Шеър ва ғазал 🔵
1.65K subscribers
437 photos
22 videos
319 links
Шеър ва ғазалиёти шоирони Классик ва муосири форсу тоҷик
Download Telegram
Як замоне суҳбати бо Авлиё,
Беҳтар аз сад сола тоъат бе риё,
Чашм равшан кун зи хоки Авлиё,
То бубинӣ ибтидо то интиҳо.

https://t.me/gazaltj
Шеър ва ғазал 🔵
Photo
Ҳамин мисраҳо аз кадом шоиранд, илтимос ба мо менавистен.

@azamjonnazarov
Молу мулку тахту бахту миру чокар ҳеҷ нест,
Кору бору гиру дору зебу зевар, ҳеҷ нест.
Қасру насру шоҳу моҳу боғу роғу гулситон,
Чун кушои чашми ибрат эй бародар, ҳеҷ нест.
Амри наҳийи подшоҳони ҷахон cap то ба cap,
Пеши наздикони вай гашта муқаррар, ҳеҷ нест.
Гар бигирӣ Шарқу Ғарбу Руму Шому Ҳинду Чин,
Ё шавӣ Қоруни сонӣ, ё ки Қайсар, ҳеҷ нест.
Гар равад фармону амрат дар ҳама руи замин,
Ё бигирӣ кулли олам чун Сикандар, ҳеҷ нест.
Як нафас гар ту барорӣ на ба ёдат тавба кун,
Дар дукону рӯзи Маҳшар ғайри довар, ҳеҷ нест.
Аҳмади Ҷомӣ банди дил дар ин дунёи дун,
К-он чӣ мебинӣ ба чашми сар саросар, ҳеҷ нест.
( Аҳмади Ҷомӣ)

https://t.me/gazaltj
Зи рашки кулбаи ман каъбаву бутхона месӯзад,
Ту дар як хона оташ мезанӣ, сад хона месӯзад.
Ту май бо ғайр менӯшиву мегардам кабобат ман,
Ту шамъи анҷуман мегардиву парвона месӯзад.
Ба ҷисму ҷони ман, эй барқи бепарво, мурувват кун
Ту бар коҳи ман оташ мезаниву дона месӯзад.
Нигоҳи гарм дар майхонаи ман аз кӣ афтодаст?
Май аз хум то барояд, шишаву майхона месӯзад.
Туро имрӯз ҳамчун мӯйи оташдида мебинам,
Кадом ошуфта бар тасхири зулфу шона месӯзад.
Намерезад касе бар оташи бетобиям обе,
Ба ҳолам ошно мегиряду бегона месӯзад.
Ба ёди он гули рӯ, Сайидо, шамъе ки афрӯзам
Ба гулшан булбулу дар анҷуман парвона месӯзад.

https://t.me/gazaltj
Ай тири ғаматро дили ушшоқ нишона,
Халқе ба Ту машғулу Ту ғойиб зи миёна.

Гаҳ муътакифи дайраму гаҳ сокини масҷид,
Яъне ки Туро металабам хона ба хона.

Ҳар кас ба забоне сифати ҳамди Ту гӯяд,
Мутриб ба суруди наю булбул ба тарона.

Ҳоҷӣ ба раҳи Каъбаву ман толиби дидор,
Ӯ хона ҳамеҷӯяду ман соҳиби хона.

Мақсуди ман аз Каъбаву бутхона Туйӣ Ту,
Мақсуд Туйӣ, Каъбаву бутхона баҳона.

Чун дар ҳама ҷо акси рухи Ёр тавон дид,
Девона наям ман, ки равам хона ба хона.

Тақсири Хаёлӣ ба умеди карами Туст,
Яъне ки гунаҳро беҳ аз ин нест баҳона.

