ФОНУС (fonews)
682 subscribers
1.99K photos
132 videos
2 files
525 links
Фаротар аз хабар
Download Telegram
Ба фикри Шумо кӣ ғалаба кард?
Anonymous Poll
83%
Эрон
2%
ИМА
0%
Исроил
2%
Дӯстӣ
9%
Ҳеч кас
9%
Надонам
🔥2🕊1
Forwarded from ДОНИШ
Душмани доно баландат мекунад,
Бар заминат мезанад нодони дӯст.
© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
Моро ҳамроҳӣ кунед » @donish_su
👍71🕊1
#фонус
#ҳарфи_хуб
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
10👍1
ДАР УН ПАРА ТУ ШИШТӢ, ДАР ИН ПАРА МАН ЁРЕ...😁

Хоҳишмандони қисмҳои эҳтиётии Дилноза ва Сафарали саф кашед)

#фонус
#акс
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
😁16
Рӯзу рӯзгор хуш, дӯстони хуб!
5❤‍🔥1
Шумо одами зудбоваре ҳастед?

❤️- бале
❤️‍🔥- не

#фонус
#пурсиш
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
❤‍🔥65🔥1
МЕМИ РӮЗ
©️Dr. Atiqullah Basiri

#фонус
#мем
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
😁4
ФИКРИ БИКР (18)

...ин орзӯ мебарад ба гӯр

Ризо Паҳлавӣ, ки худро "роҳбари даврони гузор" мехонад, чандин бор ба қавли худаш фарохон дод. Мардумро ба қиёму эътирозҳо алайҳи давлати исломӣ даъват мекарду мекунад. Ҳар бор таъкид мекунад, ки то расидан ба пирӯзӣ ками дигар мондааст. Бо ваъдаи"кумак дар роҳ аст", мардумро ба хиёбонҳо кашонд. Натиҷа ин шуд, ки даҳҳо нафар кушта шуданд. Аз ҳамлаи Амрико-Исроил ба хоки Эрон хушҳолӣ мекард ва эълони оташбас устухоне дар гулӯяш монд. Ва ҳоло дар фарохони дигар, муҳоҷирони муқими Эрон, азҷумла афғонҳоро "террорист" мехонад.
Ризо онқадр ба тахти шоҳӣ муҳаббат дорад, ки барои такя задан ба он барои ҳама кор розӣ аст, ҷуз инки дар қатори муътаризон бошад. Розист ки Эрон бомборон шавад, ҳазорон нафар кушта шаванд, зерсохтҳо маҳв шаванд.
То инҷо ҳеч нишоне барои расидан ба ин орзӯи ӯ дар ояндаи наздик дида намешавад... мисле ки дар ояндаи дур ҳам.
Оқибат шоҳзода шоҳ нашавад)
Ё бо каме тағйир: Оқибат шоҳзода шох шавад

📸акс аз саҳфаи Dr. Atiqullah Basiri

#фикри_бикр
3👍1
Генрих Гейне

Мо бояд душманони худро бибахшем, аммо на қаблтар аз онки онҳоро эъдом кунем.

___

❤️- 100 дарсад мувофиқам
👎- ба Худо гузаронд

#иқтибос
7😱2
😁7🥰1💯1🤣1
"Агар 50-то санг аз осмон биборад, 49-тоаш ба сари ман бармехӯрад, яктои дигараш ҳам дар навбат меистад ва дар шароит ва мавқеи мушкил ба сарам мезанад".

Аз силсилафилми ҳаҷвии "Пойтахт", сохтаи Эрон

Ҷойи ёдоварист, ки дар мавсими 7-и ин сериол ҳунармандони тоҷик ҳам нақш бозӣ кардаанд. Дар "Фонус" перомуни ин мавсими "Пойтахт" муҳтавое таҳия карда будем, ки инҷост: https://www.youtube.com/watch?v=EOJCGt8Rrsk
3😁2🔥1
Агар эълон кунанд, ки пагоҳ, яъне якшанбе кор биёед...

❤️- бо ҷону дил мерафтам
❤️‍🔥- ҳаминаш намерасид
🔥- мегуфтам, беморам, рафта наметавонам
😡- ту ҷӯраи мо ҳастӣ ё ҷӯраи хирс?
👍- хайрият ман кор намекунам
👎- намерафтам, тамом вассалом

——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj

#пурсиш
👍6❤‍🔥11👎1🤬1🤣1😴1
ДАРСҲО АЗ УСТОД ШАКУРӢ (1)

Савод ё хушсаводӣ нишонаи асосии одамият нест. Бисёр дидаем, ки шахсе савод надорад, вале ба дараҷаи баланди одамият расидааст, хислатҳои неки инсонӣ дорад, соҳиби маънавияти ботинист, яъне огоҳона ё бидунӣ огоҳӣ дараҷаи муаяни худшиносии маънавӣ ба ӯ муяассар шудааст.

