ЧАРО НАХАНДЕМ?
- Ҷонам, бароят дору овардам.
- Доруро чӣ мекунам?
- Охир худат дирӯз дар телефон гуфти "дору надорам"
- Беақл, ман гуфтам, ки дору надорам ту ҳастӣ...
#табассум
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj

Telegram
ФОНУС (fonews)
Фаротар аз хабар
😁17
✍Афсона Акобиршо
Як чолиши ҷадидро шурӯъ кардам!😉
Тасмим гирифтам ҳар моҳ як китоб бихонам ва мутолеаро ба бахши собит аз зиндагиам табдил кунам. Ҳоло ки бештари вақтам дар хона мегузарад, барои ин чолиш фурсати хеле муносибе аст😊
Ин сафарро бо китоби “Шудан”-и Мишел Обомо шурӯъ кардам ва муштоқам бибинам, ки ин масир маро ба куҷо мебарад.
Шумо чӣ китоберо пешниҳод мекунед, ки арзиши хондан дошта бошад?

👍13
✍ Гёте
Агар медонистед ки чӣ қадр кам дуруст фаҳмида мешавем, талош мекардед ҳарчӣ бештар хомуш бошед.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Агар медонистед ки чӣ қадр кам дуруст фаҳмида мешавем, талош мекардед ҳарчӣ бештар хомуш бошед.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
🔥6
✍ Саъдӣ Ворисов
Ҳаёти муъмин бояд рангоранг бошад. Яксониву якрангии хастакун дар маромаш набошад. Дар ҳадисе ҳазрати Расул (с) муъминонро тавсия кардааст, ки дар як ҳолат зиёд набошанд ва худро ҳолгардон кунанд, то малулу ҳолзада нашаванд. Яъне агар каме тоату ибодат карданд ками дигар тафреҳ кунанд. Саъдии Шерозӣ ин ҳадисро ба риштаи назм кашида, тавсия медиҳад, ки агар каме дарс хондеду баҳси Қуръон кардед, ками дигар ба шеъру шоҳмоту ҳикоя машғул шавед. Ба бовари Саъдӣ дарси Қуръон муъминро ба суи камол мебарад ва шеъру шатранҷ хастагиро дур мекунад.
Намудҳои истироҳате, ки Саъдӣ пешниҳод мекунад тафреҳҳои зеҳнӣ мебошанд. Зоҳиран ин насиҳатгари бузург истироҳатҳои худашро милок қарор дода, бештар ба толибилмону донишмандон тавсияи шеъру шоҳмотбозӣ кардааст. Шояд ҳазрати Саъдӣ зиёд аҳли варзишҳои баданӣ набудааст. Ӯ шоҳмотбро хуб медонистаст ва дар ашъораш аз истилоҳҳои шоҳмот ва ҳаракати донаҳои он ёд кардааст.
Шайхи Шероз бар аҳамияти ҳолгардонӣ барои одамон таъкид намуда мегӯяд танҳо худост, ки аз ҳоле ба ҳоле намегардад:
Замоне, дарси илму баҳси Танзил,
Ки бошад нафси инсонро камоле.
Замоне, шеъру шатранҷу ҳикоят,
Ки хотирро бувад дафъи малоле.
Худой аст он ки зоти бе назираш,
Нагардад ҳаргиз аз ҳоле ба ҳоле.

