ФОНУС (fonews)
682 subscribers
2K photos
132 videos
2 files
526 links
Фаротар аз хабар
Download Telegram
Дарвозаи мо на қулф дорад на калид,
‎Ин деҳаи ман дузд надидасту надид.
‎Дар деҳаи кӯдакии озодаи ман,
‎Девор на муш дошту не гӯши палид.

‎Боғи лаби дарёча раёҳин дорад,
‎Дарвозаи хушовози вазнин дорад.
‎Кас гар шавад аз дараш дарун мевахурӣ,
‎Сад бех дарахти меваширин дорад.

‎Як мевафурӯш набуд дар деҳаи ман,
‎Аз ҳосили худ ҳама ҳамедод ҳасан.
‎Анбор ҳамекарданд бар лаҳзаи дай,
‎Боқӣ ҳамагӣ пешкаши зоғу заған.

‎Дар пуштаи деҳаам зағир кошта буд,
‎Ҷувози Сӯфӣ Бобӣ ҳама гошта буд.
‎Рӯған мекашид зағири мардум ройгон,
‎Дар мӯҳрии ӯ чароғ афрошта буд.

‎Дар чашмаи деҳа новаи чӯбин буд,
‎Мардум ба ҳаёту зиндагӣ хушбин буд.
‎Бо шодию дарди ҳам шарикӣ доштанд,
‎Хоби кӯдакии он замон ширин буд.

Давлат Қувват

7
Аз Ашт то Қошғар: рӯзгори сарлашкари тоҷик Эшонхон ибни Муҳаммадризо

Таърихи миллати тоҷик пур аз шахсиятҳое мебошад, ки бо шуҷоат, хирад, илму маърифат ва хизматҳои арзандаи худ дар сарнавишти мардумони Осиёи Марказӣ нақши муҳим гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, номи бархе аз ин фарзандони фарзона бо гузашти замон камтар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.

Яке аз чунин чеҳраҳои таърихӣ Эшонхон ибни Муҳаммадризо мебошад  сарлашкар, сайёҳ, дипломати тоҷик ва ҳамсафари содиқи Ёқуббеки Бодавлат, ки дар рӯйдодҳои муҳими сиёсию низомии нимаи дуюми асри XIX нақши назаррас доштааст.

Эшонхон ибни Муҳаммадризо дар нимаи аввали асри XIX дар Ашт ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои машҳури Бухоро ва Хӯқанд рафта, улуми динӣ, адабӣ ва фанҳои замонашро фаро гирифтааст. Илму дониши амиқ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯ сабаб гардид, ки ба муҳити ҳарбии Хонигарии Хӯқанд ворид шуда, дар хизмати давлатӣ ва низомӣ фаъолият намояд.

Дар солҳои баъдӣ Эшонхон дар ҷангҳои футуҳотии хонигарии Хӯқанд, дар низоъҳои байни аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ва ҳамчунин дар муҳорибаҳои байни Русияи подшоҳӣ ва Хӯқанд иштирок намуда, ҳамчун фармондеҳи далер ва кордон шуҳрат пайдо кард.

Моҳи октябри соли 1864 ӯ ҳамроҳи Ёқуббеки Бодавлат ба Қошғар сафар намуд. Дар он айём мардуми Туркистони Шарқӣ бар зидди ҳукмронии сулолаи Тсин мубориза мебурданд. Эшонхон дар ин ҷангҳо фаъолона ширкат варзида, дар ташкили нерӯҳои ҳарбӣ ва пирӯзиҳои аввалин саҳми арзанда гузошт.

Бо таъсиси Давлати Ҳафтшаҳр, Эшонхон ба яке аз сарлашкарони боэътимоди Ёқуббеки Бодавлат табдил ёфт. Соли 1870 ӯ дар амалиёти муҳими забти Урумчӣ иштирок намуда, роҳбарии бахше аз лашкарро бар уҳда дошт. Ин пирӯзӣ мавқеи Давлати Ҳафтшаҳрро дар минтақа таҳким бахшид.

