ФОНУС (fonews)
682 subscribers
1.99K photos
132 videos
2 files
525 links
Фаротар аз хабар
Download Telegram
АЗ МАНТИҚАТ ГАРДАМ..../4

- Чӣ орзу дорӣ?
- Мисли падарам, 50 миллиард доллар дошта бошам.
-Ваҳ, падарат 50 миллиард доллар дорад?
- Не, ӯ ҳам ҳамин орзуро дорад...

#мантиқ
😁7🤣1
Forwarded from ДОНИШ
Адолат зебост, дар роҳбарон зеботар — Ҳазрати Умар (р.а)
8
Он ки аз ҳаққи “башар” лофи фаровон мезанад,
“Ба” ба шамшер ҷудо кардаву “шар” монда ҳанӯз.

✍️Наҷиби Бовар
👍32
Агар метавонистед кадом одати худро тарк мекардед?

❤️- танбалӣ
❤️‍🔥- таъхир дар мулоқот
🔥- дилгармӣ ба телефон
👀- тамошои зиёди филму сериолҳо
👍- дар шарҳ менависам

#пурсиш
🔥96❤‍🔥11
Сарам испед шуд аз дарди Эрон,
Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон.
Сано гӯям ҷавонмардони ӯро,
Ба рағми душмани номарди Эрон.

✍️Шаҳрия Аҳтамзод

#шеър
5❤‍🔥1👍1
Масъуди Пизишкиён, раисиҷумҳури Эрон дар "Х" навишт:

“Беш аз 14 миллион эронии ғаюр то ин лаҳза эъломи омодагӣ кардаанд, то ҷони худро барои дифоъ аз Эрон фидо кунанд. Ман низ ҷонфидои Эрон будам, ҳастам ва хоҳам буд”
👍105
ФИКРИ БИКР (17)

Марди порсое аз деҳи ҳамсояи мо, ки ҳанӯз ба 70 нарасида буд, бидуни онки шикояте аз бад шудани саломатиаш дошта бошад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе ки ба қавле "мурчаро озор намедод". Бедард ва ором рафт...
Инсонҳо ё онҳое ки сураташон инсониасту вуҷудашон шайтонӣ дар рӯйи олам зиёданд. Заҳҳоксифатоне ки дасташон ба хуни ҳазорон нафар оғушта аст, раҳме ба ҳеч аҳаде надоранд; кӯдаккуш ва кӯдакозор; ҷангхоҳу ҷангандоз...
Ҳар лаҳзаи зиндагиашон зиён барои башарият аст. Баъзан фикр мекунӣ, ки агар онҳо бимиранд, шояд ҷаҳон каме оромтар ва поктар мешавад, "хас каму ҷаҳон пок"... Аммо чунинҳо маъмулан умри тӯлонӣ мебинанд. Бо ин вуҷуд, ба ин боварем, ки "дар ҳар кор хайре ҳаст". Имон дорем, ки ҳар кас ба аъмолаш мерасад. Ба қавли маъруф "ончӣ коштӣ, бидравӣ". Худованд Бузург аст!

#фикри_бикр
9🔥2
Саволи ноҷо

Оташбаси дуҳафтаӣ дар рӯзи 39 ҷанги исроилхоста ва пас аз мавҷи 99-и "Ваъдаи содиқи 4" эълом шуд. Ё мавҷи 100?
😁4🤣1
4👍1
БИДУНИ ШАРҲ

©️Куруш Каххори


#фонус
#акс
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
😁8
Истиқболи Тоҷикистон аз тавофуқи оташбаси Омрико ва Эрон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории оташбаси Эрону Омрико истиқбол кардааст. Дар баёнияи ВКХ умедворӣ шудааст, ки музокироти зарфи рӯзҳои ояндаи тарафҳои даргир ба сулҳе пойдор ва фарогир дар минтақа мунҷар шавад.
Тоҷикистон мегӯяд, ки итминон дорад ин даргирӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъияти аз пеш печидаи Ховари Миёнаро вахим мекунад ва ба ҳама кишварҳои минтақа хисороти азиме ворид хоҳад кард.
Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои даргир хостааст, ки аз эъмоли зӯр даст бардоранд ва бо пойбандӣ ба усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аз шеваҳои сиёсӣ ва дипломутик истифода кунанд.

#фонус
#хабар
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
👍31🙏1🕊1🥱1
Ба фикри Шумо кӣ ғалаба кард?
Anonymous Poll
83%
Эрон
2%
ИМА
0%
Исроил
2%
Дӯстӣ
9%
Ҳеч кас
9%
Надонам
🔥2🕊1
Forwarded from ДОНИШ
Душмани доно баландат мекунад,
Бар заминат мезанад нодони дӯст.
© Саъдии Шерозӣ

#шоҳбайт
Моро ҳамроҳӣ кунед » @donish_su
👍71🕊1
#фонус
#ҳарфи_хуб
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
10👍1
ДАР УН ПАРА ТУ ШИШТӢ, ДАР ИН ПАРА МАН ЁРЕ...😁

Хоҳишмандони қисмҳои эҳтиётии Дилноза ва Сафарали саф кашед)

#фонус
#акс
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
😁16
Рӯзу рӯзгор хуш, дӯстони хуб!
5❤‍🔥1
Шумо одами зудбоваре ҳастед?

❤️- бале
❤️‍🔥- не

#фонус
#пурсиш
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
❤‍🔥65🔥1
МЕМИ РӮЗ
©️Dr. Atiqullah Basiri

#фонус
#мем
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj
😁4
ФИКРИ БИКР (18)

...ин орзӯ мебарад ба гӯр

Ризо Паҳлавӣ, ки худро "роҳбари даврони гузор" мехонад, чандин бор ба қавли худаш фарохон дод. Мардумро ба қиёму эътирозҳо алайҳи давлати исломӣ даъват мекарду мекунад. Ҳар бор таъкид мекунад, ки то расидан ба пирӯзӣ ками дигар мондааст. Бо ваъдаи"кумак дар роҳ аст", мардумро ба хиёбонҳо кашонд. Натиҷа ин шуд, ки даҳҳо нафар кушта шуданд. Аз ҳамлаи Амрико-Исроил ба хоки Эрон хушҳолӣ мекард ва эълони оташбас устухоне дар гулӯяш монд. Ва ҳоло дар фарохони дигар, муҳоҷирони муқими Эрон, азҷумла афғонҳоро "террорист" мехонад.
Ризо онқадр ба тахти шоҳӣ муҳаббат дорад, ки барои такя задан ба он барои ҳама кор розӣ аст, ҷуз инки дар қатори муътаризон бошад. Розист ки Эрон бомборон шавад, ҳазорон нафар кушта шаванд, зерсохтҳо маҳв шаванд.
То инҷо ҳеч нишоне барои расидан ба ин орзӯи ӯ дар ояндаи наздик дида намешавад... мисле ки дар ояндаи дур ҳам.
Оқибат шоҳзода шоҳ нашавад)
Ё бо каме тағйир: Оқибат шоҳзода шох шавад

📸акс аз саҳфаи Dr. Atiqullah Basiri

#фикри_бикр
3👍1