Мирӣ ҳам агар дору зи ҳар даст магир,
Моҳӣ дами гушнагӣ зи ҳар шаст магир.
Хоҳӣ, ки мақоми нангро гум накунӣ,
Дар пеши баланд низ худ паст магир.
✍Муҳаммад Ғоиб
#шеър
Моҳӣ дами гушнагӣ зи ҳар шаст магир.
Хоҳӣ, ки мақоми нангро гум накунӣ,
Дар пеши баланд низ худ паст магир.
✍Муҳаммад Ғоиб
#шеър
❤5👍1🔥1
ФИКРИ БИКР (16)
"Даҳани амак". Бо ин ибора дар минтақаи мо каси ҳарзагӯву ҳарчигӯро таъриф мекунанд. Касеро ки ҳеч таҳлилу арзёбии дурусту ҳисобӣ надорад; "коршинос"-и тамоми масоил аст, аммо мантиқаш бемантиқ ва пешбиниҳояш воқеънашуданиянд. Бо оғози мушкилоту танишҳову рӯйдодҳои бузург теъдоди "даҳани амак"-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ замбуруғи баъди борон мешаванд. Ҳамлаи Исроилу Амрико ба хоки Эрон, ки бо номи "Ҷанги Рамазон" маъруф аст, ҳам "даҳани амак"-ҳои ҷадиди бешумореро муаррифӣ кард. Фикр мекунам ҷавони ҳозиру нозири дар аксбуда яке аз онҳост. Дар наворҳое ки таҳия мекунад, хабарҳои охирини марбут ба ин ҷангро мехонад ва фикри худу пешбиниашро ироа мекунад. Аммо дар ин сиву чанд рӯзи ҷанг (ҳадди ақал дар наворҳое ки ман аз ӯ дидаам) ҳеч арзёбӣ ва пешбинии ӯ дуруст аз об дарномадааст😁
#фикри_бикр

💯5⚡2
ЧАРО НАХАНДЕМ?!
Шер — шоҳи ҷангал издивоҷ кард. Дар маросими тӯйяш ҳамаи ҳайвонотро даъват намуд. Муше, ки дар он ҷо ҳузур дошт, зуд - зуд ба шер мегуфт: Туйят муборак шавад бародар, муборак!
Паланге аз ин гуфтаҳои муш ба хашм омаду гуфт: Ту чӣ тавр ҷуръат карда шоҳи ҷангалро бародар мегуӣ? Ту куҷову шер куҷо...
Муш гуфт: Асабонӣ нашав палангҷон, манҳам пеш аз зан гирифтанам шер будам. )))
✍АЗ ҲАР ЗОВИЯ

😁17🤣1
АЗ МАНТИҚАТ ГАРДАМ..../4
- Чӣ орзу дорӣ?
- Мисли падарам, 50 миллиард доллар дошта бошам.
-Ваҳ, падарат 50 миллиард доллар дорад?
- Не, ӯ ҳам ҳамин орзуро дорад...
#мантиқ

😁7🤣1
Агар метавонистед кадом одати худро тарк мекардед?
❤️- танбалӣ
❤️🔥- таъхир дар мулоқот
🔥- дилгармӣ ба телефон
👀- тамошои зиёди филму сериолҳо
👍- дар шарҳ менависам
#пурсиш
❤️- танбалӣ
❤️🔥- таъхир дар мулоқот
🔥- дилгармӣ ба телефон
👀- тамошои зиёди филму сериолҳо
👍- дар шарҳ менависам
#пурсиш
🔥9❤6❤🔥1⚡1
Сарам испед шуд аз дарди Эрон,
Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон.
Сано гӯям ҷавонмардони ӯро,
Ба рағми душмани номарди Эрон.
✍️Шаҳрия Аҳтамзод
#шеър
Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон.
Сано гӯям ҷавонмардони ӯро,
Ба рағми душмани номарди Эрон.
✍️Шаҳрия Аҳтамзод
#шеър
❤5❤🔥1👍1
ФИКРИ БИКР (17)
Марди порсое аз деҳи ҳамсояи мо, ки ҳанӯз ба 70 нарасида буд, бидуни онки шикояте аз бад шудани саломатиаш дошта бошад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе ки ба қавле "мурчаро озор намедод". Бедард ва ором рафт...
Инсонҳо ё онҳое ки сураташон инсониасту вуҷудашон шайтонӣ дар рӯйи олам зиёданд. Заҳҳоксифатоне ки дасташон ба хуни ҳазорон нафар оғушта аст, раҳме ба ҳеч аҳаде надоранд; кӯдаккуш ва кӯдакозор; ҷангхоҳу ҷангандоз...
Ҳар лаҳзаи зиндагиашон зиён барои башарият аст. Баъзан фикр мекунӣ, ки агар онҳо бимиранд, шояд ҷаҳон каме оромтар ва поктар мешавад, "хас каму ҷаҳон пок"... Аммо чунинҳо маъмулан умри тӯлонӣ мебинанд. Бо ин вуҷуд, ба ин боварем, ки "дар ҳар кор хайре ҳаст". Имон дорем, ки ҳар кас ба аъмолаш мерасад. Ба қавли маъруф "ончӣ коштӣ, бидравӣ". Худованд Бузург аст!

❤9🔥2
Саволи ноҷо
Оташбаси дуҳафтаӣ дар рӯзи 39 ҷанги исроилхоста ва пас аз мавҷи 99-и "Ваъдаи содиқи 4" эълом шуд. Ё мавҷи 100?

😁4🤣1
Истиқболи Тоҷикистон аз тавофуқи оташбаси Омрико ва Эрон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории оташбаси Эрону Омрико истиқбол кардааст. Дар баёнияи ВКХ умедворӣ шудааст, ки музокироти зарфи рӯзҳои ояндаи тарафҳои даргир ба сулҳе пойдор ва фарогир дар минтақа мунҷар шавад.
Тоҷикистон мегӯяд, ки итминон дорад ин даргирӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъияти аз пеш печидаи Ховари Миёнаро вахим мекунад ва ба ҳама кишварҳои минтақа хисороти азиме ворид хоҳад кард.
Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои даргир хостааст, ки аз эъмоли зӯр даст бардоранд ва бо пойбандӣ ба усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аз шеваҳои сиёсӣ ва дипломутик истифода кунанд.
#фонус
#хабар
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj

👍3❤1🙏1🕊1🥱1
Ба фикри Шумо кӣ ғалаба кард?
Anonymous Poll
83%
Эрон
2%
ИМА
0%
Исроил
2%
Дӯстӣ
9%
Ҳеч кас
9%
Надонам
🔥2🕊1
Forwarded from ДОНИШ
Душмани доно баландат мекунад,
Бар заминат мезанад нодони дӯст.
© Саъдии Шерозӣ
#шоҳбайт
Моро ҳамроҳӣ кунед » @donish_su
Бар заминат мезанад нодони дӯст.
© Саъдии Шерозӣ
#шоҳбайт
👍7❤1🕊1
😁16