Хаёлии Бухороӣ

https://t.me/gazaltj
سعدی > مواعظ > قصاید > قصیدهٔ شمارهٔ ۷ - موعظه و نصیحت

(۱)
ایهاالناس جهان جای تن آسانی نیست
مرد دانا، به جهان داشتن ارزانی نیست
(۲)
خفتگان را چه خبر زمزمهٔ مرغ سحر؟
حیوان را خبر از عالم انسانی نیست
(۳)
داروی تربیت از پیر طریقت بستان
کادمی را بتر از علت نادانی نیست
(۴)
روی اگر چند پری چهره و زیبا باشد
نتوان دید در آیینه که نورانی نیست
(۵)
شب مردان خدا روز جهان افروزست
روشنان را به حقیقت شب ظلمانی نیست
(۶)
پنجهٔ دیو به بازوی ریاضت بشکن
کاین به سرپنجگی ظاهر جسمانی نیست
(۷)
طاعت آن نیست که بر خاک نهی پیشانی
صدق پیش آر که اخلاص به پیشانی نیست
(۸)
حذر از پیروی نفس که در راه خدای
مردم افکن تر ازین غول بیابانی نیست
(۹)
عالم و عابد و صوفی همه طفلان رهند
مرد اگر هست بجز عارف ربانی نیست
(۱۰)
با تو ترسم نکند شاهد روحانی روی
کالتماس تو بجز راحت نفسانی نیست
(۱۱)
خانه پرگندم و یک جو نفرستاده به گور
برگ مرگت چو غم برگ زمستانی نیست
(۱۲)
ببری مال مسلمان و چو مالت ببرند
بانگ و فریاد برآری که مسلمانی نیست
(۱۳)
آخری نیست تمنای سر و سامان را
سر و سامان به از بیسر و سامانی نیست
(۱۴)
آن کس از دزد بترسد که متاعی دارد
عارفان جمع بکردند و پریشانی نیست
(۱۵)
وانکه را خیمه به صحرای فراغت زده اند
گر جهان زلزله گیرد غم ویرانی نیست
(۱۶)
یک نصیحت ز سر صدق جهانی ارزد
مشنو ار در سخنم فایده دو جهانی نیست
(۱۷)
حاصل عمر تلف کرده و ایام به لغو
گذرانیده، بجز حیف و پشیمانی نیست
(۱۸)
سعدیا گرچه سخندان و مصالح گویی
به عمل کار برآید به سخندانی نیست
(۱۹)
تا به خرمن برسد کشت امیدی که تراست
چارهٔ کار بجز دیدهٔ بارانی نیست
(۲۰)
گر گدایی کنی از درگه او کن باری
که گدایان درش را سر سلطانی نیست
(۲۱)
یارب از نیست به هست آمدهٔ صنع توایم
وانچه هست از نظر علم تو پنهانی نیست
(۲۲)
گر برانی و گرم بندهٔ مخلص خوانی
روی نومیدیم از حضرت سلطانی نیست
(۲۳)
ناامید از در لطف تو کجا شاید رفت؟
تو ببخشای که درگاه تو را ثانی نیست
(۲۴)
دست حسرت گزی ار یک درمت فوت شود
هیچت از عمر تلف کرده پشیمانی نیست

https://t.me/gazaltj
Айюҳаннос, ҷаҳон ҷои таносонӣ нест,
Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест.

Хуфтагонро чӣ хабар замзамаи мурғи саҳар,
Ҳаявонро хабар аз олами инсонӣ нест.

Доруи тарбият аз пири тариқат биситон,
К-одамиро батар аз иллати нодонӣ нест.

Руй агарчанд паричеҳраву зебо бошад,
Натавон дид дар оина, ки нуронӣ нест.

Шаби мардони Худо рузи ҷаҳонафруз аст,
Равшанонро ба ҳақиқат шаби зулмонӣ нест.

Панҷаи дев ба бозуи риёзат бишикан,
К-ин ба сарпанҷагии зоҳири ҷисмонӣ нест.

Тоъат он нест, ки бар хок ниҳӣ пешонӣ,
Сидқ пеш ор, ки ихлос ба пешонӣ нест.

Ҳазар аз пайравии нафс, ки дар роҳи Худой,
Мардумафгантар аз ин ғули биёбонӣ нест.

Олиму обиду суфӣ ҳама тифлони раҳанд,
Мард агар ҳаст ба ҷуз орифи раббонӣ нест.

Бо ту тарсам накунад шоҳиди рӯҳонӣ рӯй,
К-илтимоси ту ба ҷуз роҳати нафсонӣ нест.

Хона пургандуму як ҷав нафиристода ба гӯр,
Барги маргат чу ғами барги зимистонӣ нест.

Бибарӣ моли мусулмону чу молат бибаранд,
Бонгу фарёд барорӣ, ки мусулмонӣ нест.

Охире нест таманнои сару сомонро,
Сару сомон беҳ аз бесару сомонӣ нест.

Он кас аз дузд битарсад, ки матоъе дорад,
Орифон ҷамъ бикарданду парешонӣ нест.

В-он киро хайма ба саҳрои фароғат задаанд,
Гар ҷаҳон зилзила гирад, ғами вайронӣ нест.

Як насиҳат зи сари сидқ ҷаҳоне арзад,
Машнав ар дар суханам фоида дуҷҳонӣ нест.

Ҳосили умр талаф кардаву айём ба лағв,
Гузаронида, ба ҷуз ҳайфу пушаймонӣ нест.

Саъдиё, гарчи сухандону масолеҳ гуӣ,
Ба амал кор барояд, ба сухандонӣ нест.

То ба хирман бирасад кишти умеде, ки турост,
Чораи кор ба ҷуз дидаи боронӣ нест.

Гар гадоӣ кунӣ, аз даргаҳи ӯ кун боре,
Ки гадоёни дарашро сари султонӣ нест.

Ё Раб, аз нест ба ҳаст омадаи сунъи туем,
В-он чӣ ҳаст, аз назари илми ту пинҳонӣ нест.

Гар бирониву гарам бандаи мухлис хонӣ,
Руи навмедиям аз Ҳазрати султонӣ нест.

