🔎Factcheck.tj
273 subscribers
501 photos
18 videos
612 links
Первая фактчек-платформа Таджикистана

🔎Проверка высказываний, разоблачение фейков
🔺Борьба с фейками, манипуляцией и ложной информацией
🔍Журналистские расследования
🔻Тренинги/Инструменты
___
О нас 🔎 taplink.cc/factcheck.tj
Для связи 📲 @jmb_pictures
Download Telegram
🔺22-уми сентябри соли равон, саҳифаҳои Tajikistan News дар Instagram ва Telegram хабареро нашр кардааст, ки дар он сафорати Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар шаҳрҳои Русия кору зиндагӣ мекунанд, аз муҷозоти ҷиноятӣ барои ширкат дар амалиёти ҷангӣ дар қаламрави кишварҳои хориҷӣ ҳушдор додааст.

🔎Хабари нашрнамудаи Tajikistan News дар шабакаҳои иҷтимоӣ дуруст буда, дарвоқеъ сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони кишварро аз ширкат дар амалиёти ҷангӣ ҳушдор додааст, то дар ин амалиёти ҷангӣ иштирок наварзанд.

📌Ҳукмнома: ҲАҚИҚАТ
___
#factchecktj
#тоҷикистон
#русия
#ҳақиқат
#муҳоҷират
#амалиёти_ҷангӣ
#ҳушдор
🔺Содир Ҷабборов, Раисҷумҳури Қирғизистон 20-уми сентябри соли равон дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Миллали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки ИМА суханронӣ намуда, Тоҷикистонро ба таҷовуз ба хоки кишвари зери роҳбариаш муттаҳам кард. Зимни суханрониаш Содир Ҷабборов чанд нуктаҳои шубҳанокро зикр намуд, ки дар ин мавод суханони ӯро мавриди санҷиш қарор додем.

🔎Санҷиши чанд нуктаи суханронии Раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов дар Иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии СММ нишон дод, ки ӯ дар суханрониаш аз Дурӯғ, Дасткорӣ ва Популизм истифода кардааст.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ ва ДАСТКОРӢ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#СММ
#марз
#дурӯғ
#дасткорӣ
#президент
#содир_ҷабборов
🔺Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg бо нашри аксе навиштааст, ки «Рӯзноманигорон тавассути моҳвораи NASA исбот карданд, ки Тоҷикистон ба Қирғизистон ҳамла кардааст». Пойгоҳи далелсанҷӣ ин хабарро ҳатто дар саҳифаи инстаграмии худ низ нашр намудааст. Акси дар мавод истифодашуда бидуни ишора ба манбаъ, бори аввал кай ва дар куҷо нашр шудааст, пешкаши хонандагон гардидааст. Аммо ин акс то куҷо ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябри соли равон тааллуқ дорад, мавриди санҷиш қарор гирифт.

🔎Пойгоҳи далелсанҷии Factcheck.kg дар маводи мазкур аксеро истифода кардааст, ки ба низои марзии ахир (14-17-уми сентябр) дахл надошта, он баргирифта аз муноқишаҳои марзии моҳи апрели соли 2021 аст.

📌Ҳукмнома: ДУРӮҒ БО УНСУРҲОИ ДАСТКОРӢ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#NASA
#марз
#дасткорӣ
#дурӯғ
#акси_сӯхтор
🔺19-уми сентябри соли равон YouTube-канали NF Mеdia навореро нашр кардааст, ки дар он тавре дида мешавад, як гурӯҳи калони низомиён ба кӯҳ баромада истодаанд. Дар навор омадааст, ки гӯиё ин гурӯҳи низомиёнро Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристодааст.

🔎Омӯзиши чанд ҷузъиёти навор нишон дод, ки ин гурӯҳи низомиёни дар наворбуда аз ҷониби Туркия ҳамчун кӯмак ба Қирғизистон фиристода нашудаанд. Ҳатто дар ин бора ягон расонаҳои расмии дохиливу хориҷӣ маълумоте нашр накардаанд.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#туркия
#марз
#фейк
#низомиён
🔺Дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори ҳаракати қатори нақлиёти ҳарбӣ таҳти унвони «Эрон ба Тоҷикистон кӯмак мекунад» нашр шудааст. Ин навор дар ҳоле паҳн мешавад, ки аз 14-ум то 17-уми сентябри соли равон дар чанд минтақаи марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон даргириҳо миёни нерӯҳои ҳарбии ду кишвар рух дод.

🔎Ин навор ба муноқишаҳои марзии 14-17-уми сентябр ва байни Тоҷикистону Эрон ҳеч иртиботе надошта, қатори нақлиёти ҳарбӣ дар яке аз шаҳрҳои Русия сабт шудааст.

📌Ҳукмнома: ФЕЙК
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#эрон
#марз
#фейк
#кӯмаки_ҳарбӣ
🔺Охири моҳи декабри соли гузашта байни корбарони гурӯҳи фейсбукии «АХБОР БАРОИ АФКОР» акси Раисҷумҳури Қирғизистон бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунае дорад, паҳн шуд. Дар паҳлӯи Раисҷумҳур Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев низ дида мешавад.