Одами бо фарҳанг он нест, ки танҳо ба зоҳири фарҳанг даст ёфтааст, танҳо либоси гаронбаҳо ва зебо , хонаи пуророиш ва карру фар, бархе аз аломатҳои бернуии маданиятро соҳиб асту бас.

Шахси бафарҳанг он аст, ки фарҳанги ботинӣ дорад, ботинан хушхулқ аст, аз аломатҳои зоҳириву моддии фарҳанг гузашта, ба сари фарҳанги маънавӣ омадааст, қобил аст дар сари маънии ҳаёт ва моҳияти ҳастии инсон андеша биронад.

📝 Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ.
Аз китоби “ Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ “ Душанбе-2003, саҳ / 83.


📖 Китобхонро дар 📱 Telegram 📱 Instagram  📱 Facebook 📱TikTok 📱 Вконтакт пайгир бошед
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
🕊6
Бозор Собир

ВАТАН

Замини бора-бораам,
Замини гоҳвораам,
Замини ширхориам,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.

Кафи ду пои ман туро
Ба бӯса мезанад қадам,
Ба бӯса мезанад қалам,
Ба бӯса мезанад рақам,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.

Ту ришта-ришта дар вуҷуд
Нишаста ҳамчу тору пуд.
Ту қатра-қатра дар бадан
Маро чу хуни хештан,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.

Агар касам, каси туам,
Агар хасам, хаси туам,
Ба пилки дида гарди ту,
Ба рӯи чашм марди ту,
Замини модарии ман,
Ватан, Ватан, Ватан, Ватан.

بازار صابر

وطن

زمینِ باره ‌باره‌ام،
زمینِ گاهواره‌ام،
زمینِ شیرخواریم،
زمینِ مادریِ من،
وطن، وطن، وطن، وطن.

کفِ دو پایِ من تو را
به بوسه می‌زند قدم،
به بوسه می‌زند قلم،
به بوسه می‌زند رقم،
زمینِ مادریِ من،
وطن، وطن، وطن، وطن.

تو رشته‌رشته در وجود
نشسته همچو تار و پود.
تو قطره‌قطره در بدن
مرا چو خونِ خویشتن،
زمینِ مادریِ من،
وطن، وطن، وطن، وطن.

اگر کسم، کس توام،
اگر خسم، خس توام،
به پلکِ دیده گرد تو،
به رویِ چشم مرد تو،
زمینِ مادریِ من،
وطن، وطن، وطن، وطن.
6👍1
Содагии фарде хандаовар, содалавҳии миллате фоҷиабор аст.

✍️Гулрухсор Сафӣ
8👍2🔥1
✍️Меҳсатии Ганҷавӣ

Ман аҳди ту сахт суст медонистам,
Бишканистани он дуруст медонистам.
Ин душманӣ, эй дуст, ки бо ман зи ҷафо
Охир кардӣ, нахуст медонистам.
👍32😐2
Ба фаъолият ва тавонмандии худ чӣ баҳо медиҳед?

❤️- 5
❤️‍🔥- 4
🔥- 3
👍- 2
👎- 1
9🔥5❤‍🔥4👍3
Ҳикояти қатраи борон

Қатраи бороне аз абр ба поён мечакид. Вақте паҳнои дарёро дид, хиҷолат кашид ва бо худ гуфт: «Дар ҷое, ки дарё ҳаст, ман кистам? Агар он ҳаст, ман нестам».
Чун худро ин қадар кӯчак диду хоксорӣ кард, садафе ӯро дар оғӯш гирифт ва он қатра дар шиками садаф ба марвориди гаронбаҳо табдил ёфт.

Баландӣ аз он ёфт, к-ӯ паст шуд,
Дари нестӣ куфт, то ҳаст шуд.


Аз "Бӯстон"-и Саъдии Шерозӣ
4
Мехонам аз Ватан ки хонаи ман аст,
Шукри Худо хонабадуш нестам.
Ҷурм бар хубу бадам назан ки ман
Ҳарончиям ватанфурӯш нестам.

✍️?
2