🔎Factcheck.tj
271 subscribers
480 photos
18 videos
607 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
🔺Давоми чанд рӯзи ахир дар шабакаи иҷтимоии Facebook тавассути саҳифаи Fxprayvstmnts таблиғоте давр мезанад, ки дар он гӯиё чанд нафар аз соҳибкорони шинохтаи тоҷик, аз ҷумла Абдулло Қурбонов, Дилшод Ҷӯразода ва Олим Алимов, курси омӯзишии видеоиеро барои хоҳишмандон ройгон ба роҳ мондаанд.

🔎Санҷиш нишон дод, ки аслан ҳеч яке аз ин фондҳо аз ҷониби соҳибкорони болозикр ташкил карда нашудааст. Таблиғоте, ки дар Facebook мечархад, ягон асоси воқеӣ надорад ва онро қаллобон бо мақсади фиреби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сохтаанд, чун он аз як саҳифаи фейкӣ нашру паҳн шудааст.

👉Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#қаллобӣ
#фейк
🔺Давоми чанд рӯзи охир дар шабакаи иҷтимоии Facebook наворе паҳн шуда истодааст, ки дар он гӯиё Эмомалӣ Раҳмон – Раисҷумҳури Тоҷикистон, сокинони кишварро ба обуна шудан ба як саҳифаи телеграмӣ бо номи «Самира» даъват мекунад, ки тавассути «сармоягузории газ» дар ин канал дар ҳаҷми калон пул кор карда метавонанд.

☝️Ин навор, ки гӯиё Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Миллали Муттаҳид бо забони русӣ ба обуна шудан ба кадом як канали шубҳаноке бо номи «Самира» дар телеграм даъват мекунад, миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ босуръат паҳн мешавад.

🔎Санҷиши мо нишон дод, ки навори мазкур «Фейк» буда, асоси воқеӣ надорад. Бо истифода аз номи Раисҷумҳур ва навори сохта мехоҳанд, ба ҳадафҳои қаллобии худ бирасанд.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#фейк
#қаллобӣ