✍️Абдурашид Қаюмзод
Ҳоло баъзе ҳаҷвнигорон ҳаҷвро хароб кардаанд, аз он сӯистифода мекунанд. Ҳаҷв гуфта, тамошо мекунӣ, аммо баъди лаҳзае мебинӣ, ки рекламаи молу мулкеро тамошо дорӣ. Худо раҳмат кунад Бахтиёр Раҳимовро, ки ба ин чиз даст назад. Ғайр аз ин, мушкилоту камбудиҳои ҷомеаро бо ҳаҷв дар саҳнаҳои калон назди ашхоси боломақом матраҳ мекард, ки ин аз ғайрат ва касбияти ӯ дарак медод.
Рӯҳашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!

1🕊13❤5👍2
📚 Blaise Pascal
Ҳар қадар бештар меомӯзам, ҳамон қадар бештар мефаҳмам, ки чӣ қадар чизҳоро намедонам.

❤8👍6
✍️Фридрих Нише
Дӯстиро барномарезӣ намекунанд, дар бораи муҳаббат ҷор намезананд, ҳақиқатро исбот намекунанд.
—
❤️- мувофиқам
🔥- мувофиқ нестам
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj

❤11👀1
Рӯзе аҳолии як русто аз Баҳлул хоҳиш карданд, ки дар деҳаи онҳо суханронӣ кунад. Баҳлул дар посух гуфт:
«Агар касе ба ман панҷ танга диҳад, дар ивазаш барои шумо суханронӣ хоҳам кард.»
Мардуми русто аз ин талаб ҳайрон шуданд. Онҳо бо худ андешиданд, ки агар Баҳлул барои суханрониаш чунин ҳақ талаб мекунад, пас ҳатман суханони бисёр арзишманд дорад. Бо заҳмати зиёд панҷ танга ҷамъ оварда, ба ӯ супориданд.
Дар рӯзи ваъдашуда Баҳлул, дар ҳоле ки тангаҳо дар ҷайбаш ҷиринг-ҷиринг мекарданд, ба минбар баромад ва суханронии бисёр пурмазмуну дилнишине анҷом дод. Пас аз поён ёфтани суханронӣ аз минбар фаромада, рӯ ба мардум гуфт:
«Наздик биёед ва тангаҳои худро бозпас гиред.»
Мардуми русто аз шунидани ин сухан лаҳзае дар ҳайрат монданд. Сипас яке аз онҳо пурсид:
«Эй Баҳлул, ин рафтори шумо чӣ маъно дорад? Чаро аввал пул талаб кардед ва ҳоло онро бозпас медиҳед?»
Баҳлул бо лабханде посух дод:
«Дар ин кор ду нукта нуҳуфтааст.
Аввал ин ки инсон вақте барои чизе маблағ мепардозад, мекӯшад аз он беҳтарин баҳра барад. Ҳамон тавре ки шумо имрӯз бо диққати тамом ба суханони ман гӯш додед.
Дувум ин ки вақте ҷайби инсон пур аз пул бошад, суханаш низ боэътимодтар, равонтар ва дилнишинтар мешавад.»
--------------------
Дар ҷаҳони имрӯз фақр оташест, ки бисёре аз хубиҳо ва арзишҳои инсонро месӯзонад, дар ҳоле ки сарват пардаест, ки бисёре аз айбу нуқсонҳоро мепӯшонад. Ва чӣ ноинсофанд онҳое, ки инсонеро танҳо ба хотири дороияш гиромӣ медоранд, вале дигареро фақат барои нодорияш хор мешуморанд.
©АЗ ҲАР ЗОВИЯ 🕊

❤8👍2
Ду латифае зебо аз Убайди Зоконӣ
* * *
Шахсе даъвии (иддаои) набувват (паёмбарӣ) кард. Пеши халифааш бурданд.
(Халифа) аз ӯ пурсид, ки мӯъҷизаат чист?
Гуфт: мӯъҷизаам ин ки ҳар чи дар дили шумо мегузарад, маро маълум аст, чунонки акнун дар дили ҳама мегузарад, ки ман дурӯғ мегӯям.
