#Анҷумани_матбуотӣ
ҶАВОНӢ – БАҲОРИ УМР
Ё ХУД “ТАҶРИБАИ ҚӮҚАНД” ДАР АМАЛ
Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” анҷумани матбуотӣ доир гардид. Дар он ҷонишини ҳокими ноҳия доир ба масъалаҳои сиёсати ҷавонон, рушди иҷтимоӣ ва корҳои маънавию маърифатӣ Акбар Маҳмудов маълумот дод.
- Президенти мамлакатамон дар ҳар баромади худ дар бораи имкониятҳои барои ҷавонон фароҳамовардашуда сухан меронанд, - гуфт Акбар Маҳмудов. – Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат ном гирифтани соли равон низ беҳуда нест. Зеро ҷавонӣ баҳори умри инсон аст. Дар ин синну сол кас илму ҳунар меомӯзад, то ки барои ҳаёти ояндааш хизмат кунад. Дар мамлакатамон барои илму ҳунаромӯзӣ, ривоҷи тадбиркории ҷавонон имтиёзу имкониятҳо фароҳам оварда шудааст.
Ҳоло дар ноҳия бо 65 ҳазору 894 нафар ҷавони 74 маҳалла дар чор сектор ба тарзи инфиродӣ кор мебарем.
Аз ҳисоби маблағҳои «Бунёди ҷавонон» ба 1921 нафар ҷавон ба миқдори 3,8 миллиард сӯм ёрии иҷтимоиву иқтисодӣ расонида шуд. Ба 160 нафар ҷавон барои тадбиқи лоиҳаҳои соҳибкорӣ ба маблағи 4,8 миллиард сӯм кредити имтиёзнок дода, ба 53 нафар ҷавон 14,7 гектар замини корам барои кишоварзӣ ҷудо карда шуд.
Бозиҳои интеллектуалӣ ба ҳаракати оммавӣ табдил меёбад, ки ба ин чорабиниҳо 2660 нафар ҷавон ҷалб карда шуд. Дар доираи лоиҳаи «Фарзандони Ибрат» 2631 нафар ҷавон дар 20 курси забонҳои хориҷӣ ба тарзи онлайн бепул таҳсил мекунанд. Дар доираи «Олимпиадаи панҷ ташаббус» ба лоиҳаву озмунҳо, ки баҳри пурмазмун ташкил намудани вақти холии ҷавонони мо нигаронида шудааст, 40 ҳазору 536 нафар ҷавонон ҷалб карда шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ноҳияи мо дар асоси «Таҷрибаи Қӯқанд» бо 48 нафар ҷавони ба ҷинояткорӣ майлдошта «Нақшаи чорабинӣ» тартиб дода шуд. Дар натиҷа 18 нафари онҳо ба қисми таълимии ҳарбии «Мактаби ҷасорат» ва 7 нафар ба истироҳатгоҳи таълимии «Ватанпарварон» ҷалб гардиданд.
Аз ҷумла, мо тавассути ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ барои беҳбудии зиндагии 718 нафар ҷавони эҳтиёҷманди ёрии давлатӣ кўмак мерасонем. Тавассути “Барномаҳои таъмини шуғли ҷавонон” дар маҳаллаҳо 4 ҳазору 436 нафар ҷавонони бекор ва хатмкардаро бо ҷойи кор таъмин мекунем.
Имсол механизмҳои нави кор бо ҷавононе, ки дар хориҷи кишвар кор мекунанд ва мехоҳанд дар хориҷа кор кунанд, ҷорӣ намуда, барои омӯзонидани 2 ҳазору 79 нафар ҷавон ба забонҳои хориҷӣ, ба муҳоҷирати мақсаднок ба кишварҳои пешрафта фиристодан ва мусоидат намудан чораҳо меандешем. Ба 2 ҳазору 449 нафар ҷавон тавассути имкониятҳои “Дафтари ҷавонон” чораи ёрирасониро меандешем.
Дар асоси «Таҷрибаи Қӯқанд» бо 178 нафар ҷавононе, ки ба ҷинояткорӣ моиланд, дар маҳаллаҳо кор мебарем. Ният дорем, ки то охири сол ҷинояткориро байни ҷавонон нисбат ба соли гузашта ду баробар кам кунем.
Барои пурмазмун гузаронидани вақти холии ҷавонон 16800 нафар ҷавон ба «Олимпиадаи панҷ ташаббус», 17197 нафар ба чорабиниҳои ҳарбиву ватандӯстӣ ва зиёда аз 17000 нафар ба дигар лоиҳаю озмунҳо ҷалб гардиданд.
Баромади А. Маҳмудов бо далелу санадҳои боэътимод ба манфиати кор хоҳад буд.
Дилрабо НАСИМӢ.
@gulobod_tongi_gazetasi

