Шеър ва ғазал 🔵
1.46K subscribers
399 photos
22 videos
299 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Иблис шабе рафт ба болини ҷавоне,
Ороста бо шакли муҳиббе сару барро.
Гуфто, ки манам марг, агар хоҳи зинҳор,
Бояд бигузинӣ ту яке з-ин се хатарро.
Ё он падари пири худатро бикушӣ зор,
Ё бишканӣ аз хоҳари худ синаву сарро.
Ё худ зи майи ноб бинӯши ду-се соғар,
То ин ки бипӯшам зи ҳалоки ту назарро.
Ларзид аз ин бим ҷавон, бар худу ҷо дошт,
К-аз марг фитад ларза ба тан зайғами нарро.
Гуфто: накунам бо падару хоҳарам ин кор,
Лекин ҳаме аз хеш кунам дафъ зарарро.
Ҷоме ду-се май хӯрд, чу шуд хира зи мардум,
Ҳам хоҳари худро заду ҳам кушт падарро.
Эй кош, шавад хушк буни току Худованд
З-ин мояи шар(р) ҳифз кунад навъи башарро.
(Эраҷ Мирзо)

https://t.me/gazaltj
Ибтидо кардам ба номат Холиқи арзу само,
Подшоҳи ҳар ду олам, қозии рӯзи ҷазо!
Ҳам замину осмону Курсиву Лавҳу Қалам,
Ҷумларо пайдо ба ҳарфи кофу нун аз мо адо!
Холиқи ашёи олам будӣ, эй зулҷалол,
Воҳиду фарду самад, ҳам нестӣ аз мосиво!
Қодирӣ, Ҳайӣ, Қаюм, ҳар чӣ хоҳӣ он кунӣ,
Мекунӣ эҳё, тамоми мурдагон явмулҷазо!
Аз Самак то бар Само то Аршу Курсию Қалам,
Ҷумла моҳиҳо ҳама бо амри ту гашта бино!
Ҷумла дарёҳои олам сайр дорад рӯзу шаб,
Халқ кардӣ ҷумларо, не ибтидо не интиҳо!
Шукр кун Искандари осӣ, ки зоти Қадим,
Офарида аз дини Ислом, туро карда бино!
(Абулқосим Фирдавсӣ)

https://t.me/gazaltj
Ёди ту кунам, дилам ба фарёд ояд,
Номи ту барам, умри шуда ёд ояд.
Ҳар гаҳ ки маро ҳадиси ту ёд ояд,
Бо ман дару девор ба фарёд ояд!

Ишқи ту балои дили дарвеши ман аст,
Бегона намешавад, магар хеши ман аст.
Гуфтам, сафаре кунам, зи ғам бигрезам,
Манзил-манзил ғами ту дар пеши ман аст!

Дунё ба масал чу кӯзаи заррин аст,
Гаҳ об дар ӯ талху гаҳе ширин аст.
Ту ғарра машав, ки умри ман чандин аст,
К-ин аспи аҷал мудом зери зин аст!

Эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст, эй дӯст,
Ҷаври ту аз он кашам, ки рӯйи ту накуст.
Мардум гӯянд: Биҳишт хоҳӣ ё дӯст?
Эй бехабарон, биҳишт бо дӯст накуст!

Эзид, ки ҷаҳон ба қабзаи қудрати ӯст,
Додаст туро ду чиз, к-он ҳар ду накуст:
Ҳам сирати он, ки дӯст дорӣ касро,
Ҳам сурати он, ки кас туро дорад дӯст!

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан
Ангуштгазидане ба ёрон монад!

Дар боғ равам, кӯйи туам ёд ояд,
Бар гул нигарам, рӯйи туам ёд ояд.
Дар сояи сарв агар даме биншинам,
Сарви қади дилҷӯйи туам ёд ояд!

Гар дар Яманӣ, чу бо манӣ, пеши манӣ,
Гар пеши манӣ, чу бе манӣ, дар Яманӣ.
Ман бе ту чунонам, эй нигори яманӣ,
Худ дар ғалатам, ки ман туям, ё ту манӣ!

Субҳоналлаҳ, ба ҳар ғаме ёр туӣ,
Субҳоналлаҳ, кушоиши кор туӣ.
Субҳоналлаҳ, ба амри ту кунфаякун,
Субҳоналлаҳ, ғафуру ғаффор туӣ!
✍️Абӯсаид Абулхайр.
Илми тақво сар ба сар даъват, маъно дигар хаст,
Марди маъни дигару, майдони даъво дигар ҳаст.
Ҳусни моҳруён чи мемонад ба руйи ёри мо?
Партави моҳ дигару,нури таҷҷалло дигар ҳаст.
Ошик ар-омад ба куйи дунёву-уқбо нахост,
Ҷониби тур омадани максуди Мусо дигар хаст.
Гарчи пархез аз Биҳишту-ҳур хаст аз ақл дур,
Дар ривоят дидам ин фатвоест, тақво дигар ҳаст.
Аз дараш то равза фарқ ҳаст аз замин то осмон,
Хоки ин роҳ дигару, фирдавси аъло дигар ҳаст.
Чашм бар фардо манеҳ чун дигарон дидорро,
Баркушо имруз чашме,кори фардо дигар ҳаст.
Гар дилат бишкастдилбар, масти афзун кун Камол,
К-аз шикасти ҷоми Маҷнун, қасди Лайло дигар ҳаст.
Камоли Хуҷандӣ

https://t.me/gazaltj
Дунё ба мурод монда гири, охир чӣ?
В-ин номаи умр хонда гири, охир чӣ?
Гирам ки ба коми дил бимонди, сад сол,
Сад соли дигар ба монда гирӣ, охир чӣ?
Бобо Афзали Кошонӣ, ё Умари Хаём.
Мо чун зи даре пой кашидем, кашидем,
Умед зи ҳар кас, ки буридем, буридем.