Соли 1875 бо супориши Ёқуббеки Бодавлат Эшонхон ҳамчун сафири давлатӣ ба Пекин фиристода шуд. Ин сафорат яке аз муҳимтарин рисолатҳои дипломатии давлати Ҳафтшаҳр ба ҳисоб мерафт. Интихоби ӯ ба чунин вазифаи пурмасъулият далели эътимоди баланди Ёқуббек ба дониш, таҷриба ва маҳорати дипломатии Эшонхон буд.

Ёқуббеки Бодавлат аз чеҳраҳои маъруфи таърихи Туркистони Шарқӣ маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1865-1877 шаҳрҳои Қошғар, Ёрканд, Хотан, Ақсу, Кӯча ва дигар минтақаҳоро муттаҳид намуда, Давлати Ҳафтшаҳр-ро бунёд гузошт. Ин давлат бо империяи Усмонӣ, Британияи Кабир ва Русия робитаҳои сиёсӣ барқарор намуда буд. Аммо солҳои 1877-1878 нерӯҳои сулолаи Тсин Туркистони Шарқиро дубора ишғол карда, ба мавҷудияти Давлати Ҳафтшаҳр хотима бахшиданд.

Пас аз суқути Давлати Ҳафтшаҳр соли 1878 Эшонхон ба зодгоҳи худ  Ашт баргашт. Ӯ ба ҳайси қозии волости Ашт фаъолият намуда, то охири умри худ бо адолат ва дониш ба мардум хизмат кард.

Эшонхон ибни Муҳаммадризо соли 1924 дар Ашт аз олам даргузашт. Аз ӯ китобхонаи нодир ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз дар дасти пайвандонаш нигоҳдорӣ мешавад. Ин китобхона мероси пурқимати илмиву фарҳангӣ буда, метавонад барои омӯзиши таърихи Ашт, Хӯқанд ва Туркистони Шарқӣ сарчашмаи муҳим гардад.

Рӯзгори Эшонхон ибни Муҳаммадризо аз Ашт то Қошғар роҳи пуршарафи як фарзанди тоҷикро таҷассум мекунад, ки бо шамшер аз адолат ҳимоят намуд, бо хирад дар арсаи дипломатия хизмат кард ва бо китобу дониш мероси гаронбаҳо аз худ боқӣ гузошт.

Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳои камшинохтаи таърихи тоҷикон аст, ки хизматҳояш дар таҳкими давлатдорӣ, ҳарб ва дипломатияи минтақа сазовори омӯзиши амиқ ва арҷгузории бештар мебошад.

Зиндагиномаи ӯ на танҳо бахше аз таърихи Ашт, балки саҳифаи муҳими таърихи тоҷикон ва тамоми Осиёи Марказӣ аст.

Бахтовар Темирзода,
муаррихи ҷавон
7
БА ФИКРИ ШУМО ИМШАБ КӢ ПИРӮЗ МЕШАВАД?

❤️- Инглистон
❤️‍🔥- Норвеж

#пурсиш
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤‍🔥5
БО ШАРҲ
Ширу шакар:

Вкусно будет, без гапу даъво,
Добро пожаловать ба чайхонаи мо!

😀

📸 Х.М.

#бо_шарҳ
#акс
#фонус
😁9
Унвонии Марк Твен номае меояд, ки дар он танҳо як калима навишта шудааст: "Хук".

Ҷавоби нависанда ба ин нома чунин буд:

Маъмулан ман номаҳои бе имзо дарёфт мекунам. Аммо шоми дирӯз бори аввал имзои бидуни нома гирифтам.


#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁7🔥2
АЗ БОЙГОНИИ "ФОНУС"

ин мем солҳо пеш нашр шуда буд, аммо ҳоло вақташ аст, то бознашр шавад)))

#бойгонӣ
#мем
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁42😭1
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
📌Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.


Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигирфт ба дандон сари ангушт,

Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»

Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То касс нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.

چون تیغ به دست آری مردم نتوان کشت
نزدیک خداوند بدی نیست فرامشت

این تیغ نه از بهر ستمگاران کردند
انگور نه از بهر نبید است به چرخشت

عیسی به رهی دید یکی کشته فتاده
حیران شد و بگرفت به دندان سر انگشت

گفتا که «کرا کشتی تا کشته شدی زار؟
تا باز که او را بکشد آنکه تو را کشت!»

انگشت مکن رنجه به در کوفتن کس
تا کس نکند رنجه به در کوفتنت مشت

📝: Абуабдуллоҳ РӮДАКӢ

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3
Forwarded from ДОНИШ
#назм
Барои муҳтавои бештар обуна шавед 💚 @donish_su
4
Forwarded from ДОНИШ
Ҳосили Ғарб аз Хайём: мабҳаси «Быть или не быть?»,
Ҳосили Шарқ аз Хайём: мабҳаси «Пить или не пить?».
✍️ Рустами Ваҳҳоб
41
ИМШАБ КӢ ҒАЛАБА МЕКУНАД?

❤️- ИНГЛИСТОН
❤️‍🔥- АРГЕНТИНА

#пурсиш
#ҶҶ26
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤‍🔥41
Агар имшаб Инглистон бар Аргентина пирӯз шавад, даври ниҳойии Ҷоми ҷаҳонӣ диданитар мешавад. Гузашта аз ин Фаронса дар муқобили Аргентина қарор мегирад. Ҳарчанд барои касби мақоми сеюм мубориза мекунанд, аммо фаронсавиҳо шонси хуб доранд, ки қасди бохти ҷор соли пеши худро биситонанд)))



#ҶҶ26
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
🔥31
БО ШАРҲ
Вақте дар киштзору боғу токзори деҳқон ба ҷойи сабзавоту себу анору ангур либосу пероҳани кӯдакона парвариш мешавад...

😀

📸 А.В.
#бо_шарҳ
#акс
#фонус
🤣10😁8
10
Media is too big
VIEW IN TELEGRAM
📌НА ДОМ АСТ, НА ЗАНҶИР, ҲАМА БАСТА ЧАРОЕМ?

Ин ғазали маъруфи Мавлоно, ки дар филми ҳунарии "ДОВ" қисман иҷро шуда буд, акнун дар шакли комил пешниҳод мешавад.

📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
3👍3
Forwarded from ДОНИШ
Ало кабки дарӣ, фарёд дорӣ?
Забони модариро ёд дорӣ?
✍️ Рустами Ваҳҳоб
10
Дар Ҷоми ҷаҳонии футболи имсол тақрибан шоҳиди ҳама чӣ шудем: найрангбозии довар, бозии ғайримунтазираи тимҳое ки номи кишварашонро бори аввал шунидем, дахолати Трамп барои бекор кардани корти сурх, 10 гол дар як бозӣ ва ғайра. Рақобати даври ниҳойӣ метавонад моро ба ҳайрат гузорад? Дар ин бозӣ чӣ метавонад шавад, ки касе ҳатто тасаввур намекард?


#ҶҶ26
3
📚 Сомонаи KITOBKHON.NET комилан нав шуд!

Дӯстони азиз! Китобхонаи электронии "Китобхон" аз сифр аз нав сохта шуд ва акнун бо намуди тоза ва имкониятҳои фаровон фаъолиятро давом медиҳад.


Чӣ навгониҳо шуд?

