Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо роҳбари ширкати «Тибет Эверест» мулоқот намуд
Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории мутақобила, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва фаъолияти назарраси ширкат дар самти саноати кӯҳию металлургӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Саҳми Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин назаррас арзёбӣ гардид. Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин аз калонтарин корхонаҳои саноатии вилоят ва ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, дар рушди саноати мамлакат саҳми назаррас дорад.
Дар корхона асосан консентрати сурб ва консентрати руҳ истеҳсол шуда, беш аз 2 ҳазор нафар бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Корхонаи металлургии ширкат дар шаҳри Истиқлол барои то коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хом нигаронида шудааст.
Ҷонибҳо зарурати татбиқи тарҳҳои нав, ворид намудани технологияҳои муосир ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъкид карда, изҳор доштанд, ки иқтидорҳои истеҳсолӣ бояд самаранок истифода шаванд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед

Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Як навраси тоҷик скутер сохт
Як хонандаи синфи 11 аз МТМУ № 4 - и ноҳияи Ашт скутери гибридӣ сохт.
Ҳасан Сайфиддинов онро аз дучархаи кӯҳна, қисмҳои самокат ва муҳаррики триммер сохт. Он ду муҳаррик дорад - барқӣ ва бензинӣ.
Ҷузъиётро дар навор бубинед:

This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Рӯзи дуюми сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд:
Ифтитоҳи неругоҳи офтобии 250- мегават, 2 корхонаи азими маъдантозакунӣ ва як қатор иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Истиқлол ва Гулистони вилояти Суғд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳамчунин шоми имрӯз баргузории барномаи бузурги ҳунарӣ дар робита ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - маркази маъмури вилояти Суғд дар назар аст.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Ифтитоҳи неругоҳи офтобии 250- мегават, 2 корхонаи азими маъдантозакунӣ ва як қатор иншооти дигар дар шаҳру ноҳияҳои Ашт, Истиқлол ва Гулистони вилояти Суғд.
Тибқи иттилои дарёфтӣ, ҳамчунин шоми имрӯз баргузории барномаи бузурги ҳунарӣ дар робита ба 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд - маркази маъмури вилояти Суғд дар назар аст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇹🇯 Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) ба финали Бозиҳои Осиёӣ роҳ ёфт
Дар рақобати марҳилаи нимниҳоии Бозиҳои Осиёӣ -2026 аз намуди санъати муҳорибаҳои омехта варзишгари тоҷик Беҳрӯз Хуршедзода (71 кг) бо намояндаи Қирғизистон Юрускелди Дуйшиви нерӯсанҷӣ кард, ки натиҷаи рақобат баҳсбарангез шуд.
Дар аввал ғолибият ба варзишгари қирғиз дода шуд.Ҳайати Тоҷикистон аз натиҷаи рақобат розӣ нашуда, ба қарори доварон эътироз пешниҳод кард. Пас аз баррасии аризаи шикоятӣ натиҷаи рақобат тағйир дода шуда, ғолибият ба Беҳрӯз Хуршедзода дода шуд.
Ҳамин тавр, варзишгари тоҷик ба финал роҳ ёфт. Дар рақобати ниҳоӣ Хуршедзода бо намояндаи Қазоқистон Қодирбек Шинбоев нерӯ месанҷад.