Дил нест кабутар, ки бархост нишинад,
Аз гӯшаи боме, ки паридем, паридем.
وحشی بافقی > گزیده اشعار > غزلیات > غزل ۲۶۹

(۱)
ما چون ز دری پای کشیدیم کشیدیم
امید ز هر کس که بریدیم، بریدیم
(۲)
دل نیست کبوتر که چو برخاست نشیند
از گوشهٔ بامی که پریدیم، پریدیم
(۳)
رم دادن صید خود از آغاز غلط بود
حالا که رماندی و رمیدیم، رمیدیم
(۴)
کوی تو که باغ ارم روضهٔ خلد است
انگار که دیدیم ندیدیم، ندیدیم
(۵)
سد باغ بهار است و صلای گل و گلشن
گر میوهٔ یک باغ نچیدیم، نچیدیم
(۶)
سرتا به قدم تیغ دعاییم و تو غافل
هان واقف دم باش رسیدیم، رسیدیم
(۷)
وحشی سبب دوری و این قسم سخنها
آن نیست که ما هم نشنیدیم، شنیدیم

https://t.me/gazaltj
Ман надонистам аз аввал, ки ту бемеҳру вафоӣ,
Аҳд нобастан аз он беҳ, ки бубандиву напойӣ.

Дӯстон айб кунандам, ки чаро дил ба ту додам,
Бояд аввал ба ту гуфтан, ки «чунин хуб чароӣ?»

Ай ки гуфтӣ «марав андар пайи хубони замона»,
Мо куҷоем дар ин баҳри тафаккур, ту куҷоӣ?!

Он на хол асту занахдону сари зулфи парешон,
Ки дили аҳли назар бурд, ки сиррест худоӣ.

Парда бардор, ки бегона худ ин рӯй набинад,
Ту бузургиву дар оинаи кӯчак нанамойӣ!


Ҳалқа бар дар натавонам задан аз дасти рақибон,
Ин тавонам, ки биёям ба маҳаллат ба гадоӣ.

Ишқу дарвешиву ангуштнамойиву маломат,
Ҳама саҳл аст, таҳаммул накунам бори ҷудоӣ.

Рӯзи саҳрову самоъ асту лаби ҷӯю тамошо,
Дар ҳама шаҳр диле нест, ки дигар бирабойӣ.

Гуфта будам, чу биёӣ, ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад, чун ту биёӣ!

Шамъро бояд аз ин хона бадар бурдану куштан,
То ба ҳамсоя нагӯяд, ки ту дар хонаи моӣ.

Саъдӣ он нест, ки, ҳаргиз, зи камандат бигурезад,
Ки бидонист, ки дар банди ту хуштар, ки раҳоӣ.

Халқ гӯянд: «Бирав, дил ба ҳавои дигаре деҳ!»
Накунам, хосса дар айёми Атобак дуҳавоӣ.
(Шайх Саъдии Шерозӣ)
…Гуфта будам, чу биёи, ғами дил …

https://t.me/gazaltj
Дар вафо оину расми дўстдоронро чӣ шуд?
Ман агар девона гаштам, ҳушёронро чӣ шуд?
Рўзи навмедӣ намепурсад зи ҳоли ман касе,
Ҳамнишинонам куҷо рафтанду ёронро чӣ шуд?
Зулму бедодӣ дар ин дунёи дун аз ҳад гузашт,
Манҷаниқи чарху тарзи сангборонро чӣ шуд?
Дар гулистони умедам як гули сероб нест,
Тозакориҳои айёми баҳоронро чӣ шуд?
Нест маҳбубе, ки ёбад равнақи бозори ишқ,
Турраи шабгуни ҳусни гулъузоронро чӣ шуд?
Аз муҳаббат нолаву зорӣ намеояд ба гўш,
Махфиё, хорошикофи кўҳсоронро чӣ шуд?
@gazaltj Зебуннисо

https://t.me/gazaltj
Намехоҳам, ки фарзандони
мо бетарбият бошанд,
Ҷавонҳо зиштахлоқу
калонҳо бадният бошанд.

Намехоҳам, ки одамҳо
дар ин дунёи серӯза
Пайи айшу маишат,
пушти садҳо кайфият бошанд.

Намехоҳам, ки бошанд
аҳли олам ҳамдигарбадбин,
Разилу дилхарошу нокасу
пурмаъсият бошанд.

Намехоҳам, ки бадгӯӣ
кунанд аз пушти ҳам як умр,
Ба хуни ҳамдигар ташна,
зи пушти манфиат бошанд.

Намехоҳам, ки чаҳ кобанд
рӯйи роҳи ҳам аз кин,
Баду бадхоҳу бадҳангомаву
бехосият бошанд.

Намехоҳам ҷаҳон сӯзанду
афзун хуни ҳам резанд,
Саросар доғ андар
домани инсоният бошанд.

Худоҷӯ аз Худо имон талаб
бар кулли инсонҳо,
Тамоми мардуми дунё
ҳама дар офият бошанд.

Хайриддини Хайрандеш.

https://t.me/gazaltj