ФИКРИ БИКР (15)
Ақлаки Сари Сада
Харе калаашро дохили хуми асал мекунад. Ҳарчӣ зӯр мезанад наметавонад онро берун кашад. Аҳли деҳа ҷамъ мешаванд ва касе наметавонад роҳи ҳалли дурусте пешниҳод кунад. Маҷбур мешаванд ба суроғи донотарин шахси маҳалла, ки бо номи "ақлаки Сари Сада" маъруф аст, бираванд. Ақлак гирди хари дар хуми асал бандмонда мегардад, дурудароз фикр мекунад ва мегӯяд: "Гардани харро бибуред". Вақте гардани харро аз бадан ҷудо мекунанд, калла ҳамчунон дар дохили кӯза мемонад. Ақлак дигарбора дурудароз фикр карда, амр медиҳад: "Хумро бишканед".
Рафтору гуфтору кору амали Доналд Трамп, райисҷумҳури ИМА, ҳамон ақлаки Сари Садаро ба хотир меоварад😁
#фикри_бикр

😁6🤣5
Бояд Аллоҳро беҳтарин дӯсту ёвари худ донист ва дилҳоро хонаи Ӯ сохт ва хештанро барои иҷрои аҳкомаш тарбият намуд.
✍️Фуод Расо
📖 Нуктаҳое барои беҳтар зистан
❤7⚡1👏1
КАФАН
достонак
Офтоб дар паси дуди ғафс лахтаи хуни чиркинро мемонд. Бӯи гӯгирд ва пӯсту мӯи вижжида ҳаворо мехӯрду дар таҳи гулӯ менишаст. Гоҳ-гоҳ садои фурӯ рехтани оҳанпора ё девор аз дуру наздик меомад ва ғуборро ба ҳаво мебардошт.
Пирмард қадамҳояшро намеёфт ва ба кадом сӯй рафтанашро намедонист. Таҳи кафшҳои хӯрдашудааш тезии хиштпораю оҳанҳоро ҳис мекард. Дар кафи дасташ як порча кошии шикастаи кабуд дошт— нимаи гунҷишки бозичаӣ. Ангуштонашро рӯи боли шикастааш мекашиду манаҳаш меларзид.
Дар осмон, «занбури оҳанин» меғуррид. Садояш фазоро арра мекард.
Хушкбод варақҳои суратдорро рӯйи сангфарши дарида, дарахтҳои сӯхта ва чуқуриҳо мекашонд. Яке аз коғазҳо ба кафшҳои хоколудаш часпид. Бо ҳарфҳои дурушт, ки зераш кабутари сафед ва тарозуи каҷ нақш ёфта буд.
Паҳлӯи тахтасанги бузурги сурх, ки симҳои синааш ба ҳар сӯ овезон буданд, дастгоҳи хурде хир-хир мекард. Овози занонаи мошинӣ такрор мешуд:
«...зарбаҳои дақиқ... осебе ба ғайринизомиён нарасида... сулҳу амният...»
Пирмард истод. Ба "сулҳ"-и зери пояш нигоҳ накард. Аз гӯшаи тӯдаи хокистар навори борику дарози сурхе меларзид. Панҷаашро ба даруни хоку гаҷ фурӯ бурду хокистарҳоро кофт. Аввал ду кокули чанггирифта ва баъд сари хурде пайдо шуд. Чашмони бози духтарак рост ба занбӯри оҳанин нигоҳ мекарданд. Дар мушти кабудшудааш нимаи дигари гунҷишкро чунон мефишурд, ки гӯё мехост ба он ҷон диҳад. Ду нимаро ба ҳам часпонд. Гунҷишк комил шуд, аммо гулӯ надошт.
Дастгоҳ ҳанӯз «сулҳи пойдор» ваъда медод.
Яке аз коғазҳои "кабӯтардор"-и таблиғотиро бардошт. Хуни лахташудаи кунҷи лаб ва гардани даридаи духтарчаро пок кард. Се дандони пеш надошт. Болҳои кабутар сурх шуданд. Пилкҳои ӯро баст. Лабҳои часпидаашро бо сахтӣ гушуд ва парандаи сафолиро даруни даҳонаш гузошту бо ҳамон варақ пӯшондаш. Баргаи дигаре рӯйи синаи сӯрохшудааш монд. Яки дигар, рӯи зону. Ва боз. Шамол ҳазорон "озодӣ"-и коғазиро мерақсонд. Пирмард хазида-хазида коғазҳоро меғундошту ҷасадро мепӯшонд ва тиккасангҳое ҳам мегузошт. Қабри коғазӣ баландтар мешуд.
Бод андак истод. Охирин коғазро рӯи пойи бекафши кӯдак гузошт. Лаҳзае ба осмон нигарист. Сипас канори духтарча дароз кашиду ду коғазро рӯи чашмони намдори худ кашид.
Занбӯри оҳанин ҳанӯз ғиз-ғизкунон мечархид.
✍️Фирдавси Аъзам