ЗАН – ОИНАИ ҶАМЪИЯТ
Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” бо иштироки ҷонишини ҳокими ноҳия, мудири шӯъбаи оила ва занону духтарон Мадина Баротова оиди таъмини шуғли бонувон анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
-Дар ноҳия 272 800 нафар аҳолӣ умр ба сар мебарад, ки 134 800 нафар бонувонанд, - гуфт М.Баротова. – Аз 8-ум то 20-уми апрели соли ҷорӣ дар маҳаллаҳо бар асоси омӯзиши шавқмандии бонувон ба тадбиркорӣ, оилаҳои эҳтиёҷманд ва бонувони бекор суолнома гузаронидем. Маълум шуд, ки 3169 нафари зан-духтарон бекоранд. Ба ҷойҳои нави корӣ - 659 нафар, корҳои ҷамоатӣ – 198 нафар, омӯзиши касбиву ҳунарӣ – 891 нафар, ҳунармандиву хонакорӣ – 92 нафар ҷалб хоҳанд шуд. Ба 24 нафар кредити боимтиёз ҷудо карда мешавад. Инчунин, 1233 нафар бону худро бо кор таъмин менамояд.
Агар занҳо оқилаву ҳунарманд бошанд, фарзандони нексириштро тарбия менамоянд, ки ояндаи ватан дар дасти онҳост. Аз ин рӯ, зан оинаи ҷамъият аст. Бигзор оина ҳамеша тозаву шаффоф бошад.
Иштирокдорон аз нотиқ ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

МАДАНИЯТИ САНИТАРӢ КАЙ МЕАФЗОЯД?
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки роҳбару ходимони шӯъбаи саломатии ҷамоатӣ, санитарию эпидемологӣ ва осоиштагии ноҳияи Самарқанд анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Онҳо дар бораи корҳои дар давоми соли ҷорӣ иҷрошуда ва нақшаҳои оянда маълумот доданд...
ДАВОМАШ 👉🏻 http://gulobodtongi.uz/jamiyat/madaniyati-sanitar-kay-meafzoyad
✅ @gulobod_tongi_gazetasi