Теъдоди модарони китобхон дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ангуштшуморанд
Саъдӣ Ворисов, адабиётшиносу фаъоли ҷомеа менависад, субҳи имрӯз, модареро дар канори роҳи серодам машғули мутолиа дидам. Ӯ пушт ба хиёбони Рӯдакӣ ва рӯ ба боғи Рӯдакӣ менишасту ғарқи китоб буд. Манзараи нодиру ҷаззоб. Дар ҳавои поку гуворои субҳгоҳӣ ва дар дили пойтахт.
Ба ӯ гуфтам, ки шояд ягона модари китоб ба даст дар боғу гулгаштҳои Душанбе аст. Хушҳол шуд. Гуфтам шояд худат дарк накунӣ, аммо маназареро офаридаӣ, ки паёми тарбиявӣ дорад. Китобхониро ташвиқ мекунад. Бо ноумеди ба лаҳҷаи шимолӣ гуфт: “Одамои ҳозираба таъсир намукунад”.
Дар посух шеъри Мавлоноро гуфтам:
Ту магу ҳама ба ҷанганду зи сулҳи ман чӣ ояд?
Ту яке найи, ҳазорӣ, ту чароғи худ барафрӯз!
Бо хушҳолӣ гуфт, агар “як нафарро ҳам таъсир кунаду китобхон шавад, ман хурсанд”. Гуфтам иншоаллоҳ бештар аз як нафарро таъсир мекунад. Китобхониро мероси тарбияи қиблагоҳаш гуфт ва афсус хурд, ки ба фарзандонаш интиқол дода натавонистааст.
“Бухоро”-и устод Айниро ним карда буду бо меҳру эҳтиёт варақгардон мекард.
Гуфтам чи тафовуте байни интернетгардиву китобхонӣ аст?
Гуфт: “Ин китоб аст. Буй дорад. Ин тамоман дигар”.
Гуфтам ҷавоби зебо додӣ. Китоб буй дорад. Буйи китоб воқеан хос асту аҳли мутолиа медонанд, ки чист.
Бо иҷозаташ аксашро гирифта, гуфтам роҷеъ ба ин манзараи офаридаат менависам. Розӣ шуд. Ба роҳам идома додам. Модар ба мутолиааш. Модаре, ки телефонро монда, китоб бардоштааст.
Модаре, ки дар як даст китоб дораду бо дасти дигар коляскаи навзодашро меҷунбонад. На танҳо коляска, ки дунёи фарзандашро меҷунбонад. Такон медиҳад ва ба роҳгузарон паёми китобхонӣ медиҳад. Тавфиқи бештари худовандӣ насибаш боду сафи чунин модарон рӯ ба афзоиш.

Вазорати фарҳанг: Бахтиёр Раҳимов на бо унвон, балки бо нишони “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шуд
Бахтиёр Раҳимов, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик ва раҳбари гурӯҳи ҳаҷвии “Ғарибшо-Компания“ пас аз маргаш на бо унвони “Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон”, балки бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шудааст. Дар ин бора аз Вазорати фарҳанг хабар дода гуфтанд, ки ин нишон рӯзи 5-уми сентябр дар як чорабинӣ аз сӯи Асадулло Раҳмон, ёрдамчии раиси ҷумҳур дар масъалаҳои кадрӣ ба ҳамсару писари марҳум тақдим шудааст.
Қаблан Ташриф Халил, ҳаҷвнигори дигари тоҷик, ки аз дӯстони Бахтиёр Раҳимов аст, дар саҳифаи “Инстаграм”-и худ навишт, ки ба Бахтиёр Раҳимов унвони Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон тақдим шуд. Дертар, худи Ташриф Халил навиштаашро дар саҳифаҳояш иваз кард ва гуфт, дӯсташ бо медали “Хидмати шоиста” қадрдонӣ шуд.
Баҳси беунвонии Бахтиёр Раҳимов баъди маргаш, 30-юми июни имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ доғ шуд. Баъди як ҳафта, дар нишасти матбуотии Вазорати фарҳанг далели ягон унвони давлатӣ (Ҳунарпешаи шоиста ё халқӣ) надоштани ҳаҷвнигорро пешниҳод накардани ҳуҷҷат ба вазорат ва дар ягон муассисаи зертобеи Вазорати фарҳанг кор накардани ӯ унвон доданд.

Гугуш: ман аз кокоин аз Амрико ба Эрон фирор кардам...
Гугуш хонандаи маъруфи эронӣ дар китоби хотироти нави худ бо номи «Googoosh: A Sinful Voice» ошкоро эътироф кард, ки дар замони инқилоби соли 1979 дар Амрико ба истеъмоли кокаин (аз ҷумла фрибейс) ва афюн (тирёк) гирифтор шуда буд.
Ин вобастагӣ ва вазъи бади равонӣ боис шуд, ки ӯ дар Ню-Йорк ҳатто дар бораи худкушӣ фикр кунад ва дар ниҳоят тасмим гирифт, ки аз Амрико ба Эрон фирор кунад.
Пеш аз инқилоб, Гугуш бо марде бо номи Ҳумоюн Месдоқӣ ошно шуд, ки ба гуфтаи ӯ, нашъаманд буд ва баъзан ӯро латукӯб мекард. Ҳумоюн ба ӯ пешниҳод кард, ки барои ором шудан кокаин истеъмол кунад.