❤3🔥2
Маро гаҳ заҳр гоҳе зар ба каф буд,
Гаҳе зарби аду, гаҳ зарби даф буд.
Шикасти ман ба пеши чашми чанде
Ман инро хуб медонам, ҳадаф буд!
✍Орзу Исо
#шеър
Гаҳе зарби аду, гаҳ зарби даф буд.
Шикасти ман ба пеши чашми чанде
Ман инро хуб медонам, ҳадаф буд!
✍Орзу Исо
#шеър
❤4👍2👎2🤬2😡1
Мирӣ ҳам агар дору зи ҳар даст магир,
Моҳӣ дами гушнагӣ зи ҳар шаст магир.
Хоҳӣ, ки мақоми нангро гум накунӣ,
Дар пеши баланд низ худ паст магир.
✍Муҳаммад Ғоиб
#шеър
Моҳӣ дами гушнагӣ зи ҳар шаст магир.
Хоҳӣ, ки мақоми нангро гум накунӣ,
Дар пеши баланд низ худ паст магир.
✍Муҳаммад Ғоиб
#шеър
❤5👍1🔥1
ФИКРИ БИКР (16)
"Даҳани амак". Бо ин ибора дар минтақаи мо каси ҳарзагӯву ҳарчигӯро таъриф мекунанд. Касеро ки ҳеч таҳлилу арзёбии дурусту ҳисобӣ надорад; "коршинос"-и тамоми масоил аст, аммо мантиқаш бемантиқ ва пешбиниҳояш воқеънашуданиянд. Бо оғози мушкилоту танишҳову рӯйдодҳои бузург теъдоди "даҳани амак"-ҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ замбуруғи баъди борон мешаванд. Ҳамлаи Исроилу Амрико ба хоки Эрон, ки бо номи "Ҷанги Рамазон" маъруф аст, ҳам "даҳани амак"-ҳои ҷадиди бешумореро муаррифӣ кард. Фикр мекунам ҷавони ҳозиру нозири дар аксбуда яке аз онҳост. Дар наворҳое ки таҳия мекунад, хабарҳои охирини марбут ба ин ҷангро мехонад ва фикри худу пешбиниашро ироа мекунад. Аммо дар ин сиву чанд рӯзи ҷанг (ҳадди ақал дар наворҳое ки ман аз ӯ дидаам) ҳеч арзёбӣ ва пешбинии ӯ дуруст аз об дарномадааст😁

💯5⚡2
ЧАРО НАХАНДЕМ?!
Шер — шоҳи ҷангал издивоҷ кард. Дар маросими тӯйяш ҳамаи ҳайвонотро даъват намуд. Муше, ки дар он ҷо ҳузур дошт, зуд - зуд ба шер мегуфт: Туйят муборак шавад бародар, муборак!
Паланге аз ин гуфтаҳои муш ба хашм омаду гуфт: Ту чӣ тавр ҷуръат карда шоҳи ҷангалро бародар мегуӣ? Ту куҷову шер куҷо...
Муш гуфт: Асабонӣ нашав палангҷон, манҳам пеш аз зан гирифтанам шер будам. )))
✍АЗ ҲАР ЗОВИЯ