РОҲҲО РАВОН БОШАНД...
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия анҷумани матбуотӣ баргазор гардид. Дар он директори корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳия Санҷар АЛИЕВ дар бораи корҳои иҷрошуда маълумот дод.
Таъкид намуд, ки корхонаи давлатии истифодабарии роҳҳои ноҳияи Самарқанд ба масоҳати 252 километр роҳи автомобилгарди моликияти корхонаи давлатӣ хизмат мерасонад, аз ҷумла:
Роҳҳои автомобилгарди байналхалқӣ - 46 километр
Роҳҳои автомобилгарди давлатӣ (ҷумҳуриятӣ) -12 километр
Роҳҳои дорои аҳамияти вилоят ва маҳаллӣ - 194 километрро ташкил мекунад.
Роҳҳои дохилии хоҷагии ноҳияи Самарканд ба 742 километр тӯл кашида, ба онҳо шӯъбаи ободонии ноҳия хизмат мерасонад.
Соли 2023 аз ҷониби ДМ-и Самарқанд дар масофаи 1081-1086 километри шоҳроҳи М-37 Алмаато-Бишкек-Тошкент-Термиз ба маблағи 8 миллиард сӯм корҳои таъмирӣ анҷом дода шуданд, ки дар ин роҳ 12 километр корҳои ҷорӣ ба анҷом расонида шуданд ба маблағи 6 миллиарду 446 миллион сӯм таъмири ҷорӣ иҷро шуд.
Соли 2024 барои таъмири ҷорӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷумҳурӣ 3 миллиону 112 миллион 683 ҳазор сӯм ҷудо карда шуд.
Барои нигоҳубини ҷории роҳҳои байналхалқӣ 1.469.683 хазор сӯм ҷудо карда шуд.
Барои нигоҳубини ҷории роҳҳои автомобилгарди вилоят ва органҳои маҳаллӣ 1.643.000.000 сӯм ҷудо карда шуд.
Аз оғози сол барои таъмири ҷории роҳҳои дорои аҳамияти байналхалқии М-39 “Алмато-Бишкек-Тошкент-Термиз” ба 1081-1086 километр 1 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст, ки 1 миллиард сӯми он дар қитъаи 0-5 километр пурра таъмир карда шудааст.
Дар шоҳроҳҳои минтақавӣ ва маҳаллӣ:
Ба роҳи автомобилгарди 4к-533, шаҳри Самарқанд, деҳаҳои Равонак, Тайлок 396 миллион сӯм ҷудо карда шудааст, ки аз он 285 миллион сӯмаш барои таъмири ҷории 8 километр роҳ анҷом дода шуд.
Соли ҷорӣ ба корхонаи давлатии истифодаи роҳҳои ноҳияи Самарқанд 50 муроҷиат ворид шуд. Аз он 14 тояш Боқимонда, дар доираи ваколати мо, фаҳмиши ҳуқуқӣ дода шуд ва 12 тояш мусбат ҳал карда шуд.

ЧӢ ҲОЛ ДОРӢ, ҚАРЗДОР?
Дар бинои рӯзномаи
"Гулобод тонги " бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи сардори идораи бюрои иҷрои маҷбурӣ, ҳуқуқшинос дараҷаи якум Ғолибҷон Ишанқулов ,масъулони соҳаи мазкур ва вакилони расонаҳои ахбор анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
- Вазифаи мо аз иҷрои қарорҳои суд ва дигар ташкилотҳои ситондани қарзҳои мулкҳои шахсӣ ва номулкӣ иборат аст, - гуфт Ғолибҷон Олимҷонович,- танҳо дар 4 моҳи соли равон аз қарздорон ба миқдори 216 миллиарду 265 миллион сум ситонида шуд. Барои иҷрои қарорҳои дахлдор беш аз 10 нафар ходимони мо машғул гашта, вазифаи худро сарбаландона иҷро кардаанд.
Инчунин ҷаримаҳои ҷиноӣ ва маъмурӣ низ дар муддати муайяншуда ҳаллу фасли худро ёфтаанд. Ба фоидаи бонкҳои давлатӣ 46,5 миллиард сум ирсол карда шуд.
Сад афсӯс, ки баъзе шахсони ваъдабоз кӯшиш мекунанд, ки бо ҳар гуна фиребу найранг ва баҳона қарзҳои худро надиҳанд, аммо қонун ҳаст, ки иҷрои он ҳатмист.
Дар поёни ҳисобот Ғолибҷон Ишонқулов ба пурсишҳои ҳозирон ҷавоб дод.
Зоҳир Ҳасанзода, журналист.