Ноумед аз дари лутфи ту куҷо шояд рафт?
Ту бибахшой, ки даргоҳи туро сонӣ нест.

Дасти ҳасрат газӣ гар як дирамат фавт шавад,
Ҳеҷат аз умри талафкарда пушаймонӣ нест .

Саъдии Шерозӣ

https://t.me/gazaltj
Шеър ва ғазал 🔵 pinned «Айюҳаннос, ҷаҳон ҷои таносонӣ нест, Марди доно ба ҷаҳон доштан арзонӣ нест. Хуфтагонро чӣ хабар замзамаи мурғи саҳар, Ҳаявонро хабар аз олами инсонӣ нест. Доруи тарбият аз пири тариқат биситон, К-одамиро батар аз иллати нодонӣ нест. Руй агарчанд паричеҳраву…»
Шеър ва ғазал 🔵 pinned «АҚИҚИ ЯМАНӢ НЕСТ Мухаммас бар ғазали ШАМСИ ТАБРЕЗӢ Ҳар накҳати ҷонбахш зи мушки Хутанӣ нест, Ҳар қиссаи нашнидаи дил анҷуманӣ нест, Ҳар лолаи аз хок дамида даманӣ нест, «Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест, Ҳар шишаи гулранг ақиқи…»
АҚИҚИ ЯМАНӢ
НЕСТ

Мухаммас бар ғазали
ШАМСИ ТАБРЕЗӢ

Ҳар накҳати ҷонбахш зи мушки Хутанӣ нест,
Ҳар қиссаи нашнидаи дил анҷуманӣ нест,
Ҳар лолаи аз хок дамида даманӣ нест,
«Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.»

Қалби каси бедард зи ғам об нагардад,
Ҳар сифлаи дун мўнису аҳбоб нагардад,
Ҳар қатраи ҷӯшанда маи ноб нагардад,
«Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳмуд Расули Маданӣ нест.»

Дар пайраҳаи умр дили реш наёзор,
Дар дашти талаб хотири дарвеш наёзор,
Озори касонро маписанд, беш наёзор,
«Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш наёзор,
Зеро ки Абуҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.»

Аз ҷаҳл шавӣ куштаи як оташи бедуд,
Ҳар лаҳза шав омодаи як посуху падруд,
Шукрона намо ҳар нафасе бар буду нобуд,
«Бар марди Худо панҷа маяфкан чу Намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.»

Сӯзад тару хушки дили мо бори ҷаҳолат,
Мекӯш намонӣ қадаме рӯ ба разолат,
Бар моли амонат ту макун ҳеҷ хиёнат,
«Хушнуд нашав душман агар кард муҳаббат,
Хандидани ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.»

Дунёи дудар баҳри Сикандар накунад раҳм,
Гирйем чу фарзанд ба модар накунад раҳм,
Номард бувад, он ки ба хоҳар накунад раҳм,
«Ҷое, ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.»

Берун марав аз кибру ҳаво аз хати тақдир,
Бар ҳастии худ такя макун, ҳастӣ мусофир,
Як рӯз бигардад ба Ватан мурғи муҳоҷир,
«Сад бор агар доя ба тифли ту диҳад шир,
Ғофил машав, эй дӯст, ки модар шуданӣ нест.»
https://t.me/gazaltj
Бишкуфт гул дар бӯстон, он ғунчаи хандон куҷо?
Шуд вақти айши дӯстон, он лолаи бустон куҷо?
Ҳар бор, к-ӯ дар ханда шуд, чун ман ҳазораш банда шуд,
Сад мурда з-он лаб зинда шуд, дарди маро дармон куҷо?
Гӯянд, тарки ғам бигӯ, тадбиру сомоне биҷӯ,
Дармондаро тадбир ку, девонаро сомон куҷо?
Аз бахту рӯзӣ бо тараб Хизр об хӯрда, шуста лаб,
Пӯён Сикандар дар талаб, то чашмаи ҳайвон куҷо?
Мегуфт бо ман ҳар замон, к-аз ҷон ҳамеёбӣ амон,
Ман мебарам фармон ба ҷон, он ёри бефармон куҷо?
Гуфтам: “Туӣ ин дар танам, ё ҳаст ҷони равшанам?”
Гуфтӣ, ки “оре, ин манам”, гар ин туӣ, пас, ҷон куҷо?
Гуфтӣ, сабурӣ пеш кун, мискинӣ аз ҳад беш кун,
З-инам аз они хеш кун, ман кардам ин, ваҳ, он куҷо?
Пайдо гарат баъд аз маҳе дар кӯи мо набвад раҳе,
Аз нӯги мижгон гаҳ-гаҳе он пурсиши пинҳон куҷо?
З-ин пеш бо ту ҳар замон мебудаме аз ҳамдамон,
Хусрав на ҳаст охир ҳамон, он аҳду он паймон куҷо?
(Амир Хусрави Деҳлавӣ)

https://t.me/gazaltj