😁17🤣1
АЗ МАНТИҚАТ ГАРДАМ..../4
- Чӣ орзу дорӣ?
- Мисли падарам, 50 миллиард доллар дошта бошам.
-Ваҳ, падарат 50 миллиард доллар дорад?
- Не, ӯ ҳам ҳамин орзуро дорад...
#мантиқ

😁7🤣1
Агар метавонистед кадом одати худро тарк мекардед?
❤️- танбалӣ
❤️🔥- таъхир дар мулоқот
🔥- дилгармӣ ба телефон
👀- тамошои зиёди филму сериолҳо
👍- дар шарҳ менависам
#пурсиш
❤️- танбалӣ
❤️🔥- таъхир дар мулоқот
🔥- дилгармӣ ба телефон
👀- тамошои зиёди филму сериолҳо
👍- дар шарҳ менависам
#пурсиш
🔥9❤6❤🔥1⚡1
Сарам испед шуд аз дарди Эрон,
Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон.
Сано гӯям ҷавонмардони ӯро,
Ба рағми душмани номарди Эрон.
✍️Шаҳрия Аҳтамзод
#шеър
Бибӯсам чеҳраи хунсарди Эрон.
Сано гӯям ҷавонмардони ӯро,
Ба рағми душмани номарди Эрон.
✍️Шаҳрия Аҳтамзод
#шеър
❤5❤🔥1👍1
ФИКРИ БИКР (17)
Марди порсое аз деҳи ҳамсояи мо, ки ҳанӯз ба 70 нарасида буд, бидуни онки шикояте аз бад шудани саломатиаш дошта бошад, ҷон ба ҷонофарин супурд. Касе ки ба қавле "мурчаро озор намедод". Бедард ва ором рафт...
Инсонҳо ё онҳое ки сураташон инсониасту вуҷудашон шайтонӣ дар рӯйи олам зиёданд. Заҳҳоксифатоне ки дасташон ба хуни ҳазорон нафар оғушта аст, раҳме ба ҳеч аҳаде надоранд; кӯдаккуш ва кӯдакозор; ҷангхоҳу ҷангандоз...
Ҳар лаҳзаи зиндагиашон зиён барои башарият аст. Баъзан фикр мекунӣ, ки агар онҳо бимиранд, шояд ҷаҳон каме оромтар ва поктар мешавад, "хас каму ҷаҳон пок"... Аммо чунинҳо маъмулан умри тӯлонӣ мебинанд. Бо ин вуҷуд, ба ин боварем, ки "дар ҳар кор хайре ҳаст". Имон дорем, ки ҳар кас ба аъмолаш мерасад. Ба қавли маъруф "ончӣ коштӣ, бидравӣ". Худованд Бузург аст!

❤9🔥2
Саволи ноҷо
Оташбаси дуҳафтаӣ дар рӯзи 39 ҷанги исроилхоста ва пас аз мавҷи 99-и "Ваъдаи содиқи 4" эълом шуд. Ё мавҷи 100?

😁4🤣1
Истиқболи Тоҷикистон аз тавофуқи оташбаси Омрико ва Эрон
Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз барқарории оташбаси Эрону Омрико истиқбол кардааст. Дар баёнияи ВКХ умедворӣ шудааст, ки музокироти зарфи рӯзҳои ояндаи тарафҳои даргир ба сулҳе пойдор ва фарогир дар минтақа мунҷар шавад.
Тоҷикистон мегӯяд, ки итминон дорад ин даргирӣ роҳи ҳалли низомӣ надорад ва идомаи он танҳо вазъияти аз пеш печидаи Ховари Миёнаро вахим мекунад ва ба ҳама кишварҳои минтақа хисороти азиме ворид хоҳад кард.
Тоҷикистон бори дигар аз кишварҳои даргир хостааст, ки аз эъмоли зӯр даст бардоранд ва бо пойбандӣ ба усули бунёдии ҳуқуқи байналмилал ва маншури Созмони Милали Муттаҳид аз шеваҳои сиёсӣ ва дипломутик истифода кунанд.
#фонус
#хабар
——————
🔸"Фонус"-ро ҳамроҳатон бигиред: @fonustj

👍3❤1🙏1🕊1🥱1