* * *
Шахсе даъвии (иддаои) худоӣ мекард. Ӯро ба пеши халифа бурданд.
(Халифа) ӯро гуфт: порсол яке ин ҷо даъвии пайғамбарӣ мекард, ӯро бикуштанд.
Гуфт: нек кардаанд, ки ӯро ман нафиристода будам.

😁11
Forwarded from Вораста ✨
1. Бетафовутӣ – аз ҳамон ҷое оғоз мешавад, ки дигар ҳоли ҳамдигар бароят муҳим нест.
2. Сукутҳои иштибоҳ. Ҳарф назадан ҳамеша нишонаи фаҳм нест, гоҳе нишонаи фосила аст.
3. Набуди садоқат. Рафоқате, ки дар он ҳақиқат гуфта нашавад, давом намеоварад.
4. Ҳасодати пинҳон. Вақте натавонӣ аз муваффақияти дӯстат хушҳол шавӣ, яъне чизе дар дарунат дуруст нест.
5. Робитаи яктарафа. Рафоқат ҷое нест, ки фақат як нафар талош кунад.
6. Шикастани эътимод. Эътимод сутуни рафоқат аст, вақте бишканад, ҳама чиз фурӯ мерезад.
7. Қазовати аҷулона. Шунидан бидуни фаҳмидан бузургтарин зулм дар ҳаққи як дӯст аст.
8. Худбартарбинӣ. Агар ҳамеша худро дуруст бидонӣ, ҷое барои рафоқат боқӣ намемонад.
9. Набудан дар сахтиҳо. Рафиқи воқеъӣ дар рӯзҳои сахт шинохта мешавад, на дар лаҳзаҳои роҳат.
10. Нотавонӣ дар узрхоҳӣ. Касе, ки «бибахшед» гуфтан балад нест, нигоҳ доштани инсонҳоро ҳам балад нест.
11. Фаромӯшӣ. Одамҳоро аз ёд мебарӣ ва баъд тааҷҷуб мекунӣ, чаро аз ту дур шуданд.
12. Талош накардан. Ҳеч робитае бидуни заҳмат, бидуни таваҷҷуҳ, бидуни муроқибат... боқӣ намемонад.
Рафоқат ҳарф нест, рафтор аст.
✍🏻 Муҳаммадмилоди Камол
👍7❤2
ЧАРО НАХАНДЕМ?
- Ҷонам, бароят дору овардам.
- Доруро чӣ мекунам?
- Охир худат дирӯз дар телефон гуфти "дору надорам"
- Беақл, ман гуфтам, ки дору надорам ту ҳастӣ...
#табассум
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
- Ҷонам, бароят дору овардам.
- Доруро чӣ мекунам?
- Охир худат дирӯз дар телефон гуфти "дору надорам"
- Беақл, ман гуфтам, ки дору надорам ту ҳастӣ...
#табассум
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Telegram
ФОНУС (fonews)
Фаротар аз хабар
😁17⚡1
✍Афсона Акобиршо
Як чолиши ҷадидро шурӯъ кардам!😉
Тасмим гирифтам ҳар моҳ як китоб бихонам ва мутолеаро ба бахши собит аз зиндагиам табдил кунам. Ҳоло ки бештари вақтам дар хона мегузарад, барои ин чолиш фурсати хеле муносибе аст😊
Ин сафарро бо китоби “Шудан”-и Мишел Обомо шурӯъ кардам ва муштоқам бибинам, ки ин масир маро ба куҷо мебарад.
Шумо чӣ китоберо пешниҳод мекунед, ки арзиши хондан дошта бошад?