ЭҲТИЁТ – НИМИ ҲАЁТ
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд дар мавзӯи “Пешгирии заҳролудшавӣ аз бӯи газ ва таркиши гази ҳавоӣ” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Иҷрокунандаи вазифаи сардори шӯъбаи вазъиятҳои фавқулоддаи ноҳияи Самарқанд Рустамҷон Аноров дар бораи корҳои иҷрошуда маълумот дод.
- Ҳоло ходимони мо дар ҳар хонадони 74 маҳаллаи ноҳия шуда, корҳои профиктикӣ мебаранд, - гуфт Р.Аноров. - Аз 52 ҳазору 697 ҷойи аҳолинишин 52 ҳазору 240 тояш назорат карда шуд.
Дар натиҷа 5 ҳазору 560 то камбудӣ муайян гардида, аз он 4 ҳазору 997 тояш бартараф шуд
Аз 645 то камбудии дар хонаҳои бисёрошёна муайянгардида 562 тояш бартараф гардид.
Барои пешгирии ҳолатҳои фавқулодда байни аҳолӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ мебарем. Ҳар гуна плакат, роҳнамо ва хотиррасони пешгирии ҳолатҳои сӯхтор ва вазъиятҳои фавқулоддаро ба аҳолӣ паҳн мекунем. Инчунин, ба воситаи барномаи радиою телевизион баромад мекунем. Дар саҳифаҳои рӯзнома мақолаҳои тарғиботӣ чоп мегардад.
Иштирокдорон аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

НЕСТ БОД, АЛАФИ БЕГОНА!
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд дар мавзӯи “Ҳифзи растаниҳо аз алафи бегона” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд Ҷасур Салимов дар бораи корҳои иҷрошуда маълумот дод.
Таъкид гардид, ки то моҳи март-апрел мубориза бар зидди алафҳои бегонаи 1735 га ғаллазор оғоз гардида, 1835 га (яъне, 105.8 фоиз) замини корам коркард шуд. Фермерон барои мубориза бар зидди алафҳои бегона ва нигаҳдории самаранокии хок аз усулҳои гуногун аз ҷумла, механикӣ, култиватор ва плугҳо фаъол истифода мебаранд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев соли 2024 барои ривоҷи экспорти маҳсулоти хоҷагии қишлоқ супориш дода шуд. Зери назорату ташаббуси ходимони шӯъбаи карантини растаниҳои ноҳияи Самарқанд зиёда аз 5 ҳазор тонна карам, 2 ҳазор тонна пиёз, 3 ҳазор тонна гелос ва дигар маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба мамлакатҳои хориҷӣ экспорт карда шуданд. Аз ҷиҳати экспорти маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияи Самарқанд дар миқёси Ҷумҳурият ҷои дуюм қарор дорад.
Иштирокдорон аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

ГАЗ БЕҲТАРИН СӮЗИШВОРӢ
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони шӯъбаи таъминоти гази ноҳияи Самарқанд – “Самарқандтумангаз” дар мавзӯи “Тамини аҳолӣ бо гази моеъ” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
Дар он мудири шӯъбаи таъминоти гази ноҳияи Самарқанд – “Самарқандтумангаз” Ғ.З.Шамсиев оиди мавзӯъ маълумот дод.
Таъкид гардид, ки аҳолии ноҳия истеъмолгари панҷ ГРС ба шумор меравад. Онҳо аз ГРС-ҳои Самарқанд – 1, Самарқанд – 2, Самарқанд – 6, Шимолӣ ва Тайлоқ-1 иборат аст.
Ҳоло аҳолии 44 маҳаллаи ноҳияи Самарқанд, яъне 30896 хонадон ва 62 то муассисаи иҷтимоӣ аз гази моеъ истифода мебаранд.
Дар ноҳия аз ҳисоби шумораи аъзоёни хонадонҳо бо 40162 то газбалон таъминанд.
Дар натиҷаи ба рӯйхатгирии аҳолии ноҳия маълум гардид, ки эҳтиёҷи аҳолӣ ба гази моеъ зиёд аст. Барои таъмини аҳолӣ бо гази моеъ 5 то мошини тамғаи ISUZI хизмат мерасонад.
Иштирокдорон аз мутахассисон ба саволҳои худ ҷавобҳои саҳҳеҳ гирифтанд.

