин пурсиш нишон медиҳанд, ки донишҷӯёни донишгоҳи тиббӣ ин ҳақиқатро хуб дарк менамоянд.

@mardonzoda
Агар метавонистед ба худ 1-уми сентябр паём фиристед, чӣ менавиштед?
Аъзоёни Alma Mater аз таҷрибаи як соли таҳсил чӣ омӯхтанд?

Соли таҳсил ба анҷом расид. Лексияҳо, машғулиятҳои амалӣ, шабҳои бедорхобӣ, имтиҳонҳо, изтиробу ҳаяҷон ва лаҳзаҳои фаромӯшнашавандаи донишҷӯӣ пушти сар шуданд. Ба ҳамин муносибат дар шабакаи Alma Mater пурсиши ҷолиб баргузор гардид, ки иштирокчиёнро водор сохт то ба оғози соли таҳсил баргашта, ба худ як саволи муҳим диҳанд:
«Агар имрӯз (1-уми сентябр) метавонистед ба худ як паём фиристед, чӣ менавиштед?»

Натиҷаҳои пурсиш нишон доданд, ки донишҷӯён дар давоми як соли таҳсил на танҳо дониш, балки таҷрибаи арзишманди зиндагиро низ аз худ кардаанд.
Ғолиби асосии пурсиш ҷавоби «Вақт ва имкониятҳоро қадр кун» гардид, ки 31 % иштирокчиён онро интихоб намуданд. Маълум мешавад, ки маҳз қадри вақт яке аз муҳимтарин дарсҳои соли таҳсил будааст. Бисёриҳо баъди гузаштани моҳҳо дарк карданд, ки ҳар як рӯзи донишҷӯӣ имконияти нав барои рушд, омӯзиш ва расидан ба ҳадафҳо мебошад.

Дар ҷойи дуюм ҷавоби «Хатоҳо қисми ҷудонашавандаи омӯзиш мебошанд» қарор гирифт, ки 16 % овозҳоро соҳиб шуд. Натиҷаи зерин нишон медиҳад, ки ҷавонон тадриҷан дарк мекунанд: роҳи муваффақият бе иштибоҳ вуҷуд надорад ва ҳар як хато метавонад ба дарси муҳим табдил ёбад.

Ҷойи сеюмро ҷавоби «Ҷасуртар ва ба худ боварӣ дошта бош» ишғол намуд. 15 % иштирокчиён бар ин назаранд, ки маҳз боварӣ ба худ яке аз омилҳои асосии пешрафт дар таҳсил ва зиндагӣ мебошад.

Ҳамчунин 14 % иштирокчиён иқрор шуданд, ки агар имконият медоштанд, ба худ маслиҳат медоданд: «Омодагиро ба фардо нагузор». Ин натиҷа бори дигар нишон медиҳад, ки масъалаи идоракунии вақт ва иҷрои саривақтии вазифаҳо ҳамоно яке аз мушкилоти асосии донишҷӯён боқӣ мемонад.

Дар байни ҷавобҳои ғайрирасмӣ ва ҳаҷвӣ низ андешаҳои ҷолиб ба назар расиданд. Бархе навиштаанд, ки «имтиҳон аз Соли нав зудтар фаро мерасад», дигарон бошад таъкид кардаанд, ки «нақшаи таълимӣ ҳамеша аз нақшаҳои шахсӣ қавитар аст». Ин гуна ҷавобҳо бозгӯи воқеиятҳои ҳаёти донишҷӯӣ буда, боиси табассуми иштирокчиён гардиданд.
Таҳлили натиҷаҳо нишон медиҳад, ки барои донишҷӯён муҳимтарин дарсҳои соли таҳсил на ҳамеша дар китобҳо ва аудиторияҳо ҷой доранд. Бештари онҳо ба масъалаҳои худшиносӣ, истифодаи самараноки вақт, таҳаммул ба хатогиҳо ва рушди шахсӣ вобаста мебошанд.

Шояд маҳз ҳамин аст арзишмандтарин натиҷаи ҳар як соли таҳсил: на танҳо гирифтани дониш, балки ташаккули шахсияте, ки барои зиндагӣ ва фаъолияти касбӣ омода мегардад.
Ва агар ҳамаи ҷавобҳоро дар як ҷумла ҷамъбаст кунем, он чунин садо медиҳад:

«Вақтро қадр кун, аз хатоҳо натарс ва ба худ бовар дошта бош, соли таҳсил зуд мегузарад, аммо таҷрибаи он як умр боқӣ мемонад.»
👍3
KHATMEDUN
Photo
Дар доираи татбиқи сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи маориф ва тандурустӣ, бори нахуст дар таърихи Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон чор нафар донишҷӯи курси сеюм барои гузаштани таҷрибаи истеҳсолӣ аз 1 то 17 июли соли 2026 ба Донишгоҳи давлатии тиббии Ижевск (Федератсияи Россия) сафарбар гардиданд.

Рӯзи 2 июли соли 2026 ҳайати донишҷӯён бо роҳбарияти Беморхонаи клиникии шаҳрии №8 ба номи Илья Однопозов мулоқот анҷом дода, паёму дуруди самимии роҳбарияти Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро ба сардухтури муассиса, муҳтарама Ивонина Елена Валерьевна, расониданд. Зимни вохӯрӣ масъалаҳои густариши ҳамкориҳои касбӣ, такмили малакаҳои амалӣ ва табодули таҷриба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамчунин, тибқи барномаи сафар, рӯзи 16 июли соли 2026 вохӯрии расмии донишҷӯён бо ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Ижевск баргузор мегардад, ки он ҳамчун қадами муҳим дар таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байни муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия арзёбӣ мегардад.

Боварии комил дорем, ки чунин ташаббусҳо барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, муаррифии шоистаи низоми таҳсилоти олии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ва таҳкими робитаҳои илмӣ-амалӣ заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бо орзуи комёбиҳои нав ба донишҷӯёни азиз ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон!
👍4
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-07-13T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 26.26 ℃
🌇 Рӯзона: 36.95 ℃
🌄 Бегоҳ: 37.39 ℃
🌃 Шабона: 25.62 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: 0.13 %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-07-14T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 25.59 ℃
🌇 Рӯзона: 38.16 ℃
🌄 Бегоҳ: 38.27 ℃
🌃 Шабона: 29.86 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-07-15T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 26.99 ℃
🌇 Рӯзона: 39.21 ℃
🌄 Бегоҳ: 39.96 ℃
🌃 Шабона: 30.66 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN
🌤 Боду ҳаво дар Данғара
2026-07-16T07:00:00.000Z

🌅 Субҳ: 27.47 ℃
🌇 Рӯзона: 40.48 ℃
🌄 Бегоҳ: 41.48 ℃
🌃 Шабона: 31.57 ℃
☂️Эҳтимоли боридани борон: %

🥰 Фарорасии боз як рӯзи дигарро бароятон муборак мегӯем! Ва акнун он рӯзи нав фаро расид, рӯзе, ки дар он ҳоло хатогиҳо нестанд.

🤲 Таманнои онро дорем, ки ин рӯзро дуруст оғоз намуда, ба дастовардҳои нав ба наву муфид барои худ, оила ва ҷомеа ноил мегардед.

Carpe diem

I♥️KHATMEDUN