👍13
✍ Гёте
Агар медонистед ки чӣ қадр кам дуруст фаҳмида мешавем, талош мекардед ҳарчӣ бештар хомуш бошед.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Агар медонистед ки чӣ қадр кам дуруст фаҳмида мешавем, талош мекардед ҳарчӣ бештар хомуш бошед.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
🔥6
✍ Саъдӣ Ворисов
Ҳаёти муъмин бояд рангоранг бошад. Яксониву якрангии хастакун дар маромаш набошад. Дар ҳадисе ҳазрати Расул (с) муъминонро тавсия кардааст, ки дар як ҳолат зиёд набошанд ва худро ҳолгардон кунанд, то малулу ҳолзада нашаванд. Яъне агар каме тоату ибодат карданд ками дигар тафреҳ кунанд. Саъдии Шерозӣ ин ҳадисро ба риштаи назм кашида, тавсия медиҳад, ки агар каме дарс хондеду баҳси Қуръон кардед, ками дигар ба шеъру шоҳмоту ҳикоя машғул шавед. Ба бовари Саъдӣ дарси Қуръон муъминро ба суи камол мебарад ва шеъру шатранҷ хастагиро дур мекунад.
Намудҳои истироҳате, ки Саъдӣ пешниҳод мекунад тафреҳҳои зеҳнӣ мебошанд. Зоҳиран ин насиҳатгари бузург истироҳатҳои худашро милок қарор дода, бештар ба толибилмону донишмандон тавсияи шеъру шоҳмотбозӣ кардааст. Шояд ҳазрати Саъдӣ зиёд аҳли варзишҳои баданӣ набудааст. Ӯ шоҳмотбро хуб медонистаст ва дар ашъораш аз истилоҳҳои шоҳмот ва ҳаракати донаҳои он ёд кардааст.
Шайхи Шероз бар аҳамияти ҳолгардонӣ барои одамон таъкид намуда мегӯяд танҳо худост, ки аз ҳоле ба ҳоле намегардад:
Замоне, дарси илму баҳси Танзил,
Ки бошад нафси инсонро камоле.
Замоне, шеъру шатранҷу ҳикоят,
Ки хотирро бувад дафъи малоле.
Худой аст он ки зоти бе назираш,
Нагардад ҳаргиз аз ҳоле ба ҳоле.

❤8👍1
Дарвозаи мо на қулф дорад на калид,
Ин деҳаи ман дузд надидасту надид.
Дар деҳаи кӯдакии озодаи ман,
Девор на муш дошту не гӯши палид.
Боғи лаби дарёча раёҳин дорад,
Дарвозаи хушовози вазнин дорад.
Кас гар шавад аз дараш дарун мевахурӣ,
Сад бех дарахти меваширин дорад.
Як мевафурӯш набуд дар деҳаи ман,
Аз ҳосили худ ҳама ҳамедод ҳасан.
Анбор ҳамекарданд бар лаҳзаи дай,
Боқӣ ҳамагӣ пешкаши зоғу заған.
Дар пуштаи деҳаам зағир кошта буд,
Ҷувози Сӯфӣ Бобӣ ҳама гошта буд.
Рӯған мекашид зағири мардум ройгон,
Дар мӯҳрии ӯ чароғ афрошта буд.
Дар чашмаи деҳа новаи чӯбин буд,
Мардум ба ҳаёту зиндагӣ хушбин буд.
Бо шодию дарди ҳам шарикӣ доштанд,
Хоби кӯдакии он замон ширин буд.
✍Давлат Қувват
Ин деҳаи ман дузд надидасту надид.
Дар деҳаи кӯдакии озодаи ман,
Девор на муш дошту не гӯши палид.
Боғи лаби дарёча раёҳин дорад,
Дарвозаи хушовози вазнин дорад.
Кас гар шавад аз дараш дарун мевахурӣ,
Сад бех дарахти меваширин дорад.
Як мевафурӯш набуд дар деҳаи ман,
Аз ҳосили худ ҳама ҳамедод ҳасан.
Анбор ҳамекарданд бар лаҳзаи дай,
Боқӣ ҳамагӣ пешкаши зоғу заған.
Дар пуштаи деҳаам зағир кошта буд,
Ҷувози Сӯфӣ Бобӣ ҳама гошта буд.
Рӯған мекашид зағири мардум ройгон,
Дар мӯҳрии ӯ чароғ афрошта буд.
Дар чашмаи деҳа новаи чӯбин буд,
Мардум ба ҳаёту зиндагӣ хушбин буд.
Бо шодию дарди ҳам шарикӣ доштанд,
Хоби кӯдакии он замон ширин буд.