❤8👍1
Дарвозаи мо на қулф дорад на калид,
Ин деҳаи ман дузд надидасту надид.
Дар деҳаи кӯдакии озодаи ман,
Девор на муш дошту не гӯши палид.
Боғи лаби дарёча раёҳин дорад,
Дарвозаи хушовози вазнин дорад.
Кас гар шавад аз дараш дарун мевахурӣ,
Сад бех дарахти меваширин дорад.
Як мевафурӯш набуд дар деҳаи ман,
Аз ҳосили худ ҳама ҳамедод ҳасан.
Анбор ҳамекарданд бар лаҳзаи дай,
Боқӣ ҳамагӣ пешкаши зоғу заған.
Дар пуштаи деҳаам зағир кошта буд,
Ҷувози Сӯфӣ Бобӣ ҳама гошта буд.
Рӯған мекашид зағири мардум ройгон,
Дар мӯҳрии ӯ чароғ афрошта буд.
Дар чашмаи деҳа новаи чӯбин буд,
Мардум ба ҳаёту зиндагӣ хушбин буд.
Бо шодию дарди ҳам шарикӣ доштанд,
Хоби кӯдакии он замон ширин буд.
✍Давлат Қувват
Ин деҳаи ман дузд надидасту надид.
Дар деҳаи кӯдакии озодаи ман,
Девор на муш дошту не гӯши палид.
Боғи лаби дарёча раёҳин дорад,
Дарвозаи хушовози вазнин дорад.
Кас гар шавад аз дараш дарун мевахурӣ,
Сад бех дарахти меваширин дорад.
Як мевафурӯш набуд дар деҳаи ман,
Аз ҳосили худ ҳама ҳамедод ҳасан.
Анбор ҳамекарданд бар лаҳзаи дай,
Боқӣ ҳамагӣ пешкаши зоғу заған.
Дар пуштаи деҳаам зағир кошта буд,
Ҷувози Сӯфӣ Бобӣ ҳама гошта буд.
Рӯған мекашид зағири мардум ройгон,
Дар мӯҳрии ӯ чароғ афрошта буд.
Дар чашмаи деҳа новаи чӯбин буд,
Мардум ба ҳаёту зиндагӣ хушбин буд.
Бо шодию дарди ҳам шарикӣ доштанд,
Хоби кӯдакии он замон ширин буд.
✍Давлат Қувват
❤7
Forwarded from Китобхон - کتابخوان
Аз Ашт то Қошғар: рӯзгори сарлашкари тоҷик Эшонхон ибни Муҳаммадризо
Таърихи миллати тоҷик пур аз шахсиятҳое мебошад, ки бо шуҷоат, хирад, илму маърифат ва хизматҳои арзандаи худ дар сарнавишти мардумони Осиёи Марказӣ нақши муҳим гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, номи бархе аз ин фарзандони фарзона бо гузашти замон камтар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Яке аз чунин чеҳраҳои таърихӣ Эшонхон ибни Муҳаммадризо мебошад сарлашкар, сайёҳ, дипломати тоҷик ва ҳамсафари содиқи Ёқуббеки Бодавлат, ки дар рӯйдодҳои муҳими сиёсию низомии нимаи дуюми асри XIX нақши назаррас доштааст.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо дар нимаи аввали асри XIX дар Ашт ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои машҳури Бухоро ва Хӯқанд рафта, улуми динӣ, адабӣ ва фанҳои замонашро фаро гирифтааст. Илму дониши амиқ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯ сабаб гардид, ки ба муҳити ҳарбии Хонигарии Хӯқанд ворид шуда, дар хизмати давлатӣ ва низомӣ фаъолият намояд.
Дар солҳои баъдӣ Эшонхон дар ҷангҳои футуҳотии хонигарии Хӯқанд, дар низоъҳои байни аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ва ҳамчунин дар муҳорибаҳои байни Русияи подшоҳӣ ва Хӯқанд иштирок намуда, ҳамчун фармондеҳи далер ва кордон шуҳрат пайдо кард.
Моҳи октябри соли 1864 ӯ ҳамроҳи Ёқуббеки Бодавлат ба Қошғар сафар намуд. Дар он айём мардуми Туркистони Шарқӣ бар зидди ҳукмронии сулолаи Тсин мубориза мебурданд. Эшонхон дар ин ҷангҳо фаъолона ширкат варзида, дар ташкили нерӯҳои ҳарбӣ ва пирӯзиҳои аввалин саҳми арзанда гузошт.
Бо таъсиси Давлати Ҳафтшаҳр, Эшонхон ба яке аз сарлашкарони боэътимоди Ёқуббеки Бодавлат табдил ёфт. Соли 1870 ӯ дар амалиёти муҳими забти Урумчӣ иштирок намуда, роҳбарии бахше аз лашкарро бар уҳда дошт. Ин пирӯзӣ мавқеи Давлати Ҳафтшаҳрро дар минтақа таҳким бахшид.
Соли 1875 бо супориши Ёқуббеки Бодавлат Эшонхон ҳамчун сафири давлатӣ ба Пекин фиристода шуд. Ин сафорат яке аз муҳимтарин рисолатҳои дипломатии давлати Ҳафтшаҳр ба ҳисоб мерафт. Интихоби ӯ ба чунин вазифаи пурмасъулият далели эътимоди баланди Ёқуббек ба дониш, таҷриба ва маҳорати дипломатии Эшонхон буд.
Ёқуббеки Бодавлат аз чеҳраҳои маъруфи таърихи Туркистони Шарқӣ маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1865-1877 шаҳрҳои Қошғар, Ёрканд, Хотан, Ақсу, Кӯча ва дигар минтақаҳоро муттаҳид намуда, Давлати Ҳафтшаҳр-ро бунёд гузошт. Ин давлат бо империяи Усмонӣ, Британияи Кабир ва Русия робитаҳои сиёсӣ барқарор намуда буд. Аммо солҳои 1877-1878 нерӯҳои сулолаи Тсин Туркистони Шарқиро дубора ишғол карда, ба мавҷудияти Давлати Ҳафтшаҳр хотима бахшиданд.
Пас аз суқути Давлати Ҳафтшаҳр соли 1878 Эшонхон ба зодгоҳи худ Ашт баргашт. Ӯ ба ҳайси қозии волости Ашт фаъолият намуда, то охири умри худ бо адолат ва дониш ба мардум хизмат кард.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо соли 1924 дар Ашт аз олам даргузашт. Аз ӯ китобхонаи нодир ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз дар дасти пайвандонаш нигоҳдорӣ мешавад. Ин китобхона мероси пурқимати илмиву фарҳангӣ буда, метавонад барои омӯзиши таърихи Ашт, Хӯқанд ва Туркистони Шарқӣ сарчашмаи муҳим гардад.
Рӯзгори Эшонхон ибни Муҳаммадризо аз Ашт то Қошғар роҳи пуршарафи як фарзанди тоҷикро таҷассум мекунад, ки бо шамшер аз адолат ҳимоят намуд, бо хирад дар арсаи дипломатия хизмат кард ва бо китобу дониш мероси гаронбаҳо аз худ боқӣ гузошт.
Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳои камшинохтаи таърихи тоҷикон аст, ки хизматҳояш дар таҳкими давлатдорӣ, ҳарб ва дипломатияи минтақа сазовори омӯзиши амиқ ва арҷгузории бештар мебошад.
Зиндагиномаи ӯ на танҳо бахше аз таърихи Ашт, балки саҳифаи муҳими таърихи тоҷикон ва тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Бахтовар Темирзода,
муаррихи ҷавон