САХОВАТИ ЗАМИНИ ҲОСИЛХЕЗ
Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” бо иштироки ходимони Шӯрои хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ ва соҳибони замини зандиҳавлигӣ (томорқа)-и ноҳияи Самарқанд анҷумани матбуотӣ доир гардид.
Дар он раиси Шӯрои хоҷагиҳои фермерии деҳқонӣ ва соҳибони замини зандиҳавлигӣ (томорқа)-и ноҳияи Самарқанд Санъат ХУРРАМОВ доир ба навигариҳои соҳа маълумот дод.
Дар ноҳия шумораи замини наздиҳавлигӣ (томарқа) 51954 торо ташкил дода, 3130 гектар майдони киштро фаро мегирад. Шумораи хоҷагиҳои фермерӣ 3287, майдони кишти онҳо ба 969 гектар баробар аст,- гуфт С.Хуррамов. – Деҳқонон ва зироаткорони заҳматписанд барои соли 2024 дар қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ кишти зироатҳои барвақтии баҳории кишоварзӣ тадбирҳо муайян карда, ҳоло дар айни умеди ҳосилғундорӣ ва кишти навбатӣ қарор доранд.
Аз ҷумла, дар 1443 гектар сабзавот кишт карда, 29913 тонна маҳсулот, аз ҷумла: 245 гектар помидор, 174 гектар бодиринг, 191 гектар пиёз, 176 гектар сабзӣ, 115,1 гектар карам ва ғайра ба нақша гирифта шудааст. Нашъу нумӯъи 47 гектар қаламфури булғорӣ, 109 гектар боимҷон, 201 гектар сабзаву кабудӣ ва 16 гектар шалғамча, 106 гектар маҳсулоти зироатӣ дар авҷ аст. Умед дорем, ки 2228 тонна зироат ҷамъ меоварем.
Инчунин парвариши картошка, сабзӣ, зироатҳои дон аз ҷумлаи лӯбиёву нахӯд, мошу гандуму ҷав ва маккагӣ давом дорад.
Ниҳолшинонӣ яке аз суннатҳои боғдорӣ буда, барои сабзазору пурмева намудани саҳроҳо хидмат мекунад.- изҳор дошт Санъат Хуррамов.
Иштирокдорон аз мутахасисони соҳа ба саволҳои худ ҷавоб гирифтанд.

ЗАН – ЧАРОҒИ ХОНАДОН
Дар идораи рӯзномаи “Гулобод тонги” бо иштироки ҷонишини ҳокими ноҳия, мудири шӯъбаи оила ва занону духтарон Мадина Баротова оиди корҳои дар давоми нӯҳ моҳ иҷрогардида анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
- Оила маркази тарбияест, ки ҷовидонии зиндагӣ, идомаи наслҳоро таъмин намуда, суннатҳои муқаддаси моро ҳифз менамояд, - гуфт М.Баротова, - вале солҳои охир мо ба ҷои он ки зану шавҳар якдигарро фаҳмида, тифоқ шаванд, ҷудошавии оилаҳо зиёд мешавад. Аз азал занҳои Шарқ бо сабру матонат, шукргузориву ҳунармандӣ, сарфагариву одоби оиладориашон дар олам машҳуранд. Аз ин рӯ, занро чароғи хонадон мегӯянд, ки бо он хонадон равшан аст. Афсӯс, ки ҳастанд бонувоне, ки сабук фикр меронанд ва дар бораи ояндаи худ ва андеша намеронанд.
Дар давоми нӯҳ моҳи гузашта шумораи оилаҳои ҷудошуда 231 нафар буд, дар нӯҳ моҳи соли 2024 бошад, 185 нафар аст, яъне 46 то кам шуд.
Ҳоло дар ноҳия 127 оилаи ноором ҳаст, ки бо ҳар кадомиашон дар алоҳидагӣ кор мебарем.
Мақсади мо мустаҳкамии оилаҳо аст. Бонувон босабру боандеша шаванду дар оилаҳо фарзандон хушбахтона ба камол расанд.

МАВҚЕИ ПИРОНСОЛОН ДАР ҶАМЪИЯТ
Дар идораи рӯзномаи ноҳиявии “Гулобод тонги” бо раиси шӯъбаи ноҳиявии Иттиҳодияи маҳалла Шавкат Ҳасанов дар мавзӯи “Мавқеи пиронсолон дар ҷамъият ва фаъолии иҷтимоии онҳо” анҷумани матбуотӣ баргузор гардид.
👉🏻 ДАВОМАШ