✍Давлат Қувват
❤7
Forwarded from Китобхон - کتابخوان
Аз Ашт то Қошғар: рӯзгори сарлашкари тоҷик Эшонхон ибни Муҳаммадризо
Таърихи миллати тоҷик пур аз шахсиятҳое мебошад, ки бо шуҷоат, хирад, илму маърифат ва хизматҳои арзандаи худ дар сарнавишти мардумони Осиёи Марказӣ нақши муҳим гузоштаанд. Бо вуҷуди ин, номи бархе аз ин фарзандони фарзона бо гузашти замон камтар мавриди таҳқиқ қарор гирифтааст.
Яке аз чунин чеҳраҳои таърихӣ Эшонхон ибни Муҳаммадризо мебошад сарлашкар, сайёҳ, дипломати тоҷик ва ҳамсафари содиқи Ёқуббеки Бодавлат, ки дар рӯйдодҳои муҳими сиёсию низомии нимаи дуюми асри XIX нақши назаррас доштааст.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо дар нимаи аввали асри XIX дар Ашт ба дунё омадааст. Таҳсилоти ибтидоиро дар зодгоҳаш гирифта, сипас барои идомаи таҳсил ба мадрасаҳои машҳури Бухоро ва Хӯқанд рафта, улуми динӣ, адабӣ ва фанҳои замонашро фаро гирифтааст. Илму дониши амиқ, ҷаҳонбинӣ ва маҳорати ӯ сабаб гардид, ки ба муҳити ҳарбии Хонигарии Хӯқанд ворид шуда, дар хизмати давлатӣ ва низомӣ фаъолият намояд.
Дар солҳои баъдӣ Эшонхон дар ҷангҳои футуҳотии хонигарии Хӯқанд, дар низоъҳои байни аморати Бухоро ва хонигарии Хӯқанд ва ҳамчунин дар муҳорибаҳои байни Русияи подшоҳӣ ва Хӯқанд иштирок намуда, ҳамчун фармондеҳи далер ва кордон шуҳрат пайдо кард.
Моҳи октябри соли 1864 ӯ ҳамроҳи Ёқуббеки Бодавлат ба Қошғар сафар намуд. Дар он айём мардуми Туркистони Шарқӣ бар зидди ҳукмронии сулолаи Тсин мубориза мебурданд. Эшонхон дар ин ҷангҳо фаъолона ширкат варзида, дар ташкили нерӯҳои ҳарбӣ ва пирӯзиҳои аввалин саҳми арзанда гузошт.
Бо таъсиси Давлати Ҳафтшаҳр, Эшонхон ба яке аз сарлашкарони боэътимоди Ёқуббеки Бодавлат табдил ёфт. Соли 1870 ӯ дар амалиёти муҳими забти Урумчӣ иштирок намуда, роҳбарии бахше аз лашкарро бар уҳда дошт. Ин пирӯзӣ мавқеи Давлати Ҳафтшаҳрро дар минтақа таҳким бахшид.
Соли 1875 бо супориши Ёқуббеки Бодавлат Эшонхон ҳамчун сафири давлатӣ ба Пекин фиристода шуд. Ин сафорат яке аз муҳимтарин рисолатҳои дипломатии давлати Ҳафтшаҳр ба ҳисоб мерафт. Интихоби ӯ ба чунин вазифаи пурмасъулият далели эътимоди баланди Ёқуббек ба дониш, таҷриба ва маҳорати дипломатии Эшонхон буд.
Ёқуббеки Бодавлат аз чеҳраҳои маъруфи таърихи Туркистони Шарқӣ маҳсуб мешавад. Ӯ солҳои 1865-1877 шаҳрҳои Қошғар, Ёрканд, Хотан, Ақсу, Кӯча ва дигар минтақаҳоро муттаҳид намуда, Давлати Ҳафтшаҳр-ро бунёд гузошт. Ин давлат бо империяи Усмонӣ, Британияи Кабир ва Русия робитаҳои сиёсӣ барқарор намуда буд. Аммо солҳои 1877-1878 нерӯҳои сулолаи Тсин Туркистони Шарқиро дубора ишғол карда, ба мавҷудияти Давлати Ҳафтшаҳр хотима бахшиданд.