БА ФИКРИ ШУМО ИМШАБ КӢ ПИРӮЗ МЕШАВАД?
❤️- Инглистон
❤️🔥- Норвеж
#пурсиш
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤️- Инглистон
❤️🔥- Норвеж
#пурсиш
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤🔥5
Унвонии Марк Твен номае меояд, ки дар он танҳо як калима навишта шудааст: "Хук".
Ҷавоби нависанда ба ин нома чунин буд:
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Ҷавоби нависанда ба ин нома чунин буд:
Маъмулан ман номаҳои бе имзо дарёфт мекунам. Аммо шоми дирӯз бори аввал имзои бидуни нома гирифтам.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁7🔥2
АЗ БОЙГОНИИ "ФОНУС"
ин мем солҳо пеш нашр шуда буд, аммо ҳоло вақташ аст, то бознашр шавад)))
#бойгонӣ
#мем
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
ин мем солҳо пеш нашр шуда буд, аммо ҳоло вақташ аст, то бознашр шавад)))
#бойгонӣ
#мем
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁4❤2😭1
Forwarded from Китобхон - کتابخوان
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигирфт ба дандон сари ангушт,
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То касс нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
چون تیغ به دست آری مردم نتوان کشت
نزدیک خداوند بدی نیست فرامشت
این تیغ نه از بهر ستمگاران کردند
انگور نه از بهر نبید است به چرخشت
عیسی به رهی دید یکی کشته فتاده
حیران شد و بگرفت به دندان سر انگشت
گفتا که «کرا کشتی تا کشته شدی زار؟
تا باز که او را بکشد آنکه تو را کشت!»
انگشت مکن رنجه به در کوفتن کس
تا کس نکند رنجه به در کوفتنت مشت
📖 Китобхонро дар
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤3
Forwarded from ДОНИШ
Ҳосили Ғарб аз Хайём: мабҳаси «Быть или не быть?»,
Ҳосили Шарқ аз Хайём: мабҳаси «Пить или не пить?».
✍️ Рустами Ваҳҳоб

⚡4❤1
ИМШАБ КӢ ҒАЛАБА МЕКУНАД?
❤️- ИНГЛИСТОН
❤️🔥- АРГЕНТИНА
#пурсиш
#ҶҶ26
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤️- ИНГЛИСТОН
❤️🔥- АРГЕНТИНА
#пурсиш
#ҶҶ26
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤🔥4❤1
Агар имшаб Инглистон бар Аргентина пирӯз шавад, даври ниҳойии Ҷоми ҷаҳонӣ диданитар мешавад. Гузашта аз ин Фаронса дар муқобили Аргентина қарор мегирад. Ҳарчанд барои касби мақоми сеюм мубориза мекунанд, аммо фаронсавиҳо шонси хуб доранд, ки қасди бохти ҷор соли пеши худро биситонанд)))

🔥3❤1
Forwarded from Китобхон - کتابخوان
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤3👍2