🇺🇸🇾🇪Трамп дар лаҳзаи охир аз зарбаҳо ба хусиҳо дар Яман худдорӣ кард, — The New York Times
Президенти ИМА дар охирин лаҳазот аз зарбаҳо ба мавзеъгириҳои хусиҳо сарфи назар кард, ҳарчанд қаблан ба Пентагон дастур дода буд, ки ба амалиёт дар пайи муроҷиати шоҳписари Арабистони Саудӣ омода шаванд. Ба иттилои пThe New York Times, тасмими зарбазанӣ дар рӯзҳои башумор чанд даъфа тағйир ёфт.
Рӯзи якшанбе низомиёни амрикоӣ ҳадафҳои зарбазаниро мушаххас карда, ҷангандаҳои ниҳомӣ омодаи парвоз буданд. Аммо, амалиёт оғоз нашуд.
Вашингтон баъйид медонад, ки амалиёти маҳдуд метавониста бошад хусиҳоро ба гуфтушунид водор созад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Президенти ИМА дар охирин лаҳазот аз зарбаҳо ба мавзеъгириҳои хусиҳо сарфи назар кард, ҳарчанд қаблан ба Пентагон дастур дода буд, ки ба амалиёт дар пайи муроҷиати шоҳписари Арабистони Саудӣ омода шаванд. Ба иттилои пThe New York Times, тасмими зарбазанӣ дар рӯзҳои башумор чанд даъфа тағйир ёфт.
Рӯзи якшанбе низомиёни амрикоӣ ҳадафҳои зарбазаниро мушаххас карда, ҷангандаҳои ниҳомӣ омодаи парвоз буданд. Аммо, амалиёт оғоз нашуд.
Вашингтон баъйид медонад, ки амалиёти маҳдуд метавониста бошад хусиҳоро ба гуфтушунид водор созад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Дар шаҳри Панҷакент сохтмони бинои 12-ошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ ва кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ оғоз гардид
Ба иттилои мақомоти шаҳр, санги асоси бино дар оғози кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гузошта шуд. Тибқи нақша, дар ду ошёнаи аввали бино шуъбаи маорифи шаҳр ва дар таҳхонаи он китобхона ҷойгир хоҳанд шуд.
Иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «СУ-3» бунёд гардида, ба сохтмончиён супориш дода шудааст, ки корҳоро дар муҳлати пешбинишуда ва бо риояи талаботи бехатариву меъёрҳои сохтмонӣ анҷом диҳанд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Ба иттилои мақомоти шаҳр, санги асоси бино дар оғози кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода гузошта шуд. Тибқи нақша, дар ду ошёнаи аввали бино шуъбаи маорифи шаҳр ва дар таҳхонаи он китобхона ҷойгир хоҳанд шуд.
Иншоот аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ аз ҷониби ширкати сохтмонии «СУ-3» бунёд гардида, ба сохтмончиён супориш дода шудааст, ки корҳоро дар муҳлати пешбинишуда ва бо риояи талаботи бехатариву меъёрҳои сохтмонӣ анҷом диҳанд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🇺🇸ИМА таҳримҳои нав алайҳи Додгоҳи байналмилалии ҷиноирро таҳия мекунанд, — The Wall Street Journal
Маъмурияти раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп алайҳи ДБҶ таҳримҳои густурда таҳия мекунанд, ки дастрасии ин ниҳод ба низоми ҷаҳонии пулро маҳдуд месозанд.
Ба иттилои ин нашрия, далели чунин амр дастури БДҶ барои боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва собиқ вазири дифои ин кишвар Йова Галант дар робита ба ҷиноятҳои низомӣ дар Ғазза будааст.
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Вашингтон метавонад ин ниҳодро "ба тадриҷ тахриб созад", зеро таъқиби намояндаҳои кишварҳоеро, ки аъзои ин додгоҳ нестанд, таҳдид ба истиқлоли ИМА медонад.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Маъмурияти раиси ҷумҳури ИМА Доналд Трамп алайҳи ДБҶ таҳримҳои густурда таҳия мекунанд, ки дастрасии ин ниҳод ба низоми ҷаҳонии пулро маҳдуд месозанд.
Ба иттилои ин нашрия, далели чунин амр дастури БДҶ барои боздошти Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва собиқ вазири дифои ин кишвар Йова Галант дар робита ба ҷиноятҳои низомӣ дар Ғазза будааст.
Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳор дошт, ки Вашингтон метавонад ин ниҳодро "ба тадриҷ тахриб созад", зеро таъқиби намояндаҳои кишварҳоеро, ки аъзои ин додгоҳ нестанд, таҳдид ба истиқлоли ИМА медонад.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии Беморхонаи клиникии кӯдаконаи вилояти Суғдро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дирӯз бинои иловагии 7 табақаии бемористони вилояти кӯдаконаро мавриди истифода карор доданд. Гуфта мешавад, дар ин бино имкони қабули ҳамзамони 200 кӯдаки бемор ва ташхиси бемории онҳо ба таҷҳизоти муосири пизишкӣ имконпазир аст.
Ҷузъиётро дар видео бубинед:
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Президенти Тоҷикистон зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дирӯз бинои иловагии 7 табақаии бемористони вилояти кӯдаконаро мавриди истифода карор доданд. Гуфта мешавад, дар ин бино имкони қабули ҳамзамони 200 кӯдаки бемор ва ташхиси бемории онҳо ба таҷҳизоти муосири пизишкӣ имконпазир аст.
Ҷузъиётро дар видео бубинед:
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Имрӯз, 21-уми сентябр, соати 15:48 дар Тоҷикистон зилзила рух дод. Ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон,
маркази зилзила дар 98-километрии шимолу шарқи шаҳри Хоруғ ва 323-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон будааст.
Шиддати зилзила дар маркази он 4 дараҷа ташкил дода, дар Хоруғ ларзиши замин 2,3 дараҷа ва дар Душанбе 2 дараҷа эҳсос шудааст.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Боздошти ронандаҳое, ки барои намоишкорӣ қоидавайронкунӣ карданд
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн гардид, ки дар он як гурӯҳ ҷавонон ҳангоми иштирок дар ҳаракати гурӯҳии воситаҳои нақлиёт, аз шишаҳои паҳлуии автомашинаҳо худро ба берун кашида, дар баробари вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ ба ҳаёти худ хатар эҷод намудаанд.
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Файзобод зимни таҳқиқи навор ронандагони автомашинаҳои тамғаи «Toyota Camry» рақами қайди давлатиаш 0020 AS 01, "BMW" рақами қайди давлатиаш 7770 PK 10 ва «Mercedes-Benz» бо рақами қайди давлатии 9090 GP 10, инчунин мусофирони онҳо – Давлиятов Эмомиддин Баҳриддинович, соли таваллудаш 2002, сокини кӯчаи И. Сомонии ноҳияи Файзобод, Олиҳиматзода Эҳсон Олиҳимат, соли таваллудаш 2004, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод, Бобиев Абдулвосеъ Зафарович, соли таваллудаш 2004, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзобод ва Аҳмадзода Суҳайлӣ Манучеҳр, соли таваллудаш 2004, сокини деҳаи Саричашмаи ноҳияи Файзободро муайян ва боздошт намуданд.
Нисбати ҳуқуқвайронкунандагон тибқи талаботи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, мавод барои баррасии қонунӣ ба суд ирсол гардид.