Пас аз суқути Давлати Ҳафтшаҳр соли 1878 Эшонхон ба зодгоҳи худ Ашт баргашт. Ӯ ба ҳайси қозии волости Ашт фаъолият намуда, то охири умри худ бо адолат ва дониш ба мардум хизмат кард.
Эшонхон ибни Муҳаммадризо соли 1924 дар Ашт аз олам даргузашт. Аз ӯ китобхонаи нодир ва гаронбаҳои илмӣ боқӣ мондааст, ки то имрӯз дар дасти пайвандонаш нигоҳдорӣ мешавад. Ин китобхона мероси пурқимати илмиву фарҳангӣ буда, метавонад барои омӯзиши таърихи Ашт, Хӯқанд ва Туркистони Шарқӣ сарчашмаи муҳим гардад.
Рӯзгори Эшонхон ибни Муҳаммадризо аз Ашт то Қошғар роҳи пуршарафи як фарзанди тоҷикро таҷассум мекунад, ки бо шамшер аз адолат ҳимоят намуд, бо хирад дар арсаи дипломатия хизмат кард ва бо китобу дониш мероси гаронбаҳо аз худ боқӣ гузошт.
Ӯ аз ҷумлаи шахсиятҳои камшинохтаи таърихи тоҷикон аст, ки хизматҳояш дар таҳкими давлатдорӣ, ҳарб ва дипломатияи минтақа сазовори омӯзиши амиқ ва арҷгузории бештар мебошад.
Зиндагиномаи ӯ на танҳо бахше аз таърихи Ашт, балки саҳифаи муҳими таърихи тоҷикон ва тамоми Осиёи Марказӣ аст.
Бахтовар Темирзода,
муаррихи ҷавон

БА ФИКРИ ШУМО ИМШАБ КӢ ПИРӮЗ МЕШАВАД?
❤️- Инглистон
❤️🔥- Норвеж
#пурсиш
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤️- Инглистон
❤️🔥- Норвеж
#пурсиш
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
❤🔥5
Унвонии Марк Твен номае меояд, ки дар он танҳо як калима навишта шудааст: "Хук".
Ҷавоби нависанда ба ин нома чунин буд:
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
Ҷавоби нависанда ба ин нома чунин буд:
Маъмулан ман номаҳои бе имзо дарёфт мекунам. Аммо шоми дирӯз бори аввал имзои бидуни нома гирифтам.
#иқтибос
#ҷолиб
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁7🔥2
АЗ БОЙГОНИИ "ФОНУС"
ин мем солҳо пеш нашр шуда буд, аммо ҳоло вақташ аст, то бознашр шавад)))
#бойгонӣ
#мем
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
ин мем солҳо пеш нашр шуда буд, аммо ҳоло вақташ аст, то бознашр шавад)))
#бойгонӣ
#мем
#фонус
——————
"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: https://t.me/fonustj
😁4❤2😭1
Forwarded from Китобхон - کتابخوان
This media is not supported in your browser
VIEW IN TELEGRAM
Наздики худованд бадӣ нест фаромушт.
Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.
Исо ба раҳе дид, яке кушта фитода,
Ҳайрон шуду бигирфт ба дандон сари ангушт,
Гуфто, ки «киро куштӣ, то кушта шудӣ зор?
То боз кӣ ӯро бикушад, он ки туро кушт?»
Ангушт накун ранҷа ба дар кӯфтани кас,
То касс нукунад ранҷа ба дар кӯфтанат мушт.
چون تیغ به دست آری مردم نتوان کشت
نزدیک خداوند بدی نیست فرامشت
این تیغ نه از بهر ستمگاران کردند
انگور نه از بهر نبید است به چرخشت
عیسی به رهی دید یکی کشته فتاده
حیران شد و بگرفت به دندان سر انگشت
گفتا که «کرا کشتی تا کشته شدی زار؟
تا باز که او را بکشد آنکه تو را کشت!»
انگشت مکن رنجه به در کوفتن کس
تا کس نکند رنجه به در کوفتنت مشت
📖 Китобхонро дар
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
❤3