Тарҳи муосир - сомонаро зебо, сабук ва пурра ба телефонҳои мобилӣ мувофиқ кардем;

🔍 Ҷустуҷӯи ҳушманд — номи китобро чӣ гунае ки нависед, сомона онро меёбад: бо ҳарфҳои лотинӣ («Shohnoma»), бе ҳарфҳои махсуси тоҷикӣ («Точикистон» ба ҷои «Тоҷикистон») ва ҳатто бо хатои имлоӣ;

🗂 Полоишҳои васеъ — китобҳоро аз рӯйи муаллиф, бахш, барчасп, забон, нашриёт ва соли чоп ҷудо карда метавонед. Чанд полоишро ҳам якҷоя мешавад истифода бурд.

↕️ Мураттабсозӣ — натиҷаҳои ҷустуҷӯро аз рӯйи нав будан, ном, соли нашр ё аз рӯйи китобҳои бештар боргиришуда тартиб диҳед.

👤 Саҳифаи муаллифон — ҳар муаллиф акнун саҳифаи худро дорад: сурат, тарҷумаи ҳол ва ҳамаи китобҳояш дар як ҷо; дар феҳристи муаллифон ҷустуҷӯ низ ҳаст

📖 Саҳифаи китоб — дар зери ҳар китоб акнун бахшҳои «Асарҳои дигари муаллиф» ва «Дигар китобҳо» ҳастанд — китобҳои ба шумо ҷолиб дар ин бахшҳо хоҳанд буд.

🤖 Боти "Telegram" — t.me/kitobkhon_net_bot: номи китоб ё муаллифро нависед ва файли PDF-ро бевосита дар "Telegram гиред", ба сомона даромадан ҳам лозим нест!

⚡️ Суръати баланд — саҳифаҳо тезтар кушода мешаванд.

📊 Ҳоло дар китобхона 868 китоб аз 624 муаллиф ҷамъ шудааст ва ин рақам афзоиш хоҳад ёфт. Чун қисми мудирияти сомона (админ панел) ҳам бо сифати беҳтар сохта ва илова кардани китобҳо барои мудирон осонтар шуд.

🖇 Мисли пештара ҳамаи китобҳо ройгон боргирӣ мешаванд, ҳамаи пайвандҳои пешина низ кор мекунанд.

Моро дастгирӣ ва сомонаро ба дӯстонатон мубодила кунед! 🙏

👉 https://kitobkhon.net
4
Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 поён ёфт. Испания қаҳрамон шуд. Ҳаққаш ҳам буд. Бо чунин як бозӣ ва бо чунин ҳайъат агар бидуни ба гардан овехтани нишони тило ва бӯсидани ҷом ба хонаҳояшон бармегаштанд, ноинсофӣ мешуд. Аммо ҳамчунин ноинсофӣ мешавад агар аз заҳмати шореҳони футболи “ТВ Варзиш” нагӯям. Дасташон дард накунад. Сипоси хос ба Бобо Холмуродзода, Гулрӯз Худоназарзода, Парвизи Маҳмадамин, Меҳровари Кишвар. Дасти онҳое ҳам ки барномаҳои зиндаи пеш ва баъди дидорҳои муҳимро ба таври зинда пешниҳод мекарданд ва дасти онҳое ки дар ин барномаҳо ба ҳайси коршинос иштирок карданд, ҳам дард накунад. Суҳбатҳову назарҳои Меҳроби Исроилиён ва Имомбек Шодибекзод ҳам шуниданиянд. Як нуктаи муҳим ва хурсандибахш ин аст, ки шореҳони ҷавон аз интиқодҳои шабакаҳои иҷтимоӣ намеранҷанд, эродҳои донандаҳои забони тоҷикиро хуш қабул мекунанд ва аксар вақт талош мекунанд гунаҳои дуруст ва тоҷикии истилоҳоти футболиро истифода баранд. Аз ҳама муҳим дар ҷараёни шарҳи футбол гапҳои беҳудаи зиёд ва дур аз футбол намегӯянд, ҳар мавзӯъ ҳатман бо дидоре ки шореҳӣ мекунанд, пайвастагӣ дорад.
Бо умеди пешрафтҳои бештар!

#ҶҶ26
👍5