🔎Раисҷумҳури Қирғизистон воқеан ҳам зимни сафари худ дар вилояти Бодканд бо кӯдаке, ки дар даст бозичаи худсохти яроқгунаро дорад, акс гирифтааст. Ин аксро дар сомонаи расмии Раисҷумҳури Қирғизистон низ дидан мумкин аст.

📌Ҳукмнома: ҲАҚИҚАТ
___
#factchecktj
#тоҷикистон_қирғизистон
#бодканд
#марз
#ҳақиқат
#президент
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Please open Telegram to view this post
VIEW IN TELEGRAM
Forwarded from 💡RasonanigoR
👀 Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ масъалаи ҳифзи маълумоти шахсиро дар Тоҷикистон баррасӣ карданд 🔐

«Барои такмили қонун «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» беҳтар аст, он бозбинӣ ва механизми иҷрои он мушаххас карда шавад». Ин нукта яке аз пешниҳодҳое буд, ки дар як нишаст бо ҳузури фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ таъкид гардид.

🔸Нишасти мазкур 25 майи соли 2024 бо ибтикори ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» бахшида ба «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор шуд. Дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қонуни мазкур моҳи августи соли 2018 ба тасвиб расид.

🔸Дар нишаст намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ - «Ташаббуси шаҳрвандии сиёсати интернет», Анҷумани миллии воситаҳои азбори оммаи мустақил (НАНСМИТ), «Хома», «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», «Маркази ТИК», «Расонанигор», «Равзана» ва намояндагони ҷомеаи адвокатҳо ширкат доштанд.

🔸Иштирокдорон қабл аз ҳама мафҳуми маълумоти шахсӣ, шеваҳои коркард ва истифодаи онро баррасӣ намуда, таъкид намуданд, ки кадом маълумоти шахсӣ набояд паҳн ва ё мубодила карда шавад. Вобаста ба механизмҳои татбиқи қонун, таваҷҷуҳи махсус ба риояи муқаррароти қонун дар амал ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани он дода шуд. Инчунин таъкид гардид, ки солҳои охир масъалаҳои марбут ба ифшо ё риоя накардани ҳифзи маълумоти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд матраҳ мешавад.

🔸Нуктаҳои асосӣ, ки иштирокдорони нишаст рӯи он таъкид намуданд:
- Огоҳӣ ва омӯзиш: иштирокчиён аҳамияти баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро таъкид карданд. Ин баргузории мунтазами давраҳои омӯзишӣ ва маъракаҳои иттилоотиро дар бар мегирад, ки ба фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳо дар соҳаи ҳифзи маълумоти шахсӣ нигаронида шудаанд.

- Тадбирҳои технологӣ: ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳифзи маълумот, аз ҷумла истифода аз гузарвожаи қавӣ ва дигар усулҳои амнияти сайберӣ (киберӣ) пешниҳод карда шуданд.

- Иқдомоти қонунгузорӣ: намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ пешниҳод карданд, ки заминаи қонунгузориро барои мутобиқ шудан ба технологияҳои зудтағйирёбанда ва чолишҳои нав дар соҳаи ҳифзи маълумот бознигарӣ ва навсозӣ кунанд.

- Нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ: зарурати иштироки фаъоли ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар мониторинг ва пешбурди иқдомот оид ба ҳифзи маълумоти шахсӣ қайд карда шуд.

🔸Тавсияҳо барои оянда:
- Барои беҳтар гардонидани қонуни мазкур ва ҳифзи маълумоти шахсӣ дубора механизми татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи маълумоти шахсӣ бозбинӣ гардида, меъёри муҷозот барои риоя накардани муқаррароти қонун мушаххас карда шавад;
- Мақоми мустақил (шояд Вазорати адлия) бояд риояи қонунгузориро назорат кунад ва шикоятҳои шаҳрвандонро баррасӣ намояд;
- Таъсис додани муносибатҳои шарикӣ бо созмонҳои байналмилалӣ барои табодули таҷриба ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти ҳифзи маълумоти шахсӣ;
- Ширкатҳо ва муассисаҳои давлатӣ барои пешниҳод кардани ҳисоботи шаффоф дар бораи тарзи коркард ва ҳифзи маълумоти шахсӣ масъул бошанд.

🔸Дар поёни нишаст, иштирокдорон ба муҳим будани муносибати ҳамаҷониба ба ҳифзи маълумоти шахсӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд. Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омодагии худро барои идомаи кор дар ин самт ва мусоидат ба ташкили муҳити бехатари рақамӣ барои шаҳрвандон изҳор доштанд.

🖇 Бознашр аз Рӯшноӣ

📮Фаромӯш накунед, ки ин маълумотро бо дӯстонатон мубодила намоед!

💡@RasonanigoR 👉 Instagram | Facebook | Telegram | Twitter
___
#ҳифзимаълумотишахсӣ
#солимаърифатиҳуқуқӣ
#ҷомеаишаҳрвандӣ
#Тоҷикистон
#қонунгузорӣ
#нишаст