Дастаи духтарони навраси Тоҷикистон мусобиқаи “CAFA”-ро бо бохт дар ҳамаи бозиҳо анҷом дод
Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон бо шикаст дар тамоми бозиҳо мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро дар зинаи охир ба поён расонд. Ин мусобиқа аз 15 то 19-уми сентябр дар шаҳри Тошканд ва бо ширкати 4 даста – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Духтарони навраси тоҷик аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0, аз Эрон бо натиҷаи 4:0 ва аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб шуда, бидуни задани ҳатто як гол мусобиқаро ба охир расонданд.
Дар қаҳрамонии “CAFA” Қирғизистон бо 7 имтиёз зинаи аввалро гирифт. Эрон бо 6 хол дуюм ва Ӯзбекистон бо 4 имтиёз сеюм шуд.
📱 Обуна шавед — Ҳамдастӣ
📱 Ба Тик Токи мо обуна шавед
Дастаи мунтахаби духтарони навраси то 17-солаи Тоҷикистон бо шикаст дар тамоми бозиҳо мусобиқаи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)-ро дар зинаи охир ба поён расонд. Ин мусобиқа аз 15 то 19-уми сентябр дар шаҳри Тошканд ва бо ширкати 4 даста – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон баргузор шуд.
Духтарони навраси тоҷик аз Ӯзбекистон бо ҳисоби 1:0, аз Эрон бо натиҷаи 4:0 ва аз Қирғизистон бо ҳисоби 2:0 мағлуб шуда, бидуни задани ҳатто як гол мусобиқаро ба охир расонданд.
Дар қаҳрамонии “CAFA” Қирғизистон бо 7 имтиёз зинаи аввалро гирифт. Эрон бо 6 хол дуюм ва Ӯзбекистон бо 4 имтиёз сеюм шуд.
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Абдучаббор Раҳмонзода: “Сулҳро бояд ҳамчун нону намак пос дошт”
Абдучаббор Раҳмонзода — вазири маорифи Чумхурии Точикистон, Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон.
Дар суҳбат бо ӯ масъалаи сулҳ ва арзиши он барои ҷомеа матраҳ гардид.